Бахшҳо
20 июн 2014 09:48Тоҷикистон / Сиёсат

Тақозои Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон дар бораи Александр Содиқов

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо нашри изҳороте аз беному нишон шудани Александр Содиқов, унвонҷӯи боздоштшудаи Донишгоҳи Торонто нигаронӣ кардааст.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи 20 июни соли ҷорӣ дастраси расонаҳо гардид, аз ҷумла омадааст, “намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷиҳати бедарак шудани Александр Содиқов, докторанти Донишгоҳи Торонто ва пажӯҳишгари Донишгоҳи Эксетер дар натиҷаи боздошти ӯ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 16 июни соли 2014, инчунин, ҷиҳати дастнорасии ахбор ба аҳли оила оид ба тансиҳатӣ ва макони боздошти ӯ изҳори нигаронӣ менамояд.”

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар талаб кардааст, то ахбори заруриро ба наздикони Содиқов бетаъхир пешниҳод намояд ва ҷиҳати вазъи боздошт ва бедаракшавии ӯ равшанӣ андозад.

Amnesty International: “72 соат гузашт. Александр Содиқов дар куҷост?”

Аз ин пештар, Amnesty International ё созмони Авфи Байналмилал бо нашри изҳороте аз хомӯшии мақомоти қудратии Тоҷикистон дар робита ба қазияи боздошти Александр Содиқов бо гузашти беш аз 72 соат ибрози нигаронӣ кардааст. Ин ниҳоди байналмилалӣ гуфтааст, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон мақомоти қудратии кишвар баъд аз гузаштани 72 соат ӯро озод ё ҷинояти эълоншуда бар муқобилашро муайян кунанд.

Созмони Авфи Байналмилал аз мақомоти қудратии тоҷик талаб кардааст, ҳарчӣ зудтар макони будубоши Содиқовро эълон карда, дар бораи вазъи саломатии ӯ ба пайвандонаш хабар диҳанд. Ҳамзамон таъкид шудааст, Содиқов баъд аз гузаштани 72 соат аз замони боздошташ набояд барои дастрасӣ ба вакили мудофеъ мушкил дошта бошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Freedom House ё Хонаи Озодӣ бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ба қазияи боздошти Александр Содиқов дар шаҳри Хоруғ равшанӣ андозад. Дэвид Крамер, президенти Хонаи Озодӣ, гуфтааст, “шеваи боздошти Содиқов ба одамрабоӣ монанд буда, ӯ бояд ба вакили мудофеъ дастрасӣ дошта бошад.”

Александр Содиқов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки наздиконаш ӯро унвонҷӯи Донишгоҳи Торонто ва мақомоти тоҷик "ҷосус" муаррифӣ мекунанд, рӯзи 16 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ ҳангоми суҳбат бо Алим Шерзамонов аз сӯи кормандони Кумитаи амнияти миллӣ боздошт гардид. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте боздошти Александр Содиқовро тасдиқ кардва гуфт, ӯ дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст.
Мӯҳр
фаромуз
аник маълум шуд ки чосус будай александр спонсрош бетокат шидан

Часур
Агар чосус набошад, барои чи ин созмонхо ва намояндагони Иттиходи Аврупо бетокат шудаанд? Агар Шумо хукукхи инсонро химоя кардани бошед пас чаро оиди берахмона ба катл расонидани мардуми бегунохи Донецк, Луганск харфе намегуед? Содиков шахрванди ЧТ ва агар хийонаташ ба ватан шокор шуда бошад ба чазои сангин бигзор гирифтор шавад. Аз нкормандони кудратии кишвар хохиш мекунам ки ба сафсатахои намояндагони созмонхои хоричи ва дигар шахрвандони алохидаи манфиатчуй ахамият надиханду казияи ба амал омадаро мунсифона ва аз руи факту далел бахогузори намоянд. Агар озод бошед чоп мекунед!

Ин созмонҳо барои дифо александарҳо аст тамом?

наим
и Александр Содиков чихели точикай ма хайрон номш руси неки насабш точики ма хайрон мондам ягон кас нестай ами саволи мада чавоб тияд агар пайдо шава илтимосс да

Часур,
Туро ба Донеск ва Лугански Украина чӣ кор? Дарди худатро бинол! Русҳои он вилоятҳои Украинаро Путин зидди ҳукумати марказӣ шӯрондааст ва бо пул, яроқу аслиҳа, инструкторҳо ва ҳатто сарбозони спесназ кӯмак мекунад. Он шӯришгарон ба дилсӯзиву меҳрубонии ту ниёз надоранд! Ба назари ту ошубгарони рус як чархбол ва як ҳавопаймои Ил 76ро бо чӣ суқут доданд (зада ғалтонданд)? Бо рогатка? Ва дохили онҳо гундишкҳо буданд, ки ҳамагӣ мурданд? Ба русҳои ғасбкор ва ишғолгар дилат месӯзад? Миллати украин чӣ? Украина давлати украинҳо аст ва чӣ хеле хоҳанд ва бо кӣ хоҳанд, ҳамун хел зиндагӣ мекунанд. Мисли инки Тоҷикистон давлати тоҷикон аст ва ғайра... Русҳо "историческая родина", яъне макони аждодон, доранд. Чаро намехоҳанд, кӯчида ба Русия раванд? Украинҳо ва тоҷикон фақат якто давлат доранд, тамом. Русҳо бошанд, дар ҳама ҷо ҳастанд ва ба ҷуз ин, Русияро ватани хеш меҳисобанд. Боз дар ҳар ҷо даъвои ҳаққу ҳуқуқу валвала мебардоранд. Тубаринҳоро каналҳои ТВи рус, ки шабу рӯз пропагандаи аблаҳонаи зидди украинӣ мебаранд, кӯр кардаанд. Дар Тоҷикистон канали UK 1 (Ukrainian News) ро, бо забони русӣ, дида мешуд, ки воқеиятро нашр мекард, аз он ҷумла, чӣ тавр ТВҳои рус аксҳои дурӯғини архивҳоро нишон медодаанд. Мутаассифона, чанд рӯз аст, ки он канал баста шудааст. Шояд бо машварати (фармони!) русҳо бошад?! Душанбе додари Маскав аст. Инҷо шарҳ ҳам даркор нест! Душанбе набояд фаромӯш кунад, ки Тоҷикистон на бо русҳои Донеску Луганск, балки бо ҳукумати марказии Украина муносибати дипломатӣ дорад! Илова бар он турбинаҳои истгоҳҳои барқи обии мо аз Украина ворид мегардад ва бисёр чизи дигар инчунин. Чашмонатонро боз карда, домани Русияро раҳо кунед. Аз ду сар барои русҳо мо ҳама бабай, насионал, хачик, черномазий, черножопий, чукча ва ҷамшуту равшанем. Худатро назди онҳо ширин накун! Қадр намекунанд!

Ismaili
Салом. Хоричиён ранги хукумати мо нестанд, ки аз шахрвандони худ дифоъ накунанд. Чои ибрат аст.

Сафдар
Луганск ва Донетск кори дасти русхост бародар.Ин Руссия гумон накунад,ки украинхо мисли точикон хафтафахманд.Ин мардум рус чудоихоханд ва ин дар холест,ки 88 фоизи ахолии Украинаро украинхо ташкил менамоянд.Ману шумо зери таъсири шабакахои иттилоотии русхо фуру аз соли 1991 карор дорем бародар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)