Бахшҳо

АКС: Ба зиёрати Хонаи Худо рафтани Шабнами Сурайё ва Фарзона

Шабнами Сурайё, хонандаи шинохтаи попи тоҷик, ҳамроҳи духтараш -- Шарифамоҳ ва хоҳаронаш -- Бибирӯзигулу Фарзона ба зиёрати Хонаи Худо рафтааст.

Ин хабарро худи Шабнам бо гузоштани акси якҷояашон, ки бо ҳиҷоб тасвир ёфтаанд, дар саҳифаи Фейсбуки худ тасдиқ кард. Ӯ тақрибан 9 соат қабл дар ин саҳифааш навишт, “Муборак барои ҳамаи мо. Ҳаҷ кардем, ҳоҷибибӣ шудем”.

Акси якҷояи Шабнаму духтараш ва Бибирӯзигулу Фарзона то ҳоло шумораи зиёди “лайк”-ҳоро гирифта ва зери он шарҳҳои зиёде ҳам навишта шудааст. Аксари шарҳнависон Шабнамро табрик намуда ва қабули Ҳаҷҷи ӯро талаб кардаанд.

Шабнами Сурайё духтари Сурайё Қосимова буда, дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дорад. Ҳаводорони ӯ дар хориҷи кишвар ҳам кам нестанд. Баъд аз Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов аз аввалин хонандаҳои тоҷике буданд, ки дар Амрикову Аврупо силсилаконсертҳо баргузор карданд.

Ба зиёрати хонаи Худо рафтани Шабнаму хоҳараш Фарзона дар ҳолест, ки ахиран матолиби интиқодие дар расонаҳо перомунашон нашр мегардид. Аз ҷумла бо русарӣ иҷро кардани таронаҳои шух ва пешниҳоди як клип бо иштироки рақосаҳои нимаурён мавҷи танқидҳоро зиёд карда буд.


АКС: Ба зиёрати Хонаи Худо рафтани Шабнами Сурайё ва Фарзона


АКС: Ба зиёрати Хонаи Худо рафтани Шабнами Сурайё ва Фарзона

АКС: Ба зиёрати Хонаи Худо рафтани Шабнами Сурайё ва Фарзона
Мӯҳр
Хари Исо гараш ба Макка баранд,. Чун биёяд ҳанӯз хар бошад.

шохбарот
Аз расмгириаш маълум аст, ки бахотири реклама ба хач рафтаанд. Инхо ислох намешаванд

Мардикор
Тавба.... чи гуна он замини мукаддас инхоро бардоштааст...

Ofarin ba barodari man Hoji Rajab baroi in ikdomi nek. shabnamu fazonara musalmon kardi! Rajab az moshin furushi savob nameebi. ofarin Hoji Rajab!!!!!!!

муслим
Ҳайрон,
ба либоси вай чи кор дори? ба рохгардии вай чи кор дори?
дин дар дил аст - на дар риши туву дар намози ту!

имроншох
мошаллох- мошаллох. Худованди бузургу мехрубон Шуморо хидоят кунад. Ва иншоаллох умед дорем, ки дигар сарояндахо ба мисли шумо як руз не як руз хидоят меёбанд.

А-а
зарагул,
Офарин рост гуфти

нобовар
хеч боварам намеояд ки шабнаму хохараш дигар урён шеър намехонанд

аввалаш худо кунад ки инхохару модарашон боимон шаванд хеле хуб. бале аз хато касе ори нест ва . мутассифона чизе ки бо хун омадааст бо чон мебарояд.

абдуллох
Хидоят дар дасти Аллох аст ва У аз зохиру ботин ва дилу нияти хама бохабар аст. Худованд тавфики хамаро дихад. Хуб мешуд шумо хохарони азиз баъд аз зиёрати хач худро ислох мекардед ва тарки амалхои пешина ва ношоистаро мекардед, зеро онхо дигар зебандаи шумо нест. Аз таънаю масхараи айбчуён дилгир набошед, чароки онхо низ фаришта нестанд, беайб худи Худо аст. Саъдии бузургвор дар Гулистони худ мегуяд: Нек бошию бадат гуянд халк, Бех ки бад бошию некат бинанд.

Амфитеатри юнони
Ин мардум Хачро низ расво мекунанд.Аз аъмоли тарту парташон итминони комил дорам,ки нахоханд баромад.

Астагфуруллох!Худоё дар панохаш нигах дорад!

Худо тавфикатог тияд дар акси хол бо ун расмхои болои фиттавии урёнатон шармандаи рузи Киёмат хохед буд

Ана тавому ана тавом......Ислом ба ун бузургиаш аз точикистон несту нобуд шуд.....
хамин мондааст ки Умед Кучкалиев Хабиб Хакимов ва Орзу Исоев хам бираванд,пас бе шаку шубха мо ин дини мубини Исломро аз даст додем.....
Вой-вой.....

Худоё ходи ва рахнамо худат хасти . Худё ин бандохои ту чахд кардан ва ба зиёорати хонаи ту рафтан агар чахдашон бори ту бошвд онхора хидоят фармо амин

Абдукаххор.М.
Аз шунидани ин хабар хело шод шудам ки ду сароянда ба зиёрати хонаи Худо рафтан орзу дорам ки баъди баргаштанашон сару либоси европоиро фаромуш кунанд чун ки дар ин дунё онхо барои сахна шуда кариб аз Худо фаромуш кардан ва рохи Худоро пахн рафтан дар охир дуо мекунемки хачи онхоро Худованд кабул намояд ва тавфикашон зиёда гардад.Омин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)