Бахшҳо

Кумитаи дин: “Амонуллозода мувофиқи қонун... амал кардааст”

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон навори баҳси Ҷамолиддин Амонуллозода, сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ бо Эшони Нуриддинҷон, рӯҳонии саршиноси тоҷик, дар ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналиро шарҳ дод. Ин намози ҷаноза се ҳафтаи пеш дар маҳаллаи Оли Сомон (собиқ Оли Совет) баргузор шуда, то ҳоло ҳарорати баланди баҳси он дар торнамову шабакаҳои иҷтимоӣ поин наомадааст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ба “Озодагон” гуфт, аз рӯи хулосаи масъулони Кумита, “Ҷамолиддини Амонуллозода мувофиқи шариат, қонун ва оинномаи иттиҳодияи динӣ амал кардааст ва ин мавзӯъ ниёз ба баррасӣ надорад.”

ВОКУНИШИ ИДОРАИ ДИНИ РӮДАКӢ

Масъулини Идораи дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ низ мегӯянд, моҷарои пешомада дар ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ миёни Ҷамолиддин Амонуллозода, сархатиби ноҳия ва Эшони Нуриддинҷонро таҳқиқ нахоҳанд кард, чун дар он ҳеҷ навъи қонуншикание дида намешавад. Дар ин ҷанозаи сокини маҳалли Оли Сомон (Оли Совет)-и ноҳияи Рӯдакӣ Амонуллозода ба Эшони Нуриддинҷон, ки бо васияти майит барои адои намози ҷаноза ҳозир шудааст, иҷоза намедиҳад, пеш гузарад.

Мухтор, сармутахассиси Идораи дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, 29 январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин моҷаро ниёзе ба таҳқиқ надорад, чун дар он ҳама вазифаи худро адо кардааст. Ӯ гуфт, “мо рафтем аз дур назорат бурдем, чи гуна тафтишот мебарем, чӣ ҳақ дорем? Ҳама кори худро кардааст...” Ба гуфтаи сармутахассиси Идораи дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамолиддин Амонуллозода сиvмати сархатибии ноҳияро дорад ва дар сурати ҳузури ӯ, касе ҳаққи пешдароӣ дар намози ҷанозаро нахоҳад дошт: “Вале агар аз рӯ эҳтиром гирем, домуллоҳо метавонанд, ба шахсиятҳои аз худ боло иҷоза диҳанд, то намозро гузорад.”

Чанд рӯз пеш дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” гузошта шудааст, ки мавриди баҳси зиёди корбарон шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Одноклассники, қарор гирифтааст. Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, писари муфтии собиқи Тоҷикистон, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Салом хиндмати ҳамаи хонандагони азиз! ба фикрам, ки ҳама фаҳмиданд, ки душманони ислом ва дар раъси онҳо... коре карданд, ки мулоҳоро ба ҷони ҳам андохтанд, ки мардум! бубинед, ки руҳоният барои як ҷуноза наметонанд ҳамдигарро бифаҳманд ва барои ҷаноза хонданд чи қадар кашмакаш аст. дар кул дидгоҳи мардумро нисбат ба руҳоят манфи карда ва дар ин байн бархе аз мулоҳои сода андеш дар хирмани душманони ислом бози мекунанд. ин амр табии аст, ки агар шахси фавт шуда васият кунад, ки намози манро фалон шахс хонад дигар ҷои баҳс надорад ва бояд анҷом шавад. ва дустони куминаи дин бояд истисное меоварданд дар ин ҳолатҳо ки агар шахси васият карда бошад чи бояд кард? ҳақ надорад дар як мантақаи дигар намоз хонад.? ин чи сухани аблаҳонае аст, ки ҳарчи ҷаноза шавад уро ман фақат намозмехонам ва илло ғайр. бо тамоми бе шарми кумитаи динам омада аз ин сухан дифоъ кунад. барои ҳамагон маълум аст, ки пушти ин корҳо чи сиёсати хобидааст.

Абдуллох
кумитаи нохияи рудаки мисли дигар кумитаи дини нохияхо .хезгуянд хезад азчой мургуяд мурад чобачо

бе маданияти аз ин зиёд намешавад, бародарон!!! Кумитаи дин хар кадаре, ки пуштибонии Амонуллозодаро кунад хам вале мардум медонад, ки Бобои Эшон дар илми дин хело ва хело пешсафу пешкадамтар аст!!!!!!Аз ин хотир бояд Амонуллозода саравал аз руи эхтиром мегуфт, ки Бобои Эшон ман зид нестам вале агар мумкин бошад бо ичозати Шумо маросимро ман сар кунам, ана ин гапи дигар мешуд, валле аз руи ислом ба олиме, ки илмаш аз ту устувортар бошаду дар эхтироми мардум аст дарафтодан бемаданиятист!!!

Файз
Хар ки бо дустони Худо ситеза кунад Аллох таоло уро шарманда кунад ба Худо касам шармандаги аз ин зиед намешавад Мунофику шарманда аз масчид бароу даф шав харомхур дигару дигар агар Амонзода каме номус медошт худаш аз масчид баромад мерафт

вой ба холи мо бо ин муллохо

Bakhtiyor
in jo hej chizi nave nest. in kor boyad chunin meshud, zero inho az muborizai ruyrost ziddi shakhsiyathoi ma'ruf va islomi siyosi sharm mekunand, bino bar in shaytonero dar sar salla va dar manaash rish meguzorandu dar masjide khatib mekunand. Jamoluddin Amonullozoda ham yake az in shaytoyhost. koshke domullohoi rasmii mo sharmandagii ruzi qiyomartro peshi nazar ovarda bozichai dasti 2-3 fosiqi dar bolo nishasta va omili fitna nameshudand. Khudo omurzadashon. iltimos nashr namoed.

Нигина,
Субхоналлох!! Ман хам хамчунин!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)