Бахшҳо

Умед Ҷайҳонӣ: Тоҷикҳо "отчество" надоранд

Отчество ҳамон номи падар нест. Отчество дар забони русӣ ва дигар забонҳои словӣ нисбаест ки аз номи падар ва пасванди нисбати -ович/-евич ва -овна/-евна сохта мешавад.

Чунин пасванде дар забони порсии миёна доштаем ки ҳамон -он/-кон/-гон буда ва дар номҳое чун Адашери Бобакон дида мешавад. Ончи дар санадҳои шиносоии расмии Тоҷикистон «номи падар» аст, отчество нест. Танҳо номи падар аст ки бояд бе ҳеч пасванде навишта шавад. Масалан, ному номи хонаводагии устод Айнӣ Садриддин Саидмуродзода буд, ки Саидмуродзода дар он номи хонаводагӣ аст. Айнӣ тахаллуси адабӣ буд, ки барои фарзандони ӯ ва фарзандони онҳо номи хонаводагӣ шуд. Вале номи падари устод Айнӣ Саидмурод буд, на Саидмуродзода. Фарзандашон Камол Айнӣ қоъидатан бояд Камолиддин Саидмуродзода фарзанди Садриддин ном медошт, вале шуравӣ ӯро русиёна Камолиддин Садриддинович Айнӣ номнависӣ кард. Номи падари вай "Садриддинович" набуд, балки ҳамон "Садриддин" буд. Аз ин рӯ, агар пасванде ба номи падар часпонда шавад, он дигар "номи падар" нест, балки таркибе аз номи падар ва пасванди нисбат аст, ки русҳо онро "отчество" меноманд, вале мо барои номиданаш истилоҳ надорем.

Агар бихоҳем баробаре барои "отчество" дар забони худамон дошта бошем, шояд бишавад онро "пидном" гуфт (аз пид ‘падар’ + ном). Аммо номи хонаводагӣ бояд пасванди нисбате дошта бошад. Ин ки дар Тоҷикистон чанд пасвандеро расмӣ кардаанд ва -ниё, -ванд ва чанде дигарро напазируфтаанд, дуруст нест. Муҳим яксонӣ нест (инҷо ҳам аз русҳо кӯр-кӯрона тақлид кардаанд), балки созманд ва сомонманд будани номгузорӣ аст. Номи ҳар касе дар санадҳои шиносоии расмӣ бояд ин се додаро дошта бошад: номи хонаводагияш, номи худаш ва номи падараш. Дар ҳама санадҳо ва ба ҳама забонҳо ин се дода бояд ба як тартиб навишта шаванд, на пасопеш.

"Номи хонаводагӣ" ҳам таркибе дурушту ногувор аст ва бояд истилоҳе суфтаву равону кӯтоҳ барояш сохт. Агар масалан «пидном»-ро намуна бигирем, шояд бишавад барои "номи хонаводагӣ" ҳам "ниёном" ё "дуданом" ва ё вожае дигар бо -ном сохт.


Бознашр аз Фейсбук
Мӯҳр
мехмон
Юсуф,
70 сол русхо ба мо шахрхо сохтанд. Иктисодиётро ба дарачаи оли бардоштанд. Ту ба Афгонистон нигар чи хел хаст ? Агар русхо намебуданд на музей дошти ва на китобхона! Хатти барк, роххо , ГЭС ва дигар иншоотхоро русхо сохтанд.

гость
Юсуф,
Ту барои чи бо алифбои руси менависи ва мехони ва забони русиро тахкир мекуни ? Мехмон рост мегуяд , агар русхо ба зиндагии мо таъсири маъдани намерасонданд хатто намедонистем ,ки простин, пододеяльник, хочатхона чист ? Хатто хонахоро бо охак сафед карданро намедонистем! Чи даркор худситои ? Точики имруза факат макола менависаду к...коби мекунад . Хамин Умед вакти холи бисёр доштааст ва илм хам доштааст . Намешавад аз ин газзофию бехудагуи ягон чизи ба халк лозим ихтироъ кунад !????
Дар чанд соли охир шунидаи ки точик чизе истехсол ё ихтироъ карда бошад ? Кор факат маколахои бехуда навиштан, гайбат кардан ва раксу суруд ! Як гугирд барор рузгор истехсол намекунему вохима аз руи 200!!!

каду,
Аз лакабат маълум ки хасти

мехмон,
гость,
Ман ту барин бо лақаби ҳархела нанавистам. Ин номи ман аст. Агар русҳо заводу фабрика ва иморатҳо сохта будан, на барои тоҷикон, балки барои худашон. Дар он хонаҳо худашон зиндагӣ мекарданд. Дар корхонаҳо худашон кор мекарданд. Тоҷик замин каланд мекарду барои Русич пахта истеҳсол мекард. Дар Душанбе ва маркази ноҳияҳо сад фоиз русҳо зиндагӣ мекарданд. Русе, ки инқадар дӯсташ медорӣ, дар пешаш магас барин қадр надорӣ. Магар намебинӣ, онҳо мардикорони тоҷикро бо чи гуна калимаҳои қабеҳ, монанди чурка, хачик, черножопый ва дигар чизҳо, таҳқиру ҳақоратҳо мекунанд. Даҳ сол зиёд тоҷикро "равшану ҷамшут" гӯён масхараи дунё карданд. Кур будӣ намедидӣ, манқурт!!! Агар ман бо ҳарфҳои русӣ менависам, ин ҳам "хизмати хирсонаи" мустамликадорони рус аст, ки алифбои арабии моро маҷбуран табдил доданд. Агар имрӯз ҳукумат аз ин ҳарфҳои русӣ даст кашад, ман фардо ба форсӣ менависам. Лекин ту ва ту барин манқуртҳо аз бесаводӣ дар кӯча мемонед. Воқеан, ҳозир ҳам дар кӯчаед!!!

мехмон
Юсуҷ,
Пахта чобук мекардию мухочиру дарбадар набуди ! Барои чи имруз ба худат пахта намекори ? Заводу фабрикае ки русхо сохтанд бо худ набурданд . мо русхоро худамон зада пеш кардем пас барои чи боз ба Руссия меравем? Барои чи моро пеш мекунанд , мекушанд , чурка мегуяд боз меравему меравем беохир !!! Ки гунахкор ? Русхо ?
Агар гапу паст задани русхо нафорад наравед ба Руссия ! Онхо мухточи мо нестанд . Точикистони Шуравиро коммунистони рус ба харита хамчун чумхури чой карданд. Набошад автономияи Узбакистон будем !!!

Хочи
мехмон,
Дар ин мохи шариф шарт набуд, ки хамдигарро тахкир намоед!

Тоҷик
илтимос ҳамаатон як маротиба таърихро хонед баъд гап занед

ҳоҷи пахмел
ин ҳоҷи бизнесменҳоя ба хату имлову ном чи кор?. монед мутахассисои соҳа худашон нағзтар медонанд.

Махмасиид
Аз иваз намудани тарзи навишти фамилия, отчество ва ном ягон инсона шикамаш сер намешавад. Ёфтед, дар кресло нишаста ким кадом проблемахоро мебардоред. Як проблемаро бардоред, ки ба мардум фоида биёрад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)