Зимнан, дар ин нишаст як қатор кормандони агентӣ бо рутбаҳои навбатӣ, ифтихорномаҳо, медалҳои ҷашнӣ ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла сардори ситоди агентӣ, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Фарҳод Садуллоев, сардори шӯъбаи хадамоти амнияти дохилӣ, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Равшан Мирзоаҳмадов ва нозири калони шӯъбаи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, майори хизмати назорати маводи нашъаовар Далер Сайфуллоев қадрдонӣ шуданд.
Маврид ба ёдоварист, чанде қабл президент Эмомалӣ Раҳмон 280 нафар корманди сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои олӣ ва махсус сарфароз гардонид. Генерал -лейтенанти милитсия Рустам Назаров, директори агентии назорати маводи нашъаовар, Зариф Саидов, сардори шӯъбаи таъиноти махсуси раёсати сайёри оперативии агентӣ, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар бо ордени Спитамен дараҷаи II, ва Бунафша Одинаева, муовини директори агентӣ, подполковники хизмати назорати маводи нашъаовар бо медали ҷашнии “20-солагии истиқлолият ва Лидия Кривчикова сардори шӯъбаи ташхиси судии агентӣ, подполковники хизмати назорати маводи нашъаовар бо ифтихорномаи ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |