Бахшҳо

Фалсафаи як занг: Президент идора мекунад ё “писар”-и Президент?

Иршод Сулаймонӣ

Баъди расонаӣ шудани қаллобии Хушдил Қурбонов, хонандаи мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе дар ҳафтаи гузашта аз ҷониби Оҷонсии мубориза алайҳи фасод, ки худро писари хурдии Президенти Тоҷикистон Сомони Эмомалӣ муаррифӣ кардаву ба мансабдорони сатҳҳои гуногун занг зада дастур медодааст, ҳамин суол ба зеҳнам омад: Тоҷикистонро кӣ идора мекунад: президент ё “писар”-и президент? Дар пайи ин рӯзи дигар, ВКД аз боздошти Умедҷон Абдураҳмонови 16-сола хабар дод, ки худро ёвари Азим Иброҳим, муовини аввали сарвазир, корманди Суди Олӣ, ҷияни Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва писари сафир муаррифӣ карда, ба масъулин супоришҳо медодааст. Як чиз дақиқ аст, ки садҳои чунин “писару ёвару ҷияну хусурбача”-ҳо аз чашми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дур мондаанд.

Ба суоли сарлавҳа ҳар кадоми мо бояд посух дошта бошем. Аз роҳбарони сатҳи аввал то мансабдорони зинаҳои поёнӣ ва дигар коршиносону фаъолони ҷомеи шаҳрвандӣ. Яъне дар Тоҷикистон ба мансабдорон президент ҳақ дорад супориш бидиҳад ё писари президент? Фикр мекунам мансабдорон ҳама медонанд, ки кӣ ҳақ дорад ба онҳо супориш бидиҳад. Ҳатто медонанд, ки Президент ҳақ надорад супориши ғайриқонунӣ бидиҳад, вале чаро супориши “писар”-и президент ва “ёвари муовини сарвазир” ва “ҷияни Шукурҷон Зуҳуров”-ро иҷро мекунанд?

Мансабдороне, ки аз “писар”-и президент ва “ёвари муовини сарвазир”-у “корманди Суди Олӣ” ва “ҷияни Шукурҷон Зуҳуров” “дастуру ҳидоятҳо” гирифта, онҳоро иҷро карда, боз ба онҳо занг зада, ки мо иҷро кардем.

Ба вуҷуд омадани чунин падидаҳо аз хосиятҳои ҷомеаи Тоҷикистон ва хусусан “боду ҳаво”-и ҷомеаи мансабдорӣ қисса мекунад. Инҷо баҳси волоияти қонун ва “фалсафаи як занг” ба вуҷуд меояд. Фикр мекунам дар баробари нафароне, ки ба қаллобӣ мутаҳҳам мешаванд, ҳамчунин бояд мансабдороне низ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, ки қонунро қурбони “фалсафаи як занг” кардаанд.

Ин падидҳао нишон медиҳад, ки то куҷо Тоҷикистон ба як кишваре табдил шудааст, ки “як занг” метавонад ҳама чиро ҳал бикунад. Як занг дар Тоҷикистон фаъолияти тамоми парлумонро зери савол мебарад, ки Шумо 5 сол қонун эҷод мекунед, вале мансабдорон онҳоро ба эътибор намегиранд, агар ба онҳо занге зада бошанд.

Ноболиғе, ки худро писари Президент эълон кардааст, ба қавли баъзе манобеъи мо фарзанди яке аз хонаводаҳои бонуфуз ва сарватманд дар Тоҷикистон буда, бо Сомони Эмомалӣ дар Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе шарикдарс будааст. Чун дар Тоҷикистони муосир на ҳама метавонад дар ин мактаб таҳсил кунанд, зеро маблағи солонаи ҳаққи таҳсил дар ин мактаб 7 ҳазор долар буда, ҳаққи таҳсили гуруҳҳои омодагӣ 3,5 ҳазор доллар мебошад.

Ҳоло инҳо мавридҳои қаллобие мебошанд, ки ошкор шудаанд, дар ҳақиқат садҳо ҳолате вуҷуд дорад, ки бо як занг хоҳарзодаву бародарзодаву писару келину хушдоману хусурбачаи мансабдорони сатҳи аввал чӣ гуна бар болои ҚОНУН по мегузоранд. Мансабдорон ҚОНУНро аз зери пой натанҳо халос намекунанд, балки худ низ онро ба хотири нуфузу ҷойгоҳи шахси дигаре зери по мекунанд.

Инҷо як сухани президенти собиқи Гурҷистон ба хотир мерасад, ки ба суоли як хабарнигор посух гуфта буд: “Ман барои рафтан ба ИМА тамоми аснодро дорам. Ягона чизе, ки онҷо натавонистам бигирам, ҳуҷҷати ронандагӣ аст. Зеро ман надоштам ин санадро. Дар Гурҷистон мо қарор баровардем, ки ин ҳуҷҷат аз нав гирифта шавад ва барои ин имтиҳони дигарбора лозим буд. Ман ба имтиҳон нарафтам, зеро агар аз имтиҳон намегузаштам, тамоми Гурҷистон ба ман тамасхур мезад”. Хабарнигор суол мекунад, ки аз “имконоти маъмурӣ чӣ?” Саакашвилӣ посух дода буд: “Истифода накардам. Ман худам муҳите ба вуҷуд оварда будам, ки ҳама чиз қонунӣ бошад, барои ҳамин бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ мондам”.

Дар Тоҷикистон соҳибони “имконоти маъмурӣ” чӣ қадар ин имконоташонро бар пушти хамзадаи ҚОНУН бор мекунанд ва дар бештарини ҳолат ин бор ба ҳадде вазнин аст, ки сутунмуҳраи ҚОНУНро мешиканад.

Ҳоло ҷомеа ба ин суол посух меҷӯяд, ки агар худи Сомони Эмомалӣ ва дигар хешу табори шахсиятҳои идории сатҳи аввал ба мансабдорон як занг бизананд онҳо ба қонун итоат мекунанд ё ба занг?
Мӯҳр
Тахсили солона дар мактаби байналмиллали ''7000 доллар''?
Инчо магар Аморат, Катар ё Аврупо аст?
Музди миёнаи мардум 600- 800сомон асту, хаки тахсил як кудак '7000 доллар'?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)