Бахшҳо
24 июн 2014 12:20Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Кабирӣ: "Агар... натавонистанд, ҲНИТ омодааст, масъулияти кишварро ба дӯш гирад"

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар хитоб ба аъзо ва тарафдорони ҳизбаш гуфт, вақти он расидааст, то ҳаққи ҳалоли худро аз дигарон талаб кунанд. Оқои Кабирӣ ин ҳарфҳоро рӯзи 24 июн, дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қароргоҳи ҲНИТ ва дар ҳузури намояндагони сафоратҳо, созмонҳо ва аҳзоби сиёсӣ баён дошт.

Ӯ гуфт, ҳар чи қадаре ки аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ сатҳи талаботи худро поинтар мекунанд, ҳамон андоза болояшон фишор бештар мегардад. “Ошкор бояд бигӯем, чаро на, ин ҳизб метавонад масъулияти кишварро ба даст гирад. Агар натавонистанд дуруст рафтор карда, Наҳзати исломии Тоҷикистон омодааст масъулияти кишварро ба ӯҳда гирад”,-таъкид дошт ӯ. Дар идомаи суханронии худ оқои Кабирӣ аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ёдоварӣ кард, ки дар як паёми худ чунин гуфта будааст: "Агар ҳукмати Тоҷикистон тавонист давлатро идора карда, миллатро ҳамчун миллати сарбаланду озод идора бикунад, вазифаи ҲНИТ кумак кардан аст. Агар дидем, ҳукумат дар идораи давлат мушкил дорад, аз ӯҳдаи он намебарояд, камбудӣ дорад, қудраташ намерасад, пас Наҳзати исломӣ омодааст бо роҳи муколама ҳукуматро ислоҳ бикунад. Вале агар бубинем, ки ҳукумат на инро метавонанд на онро, на давлатро идора карда метавонанду на иқтисоду сиёсатро дарк карда, камбудҳоро ислоҳ намекунад, вазифаи як ҳизби дигар аст, ки биёяд ва бигӯяд, ки ҷойро холӣ кунед ва масъулиятро ба ҳизби дигар бидиҳед.”

Раиси ҲНИТ дар ин суҳбаташ, инчунин, аз бархӯрди номуносиби мақомот бо намояндагони аҳзоби мухолиф шикоят кард ва гуфт, дар ҳоле ки ҳизбу ҳаракатҳои дунё мансабу мақому вазорат мехоҳанд, ҳизбҳои оппозитсионии Тоҷикистон мехоҳанд, фақат мақомот иҷоза диҳанд, ки ҷаласаашонро баргузор кунанд. “Дар ҳоле ки бояд як ҳизби сиёсӣ даъвои аз ин бештар дошта бошад, даъвои президентиро дошта бошад”,-афзуд ӯ.

Муҳиддин Кабирӣ илова кард, “вақте Сарқонун ва қонун ҳимоя намекунад, аъзои ҲНИТ ва дигар аҳзобро ҷузъи ин миллату Ватан баъзеҳо ҳисоб намекунанд, боқӣ мемонад танҳо ҳамин созишномаи сулҳ, санади ҳамдигарфаҳмӣ ва ёде аз он рузҳо ки бо такя ба он бори дигар ба ин дӯстон хотиррасон кунем, ки ин мардум ҳам шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд. Дар инҷо таваллуд шудаанд, ба воя расидаанд ва мехоҳанд, ки насли ояндаашон ҳам инҷо озода зиндагӣ бикунад. Аз ин бештар чизе намехоҳанд.”
Мӯҳр
Шарофиддин
Салом ба кулли мардуми шарифи Точикистон баъдан ба Мухиддин Кабири хотирасон менамоям, ки ин милати точик аз пушти ин хизби Шумо ва пешвоёни Хизбатон якбор дар тамоми руи олам шарманда шуд кам аст боз овозатро баланд мекуни шарм дор. Зиёда аз 120-130 хазор аз пушти ин хавгохои Шумо талаф ёфт, 1 милён ахоли фирор аз ватани худ кард, иктисодиёти ин ватан талаву тороч шуд бас нест. Худованд шохид аст ин кори кардаи пешвоёни Шумо ки зиёда аз 120 хазор нафар чон бох дар назди Худованд чигуна чавоб медода бошад. Шарм надошта даъвои рохбари давлат мекуни гуфти хамон бародари дар боло зикр карда тухму помидор фойда накард тарбузу харбузаю караму шалгам кати ин милатат сангсоратон мекнуад.

Банда
Офарин устод Кабири бовар кунед бародарон ин одам донишманд аст.

Комил
АЛЛОХ ёри дихад шуморо ХНИТ!

110
САИД ту бигу дар тули 21 соли хукумати Рахмон чи пешрави шуд дар кишвар.????? 1,5 то 2 милион шахрванд мухочир кард ин аст пешрафт??? Дар асри 21 зиндаги дорем аммо хонаро бо фонусу шамъ рушан мекунем ин аст таракиёт??? Мардум ба дискатека раванду ба масчид не ин аст фарханг???? Пас чист бигу бинам.!!!

саид
О Мухидинчон Кабири дар интихобот тарсиди, ки пулу молатро мегиранд, иштирок накарди як кампири пеш андлохти, холо хушёр шуди, хести ки хоби!

ДОСТОНИ ЗИНДАГИ
ДАРДИ ДИЛИ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОЧИКИСТОН ГУФТА ШУД . ХУДО КУВВАТ БА ШУМО ЧАНОБИ УСТОД КАБИРИ . ( ОЗОДАГОН ДАР КОМЕНТАРИЯ ЧОП КАРДАН СУСТИ НАКУНЕД ВА АЗ БАРОИ УХДО ДОИМ БЕ ТАРАФ БОШЕД ВА )

Шарофиддин
Мухтарам минбари озодагон чияни кабири хасти чи фикру пешниходхои маро руи чоп наметии? Номат Минбари Озодагон аст озод бош

Garib
Хаммаи чиз андоза дорад аммо шумо бошед чаноби Кабири холо хам сабр кунед, сабр кунед

Айб аст да давлати демократи ин гуна суханхо бояд одди бошад чиба инкадар аз суханони Кабири норохат мешен накафен бо эй ....

Бо "ҷойро холӣ кунед ва масъулиятро ба ҳизби дигар бидиҳед" - гуфтан кор буд намешавад. Фикр мекунам ин гуфтанихо чуз гуфтани-суханпардози боки чизе нестанд вагарна ин гуфтахо аз минбари баланд чи маъни доранд: Муҳиддин Кабирӣ илова кард, “вақте Сарқонун ва қонун ҳимоя намекунад, аъзои ҲНИТ ва дигар аҳзобро ҷузъи ин миллату Ватан баъзеҳо ҳисоб намекунанд, боқӣ мемонад танҳо ҳамин созишномаи сулҳ, санади ҳамдигарфаҳмӣ ва ёде аз он рузҳо ки бо такя ба он бори дигар ба ин дӯстон хотиррасон кунем, ки ин мардум ҳам шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд. Дар инҷо таваллуд шудаанд, ба воя расидаанд ва мехоҳанд, ки насли ояндаашон ҳам инҷо озода зиндагӣ бикунад. Аз ин бештар чизе намехоҳанд.”

Тарафдор
Офарин чаноби Кабири хакикатро гуфти, Худованд ёру мададгоратон бошад!

salim az ghariby
J.Kabiri khudovand shumoro va shumobarihoro hamesha dar amonash nigohbon boshad. vahty in gapho 7 sol pesh rasida bud. Moshoalloh. Ozodagon charo navishtahoi maro chop namekuny. bud smelim v peryod.

Дустдори сулх
Фабрикаи чавоб ба кор шуруъ кардааст.Ин бенангу беномусон,аниктараш шахсоне,ки барои чанд сомонак тайёранд ИМОНАШОНРО фурушанд,тайёранд шабу руз назди интернет нишаста РУИРОСТ шири сафедро сиях гуянд.Эй фабрикачиён о хамин чанобатон бо хукуматаш дар муддати 21 сол барои миллати точик чи НАВОВАРИЕ кардаст?Эй шармандахои асри 21.Шумо дар муддати 21 сол натавонистед оддитарин шароит,кувваи баркро дар асри 21 ,дар кишваре,ки шароити осонтарин ва арзонтарини истехсоли барки арзонро дорад таъмин намоед.

anas
Ассалому Алайкум шуморо ба муносибати фарорасии мохи шарифи рамазон, мохи ишқу дилбастаги ба Худованди бузург, мохи рахои аз гунохо ва дур андохтани кинаву адоват ва бугзу бадбини табрику муборакбод гуфта дуо мекунам, ки Парвардигори Муттаъол дар ин мохи рахмат, махфират ва рахои аз оташи дузах ва ибодатхои мову шуморо ба даргохаш қабул намояд. ОМИН Ё АРХАМА РОХИМИН!!

Mehrubon
бо халво гуфтан дахон ширин намешавад.

бо халво гуфтан дахон ширин намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)