Бахшҳо

Ҷамолиддин Амонуллозода дар бораи шиа ва Қаззофию Ҷаноби Олӣ

Ҷамолиддин Амонуллозода, сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ ва писари марҳум Амонуллоҳ Неъматзода -- муфтии пешини Тоҷикистон аз зуҳури мазҳаби шиа дар кишвар шадидан нигаронӣ карда, аз сокинон хост, ба гуфтаи пайравони ин равия гӯш надиҳанд.

Амонуллозода дар намози ҷумъаи 31 январ дар маҳаллаи Оқтоқи ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, “ҳоло шиаҳо баромада, мардумро аз мазҳаб бемазҳаб мекунанд ва мо набояд ба гуфтаҳои онҳо гӯш кунем.” Ӯ аз суханони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон иқтибос оварда таъкид кард, ки сокинони кишвар ҳамагӣ бояд аз мазҳаби Ҳанафия пайравӣ кунанд: “Ҷаноби Олӣ мегӯяд, мо пир дорем, мо имоми Аъзам дорем!”

Инчунин, сархатиби ноҳияи Рудакӣ аз сокинони Тоҷикистон даъват кард, аз доштани чунин раҳбари сулҳовару сабти номшуда дар гуруҳи 500-нафараи мусулмонони бонуфузи ҷаҳон шукрона карда, танҳо ба гуфтаҳои ӯ гӯш диҳанд: “Ҳоло мо набояд, ба гуфтаи бархе аз муллову эшоне, ки як бор мардумро гумроҳ карда буданд, гӯш диҳем. Ба мо касе сулҳ овардааст, бояд танҳо ба гуфтаи ӯ амал кард.”

Писари муфтии пешини Тоҷикистон аз нооромиҳои солҳои 90-уми кишвар ёдовар шуда, гуфт, аз доштани сулҳу суботи кунунӣ дар кишвар бояд шукрона кард, то дубора гирифтори он рӯзҳое, ки ба қавли ӯ гӯиё занони тоҷик ба хотири нон танфурӯшӣ кардаанд, гирифтор нашуд: “Як бор ношукрӣ кардем, дар чӣ балоҳо задем, ҳама аз ин мардум безор шуданду гурехтанду рафтанд. Ин рӯзҳое буд, ки занҳои мо барои як нон занакии худро медоданд. Ин ҳама дар пайи як фитна ба миён омада буд.”

Сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ дар шарҳи ин суханронии худ вазъи бархе аз кишварҳои арабиро мисол оварда, аз Муаммар Қаззофӣ, раисиҷумҳури пешини Либия, ки бар асари норозиигии сокинони ин кишвар аз ҳукумати ӯ даст ба муборизаи мусаллаҳона зада, кушта шуда буд, қадрдонӣ кард. Ӯ гуфт, Муаммар Қаззофӣ дар ҳаққи дини Ислом хидматҳое зиёде кардааст. Вале ба қавли ӯ, бо ворид шудани равияи Салафия ба ин кишвар ҳукумати ӯ сарнагун гашт: “Бо даъвати ин марди хирадманд, мо ҳамроҳи падарам ҳар сол ду бор ба Либия сафар карда, дар нишасти уламои тамоми ҷаҳони Ислом иштирок мекардем. Ин мард дар ҳоле аз курсии раёсат барканор ва кушта шудааст, ки дар ҳаққи Ислом хидматҳои зиёде кардааст. Аммо бо ворид шудани мазҳаби салафӣ ин давлат пош хӯрда чӣ қадар клет шуд!”

Номи Ҷамолиддин Амонуллозода тайи ҳафтаи охир мешавад, ки дар сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор дорад. Як ҳафта пеш дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” гузошта шуда буд, ки мавриди баҳси зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст. Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, писари муфтии собиқи Тоҷикистон, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мачид
ба хамин гуфтахоят якбора мардума гумрох мекунед. Агар маърифат медошти инхел гапхоро намезади................................

baroi mazhabi shia durust gufti.bovari nadoramki turajonzodaho shiahoro dasgiri kunand.

Комил
Аз ғуломӣ лаззати имон маҷу,
Гарчи бошӣ ҳофизи Қуръон маҷу.
Дину донишро ғулом арзон фурухт,
То баданро зинда дорад,ҷон фурӯхт.
Шайхи ӯ лорди фарангиро мурид,
Гарчи гӯяд аз мақоми Боязид

инсоф
чамолиддин гуфтахои шумо дуруст мебошад ин коратро мо дасгири мекунем чавонони ш душанбе,

Ман аз ҳамин хирагиву шармандагии мақомот дар ҳайратум
дар ҳамон навор равшан аст, ки мардум ҳамун Неъматзодаи неъматзадара намехоҳанд ва уро шармандаю беномус мехонандаш
ин кумитаи дин кати Шурои уламо дар чашму гуши худ мухр ниходаанд
о дар хамун масчид ягон муллои босавода монен як эшони соз ё муллои аз шумову макомотатон босаводтар пайдо шава агар зуд ура шиа мехонен....

Сафарали
Барои ман нофахмост бузургии ин миллати содда!Чун ба шайхулисломи Руссия ва муфтихои Тотористону Бошкирдистон ва алалхусус попи рус Кирилл менигари ба чахонбини,саводу малакаи касбии онхо ва ватандорию ватандустию тарзи гуфтору посухи онхо хайрон мемони.Наход миллати мо чунин фардхоро надошта бошад.Ин мардум валлох,ки чояш ояд фатфои шахулисломи малъуни Бухоро замони аз тахт рафтани охирин шохи сулолаи Сомониён такрор хоханд кард!

Сотим
Озодагон дигар одам наёфти ки гапи ин муллои дуруяро менависед. О ин Амонуллозода агар дилаш ба дину мазхаб сузад дар масчид гапи чаноби олиша намезанад Дар масчид сухани Аллоху Пайгамбарашро бояд гуфт на чаноби оли Худованд хидоят кунад хамаи моро. ОМИН!

О ин бечора намедона ки ислом чист.ина хами рахмати падараш вокеан падараш марди хуб буд вале чикор кунад ки писаронаш мисли писари нух чохил бошад.ин беномус номи неки падарашро паст кард.

КУХИСТОНИ
БЕТАМИЗИХОИ ИНСОН АЗ СУХАН ПАЙДО ШАВАД
ПИСТАИ БЕМАГЗ АГАР ЛАБ ВО КУНАД РАСВО ШАВАД

абдурахим
инхел мусалмонам дидам аз минбар истода дили на танхо Эшонро балки дили хамаим мусалмонхоро ранчонд, Масчид чои тоату ибодатмебошад на чои дил ранчони то рузе ман хастам ман чанозаро мехонам гуфта о ту як руз не як руз мемури бад ки чанозаи туро мехонда бошад,,, инаша нагуфти ,,
анахаминхел шахсон пйдо шудаги худашонро муло мегирану амо амал намекунан,,,

Ин дигар рохи худро реклама карданро наёфт.

Худорахматии падараш дехкони хуб буд, аммо на аз ахли уламои фикх. Масалану масалани бисёр мегуфт ва суханаш маъние , ширае надошт. хело ва хело хам Лаганбардори арзанда буд.

бале таксир, ба суханони хеч кас гуш намедихем сар карда аз суханони чанговари худат, ки бовари аз он дорам ки мисли худат "мулло" дутои дигар пайдо шавад зани точик ба танфуруши даст мезанад. Чанги аз саргузорондаи точик на аз дасти салафия буд ва на аз дасти шиа, балки аз дасти мисли тубарин касхо, хатто кас гуфтан гунохаст туро, ва ба'д хар як инсони комил акл дорад ва интихоб худ мекунад. узр аз талхии забонам, локин агар нагуям ояндаи точику точикистон ба гуфти худи шумо "клет" мешавад. эвромусалмони нав, дар амри ба мааруфи худ калимахои жаргонии руссиро истифода мебарад. Вассалом!!!

Ачибаш ин ки мурда пеш аз марг васият кардааст ки маро фалон шахс чвноза кунад, ин бошад намондааст, чи хак дорад? ХОК-и миллату динаш бояд кард барои ичро накардани васият, талаби охирини бандаи Худо!!!!

Мусулмон
ИН ҶАМОЛИДДИНИ АМОНУЛЛОЗОДА МУТААСИФОНА НА САВОДИ ДИНӢ ДОШТАЙ НА САВОДИ СИЁСӢ. НАМЕДОНАМ КИ ҲАМИН ХЕЛӢ ОДАМА САРХАТИБӢ ЯК НОҲИЯИ КАЛОНТАРИНИ ҶУМҲУРӢ ТАЪИН КАРДАЙ. МЕХОҲАД КИ ДАР ҶУМҲУРИИ ТИНҶУ ОРОМИ МО ТАФРИҚАИ МАЗҲАБӢ АНДОЗАД. МО ҲАМ ШИАҲО (МАРДУМИ ШАРИФИ БАДАХШОН) ДОРЕМ. МАРДУМИ ДУСТУ БАРОДАРИ МО ЭРОНИҲО ЧӢ. ГУФТАҲОИ ҶАНОБИ ОЛИРО НАДОНИСТА ИҚТИБОС МЕОРАД. МӮҲТАРАМ ХОЛИҚОВ ҲАР ЧӢ ЗУДТАР ИН ХЕЛИ МУЛЛОҲОРО ЯКТАРАФА КУНЕД, ТО КИ ДЕР НАШАВАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)