Бахшҳо

Магар мешавад бо нашнохтани мусалмонҳо дар бораи онҳо қазоват кард?

Далер ШАРИФОВ

Банда узви ягон ҳизб ё корманди кадом ниҳоди илмие нестам, аммо натавонистам посухи Академия ба “мулло-вакил” ва “қарсак-вакилон”-ро нодида бигирам. Баъди мутолиаи он чанд нукта маро водор кард, ки андешаҳоямро бинависам.

КАБИРӢ МУАРИФГАРИ АКАДЕМИЯ!

Бояд ба Кабирӣ ва ҳизбаш ташакур гуфт. Зеро мавҷудияти ҲНИТ ва Кабирӣ дар Тоҷикистон баъзе сохторҳои моро зинда кардааст, то ҳамеша “фаъол” бошанду дар бораи Тоҷикистон “оянданигарӣ” намоянд. Хусусан, ишораи ахири Кабирӣ дар мавриди гуруҳе аз кормандони илм ин ниҳодро ба ҷунбиш овард ва Академия бо тамоми он зеҳнияти бузурги илмӣ ба Кабирӣ ду маротиба изҳороти “шадид” дод. Ин баҳс матбуоти давриро гарм кард ва боис шуд, мардум ба ниҳодҳои илмии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намоянд ва бубинанд, ки онҳо бо чи кору бор банданд. Билохира садои онҳо дар Тоҷикистон шунида шуд. Албата, на бо дастовардҳои бузурги илмӣ, балки бо баҳсу изҳоротдиҳӣ алайҳи Кабирӣ ва ҳизбаш.

ВАКИЛ, ПАРЛУМОН ВА ҲИЗБ АЗ АКАДЕМИЯИ ИЛМ ФАРҚ МЕКУНАНД

Дар ин посух Кабирӣ ба он айбдор мешавад, ки ҳамчун номзади илм байни илмҳои дақиқ ва ё гуманитарӣ фарқ гузошта наметавонад ва даҳ сол инҷониб дар курсии гарму нарми парлумон нишаста, ҳеч пешравие барои кишвар накардааст. Боз дар ин посух суоле ҳам гузошта мешавад, ки “чаро мудати ин солҳо Кабирӣ ва наҳзатиёнаш аз кашфиёту дастовардҳои худ хабар надодаанд?”

То ин вақт дар ягон ҷойи дунё надидаву нашунида будем, ки вакилу ҳизбу парлумон бояд даст ба кашфиёту ихтироот бизананд. Ё ин кашфиёти навини Академияи илмҳост? Тӯли қариб садсол мешавад, ягон ниҳоди илмӣ, хосатан Академияи илмҳо дар Тоҷикистон на дар ихтиёри наҳзат асту на зери назорати Кабирӣ. Агар Академия ё ҳукумат дар ихтиёри Кабирӣ мебуду солҳои тӯлонӣ онро идора мекард, аммо вазъ тағйир намеёфт, ин эрод дуруст мебуд. Онвақт ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ин ҳақро дошт, ки аз Кабирӣ ва наҳзатиёнаш бипурсад, ки тӯли ин қадар соле, ки имкону шароит доштед, чи коре барои миллат анҷом додед? Ҳоло дар Тоҷикистон Кабирӣ танҳо як вакил ва раиси ҳизбест, ки ягон вазорат, идора ё Академияи илмҳо ба онҳо тобеъ нест. Аз ин хотир вазифаи вакилу ҳизб дигар аст ва вазифаи илму академия дигар. Набояд олимони муҳтарами мо наҳзату Кабириву парлумону академияро як ниҳод фикр кунанд ва аз онҳо кашфиёту ихтирооту пешрафтро баробар талаб намоянд.

БОЗ ТАҲҚИРИ 99% ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

“Мардум беш 1300 сол аст, ки даст ба сӯи осмонҳо доранду ҳеҷ нест, ки аз осмонҳо ноқилу микросхема, копютеру робот, мошину таҷҳизот ва дигар асбобу лавозимоти барои зиндагӣ зарурӣ резад”. Ин ҷумла аз ҷониби олимони Академияи улуми кишваре навишта шудааст, ки 99 дарсади мардумаш ба Худо бовар дораду даст ба сӯи осмон барои дуо кардан мебардорад. Оё ин таҳқири оммавии мардуми Тоҷикистон, хусусан роҳбарони ин кишвар, аз ҷумла Президент Эмомалӣ Раҳмон нест, ки борҳо ҳангоми дуо кардан дасташро боло бардоштааст? Ба назар мерасад, ин посух олимона набуда, як ҷавоби пур аз эҳсос аст. Баъди хондани ин ҷумла Худоро ҳазорон бор шукр гуфтам, ки 0,001 фисади ин ҳама роботу техника ва ниёзҳои ҳаррӯзае, ки истифода мекунем, ба дасти олимони тоҷике, ки ҷуръати навиштани ин ҷумларо доранд, ихтироъ нашудааст. Вагарна онҳо дар ин кишвар нафаскаширо барои эътиқодмандон “қонунан” манъ мекарданд.

Боз бо як тамасхур давоми ҷумлаи боло идома дода мешавад: “Тамоми дастовардҳое, ки шумо ва пайравонатон истифода мебаред, ҳамааш маҳсули дастранҷи инсонҳои заминианд, на аз авлиёву анбиёи илоҳии пиндоштаатон”. Авлиёву анбиёе, ки мо мардуми мусалмон ба онҳо эмону боварӣ дорем, ҳамагӣ инсонҳои заминӣ буда, барои пешрафту рушди башарият хидматҳои бузурге анҷом додаанд (хондани Қуръон ва тафсирҳои он, инчунин улуми таърих барои онҳое, ки чунин иддао доранд, тавсия дода мешавад, то бубинанд, авлиёву анбиё дар сохтани ҷомеаҳо ва зиндагии мардум чи нақше доштанд).

Ба назари банда, кормандони ин ниҳоди илмӣ аз доираи баҳси одоб берун баромада, ба ҷойи Муҳиддин Кабирӣ ба эътиқоду боварҳои мардумӣ таҳқиру дуруштгӯиро раво дидаанд ва бардошти ин олимҳо аз Исломи азиз дар доираи ҳоҷатхонаву таҳорату кулух хулоса шудааст.

КАБИРӢ, АКАДЕМИЯ ВА ВАО

“Чун Кабирӣ, Тураҷонзодаҳо ва чанд тан аз ҳамрадифонашон фазои иттилоотии кишварро барои худ танг дида, якбора ба таҳқиру бадном ва такфир эълон намудани кормандони марказ рӯй оварданд”. Нафароне, ки пайваста матбуоти давриро мутолиа мекунанд ё аз андешаҳои Кабириву Тураҷонзода бохабаранд медонанд, ки онҳо ҳеҷ касеро ба такфир ҳукм накардаанд. Ҳатто таҳқиру бадном ҳам намекунанд. Олимони муҳтарами мо вақте ин ҷумларо навиштанд, бояд дар идома далел ҳам пешниҳод мекарданд, ки ҲНИТ ё Тураҷонзода миёни мардум нафаре аз онҳоро кофиру мулҳид эълон кардааст (оне ки Худоро инкор мекунад, мусалмонҳоро пайваста таҳқир мекунад, авлиёву анбиёро афсона мепиндорад, таҳорату кулуху ҳоҷатхонаро тамасхур мезанад ба андешаи Шумо ӯро чи бояд бигӯянд: мусалмон ё кофару бедин?)

Чаҳор шабакаи телевизионии давлатӣ, телевизионҳои шаҳру навоҳӣ, ҳафтаномаву маҷаллаҳо, родиёҳои сартосариву ноҳиявӣ ҳеч гоҳ ҲНИТ-у Тураҷонзодаро тарғиб накардаанд. Ҳатто акс, навишта ё гуфтаи онҳоро инъикос намекунанд. Баръакс, солҳои ахир ҳамеша аз онҳо интиқод мекунанд. Инки ду-се нашрияи мустақил гуфта ё навиштаи кадоме аз онҳоро нашр мекунад, ба хотири гуногунандешӣ ва риояи принсипҳои озодии баён буда, ҳеч кадоми онҳо ба Тураҷонзодаву Кабирӣ вобаста нестанд. Ва ин ки ба фарқ аз кормандон ва олимони шумо ҳарфи онҳо тезтар ба мардум мерасад, бояд аз худ бипурсед, ки чаро чунин аст?

ТАВАҶҶУҲ

Мутаасифона, навиштаҳои илмии баъзе олимони кишвар имрӯзҳо дар доираи ғайбат, таҳқир ва паст задани ин ва ё он шахсият хулоса мешавад. Баъзеҳо кӯшиш мекунад, бо паст задани мусалмонҳо ё ба тамсхур кашидани муқаддасоти онҳо нишон диҳанд, ки донишманд ва шахсони замонавиянд. Ба андешаи онҳо мусалмонҳо инсонҳои ақибмонда, бедониш ва дур аз пешрафту ихтироот буда, нақше дар тамаддуни башарӣ надоранд. Ин ҳарфҳо мунсифона нест. Агар олимони мо адабиёти ҷаҳони оид ба Исломро мутолиа менамуданд, медиданд, ки мусалмонҳо дар бинои кохи тамаддуни башарӣ дар таърихи ҷавони худ чи қадар пешрафту дастовардҳое доштанду доранд ва дар оянда хоҳанд дошт. Барои мисол, “Нақши мусалмонҳо дар бунёди кохи тамаддуни илму дониш” (Пизишкӣ, дорусозӣ, кимиё, санъаткорӣ, риёзиёт, ҷуғрофӣ ва ҳунар. Манбаъ: сомонаи turajon.org 10.01. 2015). Аз ин гуна мисолҳо метавон садҳо навишт...

Акнун дар мавриди дониш ва навиштаҳои руҳониёни тоҷик дар 20 соли ахир. Танҳо навиштаҳои марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки аз мақолаву рисолаҳо иборатанд ва қариб ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии мардумро фаро мегиранд, ба сад адад мерасад. “Раванди муҳокимаи масъала дар хусуси моҳияти давлат дар Конститутсия”, ”Ислом метавонад сиёсӣ ё ғайри сиёсӣ бошад”, “Дин ва давлат”, “Танзими насл ва стратегияи ҷаҳонӣ”, “Насли тоҷик бо генҳои миллатҳои пешрафта омехта мегардад”, “Тоҷикистон Шветсария мешавад?”, “Фирори мағзҳо”, ”Ислом зидди бидъат ва хурофот”, “Ҳуқуқи зан дар ҷомеа аз нигоҳи Ислом ва ҷомеаи демократӣ”, “Масҷиду мактаб бояд ҳамкорӣ кунанд”, “Тафсири ғалати дунявӣ-бадбахтии миллат”, “Мавлоно ақл дошт” ва даҳҳои дигарро метавон мизол зад.

Рисолаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки сураи “Ал-Муъминун”-ро тафсир карда, инсон ва зиндагии ӯро ҳамчун унсури биологӣ ва руҳӣ баён месозад. Ин чунин рисолаи илмии “Он сӯи сиёсат” ва даҳҳо навиштаи дигари ӯро метавон ёд овард. Ё навиштаҳои марҳум Домулло Муҳаммадии Қумсангириро, ки дар мавзӯъҳои гуногун буда, ҳаждаҳ китобу рисоларо дар бар мегирад. Навишта ва пешниҳодҳои Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода - “Ҳуқуқи зан дар ҷомеа”, “Шариат ва ҷомеа”, “Нақши масҷид дар ҷомеа” ва даҳҳо мақола, ки дар бораи иқтисоду сиёсат ва буҳрони энергетикӣ дар кишвар гуфтааст. Навиштаҳои Муҳиддин Кабирӣ ва мақолаҳои сершумори Маҳмудҷони Тураҷонзода оид ба фалсафа ва таъриху фарҳанги исломиву миллӣ ҳам қобили тазаккуранд. Ин нукта ҳам бояд зикр шавад, ки ба ҷуз Муҳиддин Кабирӣ ҳеч нафари номашон овардашуда кормандони илм ё номзади илм набуданду нестанд.

Хуллас, агар чуқуртар таҳил намоем, тӯли ин солҳо даҳҳо фарзандони мусалмон, ки онҳоро олимони мо руҳониён ё мулову “мулло- вакил” мегӯянд, дар пешрафту рушди ҷомеа саҳми камтар аз проффесору номзадҳои илм надоштанд. Ҳоло низ дар бахшҳои мухталиф бо донишу малакаашон дар хидмати ин миллатанд. Шаке нест, ки агар Академияи улум ҳадди ақал даҳ сол дар ихтиёри ин тоифа мешуд, ҳоло илми тоҷик ба тарзи дигар рушд мекард.

Бояд як институт барои таҳлили холисонаи фаъолияти ин шахсиятҳо амал кунад ва холисона назару андешаҳо ва нақшашон дар миллатсозиро баҳогузорӣ намояд. Он вақт мушаххас хоҳад шуд, кӣ чи қадар ба ин миллат хидмат кардаву ҳарфи созанда мезанад. Оянданигари миллат кисту кӣ ғами онро мехӯрад, кӣ муздури хориҷӣ асту кӣ пуштибони ақидаи ботилу нолозим. Аҷиб аст, ки бидуни омӯхтан, шинохтан ва таҳлилу баррасиҳо мегӯянд, фалони кисту чи кор кардааст, магар ҳамин ҳам илм мешавад, магар мешавад бо нашнохтани мусалмонҳо дар бораи онҳо қазоват кард?

ХУЛОСА

Баъд аз таназзули давлати миллии тоҷикон - Сомониён, ки руҳониён ё ба қавле муллоҳо дар раъси давлатдорӣ буданд, ҳукуматҳои муғулу манғит пайи ҳам донишмандони руҳонӣ, хусусан тоҷикони асилро ҳамеша мавриди таҳқиру таҳдиду фишор қарор додаанд. Донишмандон ва руҳониёни асилро аз дарборҳо ронданд. Ин кор то замони Аморати Бухоро идома кард. Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Садри Зиё, Абдурауфи Фитрат ва даҳҳои дигар, ки руҳонӣ ё мусалмонони ҳақиқӣ буданд, бо ҳар баҳонаи сохтаву бофта, таъну маломат ё ҳабсу зиндон карданд. Дар замони шуравӣ кор то ҳадди қатлу куштор ё бадарғаи руҳониён анҷомид. Аммо ин ҳама ҷойгоҳу мавқеи онҳоро дар зиндагии мардум камранг накард. Баръакс мусалмонҳо зиёд шуда, бештар ба қадри ҳамдигар расиданд, таълим гирифтанд ва нобиғаҳоро ба ҷомеа доданд. Шуравӣ бо тамоми иқтидораш ҳафтод сол алайҳи руҳонияту мусалмонҳо он қадр рисолаву китобу маводи таблиғие нашр кард, ки дар ҷаҳон назир надошт. Бо гузашти замон онҳо ҳама моли таърих шуданд.
Бояд аз ин ҳама сабқ омӯхт, ки бо паст задан, тамасхур кардан ва таҳқири мусалмонҳо илм ба ҷое намерасад. Насли баъдӣ ба ин амал баҳо хоҳад дод.

Хуб буд, агар олимони мо бо назардошти хусусияти миллат, эътиқоду боварҳои онҳо корашонро ба роҳ монда, дар натиҷаи табодули афкор, ҳамдигарфаҳмӣ ва суҳбату муколама корашонро пеш мебурданд. Ин кор ҳам ба манфиати миллат ва ҳам ба нафъи илми тоҷик мебуд.
Мӯҳр
бандаи Худо
Худо илми нофеъатонро боз хам зиёдтару каламатонро бурротар гардонад.

точидин
Агар дар точикистон шурои уламову муфти вуяуд медошт бояд аз хукуки мардуми мусалмон дифоь мекард ва академиями Барри тахкири тамоми мусалмонхои чахон ба суди байналхалки медод. Вале афсусу км ба ним муфтии точикистон бо академикхо хамкоса ва хамфикр АСТ. Бояд 99мусалмони кишвар худ ин тахкиргархоро ба суд диханд вагарна хомуши гунох ва тхкир АСТ.

Азамат
Хеле дар тааҷҷубам, ки чаро сатҳи биниш, фаҳмиш ва дарки ҷомеаи мо ба ин ҳад паст рафтааст! Қариб ягон навиштаи ин бачаро пурра нахондаам, аз он, ки дар саҳифаи асосии як расонаи муътабар гузошта шудааст, сарсарӣ назар кардам. Чизе нафаҳмидам, ҳадаф аз ин навишта чист. Муаллиф чи мехоҳад, таҳқир нашавад, нависандаи ин сатрҳо бемор аст. Беморие, ки номашро намедонам. Худхоҳӣ, худнишондиҳӣ ва боз чии дигар намедонам...
Айб аст барои Озодагон, ки ин навишта дар сатри аввал бошад. Хеле мухлиси Озодагон ва назокату фаросати раҳбари он ҳастам. Як бори дигар чунин мақолаи фач дар саҳифаи аввали ин расона бошад, дигар сар ҳам нахоҳам зад.

Суруш
Бехтарин маколае, ки дар ибтидои соли равон дар ин сомонаи бонуфуз кироат кардам ва эхсос намудам, ки хануз хам бо вучуди тангкунии точикон ва раванди бесобикаи мусофирату мухочират садои ин миллати таърихи дар гулу буги нашудааст, зихи озодмарду абармарди халки точик устод, Аллома Далер!

Чом
Дар вакташ таърихро нагз хондан даркору ба Кабири камтар хушомад кунед!

шавкат
Бояд як институт барои таҳлили холисонаи фаъолияти ин шахсиятҳо амал кунад ва холисона назару андешаҳо ва нақшашон дар миллатсозиро баҳогузорӣ намояд. Он вақт мушаххас хоҳад шуд, кӣ чи қадар ба ин миллат хидмат кардаву ҳарфи созанда мезанад. Бисер пешниходи олиджаноб! Бар падарат рахмат!

Буали Сино
Корманди академия матлабро нодуруст иброз доштааст бояд мегуфт ки 1400 сол боз хеч муллое дар бахши илм ва пешрафти аклонии башар хиссаи андаке хатто нагзоштааст агар гузошта мулло набуда ва хатман ба таъкиби муллохо гирифтор гаштае буда. баъдан дуруст ки Кабири ва амсоли ин муллохо рахбарияти академияро бар душ надоранд аммо агар медоштанд хам коре аз дасташон сохта набуд чун саводи кофии илми надоранд медоштанд тули ин 1400 сол ин кадар кабирихо омадану рафтанд ки хама илмситез фархангсуз ва гаддору худхох ва мутлакгаро будаанд. (Бо Синиову Беруниву Хоразмиву Хайёмхо хатто Боязиду Харакониву Зунуни Мисриву Мансури Халочхо иштибох гиирфта нашавад зеро хама онхо аз дасти чалламуллохо дар фарору хору зор буданд) фаолияти ин хизб харчи зудтар бархам дода шавад ба пиндорам бар салохи мардуму чомеа аст ва бехтару бештар бар манфаати миллати мост..бигзоред инсонхо як нафаси тоза кашанд хуши мардумро аз зиндагии дунёишон ки як доди Худоист гирифта даруни гору хаскаппахои худ ва куруни вустои худ набаред модоме вазифаи мулло илм нест ва насихат аст сахехтараш дар масчид биншинад вакте аз дасташ намеояд ба бахсхои илми наёмезад ва дасту панча бар гиребони доноён назанад ин далеракхо ки факат чор харфи пароканда аз касе шунида дар дастошон телефони кореи либоси чини ва мошини олмони (фаромуш накунанд ки илм тутивор аз ёд кардан ва амал накардани каломуллох нест) иддао доранд ки мо муллохо фалону бехмон будем ба инхо агар вогузорем боз бармегардем ба куруни вустое ки мехохандаш.. Далери нодалери гуш кун масири харакати башар тамоман чое рафта ва меравад ки аз дасти шумо коре барнамеояд акл хамеша пируз бар эхсосу хаёлу иддаохои дуругин будаву хаст. мо вакти пардохтан бу тую тафакури тую муллохои ту надорем аммо як чизро мусалламан медонем ки то мо чавонони худогохи точик хастем ин муллохои ту ба хукумат наздик нахоханд шуд..

Мошоаллох хамаи гуфтахоятон рост хасту хак

часур
далер дар хулосаат дунёро чаппа фахмидаи. ин муллохои суннимазхаби мутаасиб буданд ки сабабгори вожгунии давлати Сомониён шуданд. адибону олимони бузурги миллатро дар тули таърикх таъкибу тахкир мекарданд. холномаи Рудаки Сино Н Хусрав кофи аст. А Донишу Айни бо илми худ машхур шуданд на бо дин. чанги соли 92 низ аз касофати ин муллохо буд. динро байраки сиёсии худ кардан мардумфиреби аст. бо назардошти хусусияти мардум яъне олимони имруз бояд мавчудияти чин ва таъсири он ба одамро омузанд зеро мардум дар хамин сатхи бесаводист..хайфи 5 дакика ки сарфи маколаат шуд..

Носех
Як панд ба Далер ту хануз хеле чавонтар аз они ки ба касоне ки аз бархе кучахои илм гузаштаанд ва ё хатто шаммае аз атру анбари фархангу дониш буидаанд насихат куниву рохнамо боши. Хеле чавони бибин хамватан! касое ки тахсину офарини туро мегуянд ва тарафдориат мекунанд ( худат казоват кун)бо ин андешаи музахраф ва ёвабунёнат нафаронеанд ки ба Рости касам дуто китобро то охир нахондаанд ба чавониат рахмам омад аз он хотир ки умри гаронмояро сарфи ёвасароии 1400 сола мекуни ки хамеша ин зерхимояхои ту дар давоми торих аз хисоби пешаварон, дехконон хунармандон ва шоирону олимон ва сиёсатмардоррону мутафаккирпон (ва катли омхое ки карданд масалан Темур ланг ва газнави) хурдаву хобидаанд ва хамеша хам боиси акабмондани чомеаи башари ( хусусан мусулмонон ) будаанд чашмонатро калон бикшо инхо ба гайри ёва ва тарсонидани мардум дар тули таърих хатто як сузане як калиде тавлид накардаанд ки кишвархои хорич тахсинашон гуфта бошанду мардумони гайр офаринашон.Гунбадхо, деворахо сангнавиштахо ва хиштхои зебои рангоранги масчиду сохтмонхое ки бо он мардуми точик мефахрад хеч кадомаш махсули дасти инхо нест ва набуда ва як копияе аз фарханги кабл аз исломии мо аст ки хамаро пешаварони ватандусти мо ба ёдгор гирифтаанд ва хатто то Ироку Шому Миср ва имруз то русияву урупо ин фархангро бурдаанд.. хеч кадоми инхо ба ислом ва мусулмонон рабте надорад бинохои бачомонда аз кадим гувохи ин гуфтахо хастанд (кайхо исбот шудаанд) аз гунбаз то мехроб ва рангхои хишту сангу сакфу чубхо хама..хатто дар тули таърих як муковва барои Куръон надухта ва насохтаанд хамаро аз хамсоямардумон мисли фарханги миёнрудони (байнаннахрайни) , ориёи, мисри суриёниву юнони ба ягмо бурдаанд.. ва инхо мехоханд як тафаккури биёбониро бо тарсондани мардум аз тарики харфхои паёмбару Куръон онхоро аз пешрафт боздоранд ва фикри инсонхоро шахзадаву яхзада нигах доранд то ба максахои шум ва гайриинсонии худ бирасанд то замоне ки ба ин тафаккур гирифтори орзуи пешрафт накун на ту на чомеаи ту..

Хуршед
ба Носеҳу дигар ҳамфикрони он як тавсия, ки ҳатман рӯзгори шуарои 1400-соларо мутолиа кунанд ва мардонавор иқрор шаванд ки онҳо исломро чи гуна қабул доштанд ва аз он чи бардоште карданд. оё онҳо набуданд ки қисми аксарашон аз айёми 8-9-10-солагӣ каломуллоҳро аз ёд мекарданд, ки имрӯз ту инро тахкир мекуниву мегуи тутивор азёд кардан мепиндори? чи магар Маснавии маънавии Мавлавӣ, Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ- ин ба чи далолат мекунад. шумо кадом шуароро мадди назар доред.? шуарои афрангиёни хоҷагонатонро???????? агар ин андешаро доред, ки ислом зиди илм ва хар касе исломгаро бошад, тарақиёт намекунад, ин хатои маҳз аст, омили асосиии ин дар он аст, ки хочагонатон намехоханд ислом пешрафт кунад. Магар чашми бино надоред то эронро(албатта Ҷумҳурии ИСЛОМИИ Эронро) бубинед ки имрӯз ба кашфиётхои бузург ноил гардидааст ва индар раванди тхким аст.!!!!!!!!!!!!!!!! афсус ки ҷаҳонбинии шумо як тарафа аст!!!!!!!!!!!!!

Антигург
Ба хуршед! э лекин хандонди!? Ту аз кадом аср омадаи аз осмон наафтодаи мабодо! Аср асри 21 аст дунё ин кадар пеш рафтааст ки он бузургони ки ману ту ифтхор мекунему сина мезанему чор мезанем агар зинда шуда оянд бояд дар назди як дуввум синфи олмони ё хулланди биншинанду табиатшиноси ва ё математикара аз нав хонанад между прочим бузургони гузаштаи мо хам дар бораи муллохо хеле навиштаанд! Таърихро ту худат хон Аз Фороби то Хайём ва Аттору мавлоно хатто Ахмади Донишу Айни (Хаст Куръон дар забони пахлави Чоми гуфтааст бахсаш зиёд аст ин мавзуям чо ва замони барраси мехохад)) аммо замона ки намебардошт ба сурати ишорахо хеле гапхо доранд (ту Куръонро ки як китоби илохи аст мисол наор чунки Куръон бештараш бо рамзхо гуфта шудааст ки аз нафахмидани муллохои нодон илми мо ба хамин вазъ афтод) ту Носири Хусравро кабул надори мунозира бо худояшро хон, Хайёмро хам Ибрики майи хайёмро Рабби шикаста будааст ва дигарон Таърих мисли сатхи дониши ту рушан аст, аммо имруз илму фарханги гузаштагони мо назди чахони муосир ки прогресс ва инсони модерн меномандаш ба пашизе намеарзад. мисолхои ачиб оварди ин коменти туя факат Озодагон чоп мекунад тамоми дунёи ислом агар пешрафте дошта нусхабардорие аз Европа кардааст дар байни ино албатта камтарак Туркия фарк дорад бо ташаббуси албатта Отатурк ( харчанд ман безорам аз номи турк) ки бо омадани Эрдугон ба хаёлам боз ба кафо меравад.

Хуршед
ба Антигург . Як савол оё бар мусалмон будани шуаро ва урафову уламои гузашта бовар доред ки ин кадар мардуми Точикистони азизро бар мусалмон будан ихонат дореду исломро як чавхари сиёх чилва медихед? инки тавсия доди то торихро хонам ташаккур аммо бояд инро қайд намоям ки ниёз надорама, чунки тарихро ба пурраги хондаам. инчо ту аз Носири Хусрав гуфти ашъори уро низ ба пурраги мутолиа кардаам ва хамаги маншаънгирифта аз ирфон аст барои фахми инхо акли расо лозим мебояд. ба унвони мисол: Ба тоат този мустабал ба мозӣ Худо рози аз ӯ ҳам халқ розӣ, Зи касби даст набувад хеч оре Бех аз касбат набошад хеч коре Сари сонеъ ба гардун пас фароз аст Салотинро ба салоон ниёз аст. инчо якчи мухимро бояд кайд намоем, ки мушкилии шумо на ба ягон харакат аст душмании Шумо танхо ба Ислом ва Худост. инки мегуи қурон рамз аст албатта барои бесавод рамз аст. танхо дар 29 чои курон рамз аст ки инхам аз муъчиза будани Қуръон хабар медихад. дигар шахри бекарона аст ки хамаи эхтиёчоти лозимаро посухгу мебошад. ту то чое шоирони гузаштаро тахкир карда тухмат низ карди, бубин дар чахон аз тиби Мусалмон доранд истифода мекунанд. ин хама дар равшан аст Худо он миллатеро сарварӣ дод, ки такдираш барои хеш бинвишт, Ба он миллат сару коре надорад, ки дехконаш барои дигарон кишт. Ва агар даъво мекунед, ки ъиллати асосии ба пеш ва рушд накардан ислом аст, пас ба як савол чавоб дихед олимони мухтарам шумо имрӯз чи чиз ихтироъ кардаед??? истехсоли ихтироъкардаи шумо чи аст ки исломгаро нестед???? онтараф гузоред бар эътикоди миллат нохун заданро, агар Шумо вокеан ватандуст бошед ба эътикоди мардум бози накунед чунки сабаби нооромии чомеа мегардад. аз дунболи акида ва кори худатон шавед то ватанро тавре ки холо аст обод нигах дораем.

Ба Далер, албатта ташаккур, ки фикри худро дорад. Вале, ман аз он дар таачубам, ки чаро миллати мо ин кадар кутохандеш, зудбовар ва саросема аст? Охир аксари шумо аз дастовардхои хакикии Академияи илмхо бехабар ба он бахо медихед. Бо Кабири танхо як гурухи хурд бахс дорад ку? Ман Кабириро мефахмам, у мехохад, ки дар арафаи интихобот хамаруза дар матбуот муаррифи шавад, шумо бошед уро кумак мекунеду фирефтаи суханбози мешавед! Хамон Дадачон Атоуллоевро мемонед, ки аз нокасон бо суханхои ширину обдор шахсият сохта, онхо ба мо чанги шахрванди оварданд...боз он рузхоро мехохед баргардонед?
Дин хамеша пояи сулху ороми ва ахлоки чомеа буд. На воситаи амали кардани гаразхои сиёси, чунин бояд бимонад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)