Бахшҳо

Паёми “шогирдона”-е ба домулло Ҳикматулло

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.
Вақтҳои ахир мардуми кишвар тавассути шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳои интернетӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо бештар мавзӯъҳои мазҳабиро ба баррасӣ мегиранд. Новобаста ба он ки таълимоти динӣ гирифтаанд ё на, аз донишҳои исломиву дунявӣ бохабаранд ё хайр атрофи ин мавзӯъ ҳарф мезанад, баҳс мекунад, назару андеша пешниҳод менамоянд. Эҳсос мешавад, ки бештари онҳо аз таърихи ҷараёну ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ чизе намедонанд. Онҳо ҳатто боре таҳлилу баррасӣ накардаанд, ки ҳизби исломӣ яъне чӣ? Оё Ислом бо давлату иқтисод ё ҷомеаи иҷтимоӣ сару кор мегирад ё на? Мусалмонҳо тули таърих чӣ давлатдорие доштанд ва дар кадом шакл? Қуръону ҳадис, фиқу мазҳаб, мантиқу калом, иҷтиҳоду фатвои олимони Ислом дар ин маврид чист? Як мусалмон дар шароити феълӣ зиндагиву муомилаи хонаводагӣ ва ширкат дар сиёсату идораи давлатро чӣ гуна бояд амалӣ намояд? Хуллас, ин саволҳоеанд, ки дар мулоқоту баҳсҳо аслан пурсида намешавад ва ҳеҷ мусалмону мусалмонзодае ба он кор надорад.

Ахиран имомхатибону домулоҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳар суҳбат аз бардоштани калимаи ноби Ислом аз Ҳизби наҳзат сухан меронанд. Онҳо мегӯянд, ин ҳизб аз номи Ислом манфиатҳои худро пиёда мекунад. Ба ин нукта ҳам зиёд ишора мешавад, ки Ислом ба ҳизб ниёз надошта ва ҳатто нафаре гуфт, ки “паёмбар билети ҳизбӣ надошт”.
Ин ҳама раду бадалҳо гирди номи Ҳизби наҳзат бо гузашти ҳар рӯз бештар мешавад ва гумон аст, суръати он ба ин наздикиҳо коҳиш ёбад.

Ман аъзои ҳеч ҳизбе нестам, ба вижа ҲНИТ. Аммо як чиз бароям норушан аст, ки чаро имому имомчаҳо, ки вазифаи аслияшон даъвати мардум ба Исломи ноб аст, аз ин калима дар ҳизб хушашон намеояд? Чаро имрӯз дар ҷомеае, ки 99 дар сади он мусалмон асту дар кишвари дунявӣ ба сар мебаранд доштани ҳизби исломӣ лозим набудааст? Аҷобат ин аст, ки чаро онҳо танҳо имсол ва дар арафаи интихоботи президентӣ ин пешниҳодҳоро мекунанд. ҲНИТ, ки имсол таъсис наёфтааст. Чаро онҳо чанд соли қабл нагуфтанд, ки бояд калимаи ноби Ислом аз ҳизби наҳзат бардошта шавад? Аҷаб мусалмониву аҷаб диндорӣ!

Бо навиштани ин матлаб намехоҳам вориди идеологиясозии носолим, ки охиран ҷомеаи моро ба як бунбаст ва номуаянӣ мебарад, шавам. Аммо вақте андешаи Домулло Ҳикматулло, яке аз руҳониёни шинохтаи кишвар тариқи матбуот расонаӣ шуд, дар тааҷуб афтодам. Суолҳои зиёде зеҳнамро машғул кард. Ҳамчун як фарди мусалмон натавонистам ин андешаҳоро нодида бигирам. Дар навбати худ чанд назару суоле ҳам дорам, ки мехоҳам пешниҳоди домуллои “муҳтарам” гардонам. Домулло зимни маъракаи хайрияве 17-уми август дар ноҳияи Рашт эълон кардааст, ки калимаи «Ислом» аз номи ҳизби наҳзат гирифта шавад. Ҷои тааҷуб аст, ки як фарди «саропо» исломӣ аз будани номи Ислом дар ҳизбе нигарон асту пешниҳоди бардоштани онро дорад.

Домуллои «азиз» ману Шумо ва 99 дар сад мардуми мусалмон дар кишвари дунявӣ зиндагӣ дорем. Дар ин кишвар Ҳизби халқии демократии, Ҳизби комунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби демокартӣ, Ҳизби сотсиалистӣ ва ғайра фаъолият доранд, чаро мо бояд як ҳизби исломӣ надошта бошем? Шумо аз номи Ислом ё ҳизби исломӣ чӣ бадие дидаед? Оё Қуръону ҳадис фиқу иҷтиҳод мухолифи ҳизб аст? Оё Худованди бузург дар Қуръони азимушшан дар бораи ҳизб чизе нагуфтааст? Мешавад, ки тамоми он ояҳоеро, ки дар бораи ҳизби Худо дар онҳо сухан меравад аз Қуръон бардошт? Оё мешавад тамоми давлатдории Пайёмбари бузурги Ислом (с), хулафои рошиддин, саҳобагон ва онҳоеро, ки то асри бист ва имрӯз давлатдории исломӣ доштанду доранд нодида гирифт ё инкор кард?

Ҷаноби домулло Ҳикматулло! Ману Шумо нағз медонем, ки Ислом танҳо ришу саллаву ҷелак ё дуохониву худоихурӣ нест. Ислом низом, иқтисод, иҷтимоъ, ахлоқу маънавиёт ва сиёсату давлат дошту дорад ва ин роҳашро бидуни ману Шумо идома хоҳад дод. Шумо инро ҳам нағз медонед, ки замоне аз ҳамаи ин пурсида мешавем. Ҳамон паёмбаре, ки имрӯз Шумо аз номи шарифаш мардумро даъват мекунед, замоне барои умматонаш муборизаи сиёсӣ ва ҳақталошӣ карда буд. Чӣ гуна мешавад тамоми муборизаҳоеро, ки тули таърих уммати Ислом барои бунёди давлати исломӣ кашиданд имрӯз нодида гирифт ва инкор кард?

“Муҳтарам” домулло! Агар намедонед, пас бидонед, ки имрӯз дигар замони муборизаҳои шамшеру силоҳ нест. Ҳоло танҳо бо доштани ҳизбу созмонҳои исломӣ мешавад аз ҳақи мусалмонҳо дифоъ кард. Ислом ҳеч гоҳ мухолифи ҳизб ё бисёрҳизбӣ нест. Дуруст аст, ки Ислом ҳамчун дини илоҳӣ ва комилу ҳақ ниёзе ба ҳизб надорад, аммо мусалмонҳо сад дар сад ба як ҳизби исломӣ ниёзманданд. Имрӯз хатибу домуллоҳо бо як овоз “Ислом ҳизб надорад” мегӯянд. Кӣ кафолат медиҳад, ки онҳо рӯзе мазҳаб лозим нест намегӯянд? Билохира замоне Исломро дини арабу аҷнабӣ намехонанд, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон лозим нест? Домуллои «мӯҳтарам», он рӯз, кӣ ин ҳама масъулиятро бар душ мегирад?

Агар ин ҳама сару садоҳо маъракаҳои зидди ҲНИТ, хонаводаи Тураҷонзодаҳо ё чанд рушанфикру шахсиятҳо бошад, бояд бидонем, ки онҳо баъди созишномаи сулҳ канори мо оромона зиндагӣ доштаанд. На ҲНИТ ва на Тураҷонзодаҳо пас аз истиқрори сулҳ барои ноором сохтани кишвар коре накардаанд. Гуруҳу ҳаракатҳо таъсис надодаанд ва амали ғайриқонуние анҷом надодаанд. Баръакс, ҳамеша аз ҳақ ва ҳуқуқи мусалмонҳо ва ҳамватанонашон бо риояи қонун дифоъ мекунанд. Пас, суоле ба миён меояд, ки чаро Шумо домуллои «муҳтарам» ва ҳамсафонатон имрӯз алайҳи ин ҳизб баромад доред? Чӣ боис гашта, ки бо исрор талаб намоед, то калимаи Ислом аз ҳизби наҳзат бардошта шавад? Агар ин ҳама ба хотири нуфуз ва обрӯи рӯзафзуни ин ҳизб миёни мардум бошад, пас гуноҳи азим аст, ки мусалмон обрӯи мусалмони дигаро нахоҳад ва ба хотири кадом як манфиати шахсӣ номи Исломро зери суол барад.

Домуллои «муҳтарам», имрӯз гуруҳе аз мусалмонҳо бо ташкили ҳизби исломӣ дар кишвари дунявӣ мехоҳанд тамоми муомилот, кору фаъолиятро тибқи фармудаи Худову паёмбарашон ба роҳ монанд. Онҳо мехоҳанд зану духтарашон бо риояи ҳиҷоби шаръӣ таълим гиранду кору зиндагӣ намоянд. Онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон то синни ҳаждаҳ низ тавонанд озодона вориди масҷид шаванду илми Қуръон биомӯзанд. Онҳо мехоҳанд, ки мусалмонҳо ҳақиру нотавон набошанд. Онҳо шикасту бечорагӣ ва нодории мардуми мусалмонро намехоҳанд. Бо ташкил кардани ҳизби исломӣ мехоҳанд бо риояи қавонини кишвар роҳашонро пеш баранд.

Агар ба ману Шумо домуллои «муҳтарам» ин ҳама писанд нест ҳамчун «мусалмон» набояд бигӯем, ки Ислом ҳизб надорад ё номи Исломро бардоред. Зеро ин гуна фатво дар ҷомеа метавонад фитнаро ба вуҷуд биорад, ҷомеаро ноором созад. Чаро ки ин гуна фатво хилофи Қуръону суннат ва иҷмоъи уммат буда, ҳеч гуна асоси исломӣ надорад. Дар мавриди ҳама гуфтаҳоям инҷо далелҳо фаровонанд (ояву ҳадису фатвои мазҳаби ҳанафӣ), аммо нахостам он ҳама ояту ҳадисро инҷо биёрам, чаро ки шумо домуло муйҳоятонро дар ин роҳ сафед карда ва аз ман беҳтар медонед.

Дар охир мехоҳам ба Шумо як паёмаки «шогирдона» бифиристам.
“Муҳтарам” домулло Ҳикматулло! Биёед ману Шумо агар мусалмонем аз исломгаро будан ифтихор дошта бошем. Ҳизби исломӣ дар кишвари дунявӣ бароямон ифтихор бошад на нафратовар. Аз ҳақи мусалмонҳо дифоъ кунем. Агар ману Шумо узви ин ҳизб нестем ва дар сиёсати исломӣ хидмате ба ҷомеаҳои исломӣ карда наметавонем, пас сади роҳи дигарон, ки қалби огоҳу ақидаи солим доранд, нашавем.

Биёед бародари мусалмонамонро бо чашми ҳирс ва нафрат нигоҳ накунем. Биёед ба мардум исломбезориро номӯзем. Биёед пешрафт ва обрӯи ҳамдигарро таҳаммул карданро ёд бигирем. Биёед фаризаҳои исломиро риоя кунем. Биёед сабаби фитнаву тафриқа миёни мусалмонҳо нагардем. Биёед аз итоати махлуқ даст кашему холиқи ягонаро итоат кунем!

Бо умеди тавфиқ ва сарбаландии мусалмонҳо Далер ШАРИПОВ

Мӯҳр
Salim
"домулло" Ҳикматулло дар ягон сухбаташ аз ислом дифоъ накардааст. Хатто зидди аракнуши рибохури, бастани масчидхо, манъи таълими Куръон ва дигар адабиети исломи ба баччахо, манъ шудани амри маъруф ва нахйи мункар ва зидди бехичоб кардани хохархои исломии мо садо баланд кардаги нест. Худатон хулоса кунед ки чи тавр одам аст. Бале дахани пушида дорад кам гап аст барои хамин бисерихо таърифаш мекунанд. Хол он ки пушонандаи сухани хакро Пайгамбари Худо шайтони ахрас яъне шайтони гунг гуфтааст. Худо панох дихад аз илми беъамал. ислом безор аст аз инхел дарборихо

Далерҷон беҳтарин навиштед ҳама дарди ҷомеаро ба гушаш расондед

Ассалому алайкум варахматуллохи ва баракотух мухтарам бародарони исломи ва хамзабонони азиз аз Худованди мутаъол масъалат дорам то ки мову шуморо умри дарозу тани сихату пайравии куръону суннат ва хидоят ба рохи сиротал мустаким бигардонад Омин Ё раббал ъоламин! банда шахсан домулло Хикматуллоро надидам аммо харфхои зиёде нисбати домулло то ба имруз шунидаам аз кабили "толибилмон аз чахоркитоб боло нахонанд" хуб боз хаст калимотхои дигар аммо максади ман чи хаст ислом хамеша пайрави кунандагони часур нотарс мехохад аз солхои аввали ислом ки чаноби расули Худо рахтан лил ъоламин дар рохи Худо баромад пайрав надошт таку танхо Худоро мешинохт. Дар байни чомеа куфр, кавонини куфр, оини гузаштаи куфр ва акоиди куфр мубориза меварзиданд. Домулло ки худ даъво аз уммати ин бузургвор буданро мекунад чаро даъвати Хак намекунад. Имруз вокеъа чумхурии мо эхтиёч ба хизби Исломи дорад. Чаро? чунки хизби исломи кулли мардуми Точикистонро контрол мекунад "агар аз шурои уламо то ба охир муввазафони ончо хакикат гуй бошанд" чаро,ки 99 фисади чумхури аз чаноби оли сар карда то ба мардуми авом мусалмон хастанд. Хуб домулло ки бо вучуди мусалмон будани хадди аксари чумхури нафрат аз хизби Исломи дорад ва хакикатро намегуяд ва кушишаш ки барои аз байн бурдани Хизби Исломи аст хуб морам мачбур хастем дар мусалмон будани домулло шакху шубха кунем чаро ки уммати хакикии расули бузургвор хамеша барои вахдату якдигарфахмиву бародариву баробари хамдиливу хамдини кушии худро дарег намедошт ман метавонам зиёдтар чизхое гуям аммо муаласаф вакти зиёд надорам ба хаминаш иктифо мекунам.

Саиднуқриддин
Мақолаи мазкур дар сатҳи баланди таҳлилӣ ва созгор ба фарҳангу русуми аҷдодӣ ва миллӣ иншо шудааст, маълум аст, ки муааллиф ҷаҳонбинии васеъ ва ифтихори баланди миллӣ дорад ва қарзи мусалмонӣ ва инсонии худро иҷро кардааст.

Асад
Аз ин макола буйи гарази шахси меояд ва маълум аст ки фармоиши аст. Агар не домулло ягона одаме нет ки ин гапро гуфтааст метавонист ба онхо нависад:
Агар шогирди домулло бошад, пас:
Саъдиё, Шерозиё таълим мадех безотро
Безот агар доно шавад санге занад устодро.

Мумин
ин домулло Хикматулло барои як бурдаи нони хамин дунёи фони имонашро фурухтааст.

Точик
Рустам Рустамов! Чаноби Домулло Хикматулло дар аввалин конфронси таъсисии хизби Нахзат ки соли 1991 дар кохи Вахдат баргузор шуда буд иштирок карда буд ва аз Нахзат тарафдори карда буд. Аз нахзатихо хохиш мекунам расмхои бойгонии хамон конфронсро бо иштироки Домулло Хикматулло нашр намоянд. Ин Домулло мутаассифона хеч вакт сухане ки мучиби норозигии хукуматдорхо бошад хатто дар замони совети низ нагуфта буд ва намегуяд. Албатта ин амалашон мухолифи фармонхои Худо аст. Уламо ворисони пайгамбаронанд ва вазифадоранд ки мисли пайгамбарон аз хокимони замони худ натарсида сухани хаккро гуянд, халолу харомро байон намоянд. Аммо Домулло бачои сухани хаккро гуфтан бо хохиши мансабдорон зидди Нахзат мубориза мебарад ки хилофи фармудахо ва макосиди шариати исломи аст. Эй кош мисли хамеша сукут макард. Дар синни 75 солаги ки одатан инсони мусулмон бештар гами рафтан ба он дунеашро мехурад ин Домулло бошад супориши душманони исломро ичро карда истодааст, афсус сад афсус. Назди Худо ва Расули Худо чи чавоб медода бошад?????????

Салом ба хамаи шумо бародарони Точикистон.Пеш аз он ки мо дар бораи дини Ислом ва хусусан махзаби мо бахс намоем бояд аз таърихи дин бархурдор бошем.Далер дуруст кайд кардед,ки бисёрии мо аз дину махзаб савоби кофи надоранд ва мисли Шумо лаб во карда чор мезананд.Пеш аз он ки дар бораи домулои мухтарам чизе руи менавишти бояд андеша мекарди, мебоист ё на?Банда худ мисли хазорон чавонони точик мухочираму дар ба дар дар шахрхои Руссия.Фаромуш насозед ,ки домуло он рухоние буд ки соли 1991 аз мардум хост ба васваса дода нашавед ва аз майдоншини даст кашед,ки окибаташ хуб нест.Натичаи он сару садохо ва бадбахтие ба сари мардум омад махсус ба сари мардуми водии Рашт омад ба хама маълум.Он вакт хам ба мисли Шумо, Далер Шарифов, шахсоне ёфт шуданд,ки домулоро барои зидди чанги байни мардуми мусалмон буданаш "дарс" гуфтани буданд.Чаро калимаи мухтарамро ба нохунак гирифтанатро хам нафахмидам.Оё домуло боре сухан зидди дин мубини Ислом овардааст?Оё боре даъваташ боиси тафрика миёни мусалмонон гаштааст?Хагиз! Боз як бори дигар такрор хам шавад ,Далер,пеш аз он ки чизе менавишти андеша мекарди.Домуло Хикматулло на барои саллаву ришаш боиси хурмати миллионхо пайравони махзаби мо гаштааст (чи хеле ки худат навиштаи ин хел ришу салладор хастан дар хар кучаву тангкуча),балки барои илмаш,ха,махз барои он илме ки павардигор ба он шахсият додааст.Пеш аз он ки бародарон чизе ин чо бинависед,бояд аз таърихи дируза бархурдор бошед ва ояндаи Точикистонро боз як бори дигар зери хатар нагузоред!!!

Ассалому алейкум!! Бародари азиз Далер дари мактаби домулло Хикматулло хамеша кушодааст ва агар фитна нахохи ин саволхоятро бе восита бидех. агар тенчи мехохи, аз У олими бузурги Ислом аз худаш пурс ва аз забонаш бевосита чавобатро бигир. Боварии комил дорам, ки агар домулло Хикматулло инро гуфта бошад, танхо аз тарси худо ва аз хотири сулху тенчи гуфтааст!!! Дар интернет фош намудани саволхоят дуруст аст?

mahmad
Хасан неке дар хакикат ХАСАН будаи боз инша аз кучо пайдо карде бо ХНИТ шиа буданша? эрон рафт барои хамин. Набоша Президентон кияй харруз кати Ахмадиначод нул ба нул буд. Беакл бачча будасти

Rustam Rustamov
Мухаммад,
МУХАММАДЧОН МАН ХАТО КАРДАМ, КИ ЧУНИН НАВИШТАМ АГАР ЧАНДЕ, КИ МАН АЗ ВОКЕАИ КОР ХАБАРДОРАМ ВА АГАР ТУ ХАМ КАЛИМАИ "НАХОД" - РО ФАРОМУШ КУНИ ЯКДИГАРРО ХУБ МЕФАХМЕМ...

Бо арзи салом хам ба устод Хикматулло ва хам ба бародар Далер.
Хубу писандида фармудаед. Дар хакикат курони карим мефармояд: Инналлазина фатанул муъминина вал муъминоти сумма лам ятубу фалахум ъазобу чаханнама ва лахум ъазобул харик.
Вой бар холи инсоне ки дунболи фитна аст дар миёни мусалмонон,чи азоби дардноке дар интизои уст Худоро панох мебарам....

DZS,
Мухаммад,
Мирзо  Хучанд,
Salim,
Мумин,
МАН ЧАНДЕ, КИ МЕДОНАМ ШУМО ХАМААТОН НАЗХАТИ ХАСТЕД ХЕЧ ГАП НЕ МАН НАВИШТАЧОТИ ШУМОРО ХАМААШОНРО ХОНДАМ ЛЕКИН РОСТИ ГАП БА ДАРАЧАЕ ФАХМИДАМ, КИ ДИНИ ПОКИ ИСЛОМРО ШУМО ДАР ВОКЕЪ НЕ БАЛКИ ДАР СУРАТ ДИДАЕД ВА МЕБИНЕД..... ВА МАН НАМЕХОХАМ, КИ МУХТАРАМ КАБИРИ АЗ МАН РАНЧАД ВА ХУБАШ НАМЕГУЯМ, КИ ХОТИРИ МУХТАРАМ КАБИРИ БАЛАНДТАР АСТ...
ЛЕКИН РОСТИ ГАП НАМЕХОХАМ ЧИЗЕ БАРОИ ШУМО НАВИСАМ, КИ ХОТИРИ МУБОРАКИ ШУМОРО ХАМ МИЛЛАТОНИ АЗИЗ РАНЧОНАД.......
БОВАР КУНЕД ХАМИН ДАЛЕР ШАРИФОВ АГАР ШАРАФ МЕДОШТ ХАМИН НАВИШТАЧОТРО БОЯД НАМЕНАВИШТ, КИ ИН ЯК ФИТНААНГЕЗИСТ. ТАНКИДИ ХИЗБИ ХХДТ, ТАНКИДИ ХИЗБИ ХСДТ, ТАНКИДИ ХИЗБИ ХНИТ - РО МАГАР ТАМОМ КАРДЕМ, КИ ДАР ПАИ ТАНКИДИ УЛАМОИ ИСЛОМ КАДАМ ЗАДА ИСТОДАЕМ...
Ман хамон кадар медонам, ки баъзе хамватанони гулу гумрохе дорем, ки барои хотире, ки Точикистонро исломи кунанд хозир тайёранд, ки дар даст силох гиранду бародаркуши кунанд...... Мебахшед як бор пастиамонро дар тамоми олами хастию нести нишон додем бас аст бас дигар душмани магар мо аз давлатхои аврупо ва гарб чи ками дорем дар одамгари, ки вайхо дар интихоботашон ба монанди дустон мубориза мебаранд ва мо бошем бо адовату душмани ва душманварзи. Рузе, ки дар сари давлатхои арабаст ин як шармандагист барои тамоми мусулмонони дунё ки аз гумрохии худашон ба кадом дарача расидаанд. Ва мо АЛХАМДУЛИЛЛОХ, ки дар торикистон нестем ва кист дар хакикат лар торикистон дида истодаем.....

Нурулло
Мусалмон,
Салому алайкум бародарони мусалмон .як чиз гуфтаниям то замоне аввалан домулохои точикистон хама сари як миз нишаста бо хам дуст нашаванд кинаву адоватро аз худ дур накунанд хеч хизмате дар дин нахохад шуд чун ки имруз рохбари мусалмонон чонишинони паембар с а в хастан

Яке аз сабабхои зидиятие ки дар байни мо мусалмонон аст шайтон бошад сабаби дигараш пешвохои мо мебошад шояд баьзе бародарон гуянд ки ту худ чи хизмат дар дин кардай ки домулохора санг мезани шахсан худам ба хотири худо хар домулое ки ба хотири ин дуне шуда сухани хакро руст намекнад дусташ медорм.....лекин мушкил ин чост чи гуна мо мусалмонон бо хам дуст мешавем замоне ки пешвохои мо бо хам дуст ва аз як гиребон Сар намебуроранд билохира мо мардум хама шогирд е дустдори домулохои атрофи зисти худ хастем .....

Билол
Агар.домуло.хикматулло.худро.ба.ислом.бахши
да.бошад.ягонта.дискаш.хасми.як.гуш.к
уним.

Нурулло
Э мардум биед монед вахобигуиву дигару дигар гапора ин калимаи вахобигуиро мо аз шиахо омухтаем чун ки мардуми ахли сунна валчамоаро шиахо вахоби мегуянд дар масалаи ХНИТ гуфтаниям ХНИТ дар парлумон хамаги ду намоянда дорад ба ин ду овоз хеч пуштибони аз хукуки мусалмонон карда наметона он вакт пуштибони кадрда метонад ки хаммаи олимон бо як гап бошанду хамкори бо хизб дошта бошанд чун ки имруз ягона рохе ки ба таври конуни дифо аз хукукхои исломи мардум мекунад ин хизби исломист одди карда гуем намояндаи мусалмонон дар давлатхои демократи ва дунявии имруза дар давлат ин Вакилони исломист ....ман худ аьзои ягон хизб нестам лекин барои ин масьала кушоду равшан шуданаш як мисол меорам чанд сол кабл дар парлумон аз тарафи баьзе вакилони беномус бордоршави ба тарзи суньиро пешниход кардан албатта ки ХНИТ зид баромад лекин чи фоида чунки ХНИТ бо ду вакил (Яне 2 овоз) чи гуна рохи ин зинои расмиро гирад дар холе ки ун Вакилони беномуси ки ин зинои расмиро пешниход кардан ададашон зиед АСТ чанд руз пеш шунидам зане панохи аз шавхараш худро ба тарзи суньи бордор кардасту имруз у хомила аст хай аку вакилони мухтарм кани бинед боз кадом рох пайдо мекунед ки занону духтарони точика фасод кунед сад афсус

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)