Бахшҳо

ВИДЕО: Баромади Мавлавӣ Абдураҳим зидди аҳзоби исломию ҲНИТ дар Маскав

Абдураҳим Каримов, устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, ки бо номи Мавлавӣ Абдураҳим маъруф асту феълан барои табобати ҳамсараш дар Маскав қарор дорад, дар суҳбати ихтисосие бо медиахолдинги "TAJINFO" алайҳи аҳзоби исломӣ аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баромад намудааст.

Мавлавӣ Абдураҳим изҳор доштааст, сарчашамаи асосии нооромиҳо дар ҷаҳони Ислом аҳзобу ҳаракатҳои исломиянд: “5 сол дар Афғонистон будем. Дар ин кишвар зиёда аз 80 ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ буданд, ки забони якдигариро наёфтанд. Донишмандону афроди огоҳи Афғонистон гуфтанд, хориҷиҳо то ҳизбҳои исломӣ насохтанд, байни мо ҷанг андохтан натавонистанд. Ҷанг аз ҳизбҳое сар шуд, ки бо номи Ислом душманҳои Ислом сохтанд.”

Домулло Абдураҳим, ки яке аз асосгузорони ҲНИТ дар вилояти Хатлон муаррифӣ мешавад, дар мавриди баромадҳояш алайҳи ин ҳизб гуфтааст, “мо хостем, дар бораи ҳаракату ҳизбҳою сиёсат суҳбат накунем, аммо чун суол шуд, дигар чора нест. Ислом моро даъват мекунад, ки як ҷамоат бошему ба ҳизбу ҳаркатҳо ҷудо нашавем. Ҳизбу гуруҳ сохтан аз Ислом нест. Ман бешак яке аз асосгузорони ҲНИТ дар минтақаи Хатлон будам, аммо дар хориҷ гашта фаҳмидем, ки ин ҳизб ба манфиати ҷомеаю мусалмонон нест ва аз он даст кашидем.”

Ӯ инчунин аз ҷавонони тоҷик, ки ба қавлаш фирефтаи хоҷагони хориҷӣ шуда аз Русия ба ҷанг дар кишварҳои арабӣ рафтаанд, даъват намуд, аз роҳашон баргарданд, чун Ислом рехтани хуни башарро маҳкум кардааст. Мулло Абдураҳим баробари ин аз муҳоҷирони тоҷик даъват намудааст, фарзандонашонро дар Ватан фаромӯш накунанду дар тарбияти онҳо бикӯшанд. Вай аз ҷавонон даъват намудааст, меъёрҳои ахлоқро дар Русия риоя кунанд, то оромӣ халадор нашавад, зеро оромию амниятро Худо аз тарки бутпарастӣ пештар гузоштааст: “Ман аз ҳамаи тоҷикон даъват мекунам, ин сулҳу салоҳ, ки ба заҳмати шахси бузург ба даст омадааст, ба қадраш бирасем.”


ВИДЕОИ суҳбати муфассали Мулло Абдураҳим дар Маскав:

Мӯҳр
samad
( إن الذين كفروا ينفقون أموالهم ليصدوا عن سبيل الله فسينفقونها ثم تكون عليهم حسرة ثم يغلبون والذين كفروا إلى جهنم يحشرون ( 36 ) ليميز الله الخبيث من الطيب ويجعل الخبيث بعضه على بعض فيركمه جميعا فيجعله في جهنم أولئك هم الخاسرون ( 37 ) ) surai Anfol
Agar in mard uqa savod doshta boshad pas hamin javob baroi inguna shakhson kifoya ast!!!!!!!!!!!
khudaton agar tavoni justujuro dored pas nazar kuned bar in oyahoi Qur,oni kareem !!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)