Бахшҳо

Паёми “шогирдона”-е ба домулло Ҳикматулло

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.
Вақтҳои ахир мардуми кишвар тавассути шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳои интернетӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо бештар мавзӯъҳои мазҳабиро ба баррасӣ мегиранд. Новобаста ба он ки таълимоти динӣ гирифтаанд ё на, аз донишҳои исломиву дунявӣ бохабаранд ё хайр атрофи ин мавзӯъ ҳарф мезанад, баҳс мекунад, назару андеша пешниҳод менамоянд. Эҳсос мешавад, ки бештари онҳо аз таърихи ҷараёну ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ чизе намедонанд. Онҳо ҳатто боре таҳлилу баррасӣ накардаанд, ки ҳизби исломӣ яъне чӣ? Оё Ислом бо давлату иқтисод ё ҷомеаи иҷтимоӣ сару кор мегирад ё на? Мусалмонҳо тули таърих чӣ давлатдорие доштанд ва дар кадом шакл? Қуръону ҳадис, фиқу мазҳаб, мантиқу калом, иҷтиҳоду фатвои олимони Ислом дар ин маврид чист? Як мусалмон дар шароити феълӣ зиндагиву муомилаи хонаводагӣ ва ширкат дар сиёсату идораи давлатро чӣ гуна бояд амалӣ намояд? Хуллас, ин саволҳоеанд, ки дар мулоқоту баҳсҳо аслан пурсида намешавад ва ҳеҷ мусалмону мусалмонзодае ба он кор надорад.

Ахиран имомхатибону домулоҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳар суҳбат аз бардоштани калимаи ноби Ислом аз Ҳизби наҳзат сухан меронанд. Онҳо мегӯянд, ин ҳизб аз номи Ислом манфиатҳои худро пиёда мекунад. Ба ин нукта ҳам зиёд ишора мешавад, ки Ислом ба ҳизб ниёз надошта ва ҳатто нафаре гуфт, ки “паёмбар билети ҳизбӣ надошт”.
Ин ҳама раду бадалҳо гирди номи Ҳизби наҳзат бо гузашти ҳар рӯз бештар мешавад ва гумон аст, суръати он ба ин наздикиҳо коҳиш ёбад.

Ман аъзои ҳеч ҳизбе нестам, ба вижа ҲНИТ. Аммо як чиз бароям норушан аст, ки чаро имому имомчаҳо, ки вазифаи аслияшон даъвати мардум ба Исломи ноб аст, аз ин калима дар ҳизб хушашон намеояд? Чаро имрӯз дар ҷомеае, ки 99 дар сади он мусалмон асту дар кишвари дунявӣ ба сар мебаранд доштани ҳизби исломӣ лозим набудааст? Аҷобат ин аст, ки чаро онҳо танҳо имсол ва дар арафаи интихоботи президентӣ ин пешниҳодҳоро мекунанд. ҲНИТ, ки имсол таъсис наёфтааст. Чаро онҳо чанд соли қабл нагуфтанд, ки бояд калимаи ноби Ислом аз ҳизби наҳзат бардошта шавад? Аҷаб мусалмониву аҷаб диндорӣ!

Бо навиштани ин матлаб намехоҳам вориди идеологиясозии носолим, ки охиран ҷомеаи моро ба як бунбаст ва номуаянӣ мебарад, шавам. Аммо вақте андешаи Домулло Ҳикматулло, яке аз руҳониёни шинохтаи кишвар тариқи матбуот расонаӣ шуд, дар тааҷуб афтодам. Суолҳои зиёде зеҳнамро машғул кард. Ҳамчун як фарди мусалмон натавонистам ин андешаҳоро нодида бигирам. Дар навбати худ чанд назару суоле ҳам дорам, ки мехоҳам пешниҳоди домуллои “муҳтарам” гардонам. Домулло зимни маъракаи хайрияве 17-уми август дар ноҳияи Рашт эълон кардааст, ки калимаи «Ислом» аз номи ҳизби наҳзат гирифта шавад. Ҷои тааҷуб аст, ки як фарди «саропо» исломӣ аз будани номи Ислом дар ҳизбе нигарон асту пешниҳоди бардоштани онро дорад.

Домуллои «азиз» ману Шумо ва 99 дар сад мардуми мусалмон дар кишвари дунявӣ зиндагӣ дорем. Дар ин кишвар Ҳизби халқии демократии, Ҳизби комунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби демокартӣ, Ҳизби сотсиалистӣ ва ғайра фаъолият доранд, чаро мо бояд як ҳизби исломӣ надошта бошем? Шумо аз номи Ислом ё ҳизби исломӣ чӣ бадие дидаед? Оё Қуръону ҳадис фиқу иҷтиҳод мухолифи ҳизб аст? Оё Худованди бузург дар Қуръони азимушшан дар бораи ҳизб чизе нагуфтааст? Мешавад, ки тамоми он ояҳоеро, ки дар бораи ҳизби Худо дар онҳо сухан меравад аз Қуръон бардошт? Оё мешавад тамоми давлатдории Пайёмбари бузурги Ислом (с), хулафои рошиддин, саҳобагон ва онҳоеро, ки то асри бист ва имрӯз давлатдории исломӣ доштанду доранд нодида гирифт ё инкор кард?

Ҷаноби домулло Ҳикматулло! Ману Шумо нағз медонем, ки Ислом танҳо ришу саллаву ҷелак ё дуохониву худоихурӣ нест. Ислом низом, иқтисод, иҷтимоъ, ахлоқу маънавиёт ва сиёсату давлат дошту дорад ва ин роҳашро бидуни ману Шумо идома хоҳад дод. Шумо инро ҳам нағз медонед, ки замоне аз ҳамаи ин пурсида мешавем. Ҳамон паёмбаре, ки имрӯз Шумо аз номи шарифаш мардумро даъват мекунед, замоне барои умматонаш муборизаи сиёсӣ ва ҳақталошӣ карда буд. Чӣ гуна мешавад тамоми муборизаҳоеро, ки тули таърих уммати Ислом барои бунёди давлати исломӣ кашиданд имрӯз нодида гирифт ва инкор кард?

“Муҳтарам” домулло! Агар намедонед, пас бидонед, ки имрӯз дигар замони муборизаҳои шамшеру силоҳ нест. Ҳоло танҳо бо доштани ҳизбу созмонҳои исломӣ мешавад аз ҳақи мусалмонҳо дифоъ кард. Ислом ҳеч гоҳ мухолифи ҳизб ё бисёрҳизбӣ нест. Дуруст аст, ки Ислом ҳамчун дини илоҳӣ ва комилу ҳақ ниёзе ба ҳизб надорад, аммо мусалмонҳо сад дар сад ба як ҳизби исломӣ ниёзманданд. Имрӯз хатибу домуллоҳо бо як овоз “Ислом ҳизб надорад” мегӯянд. Кӣ кафолат медиҳад, ки онҳо рӯзе мазҳаб лозим нест намегӯянд? Билохира замоне Исломро дини арабу аҷнабӣ намехонанд, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон лозим нест? Домуллои «мӯҳтарам», он рӯз, кӣ ин ҳама масъулиятро бар душ мегирад?

Агар ин ҳама сару садоҳо маъракаҳои зидди ҲНИТ, хонаводаи Тураҷонзодаҳо ё чанд рушанфикру шахсиятҳо бошад, бояд бидонем, ки онҳо баъди созишномаи сулҳ канори мо оромона зиндагӣ доштаанд. На ҲНИТ ва на Тураҷонзодаҳо пас аз истиқрори сулҳ барои ноором сохтани кишвар коре накардаанд. Гуруҳу ҳаракатҳо таъсис надодаанд ва амали ғайриқонуние анҷом надодаанд. Баръакс, ҳамеша аз ҳақ ва ҳуқуқи мусалмонҳо ва ҳамватанонашон бо риояи қонун дифоъ мекунанд. Пас, суоле ба миён меояд, ки чаро Шумо домуллои «муҳтарам» ва ҳамсафонатон имрӯз алайҳи ин ҳизб баромад доред? Чӣ боис гашта, ки бо исрор талаб намоед, то калимаи Ислом аз ҳизби наҳзат бардошта шавад? Агар ин ҳама ба хотири нуфуз ва обрӯи рӯзафзуни ин ҳизб миёни мардум бошад, пас гуноҳи азим аст, ки мусалмон обрӯи мусалмони дигаро нахоҳад ва ба хотири кадом як манфиати шахсӣ номи Исломро зери суол барад.

Домуллои «муҳтарам», имрӯз гуруҳе аз мусалмонҳо бо ташкили ҳизби исломӣ дар кишвари дунявӣ мехоҳанд тамоми муомилот, кору фаъолиятро тибқи фармудаи Худову паёмбарашон ба роҳ монанд. Онҳо мехоҳанд зану духтарашон бо риояи ҳиҷоби шаръӣ таълим гиранду кору зиндагӣ намоянд. Онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон то синни ҳаждаҳ низ тавонанд озодона вориди масҷид шаванду илми Қуръон биомӯзанд. Онҳо мехоҳанд, ки мусалмонҳо ҳақиру нотавон набошанд. Онҳо шикасту бечорагӣ ва нодории мардуми мусалмонро намехоҳанд. Бо ташкил кардани ҳизби исломӣ мехоҳанд бо риояи қавонини кишвар роҳашонро пеш баранд.

Агар ба ману Шумо домуллои «муҳтарам» ин ҳама писанд нест ҳамчун «мусалмон» набояд бигӯем, ки Ислом ҳизб надорад ё номи Исломро бардоред. Зеро ин гуна фатво дар ҷомеа метавонад фитнаро ба вуҷуд биорад, ҷомеаро ноором созад. Чаро ки ин гуна фатво хилофи Қуръону суннат ва иҷмоъи уммат буда, ҳеч гуна асоси исломӣ надорад. Дар мавриди ҳама гуфтаҳоям инҷо далелҳо фаровонанд (ояву ҳадису фатвои мазҳаби ҳанафӣ), аммо нахостам он ҳама ояту ҳадисро инҷо биёрам, чаро ки шумо домуло муйҳоятонро дар ин роҳ сафед карда ва аз ман беҳтар медонед.

Дар охир мехоҳам ба Шумо як паёмаки «шогирдона» бифиристам.
“Муҳтарам” домулло Ҳикматулло! Биёед ману Шумо агар мусалмонем аз исломгаро будан ифтихор дошта бошем. Ҳизби исломӣ дар кишвари дунявӣ бароямон ифтихор бошад на нафратовар. Аз ҳақи мусалмонҳо дифоъ кунем. Агар ману Шумо узви ин ҳизб нестем ва дар сиёсати исломӣ хидмате ба ҷомеаҳои исломӣ карда наметавонем, пас сади роҳи дигарон, ки қалби огоҳу ақидаи солим доранд, нашавем.

Биёед бародари мусалмонамонро бо чашми ҳирс ва нафрат нигоҳ накунем. Биёед ба мардум исломбезориро номӯзем. Биёед пешрафт ва обрӯи ҳамдигарро таҳаммул карданро ёд бигирем. Биёед фаризаҳои исломиро риоя кунем. Биёед сабаби фитнаву тафриқа миёни мусалмонҳо нагардем. Биёед аз итоати махлуқ даст кашему холиқи ягонаро итоат кунем!

Бо умеди тавфиқ ва сарбаландии мусалмонҳо Далер ШАРИПОВ

Мӯҳр
Ассалом мухтарам бародарони нихоят гироми. Ин хама гапу гапбачахо бе асос нестанд . Ватани азизи моро мехоханд бо хамин намуд игвову сапасатахои бе мантик но ором созанд. Сухан вари хукуки шахсии хар фарди чомеа мебошад. Домулло сахл карда бошад муздашро мегирад . Аммо суханони кабех задан манфиат надорад.Бо забони сиеси ин гуна игвоангезонро агитатор меноманд . Ба хар хел расонахо бовар накунед бе далел . Ман шахсан домуллоро хурмат мекунам хам шахсияти он касро хам илмашонро чунки далелхо зиеданд

Хуршед,
Ман худам ба зиёрати домулло се сол пеш рафта будам ва вакте, ки нишаста будем дар масчиди домулло се нафар дар масчиди домулло даромаданд ва домулоро зиёрат карданду гуфтанд, ки мо аз кумитаи амният хастем ва когазеро пешниход карданду гуфтанд, ки фармон аз президенти чумхури аст, ки мулло бачахое, ки синашон хаждах нест чавобашон дихед ва ба домулло гуфтанд, ки агар то рузхои наздик чавобашон надихи мачбур мешавем, ки масчидатонро бандем...
Домулло хар чанд, ки аз шариат суханашон оварду насихаташон кард вайхо факат як сухан гуфтанд, ки фармон аз болост ва айнан худи ман хам хамончо будам. Ва бародар мебахши ту бовари дори, ки президент вайро гуш кунад ва ба гуфтахои вай кор кунад.?
Ва агар ту хурматаш накуни ин ихтиёри шахсии туст ва илтичои ман ин аст, ки танкид накунед илтимос....

Амир,
АМИР МАН НА ТАРАФДОРИ ХНИТ ХАСТАМ ВА АЗ ХИЗБИ ХХДТ ВООБЩЕ БЕЗОР ХАСТАМ ВА МАН АЛБАТТА МЕХОХАМ, КИ ПРЕЗИДЕНТИ ОЯНДА АЗ ХНИТ БОШАД ЛЕКИН ДАР ИНЧО БЕ ДАЛЕЛ ДОМУЛОРО ОМЕХТА КАРДААНД КИ ГУЁ У ГУФТААСТ...?
ВА ПРЕЗИДЕНТ МАСЧИДХОРО МАЪН КАРД ХИЧОБРО МАЪН КАРД АЛБАТТА КОРИ ХАТО КАРДААСТ ЛЕКИН МАХСУС АЗ ДАСТИ ТУ ЯГОН КОР МЕОЯД.? АГАР ПРОБЛЕМА ХОХИ АЗ ДАСТАТ МЕОЯД АГАР НАХОХИ ХЕЧ..! ТАМОМИ МУЛЛОХОИ ТОЧИКИСТОН ВА ХАФТОД ФОИЗИ ТОЧИКИСТОН МЕХОХАНД, КИ ТОЧИКИСТОН ИСЛОМИ БОШАД ЛЕКИНПРПРЕЗИДЕНТ, КИ НАХОХАД Ё НАКУНАД ЧИ БОЗ ХАСТА МИСЛИ СОЛИ 1991-92 ЧАНГИ ШАХРВАНДИ КУНЕМ...???

Мусалмон,
САЛОМАТ БОШИ БАРОДАР...
ШАХСИ БО ДОНИШ НИЯТИ НАВИСАНДАРО МЕФАХМАД ЛЕКИН АФСУСУ ВОЙ БАР ХОЛИ БЕСАВОДИ, КИ БЕХУДА БАХС МЕКУНАДУ ХАР ЧАНД, КИ МЕФАХМОНИ НАМЕФАХМАД....

ba domullo Hikmatullo yak kardak ihlos doshtam havayam nest shud :)))))

чи дар кор як хизбро инкадар бадном кардан 20 дар хизби декомрати будем ягон пешрави нест шахсоне ки дар хизби демократи буда чи гиртфте

Шамшод
Бале бародарон "барои мусалмон будан шарт нест хизби исломи дошта боши" , аммо барои мусулмонвор зиндаги кардан танхо мусулмон будан кофи нест.
баъдан одам хайрон мешавад вакте хама домуллохо мегуянд ислом ба хизб ниёз надорад. Ислом аз ибтидо сиёси ва хизби буд...

Хуршед,
Хуршедчон бародари азиз ту дар аппарат президент кор мекуни ва медон ки домулло эътироз накардааст ё дар бари домулло буди.? саргузаште ки ман шохиди хол будам дар чавоби бародаре навиштам агар озодагон чопаш кунад хон чааоби ту хам дар хамончост....
Ва барои чи ва сабаб чист, ки баъзеамон аз хакикати вокеа хабар надорем ва бе таффакуру тахаммул чезхое менависем, ки худамон сарфахм намеравем.
Ин шахс ба монанди эшони Нуриддинчон сухан намегуяд барои оне, ки эмом хатиби ягон масчид нест. Ин шахси баландмартабаро танкид кунем, ки намегуяд эшони Нуриддинчонро танкид кунем, ки мегуяд ХНИТ-ро танкид кунем хизби ХХДТ-ро танкид кунем хизби ХСДТ- танкид кунем, ки вай узбакаст пас гунохи кист, ки мо ин хел одати паст дорем пас хуб кист, чи магар худамон?
Дар Точикистони мо бисёр касон аз дасти муллохое, ки дар хорича хондаанду вахоби шуданд ва вахоби кардаанд, ва мо бояд суханхои гипноз монанди онхоро гуш накунем ва руй суи домуллхои калонсоли худамон орем ва агар боз савол дихи , ки чи фарк дорад вахобихо хам мусулмонанду хаканд пас ман сари вакт туро мегуям, ки гумрох шуда истодаи ё шудаи.... Агар саволе боз дошта боши мархамат...

Мухаммад
Ба Рустам Рустамов. Ту худ на точики на мусалмон инро аз коменту акидахоят маълумаст ту атеисти . Наход устод Абдулло Нури вахоби бошад е гуфта бошад ман вахобиям. худо тубарин тафрикаандозу тухматгарро хор кунад бадбахт. Ана хамин тубаринхо ободию тинчии Точикистони азизро нотинч мекунед. Кори шахсии хар фарди чомеа хаст киро тарафдори кунад. Лекин тухмату дуруг нисбати каси дигар чи даркор. Хуб ту тарафдори хизби хоким ту мусалмон нести лекин марб боши чаро дар ХАРОМХУРИ ФАСОДЗАДАГИ БЕАДОЛАТИ МАХАЛЧИГИ ХЕШУТАБОРБОЗИ ва горати пули мардуми Точикистонки ширкати ИРС инам аз хизби хоким аст наменависи чавобатро интизорам.

Ассалому алейкум хонандагони азиз! Далер Шарифов! Ман шуморо гоибона мешиносам ва замоне дар ТВС барномаи Муоширатро мебурдед, ки мавзуъхои хубро барраси менамудед. Ман ба шумо маслихат медихам, ки гарчанде ки хакикатро гуфтан хуб бошад, аммо дар баъзе маврид хуб нест. Хакро замоне мегуи, ки дар он чомеа гуши гунаво бошад. Як бор шуморо лату куб карданд, барои ошкорбаени. Аз ин ру , эхтиет бошед. Хуб мешуд суханхоятонро пардапушона мегуфтет, зеро аз ин матлаб чанд нуктае ефтам, ки зидди ахлоки журналисти аст. Боки казоват аз шумост.

DZS
Мухтарам Rustam Rustamow ман шахсан ба Точикобод бахри зиёрати домуло рафтаам ва аз наздики сухбат доштам, медонам, ки сатхи илмаш аз оли болотараст.
Амо намефахмам, ки барои чи домуло Хикматулло бо инкадар наздики доштанаш бо президент, баро чи аз бе сатрии занони точик чизе намегуяд ё барои маъни то 18 сола ба масчид хомуш истодааст НАМЕФАхмам.
Гар домуло дар ин бора овоз мебаровард, хуб мебуд аммо шояд аз тарси сарпарастии президентро гум кардан хомуширо то хозир риоя кардабуду хозир бошад садо баланд мекунад бахри пуштибонии Ч.О .

ба хамфикрони Далер Шарипов. Шуморо садкаи хамин масчидои пури одам садкаи масчиди калонтарин дар осиёи миёна ки дар Душанбе сохта истодаанд садкаи хамин рохбари давлат кунад. Вахоби ташкил карден нашуд тахрир.салафи.ансуруллох.ва вакти охир чундуло ташкил карден о мемонед намозхоро тинч хонем. Талхаи шумову Амрико кафида истодааст ки ислом дар давлатхои собик СССР танхо дар Точикистон Пеш рафта истодааст. Бехуда уламои исломи чахон пешвои миллати моро ки дар хонаи ОЛЛОХ (Кааба) намоз гузоштааст дар руйхати 500 нафараи ислом хамрох накардааст. Бо мурури замон бо гайрати Э.РАХМОН иншооллох ислом дар Точикистон боз хам равнак меёбад. ОЛЛОХУ АКБАР

Ooooo barodaroi ahli islom inkadar besavodu befikr nashaven aib ast oxir man domulora hurmat mekunam lekin suxani domulo shariat nameshavad ku ??

Саравал дуруду паёми бе поён бар хонандагони ин расона ва ман ба ин котиби ин мақола гуфтаниам ки мутасифона ин ҳизбро касоне нусрат медиҳанд ки аз дини ислом ва аз мақосиди дини ислом бе хабаран чи гунае ки ман алон дар суханони шумо мулоҳиза намудам мегуи ки оё калима ё оятҳои ҳизбро аз қурони карим маҳв карда мешавад ба ин гуфтании ки дар қурон сароҳатан ҳизб омадабошад мутасифона инаст мафҳуми шумо нусратдиҳандаҳои ҳизб ба қурон ва суннати мутаҳҳа ма суханро дароз намекунам ва башумо ва ба раиси ин ҳизби наҳзат ва ба тамоми донишмандони ин ҳизб муроҷиат карда мегуям кани ки ҳувяти ҳамин ҳизбро аз қурон ё аз суннати мутаҳара пайдо мекунам валлоҳи ман мутмаинам пайдо мешавад вале тарафдорони ин ҳизбро бисёр андуҳгин мекунад инро ҳатто раиси ин ҳиз медонад ман хоҳиш мекунам ки ҳаркас дар тахассуси худаш сухан гуяд ин династ бояд дар саҳнаи сииёсат ин гуна вонамуд нашавад чихелеки алон мебинем дар сирати ин ҳизб бародари азиз афкоратро ххуб муроҷиат намо агар қударати муроҷиат доштабоши .

Далерчон оффарин сад оффарин! Худованд боз хам забонатро бурротар гардонад, то навиштахои шумо сабаб шаваду ин " бузургон" каме хам бошад фикри динро кунанд. Лекин агар суфихо ин маколаро хонанд талхакаф мешаванд.

Ҳасан
Ҳизби Наҳзат зиди гуфти худо аст хато карди бародар касе ба гуфти Худо амал кунад Наҳзатиҳо онҳоро Салафи мегуянд ҳарчанд домуло Ҳикматулло Суфи бошад Ҳизби Наҳзат Шиа аст барои ҳамин фаҳмида нависед Наҳзат ҳеҷвақт аз ҳақ ҳуқуқ Мусулмонон ҳимоят намекунад чандсол дар Эрон будан аз Ислом ягон ҳимоят кардаги нестан балки ба Шиаҳо якшида дар баӣнашон дар Қум зиндаги мекардан ба кадом виҷдон ин Ҳизби фурухтаро ба мо даркор мегуем

Рустам бовар кун ки то хол аз торикистони хурофоту чахолат нарустаи!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)