Бахшҳо

АКС: Узрхоҳии наздикони прокурор аз хонаводаи кӯчарӯб ва насиҳатҳои мулло

Наздикони Фирӯз Холиқзода, корманди прокуратура, ки дар пахши маргбори Зеварбону Пирова, роҳруби 53-солаи тоҷик муттаҳам мешавад, аз хонаводаи марҳум узрхоҳӣ намуда, кӯмаки моддӣ пешниҳод кардаанд.

Дар ин бора ба “Озодагон” Маҳмадризо, бародари шавҳари Зеварбону Пирова хабар дода, афзуд, ки “аз ҷумла модар ва холаи Холиқзода омада, дархост карданд, ки аз гуноҳаш гузарем.” Ба иттилои манбаъ наздикони Холиқзодаро ҳамчунин як руҳонӣ ҳамроҳӣ мекардааст, ки ба бахшиш даъват менамуд: “Ӯ гуфт, агар Шумо дар ин дунё набахшед, Худо ӯро дар он дунё ҳам намебахшад ва агар бубахшед дар он дунё Худо низ мебахшад”.

Наздикони Зеварбону Пирова пешниҳоди кӯмаки хонаводаи Холиқзодаро рад намуда, посух доданд, дар ин қазия ҷонибдори волоияти қонун мебошанд: ”Мо ҷавоб додем, ки ҳамааш бигузор тибқи қонун шавад ва муттаҳам дар марги Зеварбону тибқи амали кардааш ҷазо гирад.”

Ҳодисаи пахши Зеварбону Пироваи 53-сола, ки ба ҳайси кӯчаруб фаъолият дошт, субҳи 28 сентябр ҳангоми тамиз кардани роҳи назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дод. Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ҳодиса будаанд, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд” гуфтанд тамизкорон. Наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба қисмҳо ҷудо кардааст.

Дар ҳамин ҳол додситонии Душанбе иттилоъ дод, ки муттаҳам дар ин ҳодиса Фирӯз Холиқзода, ёвари 31-солаи додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ феълан дар боздошт қарор дорад. Мақомот бо вуҷуди ифшои ному синни муттаҳам аксҳои ӯро пешниҳод накардаанд.

Аммо дар шабакаи иҷтимоии “Однокласники” ба номи Фирӯз Холиқзода нафаре сабт шуда, ки дар маълумотномаи ӯ синнаш 31 нишон дода шуда, корманди додситонӣ муаррифӣ шудааст:



АКС: Узрхоҳии наздикони прокурор аз хонаводаи кӯчарӯб ва насиҳатҳои мулло

АКС: Узрхоҳии наздикони прокурор аз хонаводаи кӯчарӯб ва насиҳатҳои мулло

АКС: Узрхоҳии наздикони прокурор аз хонаводаи кӯчарӯб ва насиҳатҳои мулло


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ин хартоз "хомии конун" аст. Бояд ду маротиба дар назди конун чавоб дихад.
Аввалаш, ки Худо ина ба газабаш гирифтор кунад. Дуюмаш ягон чигарбандаш ба хамин ходиса гирифтор шавад. Ин нархара бовар кунед чазо намедиханд. Ба кавли русхо "Бог не фрайр, всё видит"

Мо тарафдори онем, ки Фируз Холикзода барои ин кирдори ношоямаш тибки конун ба чавобгарии чинояти кашида шавад. Оё ту фикри фарзандони ин бечораро накарди? Хай задана задиш меистоди то больницара мебурдиш мемурди.

Бобочон
ЭФириз Узру кумакат аз сарат монад ту бод дар зиндон бошир

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)