Бахшҳо
24 июн 2014 16:07Оcиёи Марказӣ / Сиёсат

4 500 олим аз Ятимов раҳоии Содиқовро талаб доранд

Роҳбарони иттиҳодияҳои илмии маъруфи ҷаҳон оид ба омӯзиши АвруОсиё, Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо ҷамъоварии беш аз 4500 имзо ба тарафдории Александр Содиқов, аз Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллӣ раҳоии ҳар чӣ зудтари ӯро хостаанд.

Александр Содиқов, ки аз ҷониби мақомоти тоҷик ба “ҷосусӣ” муттаҳам мешавад, дар муроҷиатномаи олимон ҳамчун пажуҳишгар арзёбӣ шудааст. Мудирони иттиҳодияҳои илмӣ изҳор доштаанд, ки Содиқов дар доираи як лоиҳае фаъолият доштааст, ки ба омӯзиши сулҳи тоҷикон ва ҳалли низоъ баъди соли 1997 дар Тоҷикистон равона шудааст.

Иттиҳодияҳои илмӣ таъкид намудаанд, ки боздошти Содиқов ба обрӯи байналмилалии Тоҷикистон зарба мезанад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Александр Содиқов, унвонҷӯи донишгоҳи Торонтои Канада аз Хоруғ ба СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар Душанбе оварда шудааст. Маркази равобит бо ҷомеаи КДАМ бо пахши як иттилоия гуфтааст, Содиқов дар асоси қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт шудааст. Дар иттилоия ҳамчунин гуфта мешавад, ҳанӯз замони боздошт Александр Содиқов бо адвокат таъмин гардида, пайвандони ӯ аз дастгир шуданаш огоҳ карда шудаанд.

Содиқов баъд аз зуҳри 16 июн бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон дар маркази Бадахшон суҳбат мекард. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте гуфт, Александр дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст.

Дар пайи боздошти Содиқов намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Amnesty International (созмони Авфи Байналмилал) изҳоротҳо пахш намудаву аз мақомоти қудратии тоҷик талаби эълони ҳарчӣ зудтари макони будубоши ӯро карданд.
Мӯҳр
Хотами Тои
4500 Олим, Маълум, ки Александрбоя тадкикоташ нихоят зарур будааст.
Баъди як хафта имзо чамъ карда, чоизаи Сулх ва ё Нобели метиханд.

Кихоянд Вай 4500 олим ки хату хабар аз онхо нест????? Дуругу вохима ро дуст медонед а?????? Ман як доцент тараф дори 45 соли зиндон барои касоне хастам ки ба манфиати хоричиен кор мекунанд ва ба фаъолияти чосуси машгуланд!!!!

.
Ин 4500 олим айбро намедонанд, ки як чосусро дастгири мекунанд? хайфи олимиатон.

Gulraftor
Khohen nakhohen ura javob metan!!! I Yatimov oli nafahiday ki ba kihora rubaru zadestay.

Бо гуед ордену медал хам диханд, Ачоиб одамед ин корро бо маслихати 2-3 нафар нашудааст макомотхои дахлдор инро чанд сол кор кардаанд албат омухтанд санчиданд, Ин макомоти бехатарии кишвар мебошад инро фаромуш накунед. Ахсан ба кормандони амнияти чумхури. Офарин!!!!!!!!!

in bo nom 4500 olim az hukukhoi tojikoni rusiya himoyat kuned avval.

Дар ин сайт ба гайр аз кормандони КГБ ягон каси дигар комментарий менависад ё на? Маврид ба парвандаи Александр Содиков ин кадар комментарий хондаму фахмидам ки аксарияти онхоро кормандони макомот навиштаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)