Бахшҳо

Интиқоди ноиби раиси Бонки миллӣ аз тақлид ба либоси бегона

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз баргузории силсила мулоқотҳо бо кормандони ин ниҳод бо ҳадафи тарғиби сиёсати ҳукумат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтироми анъанаҳои миллӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Икромов, муовини раиси Бонки миллӣ давоми моҳи феврал бо кормандони зинаҳои гуногуни бонк мулоқот намуда, аз вазъи сиёсии ҷаҳон, вусъати низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ, авҷи ҷиноятҳои муташакили фаромарзӣ суҳбат намуда, аз ҳозирин даъват намудааст, "дар ҳифзи сулҳу суббот ва амнияти давлату миллат доимо масъулият эҳсос кунанд".

Дафтари матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, Сироҷиддин Икромов дар мулоқотҳо аз ҷумла таъкид кардааст: “Оромиву осудагии ҳар кадоми мо аз оромиву ободии кишварамон вобастагӣ дорад. Баҳри расидан ба ин мақсад, ҳар як шаҳрванди кишварамонро зарур аст, ки дар масъалаҳои амнияти давлатӣ зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳанд. Дар робита ба ҳамин масъала, бояд кору пайкор ва масъулияти баланди худро ба тарбияи насли наврас, ҷомеа ва хусусан фарзандони худ равона созем. Имрӯзҳо ҳолатҳоеро дучор мешавем, ки насли наврас аз нодонӣ ба урфу одат ва либоспӯшиҳои мардуми бегона тақлиди кӯр-кӯрона мекунанд, ки ин амалҳо боиси норозигӣ дар ҷомеаи суннатӣ гаштааст. Тақлид ба анъанаҳои бегона, дурӣ ҷӯстан аз урфу одатҳои анъанавӣ барои давлату миллат пайомади нек нахоҳад дошт. Бинобар ин, ҳар кадоми моро зарур аст, фарзандони худро дар рӯҳияи ватандориву ватанхоҳӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба расму ойини миллии худ тарбия намоем”.

Ба иттилои манбаъ, оқои Икромов дар идома аз кормандони бонк даъват намуда, ки дар мавриди эҳтиром ва арҷ гузоштан ба пули миллӣ – сомонӣ дар миёни оммаи васеи мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд: “Пули миллӣ на танҳо воситаи муомилот, балки яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад. Эҳтиром ба пули миллӣ – эҳтиром гузоштан ба давлату миллат аст”.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, барои гузарондани чунин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни кормандон ба дигар бонкҳои тиҷоратӣ низ тавсия дода шудааст.


Дар акс: Сироҷиддин Икромов
Мӯҳр
ltflo
ту корт чия ба либос ё наукнад ихтисосат дизайни либос бд дар тақсими вазифа ба т бакр расид,

мухочир
мухтарам раис шумо хам бахамин дахолат накарда монда будед акнун трусикхои хозирахам кашида гиранд чунки ухам баназдики пайдо шуд чунки пештар дар даврахои мо трусикхои часпак набуданд

киёмат наздик шудааст , чи чавоб гуфта метонан инхо дар назди Аллох таъоло...

инҳо занонро ба либоспуши бараҳна ташвиқ мекунанд ба хотири инки шахсият ва ҳуияти онҳоро аз байн баранд

Бехруз
Дар Точикистон хама тарох шудааст! ВАЗИР, РАИС, МУАЛЛИМ, ПРОФЕССОР, ЖУРНАЛИСТ, МУЛЛО, хама......

Dustdorii vatanro faqat ba vositai fahmondadihi dar dili mardum shulavar kardan nametavoned janobon, kushish kuned ba khalq khidmat kuned, khushish kuned ba talaboti mardumi bechora bo yak chashm nazar andozed, kushish kuned "zabonu dilaton yak boshad". Imruz dar minbar sukhan digar hastu dar amal digar. Qonun faqat baroi bechoragon, ba ba nom "raison" dakhl nadorad. Vaqtatonro ba fahmondadihi behuda sarf nakuned!

Пррфессори кунч,коб
Икромуф бо рохбарии ма кори илмиеро тадкик мекунад, ки он ба мавзуи "Накши пордуми хар дар нишеби" бахшида шудааст. Дар он боби алохида доир ба накши либоси милли (домони кутох) дар устувории курби пули милли конунияти алокаманди ошкор шудааст. Насиб бошад шогирд мукофоти нобелиро ба даст меорад.

Лекин бародар Профессори кунчков чони гапро зади! Аз хамаи шарххо аз они ту писанд омад. Ин мавзуи гуфтагии шумо, яъне пордуми хар, бенихоят мввзуи мухими рузгор аст ва бояд муовин ин мавзуъро пурра пайгири намуда омузад.

Бонки Милли
Тоба-Тоба ин охири замон бошад мардхоям ба пушидани либоси занхо кор гирифта истодаанд. Чаноби Икромов бехтараш рафта дар барномаи Муди- Шабакаи аввал баромад мекардед хамрохи Дилафрузи Рахмат))))!

мехмо
Пррфессори кунч,коб,
Рахмат барои кори илми. Лекин ин шогирди Шумо аз ухдаи мавзуи ,, Пордуми хар дар нишеби " намебарояд. Ва аз бонк ронда мешавад. Мавзуи ,,Саг дар сафора"- ро супоред шояд аз ухдааш барояд.

Ba joi pesh harakat kunem va buhroni iktisodira pasi sar kunem gair az temai libos diga kor nadorem Chi.

Матин
Хуб мешуд бонкдории исломиро чори мекардед. Магар сухани Ленин АЗ йодатон рафт? Хама кори худашро кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)