Бахшҳо

Вазир: Даврае, ки сабзӣ 20 ва картошка 60 дирам буд, гузашт (ВИДЕО)

Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон аз болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ истиқбол карда, гуфт, даврае, ки сабзӣ 20 дираму картошка 50-60 дирам буд ва деҳқон зарар медид, гузашт.

Сатторӣ имрӯз, 19-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, картошка имрӯз аз арзиши аслияш 2 баробар қиматтар фурӯхта мешавад: “Вақте маҳсулот арзон мешаваду деҳқон зарар мебинад, касе ин масъаларо ба миён намегузорад. Намегӯем, чаро меваҷоту полезӣ, тарбузу харбуза нисбати ҳамин давраи соли гузашта арзон аст, деҳқон зарар мебинад. Аммо дар мавриди картошка мегӯем. Сабаби асосии баланд шудани нархи картошка дар он аст, ки деҳқон имрӯз, маҳсулоти худро аз арзиши аслии маҳсулот баландтар мефурӯшад. Арзиши аслӣ 1 сомонию 40, 1 сомонию 50 дирам аст. Имрӯз дар бозори “Сомон”, ки ба фуруши яклухт машғул аст, арзиши картошка 3,4-3,5 сомонӣ аст. Аз сари замин 2,5 то 3 сомонӣ харидорӣ мешавад, ба он нархи роҳкиро ва миёнаравҳо зам мешавад ва дар бозор ба фурӯш гузошта мешавад”.



Ӯ афзуд, ки дар маҷмуъ ҷонибдори болоравии нархҳо нест: "Танҳо мехоҳем, деҳқон маҳсулотро аз арзиши аслияш каме боло фурӯшаду зарар набинад. Тарафдорем, ки нархи маҳсулоти кишоварзӣ дастрас бошад. Картошкаро ҷамъ кардем. Аввалин мошинҳо аз Мастчоҳ, Панҷакент, Муъминобод, Шурообод ворид шуданд. Боварӣ дорам, ки нархи картошка арзон мешаваду баланд не".

Вазири кишоварзӣ таъкид намуд, ки фикри деҳқонро ҳам бояд кард, ки мехоҳад маҳсулоташро аз арзиши аслияш баландтар ба бозор барорад: “Деҳқон ҳам мисли мо одам аст, мехоҳад, соҳиби зиндагии шоиста бошад. Ба ҳамин хотир раҳми деҳқонро кӣ мехӯрад? Деҳқон дар кишту фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ озод аст”.

Сатторӣ иддаоро, ки баланд будани нарх, нишони кам будани маҳсулот дар бозор аст, рад карда, афзуд, маҳсулот, аз ҷумла пиёзу картошка дар бозорҳои пойтахт кофист.
Мӯҳр
Чумхурии мо кишвари аграри буда, кариб чоряки махсулоти дохили, сохаи кишоварзиро ташкил медихад.
Барои чи такдири чунин сохаи басо мухимро, ба чунин шахсон мегузоранд, намешавад, ки рохбари вазоратро аз дехконони асиле, ки сохаи кишоварзи огох будаву тачрибаи калон доранд, гузоранд.
Вазир ва муовинонаш дар сохаи кишоварзи тачрибаи кофи надоранд, метавонанд корхои илмияшонро давом диханд, дар вазорат нею дар ягон донишгоху донишкада.

хабарнигор
Вазир ба саволи хабарнигои радио, ки: "ҷаноби Вазир худатон аз кадом бозори пойтахт харидорй мекунед?" посух надод.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)