Бахшҳо

Қӯрғонтеппа Бохтар мешавад: Номҳои пешниҳодиро ёрдамчии Президент напазируфтааст

Номҳои пешниҳодии олимони Академияи улуми Тоҷикистон барои тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлонро ёрдамчии Президент оид ба масалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода напазируфтааст. Олимон барои Қӯрғонтеппа аз ҷумла номҳои Вахшонгирд, Вахшонмарз, Вахшризм, Вахшвеҷа, Ҳаловардро пешниҳод намудаанд.

Вале ба иттилои як манбаи “Озодагон” дар сатҳи Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа тавофуқ ҳосил шудааст ва номи нави он Бохтар хоҳад буд. Ҳамчунин номи шаҳри Сарбандро, ки дар канори Қӯрғонтеппа воқеъ аст, Леваканд мегузоранд. Гуфта мешавад, номи ноҳияи Бохтар ба Кушонкада иваз мешавад.

Назир Амирзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, пешниҳоди тағйир додани номи шаҳр тасмими чанде аз донишмандони Академияи улуми Тоҷикистон буд, вале номҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ёрдамчии Президент пазируфта нашуд: “Ин дар ҳақиқат пешниҳод шудааст. Инро олимон ба Академияи илмҳо пешниҳод карда буданд. Аммо се-чор номеро, ки олимони Академия пешниҳод карда буданд дар ҳоли ҳозир ёрдамчии Президент напазируфтааст. Вале ин гуна нақшаро Академияи илмҳо дошт, ки номи шаҳри Қӯрғонтеппа бояд тағйир дода шавад”.

Ҳарчанд номҳои пешниҳодии Академияи улум барои расонаҳо пешниҳод нашудаанд, вале тибқи баъзе манбаъҳои “Озодагон” онҳо иборат аз “Вахшонгирд, Вахшонмарз, Вахшризм, Вахшвеҷа, Ҳаловард будаанд.

Пешниҳоди тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа бори нахуст дар солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷониби шуморе аз донишмандон дар матбуоти вақт ироа шуда буд. Минбаъд пешниҳодҳо ва назару андеша дар мавриди тағйири номи ин шаҳр борҳо дар матбуот мунташир шуд. Дар ин авохир ҳам ин мавзӯъ дубора мавриди баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо қарор гирифт. Аммо то кунун барои тағйири номи шаҳр ҳукумати он ва ё вилояти Хатлон ибтикоре накардааст. Искандар Абдуллоев, муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам мегӯяд, дар ин росто ҳукумати шаҳр иқдоме накардааст ва ё дархосту супорише ҳам барои тағйир додани номи шаҳр содир нашудааст. "Вакилони шаҳр ҳам дархосте надодаанд",-мегӯяд Искандар Абдуллоев.

Қиёмиддин Сатторӣ, ки нахустин шуда солҳои 80-уми қарни гузашта пешниҳоди тағйири номи ин шаҳрро аз тариқи матбуот ироа кардааст, мегӯяд, ӯ дар ибтидо номи Левакандро пешниҳод намуда буд ва баъдан номи Вахш пешниҳод гардид. Ахиран оқои Сатторӣ матлабе бо номи “Қӯрғонтеппа: Вахш ё Леваканд?” нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, ҳарчанд номи Вахш ё Вахшканду Вахшгирду Вахшон ва ё Леваканд барои ин шаҳр мувофиқ бошанд ҳам, вале тавофуқи назари олимон дар ин замина ҳосил нашудааст ва дар таъини номи ин шаҳр набояд ба шитобкорӣ роҳ дод.

Ҷаноби Сатторӣ пешниҳод мекунад, ки “хуб мешуд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як комиссияи салоҳиятдор аз ҳисоби донишмандони риштаҳои таърих, ҷуғрофия, забоншиносӣ ва махсусан, таърихи забони форсии тоҷикӣ таъсис дода мешуд, то ки қазияи тағйири ҷойномҳо (топонимика) ва эҳёи номҳои миллии ҷуғрофӣ ба таври илмӣ ва бо машварат ҳаллу фасл мегардид”.
Мӯҳр
Иваз намудани номхоро манъ кардан даркор. Номи Гончи чи бади дошт, ки онро аз сокинонаш напурсида ба Деваштич иваз карданд.

А бача мо дар ича хар барин азоб кашида кор када гаштем чор сол меша ваё чи фикри дигар доранд -э. Мегум хаму номи Ёвони морам иваз накнен ки баъди аз россия хона рафтан наёвум хонамона. Нашава ай самалёт фурому таксира гум Ёвон хайш кн такси бга итари шахр ё нохия нест дар точикистон ,ба кучо мерем шабона. Хамира гуфтаниюм ки факат фикри худтона накунен ай мухочирорам дида броен охи. Ма чо мекнм номи шумора. Дар шиками гушна худут намефори номи ту ай кучо бфора.

Филолог
ёрдамчи бояд бифахмад ва бидонад, ки вилояти Хатлон харгиз Бохтар набуд, танхо замоне дар итоати бохтар буд, ки он хам кисман. Ин минтака хамеша сарзамини Хайтол ё ъуд Хатлон буд. Бохтар атрофу акнофи Балху Марв буд ва сархади аслии он хадди беш то ба резишгохи дарёи Вахшу Панч мерасиду бас. Аслан ин сарзамини Хатлон буд ва Хатлон хохад монд, барои хамин илтимос торихро хатти батлон накашед. Ноихои зиёде мансуб ба забони хатли аст, чаро онхоро баркарор намекунед. мухтарам ёрдамчи ва "хамкасби АЗИЗ" Худудулоламро ЯК БОР АКАЛЛАН варак занед, илтимос, дар он чо хама номхои асоси хаст.

Забон бояд БА Халк, наздик бошад лекин хозир бошад калимахоеро вориди забон мекунанд ки олимон намедонанд маънояшон. Барои Халк, хизмати хирсона мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)