Бахшҳо

Гилаи Юсуф аз русҳо дар пайи изҳороти Жириновский

Иддаои Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР), дар бораи он ки кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон орзуи пайвастан ба ҳайати Русияро доранд, бо вокунишҳои тунди хонандагони мо рӯбарӯ шуд. Ҳоло номаи яке аз шарҳнависонро бо номи Юсуф нашр карда, мехоҳем, Шумо низ дар ин бора фикру андешаҳои худро ба мо фиристед.

ШАРҲИ ЮСУФ:

“Тоҷикон ҳамеша ғуломони ҳалқабаргӯш буданд. Аз аъроб сар карда (ба воситаи дини Ислом) то турку муғулу рус. Ин чизи нав нест.

Ҳамин аст, ки хислати ғуломиро ҳеч наметавонем тарк бикунем. Вале, дар ҳаққи мо бадтарин хиёнатро русҳо кардаанд, бо сад ҳиллаву фиребу найранг. Заминҳоямонро ба дигарон тақдим карданд; хатти бобоиро маҷбуран тағйир доданд; тафаккурамонро вайрон карданд; дар байни миллати тоҷик ҷудоӣ андохта, ба ҷанги бародаркуш кашиданд; миллионҳо фарди тоҷикро дар Русия истисмор карда, боз таъна мезананд; тайи беш аз 10 сол "Ҷамшуду Равшан"-гӯён масхара карданд; лашкараш (дивизияи 201) Тоҷикистонро ишғол кард; сиёсатмадоронаш (Жириновскийбаринҳо) бешармона дар ҳаққи президент, ҳукумат, давлат ва халқи Тоҷикистон суханони таҳқиромез мезананд; русҳои муқими Тоҷикистон забони давлатиро эҳтиром намекунанд ва дигар бадиҳо.

Ба ягонтои ин аъмоли бад русҳо аз тарафи тоҷикон ҷавоби мувофиқ нагирифтаанд. Бояд зикр шавад, ки ин аъмолро ба миллат ва далати тоҷик на Амрико раво дидаасту на инглису франсузу немис. Ҳатто империяи подшоҳии рус!

Он чизе, ки дар солҳои Шӯравӣ сохта шудааст, русҳо барои худашон сохта буданд, на барои тоҷикон. Зеро онҳо нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил мекарданд (бузургтарин колонияи русҳо!) Акнун ҳамаи он кӯҳнаву фарсудаву нодаркор аст. Ин аст хизмати русҳо назди миллати бечораву фақири тоҷик.

Тоҷикон ба касе ҷабру зулму бадӣ накардаанд. Ин аст ягона боиси ифтихор. ХУДРО ПАСТ НАЗАНЕД. АЗ ИН ДУШМАНОН ИСТИФОДА МЕБАРАНД!”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
бехтарин-содда ва сад фоиз дуруст!

Вайс
Озод,
мутобики итиллои расми Бонки марказии Россия маблаги аз чониби мухочирон ба Точикистон интикол гардида дар соли 2013 4.173.000.000 (ЧОР МИЛЛИАРДУ ЯК САДУ ХАФТОДЕ СЕ МИЛЛИОН) ДОЛЛАР-ро ташкил дод. Шумо сатхи ичтимои ва иктисодии Точикистонро бе ин маблаг чи гуна тасаввур мекунед???
Ман шахсан хамчун иктисодчи тасаввур карда наметавонам.
Мафкураи гуломии Точик ин мавзуи дигар аст ва ин ба Россия хеч рабте надорад.

Озодй, мафкураи гуломй надоштанро ту дар побанд будан бо Россия медонй? Аз гуфтаи ту ин мафхуму мафкура айён мегардад. Шаби 16 апр. барномаи Соловёв "Поединок"-ро бо иштироки рохбарони азхоби сиёсии Русия ва балегуёни онхо тамошо кардй? Аз гуфтахошон маълум буд, ки худро дар Чахон якто медонанд. Соловёв бо газабу бологуй гуфт: Не будите спяшего медведа!!!! Ё Жириновсиро хини дар аэропорти Смоленск самолёташро нишастан намонданд, у дар хузури миллиону миллион ва миллиарду миллиард одамон мегуяд: Я их посилал на ТРИ буквы. Три буквиро мефахмй чй хаст? Мо хам дорем. Уно хамаро гулом медонанду худро гуломдор. Ана аку фахмидй Озодичон кй гулом будаасту кй гуломдор?! Ба Соловёву Кисилёв, Сванидзеву Мамонтов ва ровиёни зархариду великорусхо бовар накун, додарам.

ОЗОДЙ. БАЪДИ БАРОМАДИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЧАНОБИ ПУТИН ШАРХХОРО ЧОП МЕКНЙ!? МАБОДО ДАР ИН ХОШИЯ ХАТОГИЕ КУНЙ. СУПОРИШ АЗ МИД ШУДАГЙ МЙ?!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Тоҷики асил
Бародари азиз Юсуф! Аз гуфтаҳоят маълум, ки аз русҳои шаттаи сахт хурдай. Леки, шукронаи ОЛЛОҲ, ки сиёсати берунии давлати мо сиёсати хирадмандона ва дурбинона аст ва "сиёсати дарҳои кушод" ном дорад. Леки Юсуфҷон бародар кӯрнамаки расми тоҷикон нест. Фаромуш наку, ки агар русҳо намебуданд, ҳоло бо ин минталитетат (фаҳмишу идрокат) дар куҷо қарор доштӣ. Русҳо мора техникаву технология ёд доданд, ҳоло бояд худамон пеш равем ва пеш ҳам рафта истодаем. Агар ягонтои мо бесавод бошем айби русҳо дар чи ай.

Гулом ибни. Гулом. Ибни Гулом. Давомаш хама медонад

сино кулоби
Аброр,
Пас чаро ягон миллат ба мисли точик дар Руссия бекадр нест. Кани русхо чечен е догистониро чурка гуянд бин чи кор мекунанд онхоро. Он чи бародар Юсуф гуфта аст хакикати гузаштааст бале агар русхо алифбои моро дигар намекарданд либоси занонро тагир намедоданд (барои мисол дар фильме Зайнаб гуфтани зан фаранчи ва эзорро якум шуда мепартояд) чи либоси як миллати рохи пешравиро мегирифт? Ин аст ки мо на дини пурра дорем на лафзи пурра ва на маданияти пурра барои хамин то хол ранч мекашем. Агар русхо дар хакикат дуст мебуданд моро бо маданият ва дини доштаамон пешравиро меомухтанд. Гайр аз ин хукумати кунини то хол мустакил нест то чое медонем аз хар чихат тобеъи хукумати русхо аст.

шурави,
Аброр,
Хонанда,
Аслан ба маводи хеш шарҳ илова кардан чандон аз рӯи одоб нест, вале, бино бар нашр шудани тозатарин хабарҳои ҷаҳон оид ба Тоҷикистон, мехоҳам чанд сухане ба тасдиқи гуфтаҳоям боз ба худ иҷозат диҳам. Албата, ончи бародарон - Шӯравӣ, Аброр, Хонанда - қайд кардаанд аз ҳақиқат дур нест. Лекин дастоварди бузург ҳам нест. Аз ин бародарон хоҳиш мекардам, ҳоло ки дер нашудааст, портали "ЯНДЕКС РУ" ро як бор кушоянд ва ба силсилаахборе таҳти унвони "ДОЧЬ ТАДЖИКСКОГО ПРЕЗИДЕНТА СМЕНИЛА ФАМИЛИЮ" аз назар гузаронанд. "Халқи бузурги рус" Тоҷикистонро гулӯгир шудааст, ки ба хурдтарин тағйироти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии давлати мустақили мо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Аз ахбор маълум мешавад, ки духтари президентамон хонум Озода Раҳмонова, ки инчунин муовини Вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ ҳастанд, аз номашон "суффиксҳои русии "-овна" ва "-ва"ро дур карда, ба номгузории миллӣ гузаштаанд, яъне Озодаи Эмомалии Раҳмон шудаанд. Ин ки як иқдом ва ихтиёри шахсӣ аст, ва ҳатто, на рӯйдоди иҷтимоӣ ҳасту на сиёсӣ, яку якбора се нашрияи русиро ба по хезондааст - ИТАР-ТАСС, Finam.info ва "Россия для всех.Таджикистан." Чорумаш "Азия +"и Тоҷикистон. Инро ҳамаи он нашрияҳо бо гилаву тамасхӯри барзиёд шарҳ додаанд.
Чаро? Зеро дар симои Тоҷикистон Русия ва русҳо моли хешро мебинанд. Барои онҳо истиқлолияти сиёсии мо донаи арзан барин қадр надорад ва аз ҳаргуна намоиши ғурури миллӣ ва қадамҳои мустақили мо нафраташон меояд. Рашки бо ҳасад омехта мебаранд. Гӯиё, "бибинед, тоҷикҳо ҳам одам шуда, думболи номҳояшон шудаанд. Як-ду сол пеш замони нашри тағйирот ва иловаҳо дар Қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон ВАОи Русия валвалаи пурсару садоро бардошта буданд.
Аз ин хотир аз ҳамватанон хоҳиш дорам, ки Ватану миллатро бо тамоми камбудиҳояш дӯст доранд. Дар назди аҷнабиён сар хам накунанд, онҳоро аз худ афзал напиндоранд.

Озоди коментарияи дуру дарози ман кани!

Ман ба фикри бародар Юсуф розиям .инчо баъзе бародархо дар бораи феодализм навиштаанд, чи магар эрону туркияро хам русхо ёрдам доданд Ки бинед имруз чи гуна тараки кардаанд. Не онхо мисли баъзеи шумо бенангу бе номус набуданд ва нагузоштанд, Ки дигарон онхоро идора кунанд ва нагузоштанд то ин Ки мисли шумо аз Барри пул щуда дину миллати худро фурушанд. Моро русхо аз дилсузи чои кор надодааст балки ин мухочирони Моро хамчун ярок дар вакти даркори мукобили мо истифода мебарад. Яа бор лиёчикхоро ба ёд оред чи гуна он замон мухочиронро аз барои ду лётчик шуда азобу шиканча доданд ва дар натича худ медонед Бо чи анчомид. Агар мо ба руссия хамрох шавем дониста монед мисли шурави хама точикхо дар совхозу колхозхо кор мекунем. Болои хамаи ин холо мо дар хайати онхо нестем вале кадре дар назди онхо надорем. Агар дар хайати онхо шавем ана баъд мисли гулом мешавем. Ак бор Назар ба Грузия кунед муносибаташро аз руссия канд ва бинед дар давоми 4-5сол чи гуна тараки кард. Шумо хамин масъаларо як бор аз канор истода Назар кунед русхо хатто ба укроина, ки ба худи русхо кавман наздикан рахм накарда истодаанд, ба мо точикхо рахм мекунанд. Илтимос озодагон агар озод боши Чоп мекуни.

шурави
бародари азиз, Юсуф! мегуи пешрафти точик дар давраи шурави он кадар бузург нест. магар зиндагии тинчу осуда дастоварди бузург нест. на фикри манзил ва пули табобату тахсил мекарди. пурра хушбахт будем бо хамдигар мехрубон будем. холо чи хама савдогару ханнот. двр пайи фиреби хамдигар. барк хатто ба кавли русхо роскошь шудаачт. мардикори, нашъамандиву нашъачаллоби, худкушихои бешумор, талокхои бемисл, беадолатии беназир ва дигар вахшониятхои давраи кунуни магар кобили квбул аст? аз хама бадтар мардум пурра ноумед гаштааст. ояндаи фарзандон тира аст... сухвн бисер вале...

Рустам
"Шурави ё Россия буд ,ки мо точикон аз форматсияи феодали яку як бора ба форматсияи сотсиалисти расидем. Дар Щурави сохаи тандурусти,маориф ройгон буданд ва ягон маротиба ёд надорем,ки барк катъ шуда бошад. Чи кадар ятимхонахо ,интернатхо чавонони точикро ба воя расонд ва сохиби маълумоти оли кард. Шахрхоро обод карданд ва роххоро мумфарш карданд."
Ин суханхо ,як тарафи масъала аст. Дар хакикат барои мо- мардуми нотавон ,Шурави сабаб шуд, ки аз чанголи туркхо халос шуда, лоакал дар шакли як республикаи кучаки сару по бурида эхё шавем. Аммо инро хам бояд гуфт, ки Сталин ба точикон на барои он имконияти республикашави дод ки халки моро дуст медошт , балки барои он ,ки дар осиёи миёна аз мавчуд будани як чумхурии калрн метарсид. Бинобар ба хамин сабаб, У Осиёи Миёнаро ба панч таксим кард. Таксим куну-хукмрони кун.
Проблема на дар сари он аст ки дар давраи шурави нагз буд ё не. Проблема дар он аст ки мутаасифона, халки мо баъд аз фурупошии Шурави бисёр имкониятхоро аз даст дод, ва то имруз натавонистааст , ягон рохи ру батаракиро дарёбкунад. Ва то имруз, бо ин хама боигарихои
худодод, мо мутаассифона аз Руссияву дигарон вобаста мебошем.
Русия як мамлакат аст, проблемахо ва пешомадхои худро дорост. Вай интереси дар Точикистони мо интереси худро дорост. Ва агар барои интересаш зарур шавад, сад то мобаринхоро ба як пули пучак намегирад.

шурави
нафаре навиштааст, ки чаро точик дар русия бекадртарин миллат аст? ба ин нафар гуфтаниям, ки магар миллате, ки дар ватан хору зор ва гулом аст чи гуна уро эхтиром кард?миллатеро, ки мисли гусфанд зулмро тахаммул мекунад магар сазовори эхтиром аст?

Комил
Офарин! Худои таъоло мурдаҳота раҳмат кунад Юсуф. Дар тақвияти гуфтаҳоят шеъри Иқболро меорам ва фаҳми он танҳо барои тоҷикони баномус имкон дорад:
Аз ғуломӣ базми миллат фард - фард,
Ин он бо ину он андар набард.
Дину донишро ғулом арзон фурӯхт,
То баданро зинда дорад ҷон фурӯхт.
Аз ғуломӣ ҷони бедоре маҷӯ,
Аз ғуломӣ завқи дидоре маҷӯ.
Дидаи ӯ меҳнати дидан набурд,
Дар ҷаҳон хӯрду гарон хобиду мурд.
Ин ғулом ибни ғулом ибни ғулом,
"Озодӣ" андешаи ӯро ҳаром.
Чист мурдан? - Аз худӣ ғофил шудан,
Ту чӣ пиндорӣ, фироқи ҷону тан?

ОЗОДАГОН, КУЧО ШУДАНД КОММЕНТХОИ МАН??? Е КИ ТУ ОЗОД НЕСТИ????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)