Бахшҳо
18 июн 2014 11:04Тоҷикистон / Сиёсат

Раиси Хонаи Озодӣ: "Боздошти Александр Содиқов ба одамрабоӣ монанд аст"

Freedom House ё Хонаи Озодӣ бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ба қазияи боздошти Александр Содиқов дар шаҳри Хоруғ равшанӣ андозад. Наздикону дӯстони Содиқов ӯро пажӯҳишгари Донишгоҳи Торонтои Канада муаррифӣ мекунанд, вале мақомоти тоҷик мегӯянд, ӯ барои як кишвари хориҷӣ ҷосусӣ мекард ва барои ин боздошт гардидааст.

Дар изҳороти Freedom House, ки 17 июн нашр гардид, таъкид шудааст, “мақомоти қудратии Тоҷикистон бояд ҳар чӣ зудтар дар бораи макони будубош ва вазъи Содиқов ба пайвандону ҳамкоронаш хабар диҳанд.” Дэвид Крамер, президенти Хонаи Озодӣ, гуфтааст, “шеваи боздошти Содиқов ба одамрабоӣ монанд буда, ӯ бояд ба вакили мудофеъ дастрасӣ дошта бошад.”

Дар ҳамин ҳол, як гуруҳ аз ҷавонони тоҷики таҳсилдида дар кишварҳои хориҷӣ ба ҷонибдорӣ аз озодии Александр Содиқов дар интернет ба ҷамъоварии имзо пардохтаанд. Онҳо бо нашри изҳороте аз Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, озодии унвонҷӯи Донишгоҳи Торонторо хостаанд. Дар изҳороти ин ҷавонони тоҷик аз ҷумла омадааст, “боздошт шудани Аклександр Содиқов аз сӯи маъмурони амниятии Тоҷикистон ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи давлати бегона мо як гуруҳи муҳассилин ва фориғуттаҳсили донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷиро сахт нигарон кардааст. Мояи нигаронии ин қазия дар он аст, ки фаолияти илмии Содиқов барои омухтани таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаллу фасли танишҳои дохилӣ равона шудаасту мақомоти тоҷик онро ҷосусӣ хондаанд.”

Ин донишҷӯёни тоҷик гуфтаанд, қазияи Содиқов сабаб мешавад, то онҳо худро ноамн дониста, дар фаъолиятҳои касбию илмияшон эҳсоси таҳқир кунанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, малакаву дониши касб кардаашонро барои рушду пешрафти ватани худ истифода мекунанд.

Александр Содиқов, шаҳрванди Тоҷикистон ва унвонҷӯи Донишгоҳи Торонто, рӯзи 16 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ аз сӯи кормандони Кумитаи амнияти миллӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт гардид. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте боздошти Александр Содиқовро тасдиқ кардва гуфт, ӯ дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст.

Бар асоси иттилои Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон, Александр Содиқов зодаи шаҳри Панҷакент буда, муваққатан бекор аст. Аммо Алим Шерзамонов, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон, ки Александр Содиқов ҳангоми сӯҳбат бо ӯ боздошт гардидааст, иддаои мақомотро рад карда, мегӯяд, ӯ барои таҳқиқи ҳодисаҳои ахири Хоруғ ба Бадахшон рафта буд. Ба қавли Шерзамонов, Александр Содиқов ҳангоми суҳбат худро устоди Донишгоҳи Торонтои Канада муаррифӣ кардааст.
Мӯҳр
илхоми
Дар Хоруг чанг нашуд онхо нигарон шуда одамонашонро фиристоданд, то ки ин маротиба бо чи усул кор кардан зарур аст?

Шахрванди Точикистон
Хамин донишчуена як тафтиш кардан даркор агентхои оянда на бошанд?

ПАМФЛЕТ

илхоми,
Шахрванди Точикистон,
Шумо ҳарду рост мегӯед. Ҷони суханро гуфтед, буродарон! Ин қадар ақлро аз кӣ омӯхтед? Офаринатон! Бояд ҳамаи донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва ҳатто мактабҳои миёна баста шаванд. Алъон ин макони ҷосус ва хоинтайёркунӣ шудааст. Барои як давлати қашшоқ ва камбағал, ки буҷаи дуруст надорад, чӣ даркор илму дониш. Порадиҳӣ ва порагириро намегӯед? Ҳазорҳо доллар дар кисаи волидони бечора мемонад. Ин кори хуб хоҳад буд. Ҳамаи устодони донишгоҳ ва макотибро маҷбуран ба Русия равон кардан даркор. Бигзор кӯчарӯбӣ бикунанд. Ба Бадахшони Кӯҳӣ ва дигар ноҳияҳои сарҳадӣ режими виза ҷорӣ бояд кард. Охир дар замонҳои Шӯравии бузург ҳамин тавр буд! Ҳатто ба ноҳияи Панҷ бо виза мерафтӣ. Ин буд оромӣ! Дар Душанбе ва Хуҷанд аз соати 2и пешин соати комендантӣ ҷорӣ бикунем. Касе нагардад. Номаъқул мекунанд дар шаҳр дайдугӣ ва ба ҷосусони хориҷӣ кӯмак карда. Ҳа, боз як кори муҳимми дигар аст. Тоҷикистон бояд бо тамоми мамолики хориҷӣ алоқаҳои дипломатиашро биканад ва сафоратҳоро маҳкам бикунад. Ин чиз ба мо даркор нест! Мо медонем чӣ хел зиндагӣ бикунем. Русияи бародар бошад бас. Беҳтараш як вилояти Русия шавем. Даркор нест ба мо президенту, сарвазиру дигар вузаро ва кубаро. Нисфи нон роҳати ҷон, якто нон балои ҷон гуфтаанд. Ана ҳамун акаи Путин ва тағаи Медведув барои ҳама мерасаду зиёдатӣ. Хуб одамони хубанд. Ана ҳамин тавр, бародарон. Биёед ҳамагӣ як фикр кунем. Чӣ фикр доред, шарҳашро бинависед. Даркор бошад референдум мегузаронем. Ин кори душвор нест. Саргардон шуда, наравед ҳам мешавад, ба ҷоятон овоз медиҳанд. Боз як чиз аз ёдам рафтаст. Масҷидҳо ҳам макони ҷосусон мебошанд. ҷосусони Арабистони Саудӣ ва Покистон! Онҳоро низ бастан даркор! Нест бод озодӣ! Нест бод демократия! Нест бод ҷосусон ва ҷоплусони онҳо! Зинда бод тинҷӣ, оромӣ ва бекорӣ! Зинда бод мардикорӣ дар Русия!

Бурхон
Мегум хамин тамоми точикони тоза боз агент набошанд?Ба точики тоза бовари кам мондааст,хатман бояд чалла боши!

Сухроб
Ба Илхом ва Шахрванди Точикистон, ман намедонам, ки Шумо кистед, аммо аник гуфта метавонам, ки аз приматхо фаркияте надоред.

Ба фикри ман ин ягон унвончуи илми нест.... ман хам унвончуям дар Точикистон барои як чизро пурсидан аз унвочу аввал шартнома талаб мекунандмегуянд шартнома надошта бошед мумккин нест.... ё конун барои донишгохои Точикистон таалук доранд тамом...ин чосус хаст ва бо гапи ягон давлати хорича ахмият надода тахкикоти хаматарафа бояд анчом дода шавад.... бародарон миллати точикро хаминхо чанг меандозанд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)