Бахшҳо

Раиси чойхонаи Роҳат: “Аз болои писари Ҳукумов даъво надорем. Ҳамааш хости Худост”

Саид Мансуров, раҳбари чойхонаи “Роҳат”, мегӯяд, қасд надорад, аз болои Расули Амонулло -- фарзанди 16-солаи раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят бубарад.

Ӯктам Мансурови 26-сола ва Аловуддин Саидови 21-сола, ки аввалӣ писар ва дувумӣ яке аз наздикони раҳбари чойхонаи “Роҳат” мебошанд, шаби 9 октябр дар садамае дар маркази Душанбе ҷон бохтанд. Мақомот гуфтанд, ки ин садамаи маргбор бо иштироки “БМВ”-и Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов, иттифоқ уфтодааст.

Аммо Мансур Саидов, раиси чойхонаи “Роҳат”, садамаеро, ки бо марги писар ва як хешовандаш анҷомид, хости Худо медонаду мегӯяд, аз касе даъво надорад: “Дар робита ба ин ҳодиса ба ҳеч куҷо шикоят бурданӣ нестам ва намебарам. Чун ин кори Худост ва насибу тақдир ҳамин будааст.” Мо Мансур Саидовро субҳи 12 октябр дар манзилаш пайдо кардем. Вай бисёр ғамгин буд ва намехост ҳоло дар ин бора бо тафсилот сӯҳбат кунад. Аммо то он ки ба назди ӯ биравем, дар чойхонаи “Роҳат” будем ва бо кормандонаш сӯҳбат доштем. Як корманди он гуфт, “акаи Мансур аз ҳодисаи марги писараш сахт ғамгин шуда, то чанд рӯзи дигар ба кор нахоҳад омад.”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, Ӯктам Мансуров ва Аловуддин Саидов ҳам дар чойхонаи “Роҳат” кор мекардаанд. Яке иқтисодчӣ будаасту дигаре ошпаз. Бештари кормандони чойхонаи “Роҳат” аз онҳо бо некӣ ёд карда, гуфтанд, ин марги нобаҳангом онҳоро низ андӯҳгин кардааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон танҳо рӯзи 11 октябр бо пахши як иттилоия номи соҳиби BMW-еро, ки шаби 9 октябр дар Душанбе се нафар, аз ҷумла писар ва як хеши раҳбари чойхонаи “Роҳат”-ро кушт, эълон кард. Бино ба иттилои ин ниҳод, соҳиби BMW Расули Амонуллои 16-сола, сокини шаҳри Душанбе, будааст.

Ин дар ҳолест, ки як рӯзи пеш соҳиби ин BMW Асрор Ҳукумов, бародарзодаи Амонулло Ҳукумов эълон шуда буд. Бо ин ҳол, Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, “ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ (рақамаш 20-20 РТ 01) Расули Амонулло дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиёти тамғаи “ВАЗ-21014” (рақамаш 80-36 ВВ 01) таҳти идораи ронанда Аловуддин Саидов, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст.”

“Дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21014» Аловуддин Саидов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили атвомашинаи мазкур Сурайё Исмоилова, сокини Турсунзода, ҳангоми ба беморхона бурдан ва пас аз ду соати садама мусофири дигар Ӯктам Мансуров (соли таваллудаш 1988), сокини шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидаанд”,-афзудааст манбаъ.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишотро идома медиҳанд. Аммо ин садамаи маргбор бо иштироки писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов бо вокунишҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон рӯбарӯ омад. Аксарият аз он нигаронӣ карданд, ки чигуна як писари ноболиғ соҳиби БМВ буда, бидуни шаҳодатнома ронандагӣ мекардааст.

НАЗАРИ ШАРИФОВ ВА ВОҲИДОВА
СОҲИБИ БМВ МАЪЛУМ ШУД
БДА ДАР БОРАИ БМВ


Дар акс: (аз тарафи чап ба рост) Ӯктам Мансуров, мошинаи БМВ ва Расули Амонулло
Мӯҳр
толибилм
Ҳоҷимуҳаммад Муҳаммадов, муовини сарвазири Туркманистон барои бадрафтории фарзандаш аз вазифаи худ сабукдуш гардид

Хуб, раиси чойхонаи Рохат хамаро хости Худо (албатта Худо доно аст) медонад, лекин агар, худо накарда ба чои Хукумов , ягон нафари миёнахол ё камбагал мебуд, Саидов уро мебахшид ё не? Фарз кардем, агар дар чои мошини ВАЗ 21014, мошини куртойи писари ягон рохбари дигар мешуд, мебахшиданд якдигаррро ва ё война мешуд? То конун бар асли худаш , акалан 50% кор накунад, Точикистон хеч вакт!!! пешрафт намекунад ва холи халки бечора руз ба руз баъдтар мешаваду дигар хеч.

request Худованд хеч як амалро беподош нахохад монд. Ин ахволу ин холатхо ки имрузхо он кадар кам нестанд зарбаест ба Точикистон. Дар ин давлати хукукбунёд хамаро дар назди конун баробар гуфтаанду борхо дар ину он бо харфхои ба хамагон, махсусан ба кишри поёнии мамлакат хоно навиштаанд. Конун конун аст ва набояд хеч як гунахгор бечавоб монад. Сайид Мансуров, ки бо "лутфу карам" марги фарзанди хешро аз такдири Худованд дониставу котили онро бахшиданд конуншиканихои дигари фарзанди ботарбияи Раиси Ширкати Рохи охани Точикистонро ки бахшад? Яъне ба синни 18 солаги нарасида мошин рондан, дар хиёбон суъати харакати мошинро баланд кардан албатта мувофики конунхои амалкунандаи Точикистон бояд чавобгари доша бошад. Хамин тавр не???

Точикон як макол доранд "Хона шери майдон гариб" ин ба мо шахсоне ки дар интернет шишта зури мекунем дахл дорад, ин мард чигарбандашро аз даст дод, мо бачои камтар хам бошад ба дилаш таскин бахшем уро ба пулу вазифа дусти айбдор карда истодаем. Ин марди бо хирад ояндаи на танхо худаш бал ки ахли оилаашро фикр карда даъво накарда истодааст. Шермардони интернет ука ба дилу гурда бошед ба майдон буроед талаби чазо кунед, ягонтат яй чотон кунтона намебардорен бо ин мардака гап мезанен. Сад фоиз кори дуруст кард, бокимонда наздиконашро пуштигири кард. Аз дур гап задан бисёр кори осон аст. Акаи Саид ба Шумо аз даргохи илохи сабри чамил хохонам, Худованд Шумо ва бокимонда ахли байтатонро нигахбон бошад

Ассалому алейкум! ба наздикони фавтидагон сабри чамил, ба маитон охирати обод. Мухтарам раиси "Рохат" чанд вакт пеш кати кудакону оилаам дар Рохат хуроки шом хурдани рафта будем, кудаки хурдсолам чойникро аз стол галтонд, чойи гарм буд аз пешхизмат сар карда то раис хама омаданд, кам касе буд, ки аз холи сухтани кудан пурсон шуданд танхо аз максади ситоди пули чойник харф мезадед. шахси ба гурур будед, шикастани чойник низ кори Худованде, ки шумо гунахгор мекунед набуд, кани вай гурур? кани мардонаги,. барои ман садкаи сар сад пули чойнак, Худоро шукр фарзандам аз чойи гарм насухт... Барои Хукумовхои бемаънию бефаросат, камтар ба одамигарию худотари пас аз ин корхои бешарафи сар мекарда бошед...!! мумкин писари Хукумов аз нахзати ислом бошад,аз телевизион мард бошед нишон дихед,. ин на танхо одамкушист ин тероризм аст!!! бори дигар мегум аз ТВТ нишон дихед, исбот кунед ки конун барои хама баробар..

Чун фарзанди аввалашро дифоъ кард, ин бачааш ҳам
медонад, ки падар дорад. Ҳукумов бояд ҳам дар ҳолати писари аввал ва ҳам
дар ин ҳолат расман аз ҷомеа узр мепурсид, ки ҳамин хел,
ман бача калон мекунам ва оқибаташ ҳамин аст.

Ҳукумовҳо гумон доранд, пул доранд, хушбахтанд. На, ҳаргиз!
Он пул то охири умрат дарди сарат аст, Ҳукумов!
Агар заррае меандешидӣ, фарзанди 16 - соларо мошини 50 ё 60 ҳазор доллара намедодӣ!
Шумо масти пул, масти мансаб шудаед!

benom
Yagon padar monandi in raftor namekunad, bigzor kase gunoh kard dar peshi konun javob tiyad!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

точик
танхо хамина аз чаноби президент талаб дорам ин оилаи бетарбияра умуман истеъфо дихад ки TJK шарманда кардееее

hak gufti xosti xudost.baxshidanro har kas nametonad.

Шоди
падараш дар чи фикр бошад?

баха90
ПИСАРОН ДАРДИ САРИ ПАДАРАНД

АКОИ САИД ЯЪНЕ ШУМО РОЗИ ХАСТЕД КИ ВАЙ ОЗОД БОШАД ВА РУЗИ ДИГАР ИН 3 ФАРЗАНДИ ДИГАРХОРО КУШАД.ДАР ПЕШИ ХУДО ЧИ ЧАВОБ МЕДИХЕД

рахгузар
Хой мардум и мардака осон надоред ки чигарша гум кардай,,,, ,шояд ба у тахдид кардан ки ага шикоят куни дига пайвандотам руз наметем ва у аз тарси чони унора а даъво гузаштай илохо Худованд а и рузора хаммамона нигахбон бошаду да дили золимон рахму шавкат ато кунад,, ОминDev,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)