Бахшҳо
19 фев 2015 12:50Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Баҳси додгоҳии Babilon то ду моҳи дигар тул мекашад

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, шикояти ширкати мобилии Вавилон (Babilon) аз ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, ки ба баҳси судии ин ширкат бо Кумитаи андоз ба нафъи дуюмӣ нуқта гузоштааст, мавриди омӯзиш қарор дошта, баррасии он то ду моҳи дигар тӯл хоҳад кашид.

Ҷамшед Файзуллоев, раҳбари дастгоҳи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикисон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “Ҷамъияти саҳомии “Вавилон мобайл” ҷиҳати аз нав дида баромадани санадҳои судӣ ба Додгоҳи олии иқтисодӣ муроҷиат кардааст ва ҳоло парвандаи мазкур дар марҳалаи назоратӣ қарор дорад ва баррасии он то ду моҳ тул хоҳад кашид.”

Нофаҳмӣ миёни Кумитаи андоз ва ширкати мобилии “Вавилон” дар ҳоле ба миён омада, баҳси онҳо то зинаҳои додгоҳӣ кашида шуд, ки аввалӣ дуюмиро дар риоя накардани нархномаҳои таъинкардаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон муттаҳам ва 337 миллион сомонӣ қарздор намудааст. Ҳарчанд ахиран Додгоҳи иқтисодии Душанбе ин баҳсро ба манфиати Кумитаи андоз ҳал намуд, вале масъулини ширкати Вавилон ин ҳалномаро ноодилона хонда, аз болои он ба Додгоҳи олии иқтисодии кишвар шикоят бурданд.

Масъулини ширкати мазкур иддаои Кумитаи андоз дар мавриди риоя нашуданги нархномаҳои давлатиро комилан рад карда, мегӯянд, онҳо то кунун ҳар хидматрасониеро, ки ба муштариён пешкаш кардаанд, нархномаи он бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шудааст. Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати Вавилон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ширкат ҳамаи хизматрасониҳои асосӣ ва иловагии худро ҳамеша бо мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ роҳандозӣ намуда, дастраси муштариён гардонидааст. Мо ба суд ҳам нусхаи «Нақшаҳои тарофавӣ»-и бо мақомоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2010, 17 майи соли 2012, 12 апрели соли 2013 мувофиқашударо пешниҳод намудем. Хидматрасониҳои иловагии мо дар радифи хидматрасониҳои асосии «Выгодный», «Обичный», «Особый», «Активный, «Успешный», «Бизнесмен» тасдиқ шудаанд ва ҳар яке дорои хидматрсониҳои иловагии «Илова ва иваз кардани рақамҳои дӯстдошта» мебошанд. Хидматрасонии иловагии дигари мо «Мобипакетҳо» мебошанд, ки онҳо низ бо мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешкаши муштариён гардонида шудаанд. Мо ба суд инчунин таҳлилҳои хаттиеро низ пешниҳод кардем, ки аз рӯи санадҳои муҳосибию молиявӣ ҳолати воқеии хароҷоти дар давраҳои баҳсӣ масрафкарда, инчунин даромади дар давраҳои баҳсӣ гирифташуда, маблағи андозҳои мустақим ва ғайримустақими ба буҷет пардохтаи ширкатро дар бар мегирад. Дар пешниҳодҳои худ мо ҳаматарафа собит кардем, ки хизматрасониҳои асосӣ ва иловагӣ ҳама бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шуда, онҳо ба муштарӣ пулакӣ пешниҳод шудаанд ва аз онҳо даромад гирифта шуда, супоридани андоз низ таъмин карда шудааст.”

Ҷаноби Ҷумъаев низ илова намуд, ки ҳалли баҳси онҳо бо Кумитаи андоз ба нафъи дуюмӣ ва додани ҳақ барои дастрасии кумита ба суратҳисобҳои онҳо дар ҳолест, ки бо дархости онҳо додгоҳ ду корманди Хадамоти зиддиинҳисориро низ ҳангоми баррасӣ парванда даъват карда, аз онҳо посух гирифтааст, ки воқеан ҳам Вавилон тамоми хидматрасониҳояшро танҳо баъди мувофиқа бо Хадамот манзури муштариён гардонидааст: “Ҳайратовар он аст, ки агар чӣ суд намояндагони Хадамоти зиддинҳисориро пурсида бошад ҳам, аммо дар ин бора дар қисми баёнии ҳалнома маълумотеро зикр накардааст ва дар қисми асоснокунии ҳалнома бошад, ба нишондоди намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ баҳои ҳуқуқӣ надодааст. Асоси ҳуқуқӣ ва мантиқии ба инобат нагирифтан ва рад кардани нишондоди онҳоро, ки иртиботи бевосита ва пайваста бо ҳолатҳои ба парванда аҳамиятдоштаро доранд, дар санади судӣ наовардааст. Агар ширкат хидматрасониҳои мавҷударо бемувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва ройгон ба муштариён пешниҳод мекард, чигуна метавонист аз ҳамаи хидматрасониҳои давраҳои баҳсӣ, яъне, солҳои 2011, 2012 ва 2013, ки мақомоти андоз онро ройгон меноманд, даромад ба даст оварда, дар маҷмўъ 406 миллиону 923 ҳазору 419 сомонию 93 дирам андоз супорад?”

Ба гуфтаи сухангӯи ширкати Вавилон, бори охир хидматрасониҳо ва тарофаҳои ин ширкат аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисорӣ охирҳои моҳи апрели соли 2014 мавриди санҷиш қароргирифта буданд: “Рӯзи 28-уми апрели соли 2014 аз тарафи се нафар сармутахассисони соҳибтаҷрибаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳама тарофаҳои ширкат, мавриди санҷиш қарор гирифта, дар асоси он «Санади санҷишӣ» тартиб дода шуд. Дар қисми хулосавии «Санади санҷишӣ»-и тартибдодаи масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфта мешавад: «Аз ҷониби ҶСП «Вавилон-Мобайл» ҳангоми иҷрои кору хидматрасонӣ дар соҳаи хидматрасонии алоқаи барқӣ талаботи қоунунгузории Ҷумҳурии Тоҷикитон рақобат ва маҳдудкунии инҳисорӣ дар бозорҳои мол, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва реклама риоя гардидааст». Пас чи гуна метавон хулосаи як Хадамоти масъули давлатиро зери суол бурд, ки ҳама тарофаҳо бо он мувофиқа шуда, бо нархҳои муайян пешкаши муштариён гардонида шудааст?”

Мусоҳиби мо дар мавриди он ки дар сурати риоя шудани тамоми нархномаҳои давлатӣ аз сӯи Вавилон масъулини Кумитаи андоз бо чӣ далел ин ширкатро ҳудуди 340 миллион сомонӣ қарздор кардааст, мегӯяд, худи онҳо низ намедонанд, ин қарз аз куҷо омадааст. Ҷумъаев мегӯяд, иддаои беш аз 300 миллионии Кумитаи андоз дар ҳолест, ки дар “Санади санҷишӣ”-и ин ниҳод хатоҳои зиёди “барқасдона” ва ҷиддӣ ба назар расида, даромади умумии ширкатро дар соли 2011 «4 миллиарду 232 миллиону 789 ҳазору 393 сомонӣ», баробар ба нисфи ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2011 нишон дода шудааст: “Мо намедонем, ки ин рақамҳо аз куҷо гирифта шудаанд. Вале дар «Санади санҷишӣ» -и мақомоти андоз ғалатҳои зиёди ҷиддии арифметики ҳисоб кардани манбаи андозбандии андозҳои овардашуда, хироҷи иҷозатномавӣ ва бар илова ҳисоб кардани андозҳоро мо ошкор кардем, ки аз куҷо гирифта шудаанд, касе намедонад ва ба назар чунин менамояд, ки чунин иштибоҳҳоро тафтишгарон махсус барои зиёд намудани манбаи андозбандӣ содир кардаанд. Масалан дар саҳифаи 11 «Санади санҷишӣ»-и Кумитаи андоз даромади умумии ширкат дар соли 2011 «4 миллиарду 232 миллиону 789 ҳазору 393 сомонӣ» нишондода шудааст, ки ин баробар ба нисфи ҳаҷми умумии Буҷети давлатии ҶумҳурииТоҷикистон барои соли 2011 мебошад. Ин магар боваркарданӣ аст? Чунин ғалатҳои барқасдона кам нестанд, ки ба назари мо масъулин махсус бо чунин роҳ манбаи андозбандиро афзун намуда, андозбандиро зиёд кардаанд ва мометавонем дар оянда ҳар яке аз онҳоро дар алоҳидагӣ ба матбуот пешкаш гардонем. Ҳол он ки дар соли 2011 даромади ширкат ҳамагӣ 423 миллиону 789 ҳазору 391 сомонию 64 дирамро ташкил медод. Дар ин ҳолат, масъулини мақомоти андоз, даромади ҷамъиятро ба маблағи 3 миллиарду 809 миллион сомонӣ зиёд нишон додаанд ва аз ҳамин ҳисоб андозҳои гуногунро дар солҳои 2011, 2012 ва 2013 барзиёд ҳисоб карда, ширкатро зиёда аз 340 миллион сомонӣ қарздор намудаанд. Чунин иштибоҳҳои ба назари мо ҳадафмандона кам нестанд ва анқариб дар тамоми саҳифаҳои «Санади санҷишӣ» ба чашм мерасанд, ки омӯзиши хеле ҷиддиро тақозо мекунад.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳарчанд зимни як нишасти хабарии ин ниҳод гуфта буданд, ки фаъолияти “Babilon-mobile” зери назорати қатъист ва то ҳол қонуншиканиеро аз ҷониби ин ширкат сабт накардаанд, вале ба суоли “Озодагон”, ки “оё боре дар марҳалаи баҳсӣ ҳолатҳои риоя нашудани нархномаҳои давлатӣ аз ҷониби ширкати Вавилонро ба қайд гирифтаанд?” ҳозир нашуданд дубора посух гӯянд. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, баҳси Кумитаи андоз ва ширкати Вавилон дар марҳалаҳои судӣ қарор дошта, онҳо ҳоло наметавонанд, дар ин бора чизе гӯянд.”

Раҳбари дастгоҳи Додгоҳи олии иқтисодӣ эҳсоси таъсирӣ берунӣ ба баррасии ин парвандаро рад карда, ба баррасии одилонаи он таъкид менамояд: ”Аслан парванда аз сӯи як судя баррасӣ мешавад ва вақте яке аз ҷонибҳои баҳс норозӣ бошад, дар сурати даъво ин бор аз сӯи колегияи судӣ, яъне се судя баррасӣ мешавад ва ман шахсан ҳамчун раҳбари дастгоҳ боварӣ надорам, ягон таъсиррасонӣ аз берун бошад ва хабарҳо дар бораи он ки аз берун ба мо “амр”-е барои муфлискунии ин ширкат омада бошад, комилан рад мекунам ва онҳо беасос мебошанд.”

Ин баҳси додгоҳии кумитаи андоз бо ширвати Вавилон дар ҳолест, ки қаблан, ин ниҳоди давлатии кишвар бо ширкатҳои мобилии "Билайн" ва "Мегафон" низ баҳсҳои додгоҳӣ дошт ва ниҳоят Додгоҳи олии иқтисодии кишвар баҳсро ба фоидаи ин ду ширкат ҳал кард.
Мӯҳр
Собирон аз сабр ёфтаанд. Кани сабр кунем бинем чи мешавад.Ба фикри ман данр ин бахс хеч гуна супорише мавчуд нест,вале хадаф хатман хаст. Хадаф пур намудани буча. Кумитаи андоз аз ширкати Мегафон 20 миллион ва аз Биллайн 5 миллион сомони руёнида ба буча андози иловаги ворид намуд. Агар 50 миллиони дигар аз Вавилон руёнад, хам карзи Талко руёнида мешаваду хам чанд карзи дигар, ки гирифтанаш гайриимкон аст.
Ин мисли шиорест, ки "марав ба суи он ки чизе намедихад, ба хамоне руй овар ки аз у имконияти руёнидани чизе мавчуд бошад". Агар алъон Кумитаи андоз Талко ва ё Барки точикро ба суд кашад хам аз онхо чизе руёнида наметавонад. Бинобар ин ба Вавилон руй овард. Агар аккалан 50 миллион аз ин ширкат руёнад, тибки конун 50 дар сади он ба бучаи худи Кумита ворид мешавад. Ин магар бад аст?

ИКТИСОДЧИ
Аз сухангӯи ширкати Вавилон-мобайл Холиқназар Ҷумъаев бармеояд ,ки ширкат бегунохии худро бо тамоми факту далел исбот намудааст ва дигар чои шубха намондааст.Аз Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон хохишмандем нагузоранд ширкат муфлис гардад.Дар холати баръакс аз МАСЪУЛИН дар навбати аввал:
1) Рухияи ХАМА мегардад ва охи мазлум окибат …
2) Чанд хазор кормандро на Нусратулло Давлатов бо кор таъмин карда метавонад ва на дигару дигар.
3) Гови ширдех ,ки аз байн рафт - говчуш ширро аз кучо пайдо мекунад?Гуфтаниям говчуши низ муфлис мегардад.
4) Яъне Бехзод Файзуллоев нагзтар медонад ,ки бо кадом рох ин гов шири нагз медихад.Чунки банда мутахассиси ин соха мебошад ва ин говро хануз аз гусолагияш калон кардааст.Танхо чунин чавонмард метавонад бо як гов чанд хазор кудаки ширмакро шир дихад.
5) Бехзод Файзуллоев фарзанди обуруманди кишвар шодравон Хабибулло Файзулло мебошад- инро бояд кадр намуд.Аз тарафи дигар махз хамин ширкат буд,ки бо технологияи АСР-и 21 бо хизматрасонихои худ пеш аз чандин давлатхои хамсоя Точикистонро дар арсаи байналмилали муарифи намуд.
6) Фикр мекунам Кумитаи андоз хануз хам андозбандиро бо чунин ширкатхои замонави дуруст ба рох монданашро сарфахм нарафтааст.Ин ширкат ифтихори замонавии ватани дар асри 21 ба хисоб меравад ва набояд онро сарнагун сохт.Агар муносибати давлатдори бо дигар давлатхое,ки шахрвандони онхо дар ватани мо ширкатхои мобили ташкил намуда фаъолият доранд ВАЙРОН гардад, пас мо ба ки такя ва эътимод гирем?
7) Бо гузашти вакт ТАЪРИХ нисбати ин масъала аз нигохи худ шохиди медихад.
Ба як гунох дустро натавон фурухт ,
Бахри Кайке гилем натавон сухт.

Ман хонандаи мактабам Падарам гарчаанде маълумоти оли доштанд, вале дар Точикистон чой кори доми ёфта натавонистанд Бинобар ин, ба Россия ба мухочирати мехнати рафтанд. Дар онмамлакат мамлакат чой кор ёфта натавонистанд, рости таи ин вакт дигар хафт аъзои оилаи мо, ки хамаги ё донишшчу ва мактабхон будему модарам хонанишин азоб мекашидем. Хатто охир моххо, пуле надоштем, ки хакки стифодаи барку обро супорем. Бинобир пардохта натавонистани хакки истифодаи неруи барк аз истифодаи барк дар зимистон махрум шудем ЫАкте падарам бо ТОчикистон баргашта, ба Вавилон кор даромаданд

Ман, хонандаи мактаби тахсилоти хамагони мебошам. Падарам, гарчанде, чанд маълумоти оли дошта бошанд хам, вале дар кишвар кореро пайдо карда натавонистанд, ки мо хафт нафар аъзои оиларо хурондаву пушонида тавонад, дар шахри Душанбе. Бинобар ин, чихати пайдо кардани кути лоямуте баорои мо аъзои оила ба РОссия, хамчун мухочири мехнати рафтанд. ТО чойи кор пайдо кардан, имкони ба мо маблаг фиристодан надоштанд. Дар оилаи мо холат ба саьтхе расид, ки дигар дар охири мох имкони пардохти хакки истифодаи неруи барк ва хакки истифодаи обро надоштем. Ин боис шуд, ки хатто дар мохи зимистон, моро аз истифодаи барк махрум карданд. Баъди як соли мухочири мехнати, падарам аз мухочирати мехнати баргашта, аз руи ихтисос дар Вавилон чойи кори доими пайдо карданд.

Музди мехнате мегиранд, ки дигар мо имкони пардохти хакки истифодаи неруи барк ва обро дорем ва дар сатхи миёна бо воситахои лозимии рузгор низ таъминем. Дар рухсораи падару модарам, хушнуди хувайдост, ки мо фарзандонро хушхол мекунад. Вале, аз рузе, ки бахс байни макомоти андоз ва Вавилон ба миён омад. Падарамро парешон хол мебинам ва дар сухбатхои хоса ба модарам мегуянд: "Нав имкони то хадди конеъ кардани талаботи фарзандонро пайдо кардам. Агар ширкат аз фаъолият бозмонад, такдири ману фарзандонам, чи мешавад? Аз кучо чойи кор меёбам.Охир, ду бора аз фарзандонам, ки ба воя расидаанду ниёз ба мухаббату тарбияи фарзанд доранд, чудо шудан намехохам. Россия худаш вазъи хуб надорад, зеро ба тахрим дучор аст"

Бинобар ин, ба Президенти Чумхурии ТОчикистон, Эмомали Рахмон, мурочиат карда, хохишмандам, бо хотири пойдории оилахои солим, ба мислли ман хазорхо нафар чавондухтарону чавонписароне, ки падару модару хохару бародаронашон дар Вавилон кор карда, барои мо шароит мухаё мекунанд, барои халли ин бахс, ки Кумитаи андоз мехохад,ба хар бахона ба манфиати худ хал карда, парвое ману хамсолони моро надорад, мусоидат кунед. Охир, Чаноби Оли, Шумо соли 2015-ро соли "Оила" эълон кардед. Худатон медонед, он олила оилаи солим мебошад, ки аз лихози модди то хадде таъмин бошад, дар оила падару модар хамрохи фарзандон бошанду онхоро тарбия кунанд.

Агар, падар солхо дар мухочирати мехнати бошад, ба хеч вакт ба фарзандон таъсир расонида наметавонад Зеро тарбия кори якруза ва як соата нест.
Бинобар ин, аз номи фарзандон хохишмандам, ба хотири мо, ки шумо Чаноби ОЛи "ояндаи Точикистон" медонед, барои халли ин бахс, ба Кумитаи андоз супориш дихед,то ба кори Суди Олии иктисоди, аз номи Шумо ва дигар масъулини Дастгохатон дахолат накунанд в имкорн диханд, ки Суд ба ин масъала карори асоснок кабул намояд.
Чаноби Оли! Танхо ба Шумо бовар дорем, ки метавонед ба ин бахси "сузанда", хотима гузоред.

Оид ба ин бахс наметавон ба инобат гирифт, ки дар натичаи ба бухрони иктисоди гирифтор шудан, як ккисми мухочирони ичбории мехнатии Точикистонро макомоти Руси ба таври мачбури аз ин кишвар меронанд ва кисми дигарашон бошад бо сабаби пайдо карда натавонистани чойи кори шоиста Россияро тарк намуда ба Точикистон бармегарданд.
Нусратулло Давлатзода! Худатон, казоват намоед. Агар аз Россия аз 10 то 15 фоизи мухочирони мехнати баргарданду боз дар натичаи "тадбирхои андешида"-и шумо ба онхо шумораи нафарони аз кор махрум шудаи Вавилон хамрох шаванд, барои кишвар, кадом окибатхои ногуворро ба бор оварад.

Медонам, шумо хохад гуфт, ки "мо вазтфаамон"-ро ичро мекунем. Тазаккур медихам, кишвар имкони дар як мухлати кутох ба чои кори доими таъмин кардани мухочирони ичбории мехнатии аз Россия баршаштаро надорад. Ин омил, метавонад ба афзоиши чинояткори, алалхусус дузди молу амвол, горатгари , кунд кардани пешрафти иктисодиёт ва ба таври манфи тагйирёфтани вазъи ичтои оварда расонад. Бинобар ин,дар мавриди тасмим гирифтан бо ин бахс, хамаи пахлухои масъаларо бо назардошти вазъи байналмилали ва дохилии кишвар ба инобат гирифта, ба хотири худсафедкуни, ба Рохбари кишвар, ахбори тахрифшударо пешнихд накунед!

Дар чунин шароити бухрони барои Кумита ахам пул даркор аст. Агар Кумита муваффак шуда, 340 миллион аз Вавилон руёнад, тибки конун дар бораи буча 50 дар сади ин маблаг, яъне 170 миллион ба суратхисоби махсуси Кумита барои хавасманд гардонидани коргарон гузаронида мешавад. Пас чаро онхо хавасманд нашаванд. Ин кадар маблаги бедарди миёнро Кумита аз кучо меёбад? Пас чаро дар руёнидани ин пул Кумита хавасманд набошад?

Саломат
Муниса, Агар гуфтахои ту рост бошанд ва тибки конун 50 фоизи маблагхои руёнидашуда ба суратхисоби Кумитаи андоз ворид шавад, пас бояд хеле кушиш кунанд. Вокеан ин маблаги бедарди миёнро ки ба онхо медихад. Ман хам ба чойи онхо мешудам хеле кушиш мекардам, ки ин маблагро бо чи рохе набошад бо бахонаи буча ба даст орам. Ман нав фахмидам чаро ин кадар тафтишгарони Кумитаи андоз кушиш мекунанд, ки сохибкоронро чаримабанди кунанд. Онхо аз ин хеле манфиат мегириаанд. 50 ба 50 бо давлат. Бехтарин. Дар ягон давлати дунё чунин конун бошад?

Тибки супориши Чаноби Оли дигар хар парвандае, ки дар додгох тасдики худро наёбад, тафтишгарон чазо дода мешаванд. Бинобар ин Кумитаи андоз тамоми василахоро истифода мебарад то ширкатро мучрим эълон карда, маблагхои заруриро хам ба фоидаи буча ва хам ба фоидаи суратхисоби Кумитаи андоз ситонад.

Мансабдорони мухтарам! Барои кайк шуда пустинрр насузед.

sharif
Наход,ки ягон макомот оиди гайриконуни будан ё набудани руёнидан ва чарима кардани Кумитаи андозро натавонад санчид ва дар холати конун вайрон куни худи онхоро ба чавобгари кашид?

sharif
Сайти Кумитаи андоз хабар медихад,ки гуё Кумитаи номбурда барои гузарондани санчиши такрори соли 2013 ба ширкати номбурда омада бошанду ширкат онхоро хатто ба дохил рох надода бошад ва онхо санчишро мавкуф гузоштаанд. Бо чунин пахши хабархо Шумо кормандони кумита хатто кудаконро ба ханда меоред агар чунин харакатхоро ширкати номбурда ба амал меовард шумо хамон вакт нисбати онхо чорахои конуни меандешидед.пеш аз хабар чоп кардан андешидан даркор.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)