Бахшҳо
15 мар 2014 16:09Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

"Дар сояи мунофиқони ҲНИТ": Филми нав алайҳи наҳзатиҳо дар Ютуб (ВИДЕО)

Дар шабакаи Ютуб имрӯз, 15-уми март зери унвони “Дар сояи мунофиқони ҲНИТ” филме нашр шуд, ки дар он Ҳизби наҳзати исломӣ гунаҳкори асосии даргирии солҳои 90-уми Тоҷикистон ва нерӯи нооромкунандаи ҷомеаи муосири тоҷик арзёбӣ шудааст.

Дар ин филм, ки зери тамғаи “фронт.тв” паҳн гардидааст, аз нооромии солҳои 90-уми Тоҷикистон ёдоварӣ шуда, пайравони ҲНИТ айбдор карда мешаванд: “Ҷангиёни наҳзатӣ бо симои ваҳшиёнаи хунгирифта, бо ришу фаши бадҳайбат автоматро дар китф мегузоштанду қонунро зери пой мекарданд.” Инчунин аз собиқ размандагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, аз ҷумла Ризвон Содиров, Раҳмон Сангинов, Мансур Муваккалов ёд шуда, бо гирифтани номи Абдуллоҳ Раҳимов (Муло Абдуллоҳ), Аловиддин Давлатов (Алии Бедакӣ) бо бародараш Ҳусниддин Давлатов дар якҷоягӣ “дастпарвардаҳо”-и ҲНИТ хонда мешаванд.

Муаллифони ин филм, аз ҳодисаҳои Баҳори арабу Украина ва задухурди мусаллаҳонаи 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон низ ном гирифта, ҳушдор медиҳанд, ки “ҳоло замоне расидааст, ки абарқудратҳо ба ҳаракатҳои ба мисли ҲНИТ такя карда, барои манфиати геопалитикии худ кишварҳоро тақсим мекунанд.



Дар ин навор гуфта мешавад, пайравони наҳзат гӯиё ба хотири пулу мол ба ҳар кор омода мебошанд: “Аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёр шудани Тоҷикистон гуруҳҳои алоҳидаи сустирода ба монанди Наҳзат таҳти фикру андешаи гуруҳҳои ифротии хориҷӣ қарор гирифта, кишварро ба гирдоби дохилию кашмакашиҳои мусаллаҳона рӯбарӯ карданд." Инчунин иддаои масъулини ҲНИТ дар бораи фишори мақомот рад шуда, таъкид мегардад, ки гузоришҳои телевизионии мақомоти амниятӣ дар бораи ҷинояткории наҳзатиҳо бодалел ва асосноканд.

Нашри ин навор дар ҳолест, ки рӯзи 14-уми март ҲНИТ ба хотири шаҳидон ҳамоиши ҷумҳуриявии “НУР”-ро баргузор кард ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, зимни он гуфт, ҳоло ҳар кас худро қаҳрамони сулҳ меҳисобад ва ҷониби дигарро сиёҳ мекунад. Кабирӣ зарур хонд, ки дар даргирии солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон бояд ҳар ду ҷониб эҳсоси масъулият кунанд ва ба ҷои якдигарсиёҳкунӣ пешниҳод кард, ки дар кишвар як рӯзи тавба эълон гардад. Кабирӣ ҳамчунин хост, рӯйхати шаҳидони ин даргирии шаҳрвандӣ таҳия шавад ва хотири онҳо пос дошта шавад.
Мӯҳр
саидчон
аз худо шарм доред бо ин роликои другинатон о мардум хама шоҳидан ки ин фронти халқии бо сарвари сангак сафаров чикоро мекард бо ҳамроҳи узбекои зархаридашон мардуми ноҳияи панҷа чихел қатл карданд

Точикак
ЭЭЭ ИН ФАБРИКАИ ЧАВОБ АЗ ХАД ГУЗАРОНДКУ. Хеле эхтиёт шавед, ки чохкан зери чох...

Боз як сахначаи навбати. Роти гап ман намедонам, ки инхо чи мехоханд. тули 20 сол аст ки ман хамин гапхою суханхо ва сахначаю спетаклхоро мешунаваму мебинам, вале хама бемаъною бемафхум. Агарчи ман аз минтакаи чануб нестам вале то чоеро, ки медонам ин чанги бародаркушу хонумонсузро аввалин шуда баъди хурдани ОШИ ошти фронти халки бо хучуме, ки болои нохияхои Вахшу Бохтар дошт огоз кардаанд. Амо чаро чизе аз ин чизхо гуфта намешавад? Чаро гуфта намешавад, ки барои чи баъди сесияи 16 -ум чангхо хомуш не, баръакс доман пахн карда, даста даста мардум ба катл расонда шуданд, чаро аз ин чизхо чизе гуфта намешавад??? Агар вокеан ватандусту миллатдуст бошед!!! ман шохиди кабрхои дастачамъонаи мардум дар Хисору Регар хастам ва мутминам, ки тарафи чануб хам (Кургонтеппа) аз чунин кабрхо холи нест. Оё ба хамаи ин як тараф гунахкор аст? албатта не... Мардум имруз дар Точикистон дарк кардаанд, ки гунахкори асосии ин вокеахо кист?! Вале холо мухим нест, ки бидонем Зул-Карнайне, ки дар Куръон зикр шудааст Искандари чахонгир буд ё Куруши Кабир? мухим он аст, ки У як марди хубу хайрхох буд... хамчунин имруз мухим нест, ки гунахкори он вокеахо ки буд, ХНИТ ё тарафи дигар ... мухим он аст, ки ин барои мо дарс шудааст то дигар бор ин вокеахо такрор нашаванд. ва хама бо хам барои пешрафти Ватану миллат миён бандем, на аз якдигар душмантароши намоем. Набояд мо наврасону чавононро дар чунин фазо ва рухия тарбият кунем, ки бо хам бинишинанд ва бо хам рох раванд вале душмани якдигар бошанд ... Набояд фикру андешаи мардумро ба чунин чизхо машгул бисозем... Набояд якеро душман ва бадхохи дигар нишон бидихем... чунин набоядхо зиёданд, ки фикру андешаи мардумро ба онхо машгул месозанду мушкилоташонро ба фаромуши мебаранд. То касе напурсад, ки чаро имруз мо як кишвари пуробу серобем вале обмон пулаки хаст? Чаро манба ва сарчашмаи об хастему вале бебаркем. Чаро кишвари мевапарвару сабзавотпарварем, вале нархашон дар бозорхо дандоншикананд? рости, гапхо хеле зиёданд, вале агар вазъ чунин идома кунад бидонем, ки вокеан хам як хатари хеле бузурге миллату Ватанро дар пеш интизор аст, ки дигар инчо гунахкори асоси мушаххасу муайян аст.
Бинобар ин моро зарур аст, ки аз гунахкор кардани хамдигар даст бикашем ва бо акл ва дарку эхсосоти мардум бози накунем, балки хамеша аз вахдату хамдигарфахми сухбат кунем, наврасону чавононро дар рухияи бародарию баробари ва ватандустиву масъулиятшиноси тарбият кунем, на дар фазои динситезию махалгарои. Мардумро набояд ба бози бикашем! онхо сиёхро аз сафед ва хайрро аз шар хуб дарк кардаанду мекунанд ва ниёз ба рохнамоии каси дигаре надоранд.
Хулоса, бо умеди: Бародари !!! Баробари !!! Вахдат !!!

Шери Панчшер
Мебахшед бародарон дар хусуси фронти халкии ташкилкардаи русхо ва узбакон бо рохбарии хадамоти чосусии русхо ва катли оми сартосарии точикони асли чаро чизе намегуед!Чаро дар бораи бо Мигхо ва танкхо куштани хазорон точикон дар марзи дарёи Панч чизе намегуед!Чаро дар бораи бомбазании хавопаймохои узбаки дар объектхои Рогун чизе намегуед.Сулхи-27-уми июни-соли 1997 ин сулхи байни точикон нест!Ин сулхи миллати точики катли омгашта бо турку славяни имруз хукмрон аст!

Бо филми дуругин,ки 95 фоизи кушташудагонро точикони асли бе хуни мугули ташкил медиханд,хатман дар оянда чанг сар хохад зад!Ба ёд овардани "Хатин"-и точикон,ки аз Хатини белорусхо дахшатноктар аст девораи корхонаи нохияи Панч ва куштори 1200 нафар точик дар 45 даккика ва куштори сартосарии точикони тоза аз тарафи Файзали Саидови гумоштаи Руссия барои ин корхо басанда хохад буд!Вокеъан хукумат,хукумати точики нест!Бо чунин шева барои интихоботи вакилони мардуми дар соли 2015 тайёри дидан оини чавонмарди нест.Окибаташро худо ба хайр кунад!

Донишомуз
Агар чизҳоеро ки тарафи дигар кардааст филм шаванд, ки шояд кор агар тавақуф нашавад ба ин ҳам расад, даҳшат аст. Муаллим толибаашро кофта-кофта дар номусаш таҷовуз мекунад. Муаллим ҳам зинда ҷабрдида ҳам. Бо ин раванд масъала ҳар намешавад.
Нафароне , ки ин наворро таҳия кардаанд имруз намефаҳманд ки чи кор мекунанд, вале фардо пушаймон мешаванд, овозатро дигар ҳам куни малоика мешиносанд видиоӣ сабтат кардагианд дар пешгоҳи Худованд нишон дода мешави. Агар тавба накунанд Худо медонад ҳоли онҳо чӣ мешавад.
Амнияти кишвар баъди Худованд, дар дасти шумо аст кормандони содиқу дилсузи миллат. Нагузоред ҳар туфайли чеҳраи моро доғдор кунад, ки ҳамин қадар доғҳо бас аст. Шумо бояд тарбияи миллатро ба роҳ монед. Муваффақият барои ҳамаи мардони содиқи ин миллат. Хори ва зиллат барои душманони ин миллат.

Хакикат
Худованд доност ва аз хама амалкард ва нияти инсонхо ба хуби огох аст. Худ мунофикро медонад ва чазояшро медихад. Мунофику террорист дину мазхаб надорад.

Э журналистики болои ин навор гап задаи! Як маротиба ба худат савол дех ки то ба имруз дар хаки ватану халку миллат чи хи3мат кардаи?! Багайри онки фитнаю цангу чидол меандози миёни халку зиёиён (мусулмонон, мулохо). Эее медоники чикор карда истодаи?! Бар зидди ХУДО чанг эълон кардести, бар зидди ХУДО мукобилият нишон додести, аммо бефоидааст. Ин коре ки ту карда истодаи , мунофикон аз рузи бунёди ислом карда истодаан, амрико бо ин кадар пуркудратии цахони доштаащ солхои тулонист ки бар зидди мусулмононе ки дар рохи ХУДО фармуда рафтестан мубориза бурда истодааст, лек баракс руз то руз ХУДО расвояш кардестай.
Бигзоред мардум орому осуда зиндаги кунанд. Кохи кухнаро бод надихед!!! (мухтарам "ватандустори журналист"!!!)

99
Дар чунин ҳолатҳо бетарафӣ ё беаҳамиятӣ кардан аз тарафи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон гуноҳ аст!
Яъне боз қувваҳое, ки моро нобуд кардан мехоҳанд, фаъол шудаанд. Ин корҳо нишонаи он аст, ки бесуботиеро мехоҳанд дар мамлакати мо барангезанд. Агар ин кори давлатдорони мо бошад, ман ҳамчун як шаҳрванди қаторӣ гуфтанӣ ҳастам, ки шумо на фақат ба муқобилони худ, балки барои худ низ чоҳ канда истодаед!
Худо накарда, агар коре шавад, мардуми мо шуморо асрҳо намебахшанд!
Шахсан ман тарафдори ягон ҳизб ё ҷараёни сиёсӣ дар Тоҷикистон нестам. Чунки дар симо ва кору рафторҳои ягон сиёсатмадори тоҷикистонӣ одами арзандаеро намебинам. Вале наметавонам, ба чунин рафтору кирдори нохалафона бетараф бошам.
Канӣ он ваъдаҳои болохонадори ҷаноби олӣ? Ман боварӣ дорам, ки худи ҳукумати мо аз ин корҳо хуб огоҳ аст ва метарсам, ки кори дасти худи ин ҳукумат набошад.
Ман метарсам, ки Тоҷикистон умуман аз байн наравад! Пас шумо ба касе даркор нестед. На ҳукумататон мемонаду на ҳизбҳоятон!
Имрӯз замоне шудааст, ки мо муттаҳид шавем! Оё сиёсату ҳолати ҷаҳонро дарк намекунед? Оё намешунавед ва намебинед, ки давлати рус чӣ корҳо карда истодааст, дар мамлакатҳои араб ва Африқо ва умуман дар Ҷаҳон чӣ корҳо шуда истодааст? Оё шумо хатаре ҳис намекунед, ки масалан Россия метавонад аз нав истиқлолияти нимҷони моро тамоман аз байн барад? Масалан, шахсан ман метарсам, ки Ҷаҳон дар "теғи шамшер аст".
Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҷанобон масъулони Ҳукумати Тоҷикистон, ҷанобон роҳбарони ҳизбу ташкилотҳо, сиёсатмадорон, кормандони қувваҳои қудратӣ, хусусан мутасаддиёни Кумитаи Амнияти Миллӣ, ҷанобон ҷосусон, ки барои давлат ё ба қувваҳои дохилию берунӣ хизмати хирсона мекунед!!!
Дониста бошед, ки ҳар коре, ки мекунед, хоҳ хубу хоҳ бад, имрӯз ё фардо ошкор мешавад, Мадум барои кори некатон арҷ мегузорад, вале бадкирдорӣ оқибати бад на фақат барои мардум, балки барои шумо ҳам меорад.
Муҳтарам ҶО, шумо метавонед, пеши ин гуна корҳоро гиред ва аз шумо бисёр вобаста аст. Беҳтараш аз маслиҳати нохалафон даст кашед. Обрӯи Шумо дар солҳои аввали роҳбариатон байни мардум хеле боло буд. Имрӯзҳо наход, худи шумо ҳис накунед, ки аз он обурӯ чизе намондааст. Ба як гурӯҳ косалесоне, ки дар атрофатон аз шумо бузургтарошӣ мекунанд, бовар накунед.
Ба ҷосусони дохилию хориҷӣ гуфтанӣ ҳастам, ки шаъну шарафи инсониатонро ҳифз кунед! Барои нафс шуда хизмати хирсона накунед ва хиёнат накунед! Фардо шуморо лаънат мехонанд! Лаънати умум нашавед!
Он кормандони амният, ки аз "кори" кардаи худ меболанд, ақлатонро кор фармоед, ки аксар мавридҳо бо айби шумо мардум ноором ва ҳатто мамлакат хароб мешавад! Шумо ҳам фарзандони ҳамин замин ҳастед!
Ба дигарон гуфтаниам, ки бетараф набошед. Бетарафӣ дар чунин маврид аз ҷиноят кам нест! Хусусан, интеллегенсия сар боло кунед!!! Сар боло кардан, на ба он маъно, ки боз аз васфи ҶО, балки ба он ҶО ва масъулон занги хатар занед, то фаҳманд, ки дар чӣ ҳолат қарор дорем.

Айбчуй
салам! ииии дар ин чанг файзали сангак лангари дигар кахрамонони миллат нестанд ку онхоро режими худкомаи имруз нест кард барои хар коре кунанд набояд инхоро касе миннат кунад ин подшохи ба ивази хуни мост Шумо чи менолед инхо бо худихо вахшиёна рафтор мекунанд бо Шумо ахреманвор рафтор мекунад сифлагу одами хуб будаст барои ин хукумат хамчунин сифлагу даркор! хафа нашавед

муаллиф ту кофири бе имон


Таърихшинос
Музаффар,Холо баъд аз чанд сол хао ки хар чи гуфтан мегирад. Гумони голиб он аст, ки аслан ин сулх бо супориши кишвархои дигар карда шуд. Зеро давлати "конститтутсионии" онвакта руз ба руз камкувват шудан мегирифт ва сарбозон дигар ба Тавилдара чанг рафтан намехостанд. Хатто мардум аз Сугд дигар бачахояшонро ба чанг фиристодан намекхостанд.Исломихо бошанд тачрибаи бештари чанги мегирифтанд ва хатто нохияхои алохидаро зери тасарруфи худ медароварданд. Супоришдихандагони чанги шахрванди диданд, ки ичрокунандагон дигар мачоли дар оянда давлатро нигох доштан надоранд ва ракибонашон руз ба руз пурзуртар мешаванд, сухани сулхро ба миён оварданд ва тавре шуд, ки имруз мебинем. Ислому демократхо он вакт сахт фиреб хурданд ва акнун ангушти надомат мегазанд. Он вакт акли "конститутсионихо" нисбати исломихо хеле болотар буду бартари дошт.

Некбин.
Байни халќ як маќол аст, ки гуфтаанд. Кохи кухнаро, ки бод доди яъне шамол доди буяш баромадан мегирад. Дар байни мо одамон низ чунин як хислати бади инсони вучуд дорад, ки ќасти бад кардани касеро дошта бошем аз рўи кибру гурур ва нотавонбини мехохем ба вай зарар расонем айбчуяш мекунем ва ба монанди ин навори бародари чангандоз, ки навори зиёда аз 20-соларо пешкаши мардум кардааст намедонем ба чи хотир! Албатта ба бисёрии мардум сабаби ин кушоду равшан маълум аст. Агар тарафи дуюмро хам гирем онхо хам мохи бе айбу гунох нестанд дар ин Ватан ва хоку замин хама хатокор ва гунахгорем! Фаќат он Холиќи ягонаи мову Шумо пок ва муназзах аст. Ба хамин хотир ба хотири фадои тенчиву ободии Ватани бе ин хам азияткашидаамон хар гапро санчида ва кадамхоямонро дониста гузорем.

Charo imruzho soxtorhoi maxsusi Tojikiston kohi kuhnaro bod doda, mardumro tarsondani meshavand?

eeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeee

eeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeee

eeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeee

eeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeee

eeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeee

eeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeeee

фатх
айб аст акнун айб ҷустан имруз мардум ба дарки ҷанг рафта шуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)