Бахшҳо
15 мар 2014 16:09Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

"Дар сояи мунофиқони ҲНИТ": Филми нав алайҳи наҳзатиҳо дар Ютуб (ВИДЕО)

Дар шабакаи Ютуб имрӯз, 15-уми март зери унвони “Дар сояи мунофиқони ҲНИТ” филме нашр шуд, ки дар он Ҳизби наҳзати исломӣ гунаҳкори асосии даргирии солҳои 90-уми Тоҷикистон ва нерӯи нооромкунандаи ҷомеаи муосири тоҷик арзёбӣ шудааст.

Дар ин филм, ки зери тамғаи “фронт.тв” паҳн гардидааст, аз нооромии солҳои 90-уми Тоҷикистон ёдоварӣ шуда, пайравони ҲНИТ айбдор карда мешаванд: “Ҷангиёни наҳзатӣ бо симои ваҳшиёнаи хунгирифта, бо ришу фаши бадҳайбат автоматро дар китф мегузоштанду қонунро зери пой мекарданд.” Инчунин аз собиқ размандагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, аз ҷумла Ризвон Содиров, Раҳмон Сангинов, Мансур Муваккалов ёд шуда, бо гирифтани номи Абдуллоҳ Раҳимов (Муло Абдуллоҳ), Аловиддин Давлатов (Алии Бедакӣ) бо бародараш Ҳусниддин Давлатов дар якҷоягӣ “дастпарвардаҳо”-и ҲНИТ хонда мешаванд.

Муаллифони ин филм, аз ҳодисаҳои Баҳори арабу Украина ва задухурди мусаллаҳонаи 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон низ ном гирифта, ҳушдор медиҳанд, ки “ҳоло замоне расидааст, ки абарқудратҳо ба ҳаракатҳои ба мисли ҲНИТ такя карда, барои манфиати геопалитикии худ кишварҳоро тақсим мекунанд.



Дар ин навор гуфта мешавад, пайравони наҳзат гӯиё ба хотири пулу мол ба ҳар кор омода мебошанд: “Аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёр шудани Тоҷикистон гуруҳҳои алоҳидаи сустирода ба монанди Наҳзат таҳти фикру андешаи гуруҳҳои ифротии хориҷӣ қарор гирифта, кишварро ба гирдоби дохилию кашмакашиҳои мусаллаҳона рӯбарӯ карданд." Инчунин иддаои масъулини ҲНИТ дар бораи фишори мақомот рад шуда, таъкид мегардад, ки гузоришҳои телевизионии мақомоти амниятӣ дар бораи ҷинояткории наҳзатиҳо бодалел ва асосноканд.

Нашри ин навор дар ҳолест, ки рӯзи 14-уми март ҲНИТ ба хотири шаҳидон ҳамоиши ҷумҳуриявии “НУР”-ро баргузор кард ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, зимни он гуфт, ҳоло ҳар кас худро қаҳрамони сулҳ меҳисобад ва ҷониби дигарро сиёҳ мекунад. Кабирӣ зарур хонд, ки дар даргирии солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон бояд ҳар ду ҷониб эҳсоси масъулият кунанд ва ба ҷои якдигарсиёҳкунӣ пешниҳод кард, ки дар кишвар як рӯзи тавба эълон гардад. Кабирӣ ҳамчунин хост, рӯйхати шаҳидони ин даргирии шаҳрвандӣ таҳия шавад ва хотири онҳо пос дошта шавад.
Мӯҳр
ТУФОН
Мухтарам Кабири нав акнун аз хоб бедор шуд! Дар 15- сол акнун шахидон дар ёдаш расиданд. То ин замон дар хоби гарон буд ё хайр!
Ёдбуди шахидонро аз ЧИЭ биомузед!

Ин ҳизби наҳзати ислом набуда, Ҳизби Наҳзати Гумроҳон, Бидъатчиён аст. Ислом ба ҳизбу наҳзат эҳтиёҷ надорад. Зархаридони хориҷӣ!!! Бас будагист тафриқаву ҷудоандозӣ, эй касоне,ки либоси дурӯғи мазҳаби бегона ба бар кардаед, бо шиорҳои дурӯғ!

Озарсиф
Дар шароити баромадану сар даровардани хар гуна идеологияхо хосатан идеологияхои фитначуи беруни Точикистон бояд хизби исломии худро такмил дода такягохи худ намояд.Картаи вовчик гуён куштани точикон аз чониби большевикон ва Кремлу Тошканд дар давраи хозираи иттилооти хеч гох дигар ба кор намеравад.

Охир бо ин филмхову чангчуиятон хашми мардумро бар зидди худ боз хам меафзоед,бехуда нагуфтаанд,арча аз дохили худ алоб мегирад...

Руят сиёх филбардор. Фаромушт карди ё намедони ,ки дар нохияи шахринав чамоати САБО 240- нафар Мардуми бе гунохро дар як шаб парондед . Фикр мекуни .ки Мардум аз хотираш баромадааст. Ин филми ту на факат зиди ХИЗБИ НАХЗАТИ ИСЛОМ аст ,балки зиди Мардуми Точикистон аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)