Бахшҳо

Ҷаласаи муфтиёт ва ҳукумат дар бораи “манъи идгардак”

Муфтиёт ва масъулини ҳукумати Тоҷикиситон дар пайи паҳни овозаҳо дар бораи манъи идгардак аввали ҳафтаи равон ҷаласа баргузор намудаанд.

Тавре имомхатибони масоҷиди шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ин ҷаласа супориш шудааст, ки беасос будани манъи идгардакро ба тамоми мардуми Тоҷикистон расонанд.

Имомхатибон аз ҷумла оростани дастархон ва хурсандии кӯдаконро дар Рӯзи Фитр як ҷузъи анъанаи исломӣ ва миллӣ арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки дар сатҳи ҳукумат ҳеч иқдоме алайҳи ин анъана гирифта нашудааст: “Дар барномаҳои микрофони озод шаҳрвандон назарҳои гуногунашонро баён мекунанд, аммо ин маънои онро надорад, ки ҳукумат ҳар яки онро ҷонибдорӣ хоҳад кард”.

Имомхатибони тоҷик таъкид намуданд, ки дар оростани дастархон ва идгузаронӣ набояд ба исрофкорӣ роҳ дода шавад, ки исроф хилофи шариат мебошад.
Мӯҳр
Муслим
Нельзя отобрать у мусульман эту счастье

абдуллл
мухочир,
мухочир,
тухми ранга аз насрониҳо

РУСТАМЗОДА
Баъзехо дар фикри онанд, ки хангоми Идгаштан кудак феъли гадоиро ба худ мегирад. Магар чунин аст? Оё мо дар кудагиямон идгардак накардаем? Агар чунин бошад пас мо хама гадо хастем? Набояд хурсандии кудакро ба иктисодиёти номусоиди кишварамон рабт дихем! Агар манъи пешгирии ид боиси пешрафти иктисодиёти кишварамон бошад пас Иди Навруз, Иди Вахдат, Иди истиклолият, Иди дигару дига...ро манъ бояд кард зеро дар онхо хам харочоти зиёд сарф мешаванд. Боки Иди хамаи Шумо муборак бошад бародарону хохарони исломи!

ислом
идгардак беҳтарин фарҳанги аст ки мо дорем аз фойдаҳои ки ба баҳонаи идгардак бавуҷуд меояд инҳо ҳастанд:
1. бар асари рафту омад робитаи мардум бо як дигар хуб мешавад.
2. дуои ки дар хонаҳои мекунанд ҳам соҳибхона хушҳол машавад ҳам авроҳои гузаштаи он хонадон.
3. дасти мардум дар хайр кардан ва гуруснаро серкардан одад мекунад.
4. дар ин рузҳо ҳам кудаеони ятим ва ҳам дигар кудакон хушҳол мешаванд.
лизо ин ид саид ҳам барои ҷомеъа хуб ҳаст ва ҳам барои дин ислом.

Ҳой, мардум. Дар идгардак кӯдакон ба табрики шумо меоянд. Ин як ҳавасаки кӯдакона аст, на талбандагӣ! Онҳо дар дигар рӯзҳо намегарданд, ку. Ғайр аз ин, идгардаки кӯдакон ҳамагӣ як ё ду соат аст. Дилатонро кушод гиред.

Ширчойбек
О бародар дар бадахшон хонаи мо бие як коса ширчой зан рав аз паси корат.

Идгардак чанд рӯз пештар аз Иди Наврӯз сурат мегирифт. Ин Идгардаки имрӯза моли истиқлолият аст. Дар Суғд ва Бадахшон вуҷуд надорад!!!!!!!!!!! Кӯдаконро бо дигар воситаҳои хурсандибахш шод кардан даркор!!! Сухани муфтӣ ҷон дорад!! Китобхониро дар зеҳну вуҷуди кӯдакон ба вуҷуд овардан лозим, на идгардиву сакичҷамъкуниро!!!!

Оё мусулмонӣ ҳаст дар Бухорои Шарқӣ? Аҳёнан вомехӯрем. Танҳо иду намозу рӯза мусулмонӣ нест!!!

ashur
дига хичи наёфтан да идгардак часпидан охи айбайе барои ами як дона сакич ягон чот кам мешава
кудакора ай хурсандишон мемонан
ай ида бахели дига намешава

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)