Бахшҳо

Эшони Қиёмуддин: “Ёдоварӣ аз қатли Ҳусайн ба маънои пайравӣ аз шиа нест”

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, яке аз рӯҳониёни тоҷик, бар ин аст, ки баргузории маросими Ошӯро ё ёдоварӣ аз ин рӯз ба маънои пайравӣ аз мазҳаби ташайюъ нест.

Рӯзи Ошӯро, ки дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам аз он таҷлил карда мешавад, аз сӯи пайравони бархе аз мазоҳиб рӯзи мотам эълон шудааст. Қиёмуддини Ғозӣ, ки дар саҳифаи Фейсбуки хеш дар ин бора ибрози назар карда, мегӯяд, баргузории маросими Ошӯро ин маънои ёдоварӣ аз рӯзи ба қатл расидани Ҳусайн, набераи паёмбар (с) мебошад. Ӯ гуфтааст, “магар Ҳусайн аз бародарони шиа мебошад, ки Ошӯро аз онҳо бошад?! На Ҳусайн аз шиаҳо ҳасту на Ошӯро.”

Ба гуфтаи ин рӯҳонии тоҷик, маросими “Ошӯро” ҳам моли пайравони аҳли суннат ва ҳам ташайюъ мебошад: “Ҳусайн ва Ошӯро ҳам аз шиа ҳаст ва ҳам аз суннӣ. Гиря дар азои Ҳусайн, гиря ва ашк дар азои Расули Худо(с) маҳсуб мешавад. Чунки паёмбар (с) фармуданд: “Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайн.” Ин дар ҳолест, ки Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон дар мавриди маросими Ошӯро назари дигар дорад. Ӯ дар як суханронии худ дар намози ҷумъаи гузашта гуфта буд, "бар асоси мазҳаби Имом Абуҳанифа ва аҳли суннат ва ҷамоат дар рӯзҳои 9 ва 10 моҳи муҳаррам ҳеч гуна мотамгирию хушҳолӣ ва худзанию гиребончоккунӣ нест".

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват намуда буд, аз мотам ва хурсандӣ дар ин рӯз худдорӣ кунанд. "Ошӯро" аксаран аз ҷониби шиамазҳабҳо дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам ба хотири ёдбуди қатли Имом Ҳусайн, набераи ҳазрати Муҳаммад (с) ва писари ҳазрати Алӣ (р) дар дашти Қарбало қайд карда мешавад. Дар ин рӯз бархе аз пайравони ин мазҳаб бо абзори оҳанин ба бадани худ зада, тани хешро хуншор менамоянд, ки баъзан мунҷар ба ҳалокати бархе аз ин ашхос низ мешавад. Моҳи муҳаррам тибқи солшумории мелодӣ рӯзи 4 ноябр фаро расид ва интизор меравад, маросими Ошӯро рӯзи нуҳуми моҳи муҳаррам баргузор гардад.
Мӯҳр
Суруш
Мардуми точик кай шумо-ба худ меоед-!Наход он-кадар-бефахм-бошед,ки кабилаи узбаки cоли-1924-шуморо ба чурми-шиъа-ё-сунни будан-10-миллионатонро-узбак-навишт.Соли-1992 хамин- сценарияро бо номи вовчик узбак- тахия- кард!200 хазорро кушт.Холо-бошад ин бародарони "муъмин"-роххои хаммазхабон ва устодони худ точиконро баста-ба таври-пинхони---баста дар масчидхои точики бар зидди-иттиходи -форсизабонон-ва Ирони---бузург-тор-танида- истодаанд.Наход-аклатон- бак игвои-разведкаи-узбаки-ва амрикоихо-нарасад!

Агар ман хато кунам маро бубахшед ма савол дорам ; 1)Чаро ислом таи асрхои дароз тараки накад?
2)Чаро донишмандони мусулмон( мисли; Рудаки,Сино,Фирдавси ва дигарон) дар замони худ ба азобу шиканча гирифтор шуданд?
Чавоби ман;
1)Барои он ислом тараки накард,ки сиёсатмадорони мо хамаи олимину донишмандонро ба тухмате гирифтор карда аз байни чаъмият дур карданд ва халк бе савод монд.Барои сиёсатмадор осон аст бесаводро хукмрони кардан.Босавод хаки хидро талаб мекунад.Ба фикри ман ин мазхабхоро онхо ташкил кардаанд ва бандаи мусулмонро назди худ гунахгор.

Абдулло
Бародарони мусалмон шумо метавонед сутуби ахлисунат ва жамоатро сахт капида ба гапи гумрохон мисли киёмидин бовар накунед!

Бародарони мусалмон шумо метавонед сутмуби ахлисунат ва жамоатро сахт капида ба гапихои гумрохон мисли киёмидин бовар накунед!

солим
Шиагии ин хеч шак нест

Афросиёб
Салом! Муҳим ҳадафи Ҳусайн аз қиём аст ва ин ҳадаф аст ки бузургдошти Ошӯроро тавҷиҳ мекунад...

Пайгамбар саллаллоху алайхи васаллам фармудаанд ки хар амале, ки дар он амри мо набошад, рад (номакбул) аст. Эй тарафдорони "эшон"- и киёмиддини шиа. Дар кучо хондед, ки дар рузи шаходати хазрати Хусайн (рз) занчирзанию доду фигон карда шавад? Савобу гунохро аз Куръону суннат фахмида мешавад. Агар синазанию доду фигон дуруст бошад, чаро дар рузи вафоти Пайгамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ёронашону чахорёронашон гиря намекунед?! Эй динфурушон! Шахид шудани Хусайн (рз)-ро Пайгамбарамон пешгуи карда буданд. Агар шахид намешуданд, пас Пайгамбарамон саллаллоҳу алайҳи ва саллам наъузу биллох дар ин пешгуи дуругчи хисоб мешуданд. Афсуски шумо шиахо дар оянда ин ватанро мисли имруза Яман нотинч хохед кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)