Бахшҳо

Генерал Назаров полковник Одинаеваро ба Вазорати фарҳанг гусел кард

Генерал Рустам Назаров, директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар ҳайати кормандони ин ниҳод собиқ муовинаш полковник Бунафша Одинаеваро, ки ахиран аз ҷониби президент муовини вазири фарҳанг таъин гардид, ба ниҳоди нав гусел намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар генерал-лейтенанти милитсия Назаров, дар маросими гусел бо Одинаева ба кораш дар Агент баҳои баланд дод: “Одинаева ба ҳайси муовини директор дар Агентӣ қариб 8 сол хизмат намуд ва дар ин муддат корҳои зиёд ба анҷом расонид. чорабиниҳо оид ба пешгирии нашъмандӣ, иқдом нисбати дастгирии саломатӣ ташкил ва гузаронида шуданд. Ҳамасола ӯ дар омода ва нашр намудани “Шарҳи вазъият вобаста ба маводи нашъаовар” бевосита иштирок намуда, бо масъулияти баланд вазифаҳои вогузоштаро иҷро менамуд.”

Ба иттилои манбаъ “Одинаева дар навбати худ ба тамоми кормандони Агентӣ миннатдории худро баён намуда, бовар кунонд, ки дар ҷои нав таҷриба ва донишу малакаи дар Агентӣ гирифтаро истифода хоҳад бурд ва бо Агентӣ ҳамкориро дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ давом хоҳад дод.”
Мӯҳр
YYY
Адиб,
Адиб, Шумо нохак хастед!!! Шахсе, ки савод надорад, маърифат надорад, маданият надорад на фарханги худро дуст дошта метавонад, на ба кадри миллат расида метавонад. Бадбахт он касест, ки ба кадри фарзанди асил ва чашми кордон расида наметавонад!!! Худованд инсони пастинатро дар зинахои паст офарида ва охират уро бадбахт гардонидааст.

XXX
Цитата: Мирали
Бо ин Пиров фарханг хеле ба кафо меравад, аз Хукумат хохиш дорем ки гурухи тавтишоти ташкил намуда ба вазорати фарханг равона созанд, то ин ки фаолияти кории Пировро бисанчанд, ва бо коркунони вазорати фарханг сухбат кунанд.



Zoro
Цитата: равшан
гаибат


Равшан, мо бо гуфтахо шумо рози хастем... дар хакикат дар он чорабини мо тасодуфан иштирок кардем ба мо хуш омад. ва беш аз 20000 мардуми шахр аз ин чорабинии бошукух бахраманд гардиданд.

01
Pirak,
Хози ба ту 01 фарёд мекунем барои и гапот....

шаҳрванди Тоҷикистон
Мирали,
Ман ба ҳайси як шаҳрванди Тоҷикистон мехоҳам нисбати як масъалаи барои ояндаи Ватанамон бағоят муҳим, ки на танҳо ман балки ҳазорон нафар сокинони ҷумҳуриро бетараф гузошта наметавонад, ибрози назар намоям.
Имрӯз дар байни мардум, бахусус дар саҳифаи баъзе воситаҳои ахбори омма нисбати сиёсати кадрии Президенти мамлакат андешаҳои ғаразноку носолим паҳн карда мешаванд. Тавассути пахши чунин овозаҳои беасос муаллифони онҳо мехоҳанд, кадрҳои серғайрату боистеъдодро, ки Сарвари давлат ба вазифаҳои гуногун пешбарӣ менамояд, беобрӯ гардонида, андешаву эътимоди мардумро нисбати онҳо дидаву дониста дигаргун ва ба ин васила боварии сокинони кишварро оиди сиёсати Президенти ҷумҳурӣ ва мақомоти гуногуни давлатӣ суст гардонанд.
Тасаввур кунед, вазифаҳо ҳоло тақсим нашуда, ё кадри нав таъиншуда ҳанӯз ба фаъолият шурӯъ накарда, дар ин бора чӣ қадар овозаҳои бардуруғ, тӯҳмату ғаразро дар байни мардум паҳн мекунанд.
Як мисоли тоза аз ҳамин қабил: Президенти мамлакат ба мансаби муовини якуми Вазири фарҳанг Пиров Маҳмадсаидро таъин намуд. Бубинед, дар саҳифаҳои матбуоту интернет нисбати ӯ аллакай чӣ қадар бӯҳтону ғаразро пахш намудаанд. Вале агар аз рӯи адолату инсоф, бидуни ғараз нисбати ин ҷавони серғайрату поктинат, ки дар замираш танҳо меҳри Ватан ниҳон аст, андеша ронем ва ё лаҳзае ҳамсӯҳбат шавед, эҳсос мекунед, ки ӯ бо чӣ гуна самимият, эҳсоси баланди ватандорӣ, ифтихори миллӣ нисбати Тоҷикистон на танҳо ҳарф мезанад, балқи бо як ҳаяҷони нотакрор дигаронро низ ба дӯст доштани Ватан ҳидоят ва барои ободи гардонидани он рӯҳбаланд мегардонад. Маҳз туфайли ҳамин хислатҳои наҷиб - ғурури миллӣ, ҷавонмардию ҷасорат, олиҳимматӣ оштинопазирӣ нисбат ба зулму истибдод, беадолатӣ ӯ образи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро офарид. Воқеан, касе аққалан боре ба Маҳмадсаид Пиров ҳамсӯхбат шуда бошад, эҳсоси қалби саршори ӯро нисбати Ватан ва миллат дарк менамояд ва худ низ барои созандигию бунёдкорӣ рӯҳбаланд мегардад.
Дар тамоми вазифаҳое, ки фаъолият дошт бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ бо сарбаландӣ ва бидуни камбудӣ аз ӯхдааш баромадаааст.
Бо ташаббуси ӯ аввалин маротиба ҷашни «Наврӯзи фарҳанг» бо хатнасури 153 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид. Ҳол он ки қабл аз баргузории он нафароне пайдо шуданд, ки «Вазорати фарҳанг аз ӯҳдаи ин чорабинӣ баромада наметавонад» гуфта буданд. Вақт довари одил аст. Канӣ бубинем, ки оё Маҳмадсаид Пиров ба боварии халқ ва Президент арзанда аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)