Бахшҳо

Сӯҳроб Шарифов: “Бояд ҳамапурсӣ шуда, сохтори давлатдорӣ иваз гардад”

Гуфтугӯи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо Сӯҳроб Шарифов -- вакили Маҷлиси Намояндагон дар бораи ҳаводиси Украина, мавқеъгирии Русия ва муносибати Маскав бо Душанбе.


Озодагон: Ин шабу рӯз кишварҳои ғарбӣ ба шиддат аз амалкарди Русия дар ҳодисаҳои Украина, бахусус, Қрим нигаронӣ доранд. Ҳатто Амрико аз эҳтимоли ироаи таҳримҳо зидди Маскав мегӯяд. Шумо ҳам дар пайиин ҳаводис дар саҳифаи Фейсбуки худ Владимир Путинро сиёсатмадори заиф номидед...

Шарифов: “Бале. Русия аз замони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Қримро ҳамчун диёри худ дар назар дошт. Баъзе аз сиёсатмадоронаш, барои мисол, Юрий Лужков -- собиқ раиси шаҳри Маскав низ чанд бор гуфта буд, “Қрим аз мост ва мо онро дер ё зуд хоҳем гирифт.” Аслан Русия дар қиболи давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеч дурнамое надошт. Инро ҳама медонистанд. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил миллатгароён, скинхедҳо ва шовинистони худро дастгирӣ мекард. Бо сари қудрат омадани Владимир Путин пуштибонӣ аз онҳо боз ҳам қавитар гардид. Путин худ миллатгароёнро пуштибонӣ мекунад, аммо вақте миллатгароҳои Украина садо бароварданд, тамом, барояш фоҷиа буд. Путин “Наполеони хурд” аст. Барои ҳамин, вақте ҳаводиси Украина рух дод, Русия якбора иродаашро аз даст дод. Вале ин барои давлатҳои Ғарб сенарияи ошно буд. Русия ноогоҳона ба коре рафт, ки акнун роҳи бозгашт нест. Тавре мегӯянд, “дар қапқон панири хушкшуда ҳаст ва он аз гулӯ намегузарад”. Ҳамакнун тамоми давлатҳои ҷаҳонӣ бар зидди Русия баромад мекунанд. Ҳарчанд Русия мегӯяд, ки барои мавқеъгирӣ ва баҳогузории дигарон ҳеч парвое надорад, аммо ин тавр нест. Русия дар сиёсат дили пок надорад. Русия мисли дигар давлатҳои Ғарб сиёсати аҳмақона, дурӯяву серӯягӣ дорад. Қаблан бо вуҷуди ҳама қудраташ ба Ғарб сар “хам” мекард. Даъво мекард, ки моро қабул кунед, мо ҷузъе аз Осиё нестем, мо ҳам кишвари ғарбӣ. Аммо дар натиҷа исбот кард, ки аз Осиё берун нарафтаааст. Русия бо он амале, ки кард, дар сиёсат дигар бо Ғарб баробар намешавад. Тоҷикистон сиёсати Русияро дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон дар ёд дорад. Аз ин хотир, дар муносибат бо Русия мо набояд беэҳтиётӣ кунем.”

Озодагон: Агар Русия, ба гуфтаи Шумо, воқеан сиёсати зараровар дошта бошад, пас, фурсате нарасидааст, ки Тоҷикистон аз ин шарики стратегии худ даст бикашад?

Шарифов: “Дуруст аст, ки мо шарики стратегӣ ҳастем. Барои Русия шуда, мо худро барои дигар давлатҳои ҷаҳон зери хавфу зарбаи туфангу бомб гузоштаем. Бо ин ҳама меҳрубониҳое, ки мо дорем, Русия боз ҳам муносибати дуруст надорад. Русия ва раҳбари сиёсати ӯ шароитро чунон сохтаанд, ки муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ ҳамоно номи “Ҷамшуд”-ро доранд. Ин ҳама хидмате, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ барои Русия мекунанд, ҳанӯз ҳам барои ҷонашон душман доранд. Сочиро муҳоҷирони осиёӣ сохтанд, аммо бар ивази заҳматашон миннатдорие нашуниданд. Ин нописандӣ аст. Русия як абарқудрати нописанд аст.”

Озодагон: Мегӯед, Тоҷикистон барои Русия худро зери хатар гузошт ва мисле, ки Маскав нисбат ба Душанбе нописандӣ дорад. Оё ин маънои онро надорад, ки дар сиёсат мо заъф дорем ва аз ин сабаб дар хостаҳои худ бо Русия муваффақ намешавем?

Шарифов: “Мо истифода карда натавонистем ва муваффақ нашудем. Ба назари ман, Русия дар маҷмуъ муносибати худро бо Тоҷикистон бояд аз сар бигирад. Арзишҳо дар муносибат бояд дигар шаванд.”

Озодагон: Ишора кардед, ки Русия сиёсати аҳмақона ва дурӯя дорад. Гуфта метавонед, ки Тоҷикистон дар сиёсат чанд “рӯ” дорад?

Шарифов: “Ман қаблан ҳам гуфта будам, ки мо ба ислоҳот ниёз дорем. Мо бояд бар зидди он ҳама таҳдиду хатарҳое, ки ба мо аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мерос гузоштаанд, берун бароем. Ман бар ин назар ҳастам, ки Тоҷикистон дар системаи унитарӣ ва автономӣ бояд ислоҳот бигзаронад. Дар Тоҷикистон бигзор танҳо ноҳияву марказ вуҷуд дошта бошад. Мақоми ноҳияҳо бояд баланд бардошта шавад. Ҳамин гуна як системаи давлатӣ бояд бисозем. Ҳамаи он сохторе, ки мо дорем, ин мероси замони Шӯравист. Ҳамаи ин бо мақсади дур кардани минтақаҳо аз ҳам ва тақсим кардани Тоҷикистон сохта шудааст. Ба назари ман дар Тоҷикистон бояд як ҳамапурсӣ баргузор карду сохтори давлатдориро иваз намуд.”
Мӯҳр
антихарза
суханхо Шарипов як зарра вазн надоранд. ин як бози аст. у аз хати кашидаи Калон вачабе берун намеояд. ин хама хок пошидан ба чашми мардуми бесавод аст. умуман, мансабдорони точик фикри шахсии худро надоранд. вазифаву молу сарват пеши чашмонашонро гирифтааст. ту ба дигар кишвархо чи кор дори. бехуда суханат асар надорад. ту проблемахои халки азияткашида ва хору залили точикро хал кун. точик, ки дар дохил кадру кимат надорад магар да хорич сохиби иззат мегардад?

Масчоҳӣ
Рости гап нафаҳмидам ки ин Сӯҳроб Шарифов чи тавр як вақтҳо "Стратеги №1" дар Тоҷикистон кор кардааст. Аввал Сӯҳроб Шарифов мехоҳад, ки муносибати Тоҷикистонро бо Россияи абарқудрат нотинҷ бисозад, баъдан мехоҳад, ки хилофоти мазҳабиву маҳаллиро барангезад, ки ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтаанд.

Dev
Bravo ! Bovarnokardani ,ki dar hukumati ogoi Rahmon yak kas fikri hudro doradu rui rost meguyad.

НАСИМ
. МАСТЧОИ Ман намедонам он статистикае,ки ту оварди аз кучо гирифта шудааст.Дар бораи шоирон низ гуфти русхо ПЕРЕГНУЛ палку!Аз кучо ту гирифти,ки Рудаки исмоили буд?ё Фирдавси?Синову Беруни? АГАР ТУ ИНРО ТО КУНИН НАМЕДОНИСТИ ПАС ТУПОЙТАРИН ОДАМ БУДАИ,,,


,Дар Руссия ба гайр аз шумо дгар касе аз точик буданаш ор намекунад. !) МИЛОН ТОЧИК ДАР УЗБАКИСТОН ХУДРО УЗБАК ГУФТ ТАЛХААТ НАКАФИДУ БАРОИ ЧАНД ПОМИРИ ..

бале око " Ва хамаи мо медонем,ки помирихо бо ду даст ба ин рози хоханд шуд.Зеро камбагалтарин мардуми Точикистон дар помир зиндаги мекунанд."


зеро мисли баъзехо аз хисоби дузди намезиянд ва пеш аз инкилоб харомгарихои хокимони бухоро ва афгонро дида буданд ва аз Бало хазар гуфта дустро аз душман тарчех медиханд..

Рости хайрон мешави аз андешахои номукаммалу бетахлили чаноби Шарифов. Вакили мухтарам, Россия мардуми моро даъват накардааст, онхо бо хохиши худ, аз вазнинии рузгор ба мардикори мераванд. Шумо чун вакил хуб медонед, ки Россия давлати абаркудрат аст ва ба "таънаи занона"и-Шумо ниёз надорад. Шумо чун сиёсатмадор хуб медонед, ки дар ояндаи дар Осиёи Миёна интегратсия мешавад. Ин раванд аз Шумо барин вакилони ноком вобаста нест, зеро инро халк мехохад.
Баъдан, мардикоре ки забони русиро немедонад, чи гум кардааст дар Россия?! Хуб медонед, ки мардикор аввалан худро намешиносад, зеро тафаккури гуломи дорад. Баъдан Россия давлати дигар аст ва конунхои худро дорад!!!
Ба чойи тахлили вазъи Украина, хубтараш ба донишгоххо рафта якбор бубинед, ки дар паси партаи донишчуи ки нишас та аст ва баъдан ояндаи чумхуриро созед!!!

КАРАМшо
"Ва хамаи мо медонем,ки помирихо бо ду даст ба ин рози хоханд шуд.Зеро камбагалтарин мардуми Точикистон дар помир зиндаги мекунанд."
СУХРОБИ БОДБАРАК..1..сиёсат мардони большнвик аз ту хазор бор басаводтар буданд ва ба халкхои кучаки шурави мухторият доданд то хукукхои фархангиву мазхабияшон поймол нагардад..

2. меъёри точик будан чист????? яъне кадом шартхоянд то як кас худро точик , узбек ё помири гуяд????

МАГАР НОМИ САБЗАВОТУ МЕВА барои ориённажодхо АЗ НОМИ АРАБХОИ ПУСИДА БЕХТАР НЕСТ?????

Посух додан
Масчохи
Имрӯз, 12:56
мачои аз гуфторат буи бади чахолат, шовинизм ва фашизм меояд, ин "кудратар"ро бо хамсояхои бузургат истифода кун ки туро ба чамшуд табдил доданд на ба помирихо...

Мухтарам Сухроб Шарипов аз ин ки аз Путин интикод кардед, хуб мешуд дар бораи хукумат ва Президенти Точикистон мегуфтед.. Медонам шумо чуръат надоред...бе чуръат мемонед. Ба тамоми бадбахтихои мардуми Осие на Русия балки режимхои хокими феъли гунахкоранд.

Масчохи пеш аз онки дигар касро таьна додан якбор ба худат назар андоз Ана аз шумо барин точикхои нав аз точик буданам ор мекунам Ман хайронам чаро одамон одам барин зиндаги накарда доим ба якдигар чанг мекунанд Ман помериям ва ман ба касе кордор нестам ба ман фарк нест шумо аз кадом минтака мебошед ва аз хама хохиш дорам шумо хам ба мо кордор нашавед ва таьназаниву туухмат карданро бас кунед Ин махалигароии шумо окибати хуб надорад Ман шахсонере дар назар дорам ки ба ин кор машгуланд

Шарипов рост мегуяд..вилоятхо лозим нестанд......ягонтааш...точикони бадахшон..чизеро гум намекунанд..забони лахчавии онхо мемонад...забони точики ки таърихан забони илм ва шоири буд рушд меебад...махалгарои нест мешавад ва хатархои чидди аз давлати Точикистон дур хоханд монд...

Ака, хами як чи пурсум чангум наменен, Хами райпурси шава президентам ай интихоб мекнем?????

Садри Jalol, Айб дар будан ё набудани вилоятхо нест. Айб пеш аз хама дар сиёсати нодурусти кадрхо (омили асоси барои боз хам такон додан сатхи махалгарои) ва нобаробар таксим кардани захирахо аст.
Агар кадрхо факат аз як нохия бошанд, пас намоянгони Сугду, Бадахшону, Гарм хам мачбур мешаванд як норозиги ва ё эътирозе нишон диханд. Ин дар навбати худ метавонад нохияхоро боз хам аз марказ чудо кунад. Ин холат мероси Шурави аст (хамаи вазифахо ба намояндогони Шимол), ва яке аз сабабхое асосии чанги шахрванди (1992 1997) ба хисоб меравад.

Мутаасифона, ин сиёсати нодурусти таини кадрхо ва нобаробар таксим кардани захирахо байни нохияхо то хол хам ба назар мерасад. Махз, ана хамин холат метавонад сабабгори бухрони нави чомеа шавад. Куввахои беруна бошанд ба воситаи "кланхои нохияви" мисли солхои 90-ум манфиатхои гаразноки худро бе ягон мамония пеш баранд. Хулоса, пеш бурдани сценарияи Украина дар Осиёи Миёна.

Хайронам, ки чаро мухтарам С. Шарипов аз ин гуна хатархо бе хабар ва сухане хам накарда буд.

Дороб
Масчохии азиз гиру хон агар чизеро намедони,ки будан буругони точик!Он хама точиконе,ки аклргаро буданд ва дилашон барои кавми озодагон месухт ана хамин-шахсиятхо буданд!Рудакиро низ туркон пеш аз хама барои исмоили буданаш кур карда куштанд!Фирдавсиро низ барои хамин гунохаш мехостанд таги пои филон андозанд!Ибни Сино низ барои хамин гунохаш аз дасти туркон дарбадар буд!Он суханеро замони шурави мехондем,ки Синоро падараш исмоили ва худаш материалист буд дуруги махзи болшевикон ва пантуркистон аст,зеро узбак дар та ърих хеч гох исмоили надорад!Ин муаммое буд ки бо рохи материалист элом кардани Шайхурраис уро ба худашон нисбат диханд!Исмоили факат халки точику форс дорад! Сухан сари ин намеравад!Сухан бародари азизам масъалаи оне меравад,ки Бадахшон бархак музейи зиндаи Точикистон ва миллати точик аст.Дар инчо тамаддуни кадимаи миллатамон урфу одати кадима,фарханги кадима ва хамчунин хонахои кадимаи точикиро то хол хифз кардаанд!Хосатан нигох доштани забонхои кадимаи форсии кадим ва миёнаи бобоии ману шумо як давлетст,ки миллатхои дигар аз чунин музейи зиндаи кадимаи милли хасад мебаранд!Чун узбакхо даъвии "Авесто" мекунанд,далели зиндаи олимони чахон дар мукобили дуруггуихои онхо ва исботи бузургии точик ана хамин Бадахшон ва хамчунин забони сугдии зинда,забони бародарони ягнобист!Мана барои чи барои ин минтака СССР-и бузург мухторият дод!Пеш аз хама барои хифзи хамин фарханги гузаштаи миллиамон ва ману шумо вазифадорем,ки ин тамаддуни нодирро дар ин раванди чахонишави хифз кунем!Ба самъи-Шумо-мерасонам,ки мардуми-Бадахшон-ва-хосатан мардуми ба ном померияш-вафодортарин ашхоси ин хукумату ин миллат буданд ва хастанд!Имруз ману шумо кару фаре дорем,лекин махз фарзанди Бадахшони Шириншо буд,ки cоли 1929 Точикистони иттифокиро,ки имруз шукри худованд мустаъкил аст ба майдон овард!Мардуми Бадахшон имруз имнтеллегенсияи бокуввате дар Руссия,Олмон ,Канада доранд ва бо точик будани худ фахр мекунанд!Ба маълумоти-шумо мерасонам,ки забонхои мардуми бахшон забонхои бобоёни мову шумоанд,ки чандсад сол пеш чадди гузаштаи ману шумо бо онхо гап мезаданд!Номи ин мардуми сарбаланд Шафтолу,Анчир,Ангур ва Гелос аст!Хеч гапе нест.Номи мевахои бихишти!Бердиву Кул Кул набошад шуд дия бародари гаронмояи ман!

мургоб
афсус ягонтои шумо таърихатонро намедонеду не аз номуси щавми бохабаредю Бо шумо кучо мерем

файз
ин боз чи афсона мехонад?
фирк мекунем ки ин пешниход аз боло асту ба ин рох мехоханд назари халка фахманд

хакгуй
Офарин ДОРОБШОХ моро конеъ карди......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)