Бахшҳо

Ҷӯши пешазинтихоботӣ: Аз “писханди Кабирӣ” то “қабул накардани Зоиров” (ВИДЕО)

Вохӯрии раисони аҳзоб бо интихобкунандаҳо дар доираи интихоботи парлумонӣ дар вилояти Суғд тезу тунд ҷараён дорад. Ба гуфтаи масъулони ҲНИТ дар ин мулоқот иштирокчиён бештар бо Муҳиддин Кабирӣ вориди баҳс шуда, ҳатто насиҳат мекунанд. Ин вохӯриҳо боиси гуфтугузори пурбаҳсе дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, аз ҷониби тарафдорони ҳар ҳизб ба таври гуногун тафсир ва баррасӣ мешаванд.

Аз ҷумла саҳфаи “Кумитаи иҷроияи Исфара” дар Фейсбук, ки ғолибан моли Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Исфара дониста мешавад, зери номи “Кабирӣ ба модари ҷигарпора писханд зад”, навиштааст: “Интихобкунанда Султонова Махфират (аз Исфара - “Озодагон”) гуфт, ки писари ӯ Султонов Раҳмон аз аввали солҳои 2000-ум инҷониб аъзои ҲНИТ мебошад. Раиси бахши ҷавонони Гумбазии ҷамоати деҳоти Навгилем буд. Аз қатори аъзоёни фаъол ба ҳисоб мерафт. Инак, беш аз 9 сол мебошад, писараш бедарак асту ба баъзе маълумотҳо ба Ҳизби Исломии Узбакистон пайваст шудааст. Пеш вақтҳо писари ӯ дар мактаб аъло мехонду тарбияи хуб дошт. Аз он вақте, ки ба ҲНИТ аъзо шудааст, хислату харакатери бад ва амалҳои номатлуб пайдо кардааст. Ин ҲНИТ аст, ки писари ӯро ба Ҳаракати Исломии Узбекистон пайваст кардааст. Муҳиддин Кабирӣ ба ҷойи ғам хӯрдан аз ин ҳодисаи нангин ба модари бечора писханд зад”.

Аммо як нафар аз шарҳнависони фейсбук зери ин матн навиштааст, “Кабирӣ фарҳанги писхандзаниро намедонад”.

Ҳамчунин “Кумитаи иҷроияи Исфара” дар як нигоштаи дигар бо номи “Исфарагиҳо Рахматулло Зоировро қабул накарданд”, навиштааст, “Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров санаи 15 феврал хост бо интихобкунандагон дар Исфара мулоқот доир кунад. Барои ин номбурда ба мулоқоте, ки бо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ доир мешуд, худсарона ва бешармона ворид шуд. Вале мардум аз толоре, ки дар он Раҳматулло Зоиров мулоқот карданӣ буд, баромада рафтанд. Мардум нахост бо ин нафар, ки аз дурӯягону фитнагарон ва душманони миллат, ки мехоҳанд бо ҳар восита Тоҷикистонро ба вартаи парокандагӣ кашанд, мулоқот кунад. Зеро ҳама хуб медонад, ки Зоиров Р. кист ва чӣ ниятҳои нопок дорад. Баъди ин Раҳматулло Зоиров ду дасту бинӣ монду шармандавор аз Исфара рафт”.

Инчунин дар шабакаи “Ютуб” навори беш аз 1 соатае таҳти унвони “Хитоби ҷавонони Хуҷанд ба Кабирӣ” нашр гардидааст, ки аз рафти мулоқоти намояндагони аҳзоб бо интихобкунандагон дар вилояти Суғд ба навор гирифта шудааст. Баъзе аз иштирокдорони мулоқот дар ин навор аз раиси ҲНИТ хостаанд, ба фаъолияти ин ҳизби дар асоси қонун амалкунандаи Тоҷикистон ва ягона ҳизби муътадили исломӣ дар Осиёи Марказӣ хотима бахшида шавад ё ҳадди ақал калимаи Ислом аз номи он берун карда шавад. Афроди саволдиҳанда аз боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов, мушовири Муҳиддин Кабирӣ ёдоварӣ намуда мегӯянд, маҳз дар сафарбар шудани фарзандони онҳо ба ҷангҳои кишварҳои хориҷ ҲНИТ гунаҳкор аст. Яке аз иштирокдорони ҷаласаи мазкур, ки бидуни бурдани ному насаб ба саволдиҳӣ шурӯъ мекунад, Кабириро дар шиорпартоию “афсонагӯӣ” муттаҳам карда, бо қироати як шеър дар васфи Тоҷикистону хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ ватандӯстӣ “меомӯзад”.

Муҳиддин Кабирӣ дар навбати худ ҳангоми посух ба саволҳои иштирокдорон намоиш ва боздошти мушовири худ ва намояндаи ҳизбашон дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро дар арафаи интихоботи парлумонии 1 марти соли равон муғризона хонда, гуфтааст, ӯ дар ҳоле боздошт мешавад, ки соли 2013 ин қазия ҳалли худро ёфта буд ва Ҷамолиддини Маҳмуд бо пешниҳоди худи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати комиссияи интихоботӣ шомил шудааст. Раиси ҲНИТ дар ин навор мегӯяд, иддаои баъзе аз сокинони кишвар дар бораи хотима бахшидан ба фаъолияти ин ҳизб ё берун кардани калимаи Ислом аз номи он танҳо ҳамчун як хоҳиш ё пешниҳод қабул карда мешавад ва ҳарфи ниҳоиро дар ин бора миллати тоҷик ҳангоми гузаронидани раъйпурсӣ гуфтааст ва Сарқонун низ ба фаъолияти он иҷоза додааст.

Кабирӣ дар хитоб ба қироаткунадаи шеър афзуд: “Хеле вақт шуда буд, ман театр нарафта будам ва ҳоло танҳо як ҷумлаи мегуфтагӣ дорам: Соли 1998 замоне душманони миллату давлати тоҷик аз берун ба Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри бостонии Хуҷанд ҳамлаи мусаллаҳона карданд, албатта гуфтани аз куҷо ва кӣ будани онҳо шарт нест, чун ҳама инро медонад, хеле мехостам, ин гуна шиорҳои оташини ватандӯстию миллатпарастӣ он замон гуфта мешуд, бисёр хуб мебуд. Ҳамин “муҷоҳидон”-и ҲНИТ, ки мегӯед, он замон ҷон сипар карда, дар паҳлуи ҳукумати Тоҷикистону Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, бо неруҳои давлатии Тоҷикистон душманонро аз шаҳри Хуҷанду Панҷакент ва хоки кишвар берун карданд ва имрӯз сулҳу субот барқарор аст”.



Дар ҳамин ҳол, Ситоди интихоботи ҲНИТ дар вилояти Суғд аз фишор ва вохӯриҳои аҷибу ғариб дар дигар шаҳру навоҳии ин вилоят, аз ҷумла Ашт, Мастчоҳ ва Истаравшан хабар медиҳад. Аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд аз 4 номзад ба маҷлиси вилоят ва 5 номзад ба маҷлиси шаҳр пешниҳодкардаи ҲНИТ ҳеч кадомашонро номнавис накарданд. Мирзоқул Ҳоҷиматов раиси бахши ҲНИТ дар Хуҷанд зимни таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфт, ки дар ҳамаи ҳолатҳо далели номнавис накардан аз тарафи комиссияи ҳавзаҳо надонистани забони давлатӣ ва пешниҳод накардани маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ будааст. Ба гуфтаи ин масъули ҲНИТ бар асоси ин ду омил болои номзадҳояшон фишор зиёд шуда, бештари онҳо номнавис нашудаанд. Ҳамчунин додгоҳи шаҳри Хуҷанд шикояти панҷ номзади ҲНИТ аз болои қарорҳои комиссияи ҳавзаҳоро ба эътибор нагирифтааст. Вакили дифоъ, Файзинисо Воҳидова, ки аз номзадҳои ҲНИТ дар додгоҳ пуштибонӣ мекард, ин хабарро дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” таъйид намуд ва қарорҳои комиссияҳоро хилофи қонун медонад.

Дар маҷмуъ дар вилояти Суғд аз 178 номзаде, ки ба маҷлисҳои вакилони шаҳру навоҳӣ ва вилоят аз ҲНИТ пешбарӣ шудаанд, танҳо 14 номзад ба маҷлисҳои вакилони шаҳру навоҳӣ ва 5 номзад ба маҷлиси вилоят номнавис шудааст.
Мӯҳр
Баъд аз ин вохури рейтинги Кабири баръакс боло рафт.Хостанд,ки Кабириро шарманда созанд,баръакс ин нафароне,ки тайер карда шуда буданд худашон шарманда шуданд.Ку ин кадар зуру хакикатчуй бошед ба намояндагони ХХДТ хамин хел далерона ва нотарсида савол дихед.Акнун аник ба ХНИТ овозамро медихам.

Рўзе дурўғ ба ҳақиқат
гуфт: Майл дорӣ бо ҳам
ба дарё биравем ва шино
кунем. Ҳақиқати
соддалавҳ пазируфт ва
гўл хўрд. Он ду бо ҳам ба
канори соҳил рафтанд.
Вақте ба соҳил расиданд,
ҳақиқат либосҳояшро
даровард. Дурўғи
ҳиллагар либосҳои ўро
пўшида, рафт. Аз он рўз
ҳамеша ҳақиқат урён ва
зишт аст, аммо дурўғ дар
либосҳои ҳақиқат бо
зоҳире ороста намоён
мешавад.
Офарииииииииннн Кабирӣ мо бо шумоем ва Худо бо мост!

https://tajmigrant.com/to%D2%B7ik-andar-vatani-xesh-charo-mu…

Тоҷик андар Ватани хеш чаро муттаҳам аст?
Чуноне ки ба ҳамагон равшан аст, то рӯзи интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондааст. Аз инрӯст, ки тамоми фаъолон кӯшишу тавоноии худро яке бо роҳи...
TAJMIGRANT.COM

Обу руят боз баландтар шавад огои М.Кабири !

Одамизод
Ачоибанд ин мардум ва хукуматдорон. Хизби муътидили исломи бо мо чи лозим... Биёед уро бархам медихем ва ба чояш ягон хизби тундгароро ташкил мекунем ва байни худамон чанг карда мегардем, чунки дар Точикистон дигар кор нест ва Ватанамонро бо чанг "обод" мекунем.

Уважаемые редакция и читатели! Я извиняюсь, что пишу по русски, иначе я не смогу выразить свои мысли.

Я, Душанбинец, с ходженсткими корнями и мне было стыдно, за моих земляков. В Согдийской области немало сторонников Исламской Партии но власти почему то не хотят это признавать. Я конечно плохо разбираюсь в исламских канонах, но в принципе видя, что происходит в мире против ислама и мусульман, и вообще против всей этой не справедливости я, решил проголосовать за ПИВТ.
Удачи вам Исламисты!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)