Бахшҳо
19 май 2016 16:30Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ / Акс

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Гуруҳи 30 нафарии ҷавонон ва занҳое, ки иддао доштанд, наздиконашон дар исёни Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини собиқи вазири мудофиа кушта шудаанд, баъди зуҳри имрӯз 19 май бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо истирдоди Муҳиддин Кабирӣ ва дигар мухолифини ҳукумати Тоҷикистонро талаб карданд.

Дар ин гирдиҳамоӣ, ки аз соати 15:05 то 16:15 идома дошт, занҳову ҷавонон мегуфтанд, саркардаҳои исёни Ҳоҷӣ Ҳалим дар Аврупо паноҳ бурдаанд. Ба иддаои онҳо Иттиҳоди Аврупо хоинҳоеро, ки фарзандонашонро куштаанд, ҳимоят мекунад: “Бароед, ҷавоб диҳед. Хоинҳоро пуштибонӣ мекунед. Ба онҳо минбар медиҳед. Онҳо ҷанг мехоҳанд. Онҳо фарзандони моро куштаанд. Мо ҷанг намехоҳем, мо сулҳ мехоҳем. Як нафар барояд ҷавоби моро диҳад”.



Ин занҳо аз суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” ва ифшои номашон худдорӣ карданд. 10 зан бо либоси азодорӣ ҳушдор доданд, ки агар ба додашон нарасанд, ҳазорҳо занро назди дафтари Иттиҳоди Аврупо меоранд. 5 тан аз ин занҳо дар даст аксҳое доштанд, ки ба гуфтаашон аз дасти гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шудаанд. “Кабирию “Гуруҳи 24” хоинанд. Бояд онҳоро ба Тоҷикистон диҳанд, то дар назди қонун ҷавоб диҳанд”,-садо мезаданд онҳо.

Яке аз занҳои эътирозгар худро дар мобайни роҳи мошингузар ба замин партофт:



Тавре хабарнигори “Озодагон” гуфт, баъди қариб як соати ҳамоиш ягон намоянда аз Иттиҳоди Аврупо назди эътирозгарон набаромад. Ҷамъомадагон бо қатъи ҳамоиши имрӯза изҳор доштаанд, ки бо ҷалби ҷавонону занони бештар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо бармегарданд, то посухе дарёфт кунанд.

Аз ин пештар чандин бор гуруҳе аз ҷавонони тоҷик бо баргузории гирдиҳамоиҳо аз мақомоти Амрикою Аврупо маҳкумсозии Абдумалик Абдуллоҷонов, Додоҷони Атовулло ва Муҳиддин Кабириро талаб карда буданд. Ҷавонон аз Абдумаллик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазир ва номзад ба президентии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ - ҳизби мамнуъ дар Тоҷикистон ва Додоҷони Атовулло, раҳбари ҳаракати “Ватандор” –ро ҷинояткорҳое, хондаанд, ки дар кишварҳои Аврупою Амрико паноҳ ёфтанд.


Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)


Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
Тамошобин
Ин наворхоро тамошо карда ба хулоса омадам,ки спектакли таеркардашуда ба вокеият умуман монанди надорад. Тахиягар бисер хам бесавод будааст. Хатто кудакон тамошо карда аз ханда суст шуданд.

Правильно, ана хамихели эътирозхо даркор хастанд, чун ки агар ихели накуни фикри халка хеч касс намекунад, бовари дорам, ки пас аз ин чамъомад Кабирира ба давлат меоранд.

Агар зан хамин корро накунад, мард хеч вакт аз ухдаи ин корхо намебарояд, барои хамин занхоро хурмат кардан даркор аст.

Ба Инсон,
Мақсади мана хато фаҳмидед.
Ризқи ҳар бандаро Худованд худаш таъмин мекунад, хоҳ мусалмон, насоро ё будоӣ бошад.
Хитоби ман ба сӯи ҳукуматдорони Точикистон аст ки барои отчету ҳисобот шуда корҳоеро мекунанд ки барои худашон оқибати бад дорад. Агар ҳозир бонки ҷаҳонӣ ва мвф пул надиҳанд, се моҳ пас хеч кас гуфта наметавонад ки дар точикистон чи ҳодиса мешавад. Магар надида истодаӣ ки дар худи ҳамин Душанбе мардум ду-се моҳ шуд маошашонро нагирифта истодаанд?

Как я понял это пикет в целях возврата лидеров экстремистских и террористических группировок, правильное решение женщин, надеюсь что таким способом можно будет посадить на задницу любую международную организацию, чтобы рот свой не открывали и не защищали всяких Кабири или еще кого-то.

Ин ягон спектакль нест ин дар асл митинги хакики аст, манн доволниюм аз кори ин апашко, гап нест.

Бехтарин корай, эътироз да гап нест.

Баъзе нафаро шарм надошта танкид мекунанд. Пас маълум мешавад онхо худашон хоинанд ва аз онхо дар чамъият 5 дирам фоида нест, инчунин тарафдори хоинони миллат Кабирию гурухи 24 мебошанд.

Озодагон ягон гапи моро чоп намекунед гапои хуб менависам лекин чоп намекунед. Ман ин дафъа чунин менависам, ки гапи кудаки беакла бовар мекунам, лекин ягон чорабинихои Т.Ч. не. Точикистон аз камбизоати шоиру актёр шудааст. Ин занакои лаби обан ки хамааш дар ича спектакл кардестианд.

хандаовар
ин хамон женский баталон, факат тагири либос кардаст.

Эхх постановка суст . Антураж нест. Либосхо ким чихели мегуй хамаш комомолька бошанд. Акадан ягон режжисерро чалб мекардед.
Хоркаш,

tolib
Хатто спектакл хам бози карда наметавонанд хамин шахрдорхои мо!! кучо дидед руймоли калон бо куртаи беостин? Бовар кунед хандаи кас меояд! Режисёри ва басахнагузорандаи ин намоиш бо рассоми либос машварат накардаанд!! Хахха!

Ба Сафир Кабиров,
Во дворе 2016 года, а не 1937!
Ҳамаро бо щеткаи "хоин" "ватанфуруш" "бегонапараст" "террорист" рангубор накунед.
Маълум ки дар утоқи серсояи баъзе идора нишастаӣ... фабрикаи ҷавоб.

ш Душанбе
аз ин занхо .....боз шармандатар мешем....

Чими с Куляба
ин малумаст. ки мазхака аст. шарм бояд дошт, постановщики соз надоштен? режиссер. постановщик, наворбардор. шорех, оранжировщик, таррох, бо агар имичгарам медоштен бад хай мумкин буд, ки 0,001% бовар мекардем, афсус, охир малумаст хама.

Евросоюз
Рамкахои суратошон якхела, румолои сафед якхела баъд ягонташ азодорда монанд нест. Ачоибуш хаминаи, ки ягонташ сатр надорад. Ихели азодори точика ма якумбор мебинум. Э бовар кнен иё калукан чи
Як спектакли оригинал бкнен чи кор мекна

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)