Бахшҳо

Пешниҳоди таъини ҷазо барои мардоне, ки назди танфурӯшон мераванд

Дар тӯли чаҳор рӯзи гузашта дар ин бора даҳҳо шарҳи хонандагон дастраси мо шуд, ки аксари онҳо аз чунин иқдоми мақомот пуштибонӣ кардаанд. Ҳатто баъзе аз корбарон нишонаҳоеро навишта ва гуфтаанд, дар он ҷо маҳалли занҳое воқеъ аст, ки ба танфурӯшӣ машғуланд ё бозори кӯчаки фоҳишаҳоро ташкил кардаанд.


Сотим, яке аз корбарони “Озодагон”, гуфтааст, ин тасмим хеле дер гирифта шуд. Ба бовари ӯ, “агар хато накунам, 50 дарсади занон даст ба ин кори фасод задаанд. Ин сабаб дорад, ки он ҳам бекорист. Вазири мӯҳтарам, ба ҷои он ки кормандони мақомоти қудратӣ аз паси фоҳишаҳо гарданд, беҳтар аст, онҳоро бо кор таъмин намоед.” Вале дар посух хонандаи дигаре навиштааст, “беҳтараш дер бошад, то ҳеч вақт!”

Руслан, яке аз пуштибонҳои ин иқдом, навиштааст, “аҳсан вазир. Агар як фоҳишаро ҳам аз роҳи бад гардонед, ин хуб аст.” “Мулкӣ” аз он норизост, ки то аз боло амре нашавад, ҳеч кас кор намекунад. “Агар ин корро пеш аз содир шудани фармони вазир мекарданд, ҳоло ҷомеаи мо ин қадар фасод намешуд. Аз байни вазирҳо айни замон Рамазон Раҳимзода пешсаф ва беҳтарин аст! Идома диҳед, мо тарафдори ин иқдомем”,-гуфтааст ӯ.

“Сарипули Сирот” дар пайи хабарҳои пайдарҳами боздошти даллаҳо ва танфурӯшон ва ё онҳое, ки манзили худро барои робитаи ҷинсии занону мардони бегона гузоштаанд, навиштааст, “ба милисаи мо ИДЕЯ додан даркор, бас. Салла биёр гӯед, калла меоранд. Дигар ҳар рӯз ба хотири нигоҳ доштани мансаб ва содиқ буданашон ва супориши вазир зану шавҳарро ҳам ба “разбор” меандозанд. Гӯиё ки пеш аз ин, онҳо аз корҳои номатлуб дар ҷомеаи мо бехабар будаанд.”

Самад гуфтааст, “агар нафаре як бор хонаашро барои касе диҳад, омада ӯро боздошт мекунанд, лекин садҳо фасодхона дар пойтахт кор мекунад, чаро аз онҳо ягонтоаш фош намешавад?” Юсуф ҳам навиштааст, “...боз аҷибаш он аст, ки ин бизнес дар Душанбе (шояд дар дигар шаҳрҳо низ!) солҳост дар авҷ асту ҳеч як нозири минтақавии милиса то ҳол аз он "хабар надоштааст"?! Шояд он нозирон худашон "дар ҳамин чарогоҳҳо чарида аз ҳамин чашмаҳо об менӯшиданд?" Вале, ҳар чӣ ҳам ки бошад, ВКД-и кишвар нав ба таъқиби ин гуна фоҳишахонаҳо шурӯъ кардааст. Иқдоми хуб. Пирӯз бошед!”

Корбаре бо номи Гулғунча аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки мақомот танҳо фоҳишаҳоро боздошту муҷозот мекунанд, вале бо мардоне, ки аз “хадамот”-и онҳо истифода мебаранд, коре надоранд. Ӯ навиштааст, “аз баъзе ҷавонон нафратам меояд. Фикр мекунанд, ба мисли об поку ба мисли шир сафед ҳастанд. Охир, эй шармандаҳо, ба ҳамин фоҳишаҳо кӣ дастдарозӣ мекунад? Ҳамин мардҳо! Мардҳо боз шарм намедоранд. Баъзеҳо ба ҳамин корҳо машғуланд, лекин худро мусичаи бегуноҳ мегиранд. Бояд мардоне, ки бо танфурӯшон алоқа мекунанд, онҳоро ҳам ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашид.” Дар ҳоле ки ба бовари ин хонанда, “агар мардон ба духтарон нарасанд, онҳо аз куҷо фоҳиша мешаванд? Қабл аз ҳама бояд пеши роҳи ҳамин хел мардонро гирифт. Онҳо дар ҷаъмияти мо фоҳишагариро эҷод кардаанд.”

Хонандаи азиз, агар Шумо дар ин бора назари дигар доред, ё роҳҳои беҳтари мубориза бо танфурӯширо медонед, дар пайи ин матлаб бинависед.
Мӯҳр
Зани точик,кучо шуд куртаи ту?! Кучо он сатри по,почомаи ту? Ту
мегуи, ки сатр аз моли мо нест. Кучо он зеби сар,он докаи ту? Зани точик
кучо шуд куртаи ту?
Кучои марди сохибзан,кучои?
Зи кунчи хона шояд мебарои?
Ба майдони хакикатхо биёи.
Занат аз дасти мардум мерабои.
Кучои марди сохибзан,кучои.
Биё,эй духтари зебои точик,
Биё,эй модари дуньёи точик.
Ба дуньёи шариат чанг андоз.
Рахо ёбад аз ин фардои точик.
Биё эй духтари зебои точик.
Мапуш аз моли аврупо,зи мо нест.
Вучуди ин либос чуз аз зино нест.
Касе к- ин куртаро бар ту бипушонд.
У бошад душманат,у дусти мо нест.
Мапуш аз моли аврупо,зи мо нест.
Биё модар! Биё хохар! Биё зан!
Биё дасте ба номусу хаё зан!
Агар ин харфи Бахромро шуниди,
Биё худро ба рохи Мустафо зан.
Биё модар!Биё хохар!Биё зан!

Салом
Авал бояд хукумат фохишахонои махсусиро чиноят шуморад баъд фоишагариро сидкан манъ кунад ва ба онхо чои кор таъмин кунад
мушкила дар ин аст ки фохишахо маблаги хуб ба даст меоранд +бо амнит хамкори кврда мардумро тухмат карда пулша мегиран ё зиндон мешавад
Агар амният муборизаи сахт барад мисли сатр риш вахте дар точикитон фохишв хона набошад мардако намераванд

Амният фоишахора худшон истифода мебаран бад дар адел рохошон мекунан хвр сол як маротиба пеши рохи инхоро мегиран як тема мекнан тамом Агар амният сахт мубориза мебурд теъдоди фоишвхо кам мешудвнд мутаъсифона зиёд шудесан вахте ки инсон аз Аллох наметарсад кор бар хар даст задан мункин аст

Марвачон
Аз кормандони ВКД хохиш мекунам ки агар пеши рохи фохишахоро гирифтан хоханд 1.Дар казинохо даромадан барои духтарон ройгон элон нанамоянд.2.Дар газетахои хар хафтаина нашри занхое ки худро барои масаж элон карданд ки аксарияташ на масаж мекунад балки ба тан фуруши машгул астнашр нанамоянд хаминхоро дар назар гиред хело кам мешавад фохишаги

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)