Бахшҳо

1600 сомонӣ-ҷаримаи Файзиев барои талаби 2 сомонӣ аз мусофирон

Солеҳҷон Файзиев, ронандаи мусофирбари хатсайри рақами 2 барои рафтори дағалона ва талаби роҳкирои барзиёд ба маблағи 1600 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.

Тавре Исмоил Одинаев, директори ҶДММ “Муҳаммадҷони Д” масъули хатсайри рақами 2, имрӯз 28-уми июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, баъди дарёфти шикояти мусофирон Хадамоти зиддиинҳисорӣ нисбати Файзиев Солеҳҷон барои дағалӣ ва талаби роҳкирои барзиёд парвандаи маъмурӣ тартиб додааст.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян кардааст, ки Файзиев дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино аз мусофирон Ҳайдарова Ганҷина ва Маҳмадназарова Саврибону ба ҷои 3,2 сомонӣ 4 сомонӣ талаб кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, ин амали ронанда хилофи қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад: “Хадамоти зиддиинҳисорӣ Файзиевро барои ин қоидавайронкунӣ ба андозаи 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо-1600 сомонӣ ҷарима баста, муқаррар намудааст, ки он давоми 30 рӯз ба буҷаи давлат пардохт карда шавад”.

Директори ширкат гуфт, имрӯз ҳамаи ронандаҳои хатсайрро бо қарори муҷозоти Файзиев шинос хоҳанд кард, то барояшон дарси ибрат шаваду дар оянда ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ надиҳанд.

Охири ҳафтаи гузашта мусофирони як нақлиёти хатсайри №2 ба “Озодагон” шикоят карданд, ки ронанда онҳоро барои пардохт накардани ду сомонӣ аз мошинаш берун кард.

Ганҷина, як сокини Душанбе гуфт, ҳамроҳи духтари аммааш аз назди Хадамоти шиносномавию бақайдгири ноҳияи Шоҳмансур ба мусофиркаши “Старекс” нишаста, ду сомонӣ дароз карданд: “Мо то “Гулистон” мерафтем. Ронанда гуфт, боз ду сомонии дигар бидиҳед. Гуфтем, ки то “Гулистон” роҳкиро як сомонӣ аст, аммо бо мо ҷанҷол бардошт”.

Саврибону, ҳамсафари Ганҷина мегӯяд, вақте то назди меҳмонхонаи “Гранд отел” расиданд, ронанда мошинро нигоҳ дошта, бо доду фарёд онҳоро аз мошин берун кард: “Мегӯяд, ман аз соати 2-и шаб кор мекунам, шумо дар хонатон хобед. Боз як сомонӣ медиҳед”.

Бо қарори шаҳрдорӣ аз тобистони соли 2011 фосилаи ҳатсайрҳое, ки беш аз 16 км-ро ташкил медод, ба ду қисм ҷудо шуда, роҳкиро барои ҳар қисмат 80 дирам муайян шуд. Аммо ронандаҳо аз мусофирони худ аксаран ба ҷойи 80 дирам як сомонӣ ва ба ҷойи 1,60 дирам 2 сомонӣ талаб мекунанд. Хатсайри №2 аз “Шаҳраки низомиён” то Бозори “Пойтахт-90” буда, бар асоси қарори шаҳрдорӣ ба ду қисм ҷудо мешавад ва нуқтаи ҷудокунандаи он маҳаллаи “Гулистон” муқаррар шудааст.


Акси мусофиркашро Ганҷина ба "Озодагон" фиристод
Мӯҳр
Салом. Ронандахои хатсайри раками 8 ро низ чазо диханд, онхо низ ба чойи 1,6 сомони 2 сомони талаб мекунанд. Умуман хамин тартиби пардохти наклиетро дигар бояд кард. Барои чи дар шахрои мисли Дубай ин проблема нест?

5
Ин рохи халоси нест ин бечора боз кораш вазнин шуд.Конкретно нархнома,коидаи мусофиркашони,нархи рохкиро,чанд нафар шиштани мусофирон,дар салон мондани мусики ва тозагиро муайян намудан лозим.Иначе боз хамон ахмади поринаро мемонад ин корхо.

Нои
Аҷаб сабақе!!
Акнун мардум аз ронандаҳо талаб кунанд, ки ба ҷои се нафар панҷ нафар бор накунанд.
Ду бори дигар ҳамин тавр штраф кардан гиред, транспорти дохилӣ ба тазим медарояд.
Офарин!!

Солех
Ба чени дили ман кардан. Лекин барои ронандахо хич дарс намеша. Хама мусофирон бояд мисли Ганчинаву Саврибону хакталош бошанд. Танхо дар хамон сурат пеши рохи ин беодобхоро гирифтан имкон дорад.

Иван
Рости хамаи мо мефахмем мусофиркашора - азоб мекашан - коршон кииндай. Неки бовар кнен ай худ рафтагиян. Чихеле форашон хамухел мошиношона хай мекнан - да кучое хостан да хамуча манъ мекнан. Айб ай масъулини шахрдорирам хаст. Назорат умуман нест - ба 5 сомонию 10 сомони муттахам кардагиян хаму лицензияшаму милисавы назоратчишам. Инора 1600 сомон не - 16000 сомон чарима кардан даркорай. Як старекс дар як смена 300-400 сомон кор мекна - барои вай 3-4 руза корай и чаримаи бастагишон. Неки бо хаму харигаришона давом метан.

Албатта Мусофирони мухтарам дуруст кайд карданд. 95,5 фоизи ронандахо гунахкор хастанд. Ман тарафдори мусофирон. Ин якумаш ва дуюм ин ки дар кадом наклиёти мусофиркаше шини дар танхо репу мусикихои ба таври худашон савримени яъне мусикихое, ки гушхарош хастанд шунида мешавад. Хохиш! Хохиш! Ва боз Хохиш аз назоратчиёни наклиёти мусофиркаши (Хадамоти зиддиинҳисорӣ), ки назоратро нисбати ин гуна ронандахои аблах чиддитар баранд. Илтимос!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Ронандахои ин ЧММ "Мухаммадчон-Д" бори аввал нест, ки ба чунин хукуквайронукинхо рох медиханд. Хамин хозир ба хатсайри №2 бароед боз айнан хамин хел ходисаро мебинед. Бо чазо додани нафари алохида вазъият дигар намешавад. Ин чо системаи чорахо лозим, Ин хел ширкатро аз литсензия махрум кардан даркор аст ва аз хатсайр баровардан лозим...

мошоллох чунин икдоми хуб ва омузанда барои ронандахои гарданкулуфт ва чанговар

мошоллох чи икдоми хуб ва ибратомузи барои ронандахои гардангавс ва бемасъулият

сочида
проблема дар бетарафии мусмофирхо хам хаст агар хама.мисли ин дута духтарако хаку хукухояшона то чои даркори талаб кунанд ягон ронанда ин хел аз худ намеравад

Салом алейкум, ахсан ба хамон мусофироне ки шикоят карданд аз руи ронандахои хатсайрхо, имруз ин вокеа бо ман хам шуд, хатсайри 8 ки то ЦУМ 80дир бояд рохкиро гирад лекин 1сомони талаб мекунад, ман хар руз то маркази савдои Пойтахт мебиём ки аз ЦУМ хамаги 1 истгох дур аст, бо ронанда баланд рави кардем ки 20дирам барои рафтан то маркази савдои Пойтахт кифоя бояд бошад. Лекин ронандаи хатсайри раками 8 чавоб дод ки мо ронандахо ГАДО нестем ки зори 20дирами шумо бошем. Ман хисоб кардам ки 1ронанда бо хисоби миёна хар руз 200нафар мусофирро мекашонад, агар 200нафар*20дирам=40сомон мешавад дар 1 руз маълум мешавад ки дар 1 мох 1200сомони факат аз 20дирам фоида меовардаст. 1200сомони дар хамин рузу шаб маоши миёнаи коргари давлат аст, 1оилаи миёна ба 1200сомони зиндагии хубу миёна мебарад. Агар ронандахо ГАДО НАБОШАНД пас пас Ин 1200сомони ба шиками ки меравад.? Ё дигарон барои талаби 20дирам хичолат мекашанд?

Сомон
Ассалому алейкум, бародар Фариддун, ва дигар шахсоне ки ин кори шударо бисёр чолиб медонанд. Ва хатто ахсан хам мегуянд. Ха дар хакикат кори кардаи ронанда хадафи таъриф нест, лекин шумо бояд як чизро донед ( Фариддун) чи тавре шумо хисоб кардед 1200 дар як мох, ин дар хакикат ханда овар аст барои он, ки ман то хол надидаам ки ягон ронандаи старекс аз 20 дирами шумо баринхо бой гашта бошанд. Шумо аз 1200 сомон 1) хар рузе накамтар аз си сомон пули хуроке ки дар рох истеъмол мешавад тарх кунед 2) барои 200 нафар одам кашондан Ронанда бояд 10 маротиба дар хатсайраш чарх занад, ки ин гаранти онро намедихад ки ронанда хамма вакт мошинаш пур аз одам мешавад, хуш барои дах маротиба чарх задан на камтар аз 50 литр сузишвори, 3) Ронанда пули Андоз, пули Путёвка, пули Механик ва пули диспечер бояд пардохт кунад, 4) дар як мох 2 маротиба иваз кардани Равгани мошин, агар дар як руз 10 маротиба дар хатсайраш чарх занад дар як мох бояд 2 маротиба Равгани мошинашро алиш кунад. 5) Дигар тачхизотхое ки барои мошин даркор мешаванд ин дастаи дар ки шумобарин мусофирон мешикананд ва мегуянд, ки " Э ака и худш хамихел бд" Колодки, балон, Т.О. кардани мошин шуштани мошин ва гайра 6) чаримахое ки аз тарафи кормандони БДА Ба ронандагон дода мешавад: Изминение маршрута - О бародар агар ман барои Ба бозор рафтанам шарт нест ки бо хатсайрам равам, ба онхо фаркаш нест, ба кавли баччахои куча Чарима Пешонитдай. 7) Ин ронанда Ба гайр аз кораш оила дорад зиндаги дорад, орзую хавас дорад. Хуш биёед акаи Фариддун як хисоб мекунем ку хамин ронандаи Ба кавли шумо ГАНДА дар як мох чанд Сум кор мекунад.вахдат,
вахдат,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)