Бахшҳо

Гилаи Юсуф аз русҳо дар пайи изҳороти Жириновский

Иддаои Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР), дар бораи он ки кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон орзуи пайвастан ба ҳайати Русияро доранд, бо вокунишҳои тунди хонандагони мо рӯбарӯ шуд. Ҳоло номаи яке аз шарҳнависонро бо номи Юсуф нашр карда, мехоҳем, Шумо низ дар ин бора фикру андешаҳои худро ба мо фиристед.

ШАРҲИ ЮСУФ:

“Тоҷикон ҳамеша ғуломони ҳалқабаргӯш буданд. Аз аъроб сар карда (ба воситаи дини Ислом) то турку муғулу рус. Ин чизи нав нест.

Ҳамин аст, ки хислати ғуломиро ҳеч наметавонем тарк бикунем. Вале, дар ҳаққи мо бадтарин хиёнатро русҳо кардаанд, бо сад ҳиллаву фиребу найранг. Заминҳоямонро ба дигарон тақдим карданд; хатти бобоиро маҷбуран тағйир доданд; тафаккурамонро вайрон карданд; дар байни миллати тоҷик ҷудоӣ андохта, ба ҷанги бародаркуш кашиданд; миллионҳо фарди тоҷикро дар Русия истисмор карда, боз таъна мезананд; тайи беш аз 10 сол "Ҷамшуду Равшан"-гӯён масхара карданд; лашкараш (дивизияи 201) Тоҷикистонро ишғол кард; сиёсатмадоронаш (Жириновскийбаринҳо) бешармона дар ҳаққи президент, ҳукумат, давлат ва халқи Тоҷикистон суханони таҳқиромез мезананд; русҳои муқими Тоҷикистон забони давлатиро эҳтиром намекунанд ва дигар бадиҳо.

Ба ягонтои ин аъмоли бад русҳо аз тарафи тоҷикон ҷавоби мувофиқ нагирифтаанд. Бояд зикр шавад, ки ин аъмолро ба миллат ва далати тоҷик на Амрико раво дидаасту на инглису франсузу немис. Ҳатто империяи подшоҳии рус!

Он чизе, ки дар солҳои Шӯравӣ сохта шудааст, русҳо барои худашон сохта буданд, на барои тоҷикон. Зеро онҳо нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил мекарданд (бузургтарин колонияи русҳо!) Акнун ҳамаи он кӯҳнаву фарсудаву нодаркор аст. Ин аст хизмати русҳо назди миллати бечораву фақири тоҷик.

Тоҷикон ба касе ҷабру зулму бадӣ накардаанд. Ин аст ягона боиси ифтихор. ХУДРО ПАСТ НАЗАНЕД. АЗ ИН ДУШМАНОН ИСТИФОДА МЕБАРАНД!”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
бисер бародарон мегуянд русхо ба мо маданият ед доданд. фабрикаву завод сохтанд. моро аз мангитхову феодалон озод карданд. дар хакикат онхо ин корхоро карданд. ЛЕКИН ХАМАИ ИНРО БО МАКСАДХОИ ХУДАШОН КАРДАНД. ХАМУЗ ПЕШ АЗ ТАШКИЛШАВИИ ШУРАВИ РУСХО РАЗВЕДКАИ ХУДРО ДАР СИМОИ ШАРКШИНОСОНУ ОЛИМОНУ САЙЕХОН ба осиеи маркази фиристода мудати чандин солхо хаматарафа омухтанд як кисмашро гасб карданд. хукумати подшохии рус сарнагун шуд. хамаи он заминахои сохтаашро болшевикон истифода бурданд ва осиеи миенаро гирифтанд. онхо медонистанд ки дар байни узбаку киргизу казоку дигархо . халки точик аз хама чихат батари дорад, онро бо ерии пантуркистхо парокандаву олимону равшанфикрашро бо бахонаи кулаку мулло нест карданд. заминхои бобоиамонро ба узбакхо доданд. так что русхо як кори хуб карада бошанд дар баробараш 10 кори бад кардаанд. чанги шахрванди хам кори дасти онхо буд. хозирам хамон корхояшонро бо дигар усул давом дода истодаанд.

Хар фарде, ки бар зидди Россия харф мезанад, дар бораи иктисодиёти Точикистон, сиёсати дохилию хоричии мамлакат, сатхи зиндагии ахоли, ва гайрахо тассавурот надоранд. Онхо ё дар хукумат кор мекунанд ва ё аз хисоби волидайни хеш зиндагиашон пеш рафта истодааст. Чанобони Точик кани он корхонае, ки молаш ба хорич равад, хулоса дар Точикистон ягон чизи мукаддасе намондааст, ки онро нагирифта бошаду онро кам-кам нафурухта истода бошад. Мисол: заминхои Мургоб, ки ба Хитой фурухта шуданд. Россия бошад, ба калонии масохати заминаш нигох накарда, Кримро аз Украина гирифт. Кани он номуси точики, Чаноби точик.

Дехкон
Агар русия мухочирхои моро барорад тинчиву сери ба охир мерасад.ба гуломхо дар ватан кай чои кор ефт мешавад ки мо дар ин ватан зиндаги кунем имруз 80 % чавонон мусофир орзуи шахрванди русия шуданро доранд кани ки мегуяд хар сол чанд точик оилаашро аз точикистон гирифта рафтаистодаасту чанд чавон зани рус гирифта чанд зан бева монда чанд кудак бепарастор мемонад?бади 50 сол ин шумораро хисоб куни дар точикистон факат хитоихо мемонанд.белорусхо хам амрикоро тариф карда буданд имруз ба русхо зор.ба фикрам ин юсуф мансабдор ва имконияти порагири дорад.имруз мо кафо мондему фахри гузаштагон мекунем .гирди номи падар чи мефахри падари номи худ бош агар марди.агар дан дуне 2 халки хуб бошад 1 тояш русхо.имруз моро русхо истисмор не чои кор нон дода истодаанд истисморро хитоихо сар кардаистодаанд мо бехабар .

Ба хар хол бо ин кадар хамкорию шарики стратеги будан ,точикон дар Россия хеле бекадран

Бо ин хама фикррони фикр мекунам,ки агар референдум дар точикистон гузаронан 70-80 фоиз тарафдори бо Россия хамрох шуданро тарафдори мекунан

Собир
Бани одам аъзои якдигаранд, ки.........

begona
Rost gufted, ki Shuravi baroi millati tojik bisyor xizmatho kardaast. Vale on chizhoe, ki Russho az mo burdand az xizmati kardaashon yakchand marotiba ziyod ast. Shuravi bo dasti rost 1 chiz doda boshad, bo dasti chapash 10 chizro az mo burd. Inro niz az xotir nabarovardan lozim

Chunone ki feodalizm sistemai nodurust bud, sotsializm niz az on farqe nadorad. Zamon ba in guvoh ast. Agar sotsializm sistemai durust mebud, on barham namexurd

шахрванд
Ба суханхои бехуда бовар накунед. Америка ва гарб ба ягон давлат як тини пучак хам намедиханд ва моро одам хам хисоб намекунанд. Сиёсати дуруяи онхоро аллакай хамаи олам медонанд. Бо шарофати Инкилоби Бузуруг сохиби давлату миллат шудем. Имруз хам ахолии мо дар Руссия мекунанд. Ягон давлати дунё ба монанди Руссия моро дастгири намекунад. Мисоли одди-Украина.

точик
точик миллати дусткуши гайрпарвар аст агар як олим бак дуне ояд сад чалод чалод азпаяшба олам меояд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)