Бахшҳо
21 июн 2014 00:58Тоҷикистон / Сиёсат

Александр Содиқов ба СИЗО-и КДАМ дар Душанбе интиқол шудааст

Александр Содиқов, унвонҷӯи донишгоҳи Торонтои Канада ба СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар Душанбе оварда шудааст. Маркази равобит бо ҷомеаи КДАМ бо пахши як иттилоия гуфтааст, Содиқов дар асоси қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт шудааст. Дар иттилоия ҳамчунин гуфта мешавад, ҳанӯз замони боздошт Александр Содиқов бо адвокат таъмин гардида, пайвандони ӯ аз дастгир шуданаш огоҳ карда шудаанд.

Содиқов баъд аз зуҳри 16 июн бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон дар маркази Бадахшон суҳбат мекард. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте гуфт, Александр дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст.

Дар пайи боздошти Содиқов намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Amnesty International (созмони Авфи Байналмилал) изҳоротҳо пахш намудаву аз мақомоти қудратии тоҷик талаби эълони ҳарчӣ зудтари макони будубоши ӯро карданд.
Мӯҳр
беном
Ахсан КДАМ ин хел чосусон бояд чазои сазовор гиранд

Хамма хонандагони Озодагон хап ягон кас дар бораи ин хоини миллат ва давлат гап намезанд ачоиб

Шох
Господа! Таджикистан хотя и маленькая страна,но она имеет свои ворота,поэтому прежде чем куда-то сунут нос нужно спрашивать разрешения,любой-кто захочет куда-то приехать это уже слишком....Александр Содиков тоже не исключения.....

Шох,
Александер Содиков гражданин Таджикистана. Насколько я знаю, конституция гарантирует любому гражданину Таджикистана полную свободу передвижения по республике. Так о каких воротах ты говоришь, бесавод?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)