Бахшҳо
09 июл 2014 14:06Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Гардони 50-сола бо абераи 20-солаи Мирсаид Миршакар оиладор шудааст (АКС)

Александр Гардон, рӯзноманигори маъруфи рус, барои бори чорум оиладор шуда, ин дафъа ба ҳайси ҳамсараш Ноза Абдулвосиеваи бистсоларо, ки абераи шоири тоҷик Мирсаид Миршакар гуфта мешавад, интихоб намудааст.

Расонаҳои русӣ аз қавли Валерий Аҳадов, падарбузурги Ноза Абдулвосиева, хабар додаанд, ки Гардон бо наберааш моҳи июни соли равон ақди никоҳ бастаанд. Ноза Абдулвосиева донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи киноматографии давлатии Русия буда, дар бахши коргардони филмҳои мустанад таҳсили илм дорад.

Валерий Аҳадов, ки аз коргардонҳои маъруфи тоҷики муқими Русия аст, аз хонадоршавии наберааш бо Александр Гардон хуб истиқбол кардааст: “Сарфи назар аз фарқияти калон дар синнусол муътақидам, ки навхонадорон хушбахт хоҳанд буд. Нисбати Александр Гардон, ки як инсони оқил аст, эҳтироми зиёдро қоилам. Ман ба Александр гуфтам, ки акнун дар банди оилаи шарқӣ ғалтидӣ, ки дигар халосӣ надорад.”

Аҳадов илова намудааст, ки интихоби наберааш барои ӯ ғайриинтизор набуд, чун Ноза аз овони кӯдакӣ зеҳни ғайриоддӣ дошта, муошират бо одамони аз худ калонтарро авлотар медонист.

Ин дар ҳолест, ки Александр Гардон моҳи ноябри соли 2013 аз зани сеюмаш-барандаи телевизион Нина Тригоринаи 19-сола ҷудо шуда буд. Омили ин ҷудошавӣ фарқияти калон дар синусол арзёбӣ мешуд. Бо вуҷуд ин дафъа низ Гардон ҳамсареро интихоб намудааст, ки аз худаш 30 сол ҷавонтар аст.


Ноза Абдулвосиева, акс аз Фейсбук

Гардони 50-сола бо абераи 20-солаи Мирсаид Миршакар оиладор шудааст (АКС)
Мӯҳр
Барно
Мардони мухтарам1 О Шумо мусулмон шуда, духтароини ёшро, ки баробари духтарони худатон хастанд зани 2-юму, 3-юм карда гирифта истодаед, ку... Ба шумо мумкин-ми? О Гардон аз шумо дарси ибрат гирифтаат охир. шумо кадри духтарони точикро худатон паст карда истодает дар Точикистон, баъд дар кишвари дигар мемонанд, ки кадри духтари точик баланд бошад? Ришхо 4-метри, занони якуматон брак, занони дуюм, сеюм чавон. О ин кадар ки мусулмон бошед, хохед, ки духтарон бесаробон намонанд, худатон нагиред, ба писарони ешатон дихед, ё ба ягон занмурда, ё аз занаш чудошуда. Боз ба дигарон маслихатчи инхо имруз.

Аз тапаккуни халос шуд :)

ин духтар хаёти оянда надора-мумкин аст дини христианиро кабул кардагий чи хелаш фора хамин хел оила барпо мекуна

мухамад,
in badbaxtonro duxtaru boboro hardu dunyoashon suxt.baroi ba evrei-yahudi xesh shudand.

Рустам
Баробарон!" Озодагон" ин маълумотро ба мо пешниход намудааст, ки ин кори рузноманигорон аст. Аммо ман хайронам, ки ба шумо комент. нависон чи бало расидааст, ки Шумо байни худ чанг карда гашта истодаед. Кандата зан духтар хар касе ки набоши. Аз мухити хамин вахшихо махсусан комент. нависи машхур "Мухамад" дур хастиву бо акли карда дар Россия мондаи. "Мухамад" оянда надори гуфта акида баён карда истодааст, аммо худ дар чи хол карор дошта бошад? Ой мухамад, агар табиб боши сари кали худатро табиби кун!

Хушбахт бош Духтарчон, агар мухамад барин шахсона шансашон мебуд, модарашонро ба Гордон медоданд, на ин ки хохаронашонро.

ХЕЧ КАС ХАК НАДОРАД, КИ ХАЕТ ВА ЗИНДАГИИ ШАХСИ ДИГАРРО МУАЙЯН НАМОЯД. ИН ИНТИХОБИ НОЗА ВА АЛЕКСАНДР АСТ. ШУМО ЧИ КОР ДОРЕД НИМЧАМУСУЛМОНХОИ ТАНГНАЗАР. МАН АГАР НЕКАМУ ГАР БАД ТУ БИРАВ ХУДРО БОШ, КИ ГУНОХИ ДИГАРОН БАР ТУ НАХОХАНД НАВИШТ!

Шоиру нависандагони замони Иттиҳоди Шӯравӣ (Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ва диг.) бо забони тоҷикӣ ашъору наср иҷод мекарданд, дар китобҳои адабиёт омада буданд. Аз халқи тоҷик талаб мешуд, ки ашъори онҳоро азёд бикунанд, қиссаву ҳикояҳояшонро бихонанду аз рӯи онҳо имтиҳонҳо супоранд. Ҳамин тавр буд. Вале худи он шоирҳо фарзандони хешро ба макотиби русӣ месупурданд, зеро медонистанд, ки онҷо таълиму тарбия беҳтар аст. Онро ҳам медонистанд, ки ашъор ва насри онҳо дар он макотиби рӯсӣ омӯхта намешаванд, биноан, фарзандонашон аз он ашъори падару бобояшон бехабар мемонданд. Аз ин парвое надоштанд. Ҳамин тавр буд! Як зиндагии дурӯя! Шояд ин тавр зиндагии дурӯя ҳоло ҳам давом дошта бошад. Натиҷааш бар шаъну шарафи хонаводаи шоирони халқи тоҷик бумеранг барин бармегашт. Духтарон шавҳари рустабор мекарданд. Набераву аберагон забони падарбузургу бобокалони шоирро намедонистанд. Ин мисоле, ки мо мебинем, яке аз он мисолони зиёд аст. Ҳануз замони ҳаёташ духтари яке аз шоирони бузурги тоҷик дар Маскав хонда, шавҳари русӣ карда буд. Мегӯяндки дар тӯяш шоир Боқӣ Раҳимзода (шояд дар ном хато кунам) табарчае инъом оварда будааст, ки ДАСТИ ДОМОДИ МАСКАВИРО ҲАЛОЛ КУНЕМ. Ин шӯхӣ дар вақташ достон шуда буд. Ана ҳамин тавр буданд, шоирони мо. Бо тоҷикӣ шеър мегуфтанду дар хона бо русӣ ҳарф мезаданд. Зиндагии дурӯя!

Валерий Ахадов падараш точики Самарканди модараш рус ! Занаш духтари Мирсаид Миршакар, пас наберааш ки мешавад ? Ман намефахмам инчо шимоли чи дахл дорад ? Имруз духтари точик новобаста аз махали зисташ ба хар хел миллат ба рус , яхуди , армани ба шавхар мебарояд , ин як бало боз аламовариаш ин ки бисьёрии тухтарони точик хамин хел бе никох бо хар миллат мегарданду номи марди точикро ба замин мезананд, агар мард пулдор бошад ба миллаташ нигох хам намекунад !!!!!!!!!чунки имруз бисьёре аз мардони точик даюс шудаанд, зану духтари худро идора карда наметавонанд ! Ин оилаи Ахадовхо худро русшуда мехисобанд бо забони точики харф намезананд ва чунинхо инро интеграция меноманд !Аммо имруз тамоман точикони тоза ки ягон рагашон руси нест аз дехахои точикнишин ба русхо ва арманихо ба шавхар мебароянд бештарашон ба озарихо шавхар мекунанд ! Интеграция хуб мешуд ки аз хисоби марди точику зани рус мешуд , аммо афсус ки бар акс !!!!!

Точик
Бародарони шимолию чануби! аввал миллатро шиноседу баъд аз ифтихору номусу нанг гап занед. Аз пушти як русшуда чаро якдигарро тахкир мекунед? Айб нест магар? Барои ман аз ин точикхои русшуда хазорхо маротиба як дехкони асили точик, ки дар кухистон кор мекунаду Точикистонро Точикистон мешиносад, на махал бехтар аст. Бесаводу босаводи точик миллати мананд ва ба хар якашон ифтихор мекунам. Аз баъзе шумобаринхо -ба гуфти худатон босаводи махалгаро дида, як бесаводи ифтихори точикидошта барои ман кадру манзалати зиёд дорад. Боки сарбаланд бошед. Миллатдуст бошед на махалдуст!!!!!

Модар
Фарзандони азизам! Мо чи шимолию чануби ва чи гарбу шарки Точикистон-хама точикем!!! "Аз махалбозии мо иллат ба миллат мерасад, Миллати моро аз ин иллат нигах дорад Худо!" Оё медонед. ки аз ин махалбозии мо душманони миллати мо хурсандона кафкуби мекунанд?! Худро хандасори душманон насозед.

Nf
Гаnдони 50-сола бо абераи 20-солаи Мирсаид Миршакар оиладор шудааст

Vatan
нвераи мирсаид миршакар наход милатро паст зад як мусафедда ба шавхар барои

Аввалан салом, рости пас аз мутолиаи баъзе матнхо ва суханони иброздоштаи нафароне, ки дар бахс иштирок мекунанд, хайрон мешавам. ман худ точик хастам ва зодаи шахри Душанбе, вале аз чи бошад барои махалгароиву миллатчигии баъзе шахсон асаби мешавам, то хол фарк мегузорем миёни шимоливу чануби... Чи фаркияте хаст, хамаамон шукр точикем. Кадом нафаре, ки чашмони тангтар дораду аз доираи ахлок каме берун баромад, аллакай фикр мекунем вай Хучандист....!? Ин гуна муносибат тамоман нодурусту норавост. Дар омади гапи Шумо гуфтаниям, ки агар ин духтарак набера ё абераи шоир М. Миршакар бошад, пас Бадахшонист, на шимоли.....

донишчу
туй муборак шава акаи .......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)