Бахшҳо

Абдулқодирзода: “Кӯдаконро аз 7-солагӣ ба намозхонӣ ташвиқ кунед”

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бори дигар ба намозхонии кӯдакон аз 7-солагӣ таъкид кард. Абдулқодирзода ин ҳарфҳоро дар охири хутбаи намози ҷумъаи 28 март дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баён дошт.

Ӯ бо овардани иқтибос аз ҳадисҳои паёмбар (с) таъкид кард: “Ба фарзанд аз 7-солагӣ намозхониро омӯзонеду амр ба намоз кунед. Агар нахонданд, дар 10-солагӣ танбеҳ кунед.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар идома илова кард, ҳар нафаре, ки аз 40 – 50-солагӣ намозхониро шуруъ кардааст, саҷдаву рукуи ӯ аз оне, ки дар ҷавонӣ омӯхтааст, фарқ мекунад: “Касе аз ҷавонӣ, намозхонӣ ё ибодатро ба худ касб кардааст, мебинед, бисёр устувору хотирҷамъ ва дурусту дақиқ анҷом медиҳад.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода қаблан низ аз омӯзишу хондани намоз аз айёми кӯдакӣ ҷонибдорӣ карда, гуфта буд, “вақте кӯдак аз хурдӣ намоз хондааст, яқин бидонед, ки аз ҷониби ӯ ноҳурматӣ нисбати волидайнаш намешавад. Албатта ин намоз агар намози воқеӣ бошад, на мисли дона чидани мурғ.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон рафтани афроди то 18-сола ба масоҷид манъ буда, дар аксар маврид иштироки наврасон дар намози ҷумъа бо боздошти онҳо аз сӯи кормандони пулис анҷом меёбад.
Мӯҳр
ислом.70mail.ru
Диккат!диккат!Вой бар холи ин муллохои бадбахт ки ошики дуне шуданду аллакай дер шуд..Барои чи дер шуд?Барои он ки пайравони кавми Лут дар чомеъа пур шуд.фочеъа....................Бародарони азиз ба умеди хеч кас нашавед илтимос фарзандон,оила,ва хешу акрабони худро фахмонед то ки худ хонанд Каломи Худоро ва аз руи гуфтаи Худо зиндаги кунанд. Мулло ба хар диер азизу мухаррам аст, Лаънат ба он диер ки мулло бувад азиз. Дар охир биеед якчоя дуъо мекунем ки Худованд мову шуморо аз ин балохои охирзамон ва аз васвосаи шайтон нигах дорад ОМИН.

АЗ БА ЧОИ АМРИ АЛЛОХРО БА ХАЛК ФАХМОНИДАН АМРИ ПРЕЗИДЕНТ БА ХАЛК МЕХОНЕД,

Сайёд
Он чи ба забон гуфта шуд хуб мешуд ки амал онро пурра мекард!! Танхо ба гуфтани холи мешуд олам гулистон мешуд!
Ёдам хаст ки вакте конуни Танзимро мухокима мекарданд тамоми Домлохо аз бегона будани Хафту Чилу Сол дар Ислом сухан гуфтанд! Хоб, мана солхо гузашт ва боз он Домлохои маъруф таъкид мекардаги шуданд ки албатта 2 гов кушта СариТахта кунен, хафту, чилу, солу ва хатто хар хафта Чумъагиям кунен!
Пас оё онхо ун суханонро нагуфтанд ва ё фаромуш карданд!!??

Мухочир
Ма хами муфтира намефахмум вакте ки конун баровардан до "16 лет не допускается в мечет** хап кард дахонша накушод.. Вазир хохарои мусалмона ай дарс пеш кард и хап кард.. Бо чи имруз худаша ширин дорад ки аз 7 солаги ба намоз хидоят кнен... Бе гапи хамирам хар як мусалмон хдш медона

Азиз
Пас чаро ба масчид рафтани то 16-соларо манъ кардед????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)