Бахшҳо

Тасдиқи марги Назарзода ва Ҷунайдуллоҳ: Аз талаби халъи силоҳ то худкушии генерали фирорӣ

Мақомоти Тоҷикистон кушта шудани генерал Абдуҳалим Назарзода ва полковник Ҷунайдуллоҳ Умаровро дар Ромит тасдиқ карданд. Тавре манбаи муътамади “Озодагон” иттилоъ дод, наздикони Назарзода низ дар раванди шиносоии ҷасади генерали фирорь иштирок кардаанд.

Тасдиқи марги Назарзода ё "Ҳоҷӣ Ҳалим" дар ҳолест, ки дар бораи шеваи маҳви ӯ хабарҳои зиддунақиз нашр мешаванд. “Риа Новости” аз қавли як низомии гуруҳи “Алфа”, ки гӯиё дар безараргардонии "Ҳоҷӣ Ҳалим" иштирок доштааст, навишт: “Низомиёни “Алфа” шоми 15 сентябр ба гуруҳҳо тақсим шуда, ҷойи эҳтимолии Ҳоҷӣ Ҳалимро аз назар мегузаронданд. Ман бо шарикам ногаҳон ду нафар бо либоси низомиро дидем, ки бо таппончаи Макаров мусаллаҳ буданд ва талаб карданд, ки силоҳро гузорем. Аммо мо тавонистем аз автомат сӯяшон тирҳоямонро холӣ кунем, ки дар натиҷа ҳар дуяшон аз по афтиданд. Вақте наздик шудем ҳар дуяшонро мурда дарёфтем. Онҳоро шинохтем, ки Ҳоҷӣ Ҳалим ва Ҷунайдуллоҳ Умаров буданд”.

Аммо “ТоҷНюз” аз қавли сокинони маҳаллӣ хабар дод, ки "Ҳоҷӣ Ҳалим" бо гуруҳаш дар наздикии рустои Гускефи дараи Ромит дар муҳосира монда, худро парондаст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо нашри як гузориш гуфтанд, баъди бенатиҷа анҷом ёфтани талоши мақомот барои таслимшавӣ, "зимни оташи ҷавобӣ, саркардагони гурӯҳи террористӣ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, Эшони Ҷунайд Умаров ва 10 нафар ҳаммаслакони онҳо нест карда шуданд. Теъдоди зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид".


Инчунин гуфта мешавад, дар амалиёт алайҳи гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" рӯзҳои 15 ва 16 сентябр 4 корманди мақомоти низомӣ, аз ҷумла полковник Рустам Амакиев, фармондеҳи гуруҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ кушта шудааст.
Мӯҳр
Худашонро куштан ё кушта шудани ин хоинон аз тарафи сохторхои кудрати барои мардуми буми як мантик дорад. Мухимаш ин ки ин гурух дигар нест ва дигар зиндагии осоиштаи мардуми Точикистонро халалдор намесозанд

Ин хоинон оташе, ки худ афрухта буданд, окибат дар он худ сухтанд. Хас каму чахон пок.

АЗ КУШТА ШУДАНИ ИН ГУРУХИ ЧИНОЯТКОР ХАФА НЕСТЕМ. АФСУСИ ОН БАРОДАРОНЕ, КИ АЗ ТИРИ ИН НОХАЛАФОН ИН ДУНЁРО ПАДРУД ГУФТААНД.

ОЗОДАГОН ХОХИШ МЕКУНЕМ, КИ САБТИ ВИДЕОИИ АМАЛИЁТИ СОХТОРХОИ КУДРАТИРО ДАР САХИФА ЧОЙ КУН. ТО МАРДУМ АЗ АМАЛИЁТИ ГУЗАРОНИДАШУДА ХУБТАР ОГОХ ШАВАНД

АДОЛАТХОХ
Рахмат ба кормандони "Алфа"-и КДАМ ки миллати моро аз разилони бадхох тоза карданднд. Дар охир ба хамаи шахидоне, ки озодии мову шуморо таъмин намудаанд, аз даргохи Худованд талаби онро менамоем, ки чояшон чааннат бошаду рухашонро шоистаи рахмат гардонад, ОМИН.

Фирдавс
Рухашон шод бод!

Рустамчон ака рухатон шод бод!!! Мо хама дуогуи туем, ки дар хонаи охират рухатон шод бошад. Номи неки шумо дар дили мо абади зиндаву човид мемонад

полковник Рустам Амакиев яке аз мардони содик ба Ватан, миллат буд, ки имруз номи уро хамаги ёд мекунанду ашки чашмон бари руз ва даруни калб мерезанд. Иншооллох чоят чаннат мегардад

Гуля
расмхои кушташудаи Хочи Халим ва Чунайдуллоро нишон медодед.

Сарбози катори,
ай номи ХАМА гап назан. таърих баъди чанд дахсолахо боз чархофалак мегардад, сарбоз!

Бехуда нагуфтаанд, ки харруз зи худ бипурс агар ту марди, ки имруз чи хизмате ба мардум карди. Ин гуфтахо барои чавонмардони ин миллат ки чони худро барои Ватан супориданд. Чояшон чаннат бошад

Зулфия
Бояд Точикистониёни мо хеч гох кахрамонии ин марди часур Рустам Акаеевро ки чони худро дарег надошт харомуш насозанд. Чунки чунин часурон зиёд буданд вале имруз кариб ки фаромуш шудаанд ойлахои онхо дар кадом холат умр ба сар мебаранд. Акалан дар чанозаи у бояд вазирони мо иштирок мекарданд чунки кадри чунин чавононро ки надони пас дигар шермардон дилмонда мешаванд.Чун мебинем ки вазирон дар кайфу сафо мардбачахо пеш пеши чанг.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)