Бахшҳо

Посухи Академия ба Кабирӣ: Хатари ҲНИТ аз ДИИШ-у Толибон камтар нест!

Як гуруҳ кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо пахши як изҳорот нашри матлабҳои зиддинаҳзатиро аз ҷониби худ тасдиқ карда, афзудаанд, ки ин вазифаи онҳост. Дар изҳороти ин гуруҳ, ки аз ҷониби Шодибой Атоӣ, як масъули Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улум нашр шудааст, аз ҷумла таъкид гардидааст, ки ҲНИТ баробари ДИИШ ва Толибон барои ҷомеа хатар дошта, бояд аз байн бурда шавад. Ба иддаои онҳо хатари ҲНИТ рӯзафзун аст, чун вақтҳои охир дар худи Академия низ ҷонибдорони сиёсати Кабирӣ пайдо шудаанд. Онҳо таъкид кардаанд, ки барои ҳар ҳарфашон омодаанд, дар додгоҳ посух диҳанд.

Кормандони Академия бо нашри изҳорот тасдиқ кардаанд, гуруҳе, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ мавриди назар қарор додааст, онҳо мебошанд.

Дар изҳороти кормандони ин бахши академия, аз ҷумла омадааст, “муҳтарам Кабирӣ, як гурӯҳе, ки дар назар доред, кормандони илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ мебошанд. Мо вазифадор ҳастем, ки тамоми равандҳои муосир, аз он ҷумла Исломи сиёсиро омӯзиш ва таҳқиқ намоем. Ҳамчун муҳаққиқ ва шаҳрванд вазифадор ҳастем, ки фаъолияти Шуморо таҳлил кунем, дар бораи фазосозии ғайримиллӣ, ғайридунявӣ ва ғайриилмии ҳизби Шумо ҷомеаро низ огоҳӣ диҳем.”

Кормандони Академияи улуми Тоҷикистон иддао доранд, ки “ин иқдом ба хотири таҳкими арзишҳои дунявӣ ва таъмини зиндагии осоишта ва шарафмандонаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Мо набудани ҳизбҳои диниро дар ҷомеа имрӯз ва оянда низ пайгирӣ мекунем ва ҷомеаро аз ин хатар огоҳӣ медиҳем.”

Пажуҳишгарони равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи улуми Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки дар таҳияи наворҳои зиддинаҳзатӣ даст надоранд ва танҳо матолиберо нашр мекунанд, ки асоси илмӣ доранд. Онҳо мегӯянд, омодаанд, ки ба ҳарфҳои худ дар додгоҳ посух диҳанд: “Тӯли моҳҳои охир мақолаҳое, ки кормандони ин марказ навишта бо чоп расониданд, моҳияти илмӣ-оммавӣ дошта, фақат дар натиҷаи омӯзишҳои илмӣ омода гардидаанд. Ин кормандон мисли шумо сиёсатмадор нестанд ва ба ягон ҳизбу ҳаракате ҳам вобаста нестанд. Онҳо ҷаҳонбинии илмиро тарғиб мекунанд ва соҳиби унвон ва ихтирооти илмӣ ҳам ҳастанд.”

Дар идома кормандони Академияи улум иддао кардаанд, ки ҲНИТ тавони сохтани ҳуввияти миллии тоҷикро надораду сокинони Тоҷикистон бояд барои аз саҳнаи сиёсат берун кардани он тасмим гиранд. Ба қавли онҳо, гӯиё аҳзоби сиёсии хусусияти исломӣ дошта, ҳамеша боиси нооромии кишварҳо шуда, хидмати хирсонаи ҲНИТ ба сокинони Тоҷикистон камтар аз ДИИШ ва Толибон нест: “Ин ҳизб бояд барвақт аз фазои сиёсии Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷик барканор мешуд, аммо бо шиори озодии анархистона ва бесарусомони демократигуна боқӣ мондааст. Аммо ҷомеаи тоҷик бояд тасмим гирад, ки чунин чеҳраҳои ифротгар ва тавтиаангезро ҳар чӣ зудтар аз фазои сиёсӣ берун созад, зеро бо ҲНИТ миллати тоҷик дар оянда наметавонад, як қадам ба пеш равад. Ҳизби Шумо таҷассумгари симои миллати тоҷик нест ва дар оянда ҳам нахоҳад буд.”

Масъулини Академия аз мақомоти дахлдори Тоҷикистон хостаанд, аз омезиши дин бо сиёсат ҷилавгирӣ кунанд. Онҳо мегӯянд, вақтҳои охир дар Академияи улуми кишвар, аз ҷумла дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ҷонибдорон ва таблиғгарони идеологияи пешгирифтаи Муҳиддин Кабирӣ пайдо шудаанд, ки “ба ҷои таҳқиқоти илмӣ дар бораи масъалаҳои мубрами ҷомеаи тоҷик ва ҷаҳон ба тарғиби фарҳанги туркӣ дар зери ниқоби “Исломи таҳаммулпазирии Фатҳулло Гулен” тарғиб ва фазосозӣ мекунанд. Муаллифони изҳорот барои мисол, маҷмӯаи мақолаҳои Н. Одилов, Р. Назаров, К. Олимов, А. Шамолов, Х. Зиёев ва дигаронро бо номи «Ҳикмати таҳаммул» зикр кардаанд, ки аз ҷониби нашриёти «Ирфон» ба нашр расидааст.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ 1 июни соли 2014 дар назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ҳадафи аслии Марказ тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафӣ ва омӯзиши равандҳои муосири сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, оянданигарии илму технологияи пешқадам ва роҳу усулҳои амалигардонии ҷаҳонбинӣ ва дастовардҳои илмӣ арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
иброхим
ин академикхо дигар кор надошта бошанд суханони ин академикхо зидди сарконунаст гуфтаи ин академикхо бошад аъзоёни ХНИТ ба хабс гирифта шаванд !

Хнитихо имруз барои ба даст овардани курсихову мавкеь дар хол гуе ,,исломи тахаммулпазир,, доранд. Баьди оне мавкеьи худро кави кард, чехраи ифротиву толибонаву салафиноаи худро танхо он гох нищон медихад.
Точикистон кишвари Озодагон, кишваре ки аз рахмати Худованд, баьди ин хазорсолаи парешони дар байни турку мугулу араб ба мо расидааст. Ояндаи он илму тахкик аст, на ришу сатр !!!


мухлиси кабири
Аз ин маколаи Шодибой ман 2руз аст,ки механдам!ба акли солим рост намеояд!ту худ бигу хамин маркази ту ба ки даркор ту ба он 600 сомон маоши мегирифтаат фахр мекуни!ин ки ба кор кабул кард?дар вакти кабул аз ин кас варақаи муоинаи тиббиро напурсида будед магар,ки ин подархаво сухан мекунад!агар сиёсати кабири пуч мебуд ба мисли баъзе табаддулотчиён имруз хаводорони зиёд пайдо намекард!ХИТОБ БА КАБИРИ!
Зи хар су мечакад саг бар сари рох,
Назар бар саг макун ру суи Аллох.

Олими диндор
Бародарони аҳли Ислом, ин қадар акдемикҳои тоҷикро танқид накунед, зеро олимон ворисони Пайғамбаранд. Барои он, ки мо як акдемикро танқид кунем бояд аққалан номзади илм мебудем он гоҳ мефаҳмидем, ки академик ки ҳасту Академия чӣ? Лекин аниқ медонам, ки касоне ки ҲНИТро тарафдорӣ менамоянд ҳам аз илми дунявӣ ва ҳам аз илмӣ динӣ хабаре надоранд. ҲНИТро барвақт бастан лозим буд ва ҳоло ҳам дер нашудааст, зеро ҲНИТ ба дини мубини ИСЛОМ ягон равобите надошт ва надорад.

тоҷик
ман ҳамчун як тоҷик бо хондани ин гапҳои шумо академиҳо чан совол бароям пеш омадааст:
1. шумо мегӯед соҳиби ихтироъ мебошед! кани ихтироҳои шумо?
2. гуфтаед вобаста ба ҳеч ҳизби сиёсӣ нестед! кани як интиқод илмӣ ҳизби раҳмон?
3. гутаед«ҲНИТ баробари ДИИШу Толибон аст»! барои чи кабирӣ мардум ва ҷононро даъват ба таҳаммул ва сабр мекунад?
4. шумо худатон бо ин коратон мардумро даъват ба хушунат алайҳи як ҳизби сиёсии ки мутобиқи қонуни тоҷикистон расмӣ мебошад кардаед. Оё ин бо меъйри илмие ки шумо иддао доред мезозад?
....назар ман дар бораи шумш ин аст шумо барин академиҳои бесавод боиси ақибмондагии тоҷикистон шудаед ва дар пеши миллат ва ҳар тоҷикистонӣ ҷавобгаред! вақте номи шуморо академик мегӯян академикҳои ҳақиқӣ монанди Бобоҷон Ғафуруф дар қабр аз унвони худаш изҳои шарму ҳаё мекунад.

ХНИТ хам мехохад ки кишвараш обод бошад халкаш босаводу бофарханг бошад, онхо низ шахрвандони точиткистонанд ва аз ин ру онхоро танкиду таъкиб нею. балки бо хамрохии онхо халли мушкилоти чомеа ва кишварро хал кард, Онхоро набояд азхуд чудо кард, онхоро низ бояд гуш кард ва чизхои хуби пешниходхояшонро омухт. онхо низ бародару хохарзодахои мо яъне фарзандони точикистонанд.

Ё Аллох ин чи масхараест ягона чизеки мардум доранд ин хамин дин аст агар инро хам мань кунанд пас вой бар холи мо барин мусалмон .
Чавоб ба баьзехоеки навиштаанд ки танхо мусалмон будан ва ба дил ба худо бовар доштан кифоя асту ба хизб ниёз надоранд чунин гуфтаниям ки агар имруз фаьолияти хизби нахзатро махкум кунанд пас интизор дошта бошед ки баьди хизб конунеро ба имзо хоханд расонд ки касеки ба ислом бовар дорад ва намоз мехонад махбас карда шавад пас унвакт хеччиз аз дастатон намеояд Мухиддин,


Хай ука Академикен тахкик карден ки ХНИТ хатарзо аст! Мо чихел бовар кунем шумо академикен акалан як гугирд ихтироъ кунен мардум боварту кунан. Шумо Пахлавони сари дег хастен карат карата намедонен

Маркович
Омузиши равандҳои муосир ва оянданигариро АИ ҶТ аз 1 июни соли 2014 огоз намудааст ва дар мухлати кутохтарин ба хулосаи дуруст омадааст, ки ҲНИТ тавоноии сохтани ҳуввияти миллии точикро надорад.

Хуршед
Магар АИ ЧТ ХХДТ ро чонибдори мекунад?
ба чи далел?
ХНИТ бо буданаш чи кореро анчом дод? чун харфаш аз доираи муайян берун намеравад?
ва ахсан ба онхо, ки бо ин кадар фишорхову тахкирхо аз хар чониб ин кадар солхо истодагари мекунанд..

ХХДТ ро низ интикод кунед, охир. онхо барои миллат чи карданд?
фоидаашон аз зарарашон беш нест...

хама хизбхо лар доираи манфиатхои худ фаъолият мекунанд..
аз калимаи "хизб" нафратам меояд..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)