Бахшҳо

Александр Содиқов дар бораи суҳбатҳояш бо Алим ва ҳукумату шабакаҳои Оқохон

Александр Содиқов, унвонҷӯи Донишгоҳи Торонтои Канада, ки ба иттиҳоми ҷосусӣ баъд аз зуҳри 16 июн дар Хоруғ боздошт шуда буд, шоми 18 июн тариқи шабакаи телевизиони маҳаллии Бадахшон баромад кардааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” сокинони маҳаллии Хоруғ хабар дода, афзуданд, Содиқов дар барнома дар бештар бораи суҳбатҳояш бо Алим Шерзамонов, ки солҳои 2013 ва 2014 сурат гирифтаанд, ҳарф задааст.

Алим Шерзамонов, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ ва раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, барномаро, ки бегоҳи 18 июн ва такроран субҳи 19 июн намоиш додаанд, тамошо кардааст: “Маълум буд, ки як чизи сохта ва Содиқов матни навиштаи кормандони мақомотро дар навор мехонд. Суханонашро қайчӣ карда, пахш намудаанд."

Содиқов аз қавли Шерзамонов изҳор доштааст, ки баъд аз нооромиҳои солҳои охир дар Хоруғ, мардум натанҳо ба ҳукумат, балки ба шабакаҳои Оқохон низ эътимод надоранд. Аммо Шерзамонов мегӯяд, бисёре аз суханҳои Содиқов, ки аз қавли ӯ баён шудаанд, аз воқеият дуранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар суҳбат бо Содиқов аслан аз коҳиши эътимоди мардум ба шабакаҳои Оқохон суҳбат накардааст.

Содиқов рузи 16 июн, ҳангоми суҳбаташ бо Алим Шерзамонов, боздошт шуд. Ба гуфтаи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон , ба манфиати як кишвари хориҷӣ ҷосусӣ мекардааст. Аммо наздикону ҳамкорони Содиқов мегӯянд, ӯ як пажуҳишгар буда, ба Хоруғ барои таҳқиқи тирпаронии 21 майи соли ҷорӣ рафта, ҳадафаш рӯшан кардани мусолиҳаи мақомоту эътирозгарони Хоруғ будааст.
Мӯҳр
Страна Чудес
Шояд Александр нав фахмидааст, ки Пажухиша чи будааст.

Чосусу чосусбози. Такалу забондарози. Бас нест Алим Шерзамонов. Охиста охиста мардума ба нописандии волидон меоваред.

vatandust
Ozodagon, shumo hamon videoro dastras karda metavoned?

Ҳоло дар илми дунявӣ риштаи наве пайдо шудааст. КОНФЛИКТОЛОГИЯ (НИЗОЪШИНОСӢ). Ба назар мерасад, Александр Содиқови бахтбаргашта дар ҳамин соҳа кори илмӣ мебурдааст, ки балои ҷонаш шуд. Ӯ набояд аз ТВ баромад ва изҳорот мекард. Маълумаст, ки "шикакстанаш". Хайр, як олимро шикастан душворе нест! Акнун ҷосусиро ба дӯш мегираду чанд бегуноҳи дигарро аз паси худ мекашад. Чӣ илоҷ ба шантажу шиканҷа на ҳар кас тоқат карда метавонаду худро аз тиреза ба замин мепартояд. Мисли профессор Плейшнер (филми "18 лаҳзаи баҳор"). Содиқов, кош дар гиребонат ё зери дандонат заҳри "сианистӣ калий" медоштӣ. Онро фурӯ мебурдӣ, гирифтори инқадар туҳмату маломат намешудӣ. Акнун аз ин бало халос намешавӣ.

Ismaili
Салом. Чи найрангбозие нишон медихад ТВ Бадахшон. Гуё Содиков гуфтааст, ки Алим дар мулокот ба у таъкид намудааст, ки чавонони Бадахшон гуё ба ягон кас бовари надоранд, хатто ба Созмони Хазинаи Волохазрат. Махз хамин сухан-наворро се бор пайи хам такрор нишон доданд. Дуруг аст, чунки аз тарс дар комитет ва барои рахои шуданаш махз таклифхои кумитаро ичро намуд. Максад шахну шарафи Алимро дар назди мардуми шарифи Бадахшон паст задан аст. Наход то хамин дарача ин лагандбардорон аз хукумат дифоъ намоянд. Мардум аз хама чиз огох аст, вале шумоён авторитети ТВ Бадахшонро то андозае паст намудед. Ачоиб махз пеш аз ин навор док фильми Орзу Исоев дар бораи Шириншо Шохтемур нишон доданд. Ачиб аст, ки Шириншоро низ дар вакташ лагандбардорон нест карданд. Алим шояд монанди Шириншо набошад, лекин мисли У аз халк дифоъ мекунад. Алкисса таърих такрор меёбад. Ачиб низ он аст, ки хукуматдорони махалли ба чои он ки имиджи Бадахшонро боло бурда барои таклиф намудани теъдоди зиёди инвесторон, туристон сай намоянд, дар мо бошад дар хар як туристи хоричи ягон чосусие мекобанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)