Бахшҳо

Маркази исломии Тоҷикистон ба Оятуллоҳ: Ба умеди кайк пӯстинро оташ назанед

Масъулини Донишкадаи исломӣ ва Раёсати Маркази исломии Тоҷикистон бо пахши изҳоротҳои ҷудогона ба паёми Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, аз марҷаъҳои тақлид дар Эрон, ки аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар хоста буд, аз мақомот бихоҳад, “мардумро ба ҳоли худашон гузоранд”, посух гуфтаанд.

Дар изҳороти ягона донишкадаи исломии Тоҷикистон таъкид шудааст, “дар ин кишвар ҳаргиз ҳиҷоби зане аз сараш кашида нашудааст ва ҳаргиз нисбати ҳеҷ шахси диндор ба хотири диндориаш беэҳтиромӣ нашудааст. Зеро Сарқонуни ин мамлакат озодии пайравӣ ба динро ҳаққи ҳар шаҳраванди ин диёр медонад. Ҳатто пайравони дину мазҳабҳои дигар ҳам дар ин кишвар тибқи қонун озодона фаъолият доранд”.

Масъулини ин донишгоҳ хабарҳои бархе аз расонаҳои хориҷӣ дар бораи фазои динии Тоҷикистонро беасос хонда гуфтаанд, “масъалаи суханони президенти кишвар дар мавриди пӯшиши ғайримутаорафи бархе аз занон ба хотири пешгирӣ намудани таҳоҷуми фарҳангӣ-эътиқодии баъзе гуруҳҳои ифротӣ сурат гирифта аст. Гуруҳҳое, ки бо зоҳирҳои фиребанда дини муқаддаси Ислом ва мардуми мусулмонро дар маърази туҳмат ба ифротгароиву террористӣ қарор медиҳанд”.

Ба гуфтаи онҳо, ҳар гоҳ давлат хатареро ба шаҳрвандони худ аз ҷонибе эҳсос кунад, барои ҳимояи онҳо аз роҳҳое истифода хоҳад кард, ки Сарқонун ба он иҷоза додааст. Дар изҳорот аз бетараф набудани Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ нисбат ба тақдири ҳамзабонанаш ибрози миннатдорӣ шуда, таъкид гардидааст, паёми ӯ дар асоси хабарҳои бардурӯғ сурат гирифта. Масъулини донишкада гуфтаанд, Шерозӣ дар ҳоле ба Эмомалӣ Раҳмон чунин паём фиристод, ки бо дастури ӯ дар Тоҷикистон китоби Қуръон тарҷума шуда, рӯзҳои иди мусулмонӣ истироҳат ва дари чаҳор ҳазор масҷид боз аст: “Лозим аст вазъияти воқеии фазои андешаи динии Тоҷикистонро ба шумо ба таври кӯтоҳ шарҳ диҳем. Давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хатти кирилӣ тарҷума шуда, дар дастраси мардуми мусулмони кишвар қарор дода шуд. Аз ҷумла тарҷумаи Қуръони карим ба теъдоди хеле зиёд таҳия шуда, ба таври ройгон пешкаши мардуми мусулмони Тоҷикистон карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбари Созмони Милали Муттаҳид оид ба покии дини муқаддаси Ислом баромад намуда, нисбат додани терроризм ва экстремизм ба ин дини муқаддасро бо қотеият рад намудааст. Дар ин кишвар зиёда аз чор ҳазор масҷид озодона фаъолият дорад ва Донишкадаи исломӣ ва гимназияи исломӣ зери ҳимояти бевоситаи Давлат мебошад. Рӯзҳои идҳои исломӣ дар ин кишвари мусулмоннишин таътили расмӣ аст ва Сардори давлат шахсан аз тариқи телевизион ин идҳоро ба мардум табрик мегӯяд. Дар оғози моҳи мубораки Рамазон ҳамасола Роҳбари давлат ба мардум муроҷиат намуда, бар асоси Қуръону суннат рафтор намуданро хостор мешавад”.

Инчунин, дар изҳорот аз баргузории Озмуни ҳифзи Қуръони карим дар Тоҷикистон ёдоварӣ шуда, таъкид гардидааст, масъалаи ҳимоят аз ҳуқуқи маҳрумону ятимон дар барномаи давлати Тоҷикистон аз ҷойгоҳи муҳиме бархӯрдор буда, шахси раиси ҷумҳур бо такя ба таълимоти дини муқаддаси Ислом ба ин масъала таъкид меварзад.

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бошад, дар изҳороти худ гуфта, паёми Оятулло Макорими Шерозӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар асоси хабарҳои муғризона садо додааст. Дар он аз руҳонии эронӣ хоста мешавад, “ба умеди кайк пустинро оташ назанад”.

Масъулини ниҳоди таҳти раҳбарии Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон гуфтаанд, ин марҷаи тақлиди Эрон хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон барои диндорон дар Тоҷикистонро нодида гирифта, такя ба манбаҳои муғризонаи баъзе васоити ахбор кардаааст.

Онҳо таъкид кардаанд, “ба ҳамаи мардуми олам ба хусус мардуми сарбаланди тоҷик маълум аст, ки Президент баъди ба болои кор омаданаш дар шароити бисёр ҳассос ва хатарнок аз худ гузаштагӣ нишон дода, барои сарҷамъ кардани миллат заҳматҳои зиёд кашидааст”.

Дар изҳороти Маркази исломии Тоҷикистон низ аз фаъолияти 4 ҳазор масҷиду донишкада ва гимназияи исломӣ дар Тоҷикистон ёдоварӣ шуда, таъкид шудааст, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу субот ва баланд бардоштани маърифати динии мардум бо кӯмаки Парвардигор роҳҳои ҳалли онро фароҳам сохтааст: “Илова бар ин тамоми мусулмонони олам огаҳӣ доранд, ки нахустин бор дар олами Ислом аз тарафи Сарвари тоҷикон бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам ҷашн гирифта шуд, инчунин тамоми асарҳои Имоми аъзам ва мазҳаби ҳанафӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, имрӯз дастрасӣ ҳар як соҳибмазҳаб мебошад”.

Дар охир аз Оятулло Шерозӣ тақозо шудааст, ки ба ҳар ахбори бе асос такя нанамояд ва ба тавре мегӯянд, “ба умеди кайк пустинро оташ назанед: Зеро як сухани ноҷо метавонад, дӯстро душман гардонад. Чи хеле ки Худованд дар Қуръони азимушаъни худ мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед! Агар фосиқе бароятон хабаре овард (нисбат ба сиҳати хабар), таҳқиқ кунед, то мабодо аз рӯи нодонӣ қавмеро осеб бирасонед ва (баъд) аз он чӣ кардаед, пушаймон шавед”. (Ҳуҷурот, ояти 6). То ба имрӯз ягон хоҳари тоҷик оиди кашидани рӯсарии ӯ аз ҷониби ягон мақомотҳо ба Маркази исломӣ муроҷиат накардааст”.

Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ахиран дар масҷиди аъзами Қум аз Эмомалӣ Раҳмон хост, ба мақомоти Тоҷикистон дастур диҳад, то “мардумро ба ҳоли худашон гузоранд”. Шерозӣ гуфта буд, “дар ахбор матолибе мунташир шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон матлаби тунде дар бораи ҳиҷоб гуфта ва дар пайи он дар кӯча ва хиёбон чодар аз сари занон кашидаанд. Мо паёми дӯстонае ба раисиҷумҳур дорем. Мо ин корро дар замони Ризохон таҷруба кардем, вале мардум таслим нашуд. Ин масъала боис мешавад, ки байни давлат ва миллати Тоҷикистон ихтилоф биафтад ва дар ин шароити ҳассос сазовор нест”.
Мӯҳр
Хохари Умар (р)
Аз Худо битарсед ДИТ дуруг гап мезанед чаро лаганбардори мекунед фикр мекунед мардум куранду намебинанд а? Хайфи исломи буданатон аз шогирдони таёрмекардагиатон буи умед нест ба онхо дифоъ аз Исломро ёд дихед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)