Бахшҳо
17 июн 2014 10:24Тоҷикистон / Сиёсат

Кумитаи амният: “Александр Содиқов барои ҷосусӣ ба Хоруғ рафтааст”

Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте боздошти Александр Содиқов, як сокини кишвар дар Хоруғро тасдиқ кард. Ин ниҳод дар изҳороташ гуфтааст, Содиқов дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ ба Хоруғ рафта будааст.

Бар асоси иттилои Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон, Александр Содиқов зодаи шаҳри Панҷакент буда, муваққатан бекор аст. “Санҷиши пешакӣ нишон дод, Содиқов рӯзи 9 июн тавассути почтаи электронӣ аз ҷониби намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ, ки ҳамчун шахси мулкӣ таҳти пӯшиши муҳаққиқ муқобили Точикистон фаъолияти тахрибкории разведкавӣ мебурд ва дар алоқаи охирин қарор дошт, барои вохӯрӣ даъват карда шуд. Вохӯрӣ рӯзи 10 июн аввал дар алоҳидагӣ ва шабона дар резидентсияи нафари аввали хадамоти махсуси он кишвар, ки ҳамчунон зери пӯшиши фаъолияти дипломатӣ амал мекунад, баргузор гардид. Аз охирин супориши конкретӣ ва маблағи пулӣ бо ҳисоби доллар барои иҷрои ин супориш дастрас кард”,-омадааст дар изҳорот.

Ин ниҳод мегӯяд, Содиқов баъд аз ин суҳбат вазифадор шуда буд, ба Хоруғ рафта, бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон дар Хоруғ ва дигарон дидору гуфтугӯ кунад. “Ҳангоми мулоқот аз Шерзамонов тибқи саволномаи тайёркардаи он намоянда, ки характери разведкавӣ дорад, маълумот дастрас намояд. Содиқов бар зарари оромиву суботи кишвар, мақсадҳои ғаразноки худро пеша намуда, бо мақсади иҷро намудани супориши гирифтааш ба шаҳри Хоруғ сафар карда, бо шаҳрванди Тоҷикистон Алим Шерзамонов, зода ва истиқоматкунандаи Хоруғ, вохӯрӣ ва мулоқот намуд. Мулоқоти Содиқов бо Шерзамонов дар асоси маслиҳати пешакӣ дар ҷои махсус таъиншудаи боғи марказии шаҳр, ба вуқӯъ пайваст ва ҳангоми аз охирин гирифтани маълумотҳои ғаразнок боздошт гардид”,-гуфта шудааст дар изҳороти Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон.

Аммо Алим Шерзамонов, раиси ҲСДТ дар Бадахшон, иддаои мақомот дар бораи ҷосусии Содиқовро рад карда, гуфтааст, ӯ барои таҳқиқи ҳодисаҳои ахири Хоруғ ба Бадахшон рафтааст. Ба қавли ӯ, Александр Содиқов ҳангоми суҳбат худро устоди Донишгоҳи Торонтои Канада муаррифӣ кардааст.
Мӯҳр
Сашок
Александр аз Торонто ба Алим Шерзамонов дар Хоруг Лексия мехондааст.
Барои чи дар дафтари Хизб не, балки дар Гулбог. Ана гулбоги ба бог ана ёрам ба сурог....

А.
ин чосусони ватанфуруш барои долари ИМА ба хама кор тайёранд.
Укранинаро чи кор карданд. Бачахои Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ офарин ба шумо. Осудагии халки мо дар дасти шумост.

Darvesh
Ana bram ba Khorug, Ana meshavum mujozot!!!

Мухтарам рузноманигорони матбуоти даври, хусусан "Нигох", "Озодагон", "Начот" "Азию-плюс", "Миллат", "Фараж" ва амсоли инхо ва агентихои иттилооти, аз чумла "Точ-нюс", "Азия-плюс", "Нахзат-тч", "Озодагон" ва гайра.
Ана дидед, чи гуна аз шумою шумобаринхо ба монанди восита хадамоти махсуси хоричи самаранок истифода мебаранд. Ана дидед, ки чи гуна мухолифони давлату хукумат, ба монанди Алим Шерзамонов, Усмонали Кувватов, Турачонзодахо Додочон Атовуллоев, Рахматилло Зоиров, Мухиддин Кабири, Ойнихол Бобоназарова, Файнисо Вохидова ва дигаронро абадкудратхо бозичаи дасти худ карор медиханд. Хушёр бошед. Аксарияти ахолии закитабиати мамлакат медонад, ки миёни шумо рузноманигорон чунин Александр Содиковхо хеле зиёданд. Ба хотири монеи пахши чунин маслихати бародаронаи як мутахассиси ин соха нашудани корбарони агенти, аз овардани исми чунин рузноманигорони гаразкору муфлис худдори мекунам, чунки дар сархати масоил сарпарасту сардабири худи хамин агенти дохил мешавад.

Одам
Мурдани чунин ватанфурушон бех аз буданашон. Аз сузонидани хонаи як мусофир ба Шумо чи мерасад беинсофон.

Кали Зирак
Диди Умрончон он озодии сухане, ки ту бо бахонааш хангомасози мекуни, хатто дар дохили агентият низ нест. Хайфи он чавонмардият, ки рузе чил маротиба дар сухан чилвагараш месози... Мард боши гуфтору кирдорро як карда шархи соате пеш навиштаамро пахш кун!!!

Ахсан ба кормандони Кумитаи амнияти миллии мешудаст ку бехтарин нишондод агар каме барвахтар мешуд ин кор боз хело хуб мешуд чунки чанд тан аз шахвадонамонро аз даст намедодем. ХАЗОР РАХМАТ ба кормандони КДАМ барои чунин хизматашон ба халку Ватан аз Чаноби Олли эхтиромона хохиш мекунам хамчун як шахванди одди кишвар, ки маоши кормандони КДАМ ро зиёд кунад то,ки дар оянда барои манфиаъати халку Ватани азизомон боз содиконатар хизмат намоянд........!

Jam
Gap nest bachahakoi kumitai amniyati Milli. Mo ba shumo bovari dorem. Inshooloh josusoni hoin hej goh ba maqsad namerasand. Saxt kor kunen

Ман сад дар сад бовари дорам, ки Александр Содиков чосуси давлати хоричи мебошад. Махз бо супориши хочагони хоричии худ у бо рохбари хизби мухолиф ХСДТ Алим Шерзамонов вохури барпо намудааст. Максади хамаи онхо як аст, ин ноором кардани вазъият дар Точикистон мебошад.

Акли одам намегирад, ки чи хел зодаи Точикистон бар мукобили ватани худ амалхои чосусиро пешандози мекунад. Албатта ба фикрам барои маблаги калони пули мебошад. Мардуми точик бояд аз чунинхо хушер бошад, ки аз онхо танхо амалхои нопок интизор шудан мумкин асту халос.

Ин ходиса бори дигар собит мекунад, ки давлатхои хорича максад доранд, вазъиятро дар каламрави Точикистон ноором созанд.Бо назардошти он, ки айни хол ВМКБ як аз минтакахои хассоси Точикистон ба хисоб меравад хадамотхои разведкавии давлатхои абаркудрати чахон фаъолияти худро ба ин минтака равона кардаанд. Сараввал максади онхо ин дастраскунии маълумоти пурра оид ба вазъият ба ин минтака, гурух ва ашхоси ба он таъсиррасонанда мебошад. Сониян онхо дар холати ба худ кулай амалхои тахрибии худро вобаста ба нооромсозии вазъият рохандози мекунанд.

makhmadzior
ахсан ба кормандони амнияти миллии ЧТ.

Рахмат ба Кумитаи давлатии амнияти милли, агар хама хамин тавр вазифаашро ичро мекард, хазорхо александри ватанфуруш барои доллари амрикои хизб муайян мешуд. халки азизи точикистон бояд хама якдилу як тан ба мукобили чосусони хоричи ва азхоби манфиатпараст мубориза барем. нагузорем, ки бо бахонаи хизб инхо ба точикистони ободу зебои мо зарар расонанд. Бояд барои боз хам ободиву гулгулшукуфоии ватанамон мубориза барем.
Ба фикрам Александр бо хизб алокаманди дорад. У барои касоси хамаъзоёнаш рафтааст, ки нашуд.

Эхтиёт бояд кард. бо ба хамин бахона хоричихо ба Хоруг сарнахалонан. ва ё ранги халабонхои русе ки дастгир шуданд шармандиовар боз мачбур чавод доданд.

makhmadzoir
Хар як шахрванди Чумхурии Точикистон новобаста аз он ки дар макомоти интизоми кор мекунад ё не, бояд имруз бахри пойдории сулху суббот дар кишвари азизамон хисса гузор бошад. Кормандони амнияти Бадахшон агар хамин хел кушиш ва хушери кунанд хар руз яктои хамин хел ватанфурушро дастгир мекунанд. Ахсан ба кормандони амнияти Бадахшон ки нав аз хоб бедор шуда истодаанд.

Алим Шерзамонов чи маълумоти махфӣ дошта бошад, ки мавриди таваҷҷӯҳи разведкаи хориҷӣ шудааст. Боз намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон. Оё дар Тоҷикистон сирре мондааст, ки хориҷиён аз он бехабар бошанд? На завод кор мекунаду, на фабрикаву на ягон корхона. Магар мо корхонаи яроқу аслиҳа дорем? Артиши қавӣ дорем? Пас чӣ сирре ҳаст, ки хориҷиён ба он таваҷҷӯҳ мекунанд? Дуввум инки, чаро амният намегӯяд А. Содиқов барои кашфи (разведкаи) кадом кишвар кор мекардааст? Шояд барои Русия? Шояд барои аз нав шӯронидани бадахшониҳо ба Хорӯғ рафта бошад? Мо фақат як душмани хатарнок дорем, ки хирси гурӯсна барин, ҳар лаҳза омода аст Тоҷикистонро пора-пора карда фурӯ барад. Русия. Дигар касе ба мо ғараз надорад. Худфиребкунӣ бас аст. Ончи кормандони амният кардаанд, як кори муқаррарӣ аст. Ҳар кас кори худашро мекунад. Онҳо низ кардаанд. Вазифашонро иҷро кардаанд. Агар порахӯр ва фасодкорнро низ дастгир менамуданд, боз ҳам беҳтар мешуд. Дар гузашта бо ин кор низ машғул мешуданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)