Бахшҳо

Таҳқири Муҳаммад (с) бадтар аз амали террористӣ аст

Далер ШАРИФОВ

Ҳаркӣ аз гуфтани сухани ҳақ дар мавриде, ки бояд бигӯяд, хомӯш меистад, шайтони гунг ва безабон аст (Абуалии Даққоқ)


Ҳамла ба дафтари маҷаллаи фаронсавии “Шарлӣ Эбдо” дар Париж, ки 12 кушта барҷой гузошт, амали ғайриинсонӣ ва маҳкумшаванда аст. Чунин амалҳои дур аз инсониву эмонӣ ва динӣ қариб ҳамарӯза дар кишварҳои мусалмонишини Фаластин, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Покистон, Сомалӣ, Нигерия рух медиҳад, вале мутаассифона, бархӯрд ва муносибат бо ин амалҳо яксон нест.

Маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” тақрибан 2 солу 4 моҳ пеш бо нашри корикатураи Пайёмбари бузурги Ислом Муҳаммад (с), даст ба нангинтарин амал зад. Ин амали маҷаллаи мазкур як навъ дастдарозӣ ба номуси ду миллиард мусалмон дар тамоми ҷаҳон буд. Мутаассифона, он замон аксар ҳукуматҳое, ки ҳоло амали террористии ахирро маҳкум мекунанд, муҳри хомӯшӣ бар лаб заданд, гуиё чизе рух надода буд.

Он вақт бо ном “мулло”-ву “муфтӣ”-ҳо аз минбарҳошон амали ноҷавонмардона ва ғайриинсонии маҷаллаи “Шарлӣ Эбод”-ро маҳкум накарданд ва ҳарфе ҳам дар ин бора ба забон наёварданд. Роҳбарони давлатҳое, ки худро мусалмон мешуморанд, нота нафиристоданд. Нагуфтанд, муҳтарам журналистон, ин кори шумо амали зишт, палид ва дур аз одобу ахлоқи инсонист. Шумо ба пайёмбаре, ки рукни асосии эмон, эътиқод ва муқаддасоти ду миллиард мусалмони сайёра аст, тавҳин кардед. Ин кори зишт аст ва бояд узр бипурсед. Аммо... Ҳеч чиз нагуфтанд.

Оё тавҳини Муҳаммад (с) амали родикалӣ нест? Оё таҳқири Муҳаммад (с) амали террористӣ нест? Оё корикатура кардани Муҳаммад (с) фитнаи бузург нест? Имрӯз дар ҳама кишварҳои олам таҳқир ба як инсон, чӣ зинда бошад ва чӣ фавткарда, ҷиноят ҳисоб мешавад. Аммо тавҳину таҳқири беҳтарин инсони рӯи замин - пайёмбари Худо Муҳаммад (с) магар амали зишту ҷиноят нест?

Мавзӯъҳои марбута дар шабакаҳои давлатии телевизионии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба таври якҷониба инъикос шуда, сабабҳои ин ҳодиса ба мардум фаҳмонида намешавад. Бештари динситезон ва Худобехабарон аз ин фурсат истифода карда, ангушти туҳмату таҳқиро сӯи мусалмонҳо равона мекунанд, ки бубинед, мусалмонҳо бо чӣ корҳо банд ҳастанд ва чи гуна амалҳои зиштро анҷом медиҳанд. Ҳол он ки он чи дар Фаронса ба вуқуъ омад, ба андешаи коршиносон саҳнасозии пурқурбоние ба хотири сиёҳ кардани Ислому мусалмонҳосту бас.

Банда ба ҳеч ваҷҳ аз ин амал хушҳол нестам ва онро маҳкум мекунам, аммо чаро ҳеч кас сабаби ба вуҷуд омадани чунин ҳодисаро шарҳ намедиҳад? Чаро ба мардум решаи ин кор фаҳмонда намешавад? Ё танҳо диндорон ифротгароянд? Ҳамеша дар тули таърих ифротгароҳо ва тундравиҳои дунявӣ ва ғайримазҳабӣ ифротиҳои диниро ба вуҷуд овардааст. Сабаби ҳамин воқеа низ ифротгароҳои бо ном “дунявӣ” буданд.

Ҳазорон кӯдаки фаластинӣ қурбони режими сайҳунистӣ шуд, баъзе давлатдорон, ки худро мусалмон мегӯянд, чизе нагуфтанд. Муфтии Тоҷикистони бо вуҷуди дархостҳо ва навиштани мактуб аз ҷониби як гуруҳ ҷавонон дар ҳаққи фаластиниҳо дуо накард. Вале ҳодисаи Фаронса 24 соат дар таблиғи расонаҳост.

Вақте аз принсипҳои дунявият, ҳамзистӣ ва ваҳдати саросарӣ дар дунё ҳарф мезанем, муносибатамон ҳам бояд бо ин шиорҳо мувофиқ бошад. Барои мо фаронсавиҳо, ироқиҳо, суриягиҳо, амрикоиҳо, русҳову мардумони дигар дар навбати аввал инсон ҳастанд ва ҳеч гуна амали ғайриинсониро алайҳи онҳо, қабул надорему маҳкум мекунем. Онҳо низ дар қиболи мо бояд чунин кунанд ва ба эътиқоду муқаддасоти мо аҷр бигзоранд ё аққалан кордор нашаванд!

Одат шудааст, ки ҳамеша динхоҳонро ба тундгароӣ ва радикалӣ нисбат медиҳанд, вале инсоф бояд кард ва тамоми анвои таасуб ва тундгароӣ, аз ҷумла тундгарои сиёсӣ- давлатиро низ бояд маҳкум кард. Аз тарафи дигар, бояд ёдовар шуд, ки дар бисёр мавридҳо мавқеи радикалии сиёсӣ-давлатӣ дар муқобили дин боиси аксуламал, тундагароии динӣ мегардад. Мутаъсифона бисёриҳо ҳангоми баррасии масъалаи радикализм сабабу иллати онро нодида мегиранд.

Паҳни дубораи корикатураҳои Муҳаммад (с) бисёр кори зишт ва як амали ифротгароёнаи дунявӣ буд. Вақте дар Париж, пойтахти кишваре, ки бо ҳампаймонии кишварҳои ғарбиву Амрико 13 сол дар хоки Афғонистон барои нест кардани терроризм мубориза бурд, амали террористӣ анҷом мешавад, бояд аз худи Фаронса пурсид, ки дар ин 13 сол чи кор карданд? Ё онҳо (террористон)-ро аз лонаҳояшон ба маркази кишварҳояшон бурданд?

Ба таҳқири Муҳаммад (с) ва мусалмонҳо хотима диҳед. Онҳо ҳеч мушкилие бо шумо ва олам надоранд. Аз онҳое, ки ба инъикос ва навиштани ин мавзӯъҳо даст мезананд, ҳамчун як мусалмон хоҳиш мекунам, ҳадду марзро бишиносанд. Агар дунболи сиёсатҳои Ғарб ҳастед, бидуни таҳқири Муҳаммад (с) ва пайравонаш ин корро анҷом бидиҳед.

Ба ҳеч далел душманӣ бо Ислому мусалмонҳо боиси пешрафт намешавад. Танҳо ҳамзистӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому риояи ҳуқуқи ҳамдигар сабаби пешрафт мегардад. Пас, оё фурсате нарасида, ки ба ин арзишҳо авлавият дода шавад?

Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Jovid
Бехтарин макола ....саломат боши муаллиф..МУХОЧИР АЗ ХИЧРАТ,

Юнуси Юсуфзод.
Наши акраб на аз Бахри кин аст, Муктазои табиаташ хамин АСТ.

Жюль Верн
Далер, Бехтарин шахси бо бехтарин матлаби далеронаат. Худованд забоната гуё ва каламата буррандатар гардонад.

муслим
Қалам оҷиз мемонад ба васфат ё расулалоҳ

Макдум
Сад Ахсан ба Далер Шарифов, агар хамин хел Точики вокеъи дар чомеаи мо бошад. Чунки на ба хар кас Худованд чунин кобилияти баёни акидаро метихад. Дар навиштани чунин матлаби одди ва пур аз дунёи маъни, дар танхои кам олимхои илми ТЕОЛОГИЯ ва Дуняви, муаффак мешаванд. Ба номи Худо, ки маро кадом як куввае мачбур месозад, ки хамин матлаба гаштаву баргашта хонам ва аз он халовати рухони гирам. Офарин ба шумо Далер ва ба касоне, ки бо ту дар машваратанд. Худованд хеч гох чунин бандагонашро хор намекунад.

insof
ahsan ahsan barodari aziz .khudovand nigahbonat.

Мардон
Далер Шумо масъалахоро хуб дарк карда баъ
д менаисед

Чонам фидои номи Муҳаммад (с)

шахло
хар он кас ки ба дини мубини ислом ва ба пайгамбари мо сухани куфр мегуяд худо чадояшро хохад дод

Allohu Akbar, barodar Dalerjon ahsan ba shumo va inchunin barodaroni islomi...

фотима
Ачиб аст ман дар асл фикр намекардам ки чунин човонони бедор дорем дар хакикат ахсан вазифаи чониятро ба итмом расонди дар назди вичдонат мисли мо шарманда нести.Дуруст кайд карди ки бо тахкири Ислом ва муслимин касе пеш нарафт ва нахохад рафт.Таърих Лашкару филхои Абрахаро ва ба сарашон рехтани абобилро фаромуш накардааст ё ин ки гурухи каромитаро ки бо каъба чи кор кардан .Дуруст аст,ки Каъба бар муслимин мукаддас аст вале мухаббати Мухаммад (с) ба нисфи имонаш тааллук дород ва ин сунин дифоаш. Ба фикри ман биёед хама чавонон барпо хезему аз дину миллатамо химоя кунем ба умеди муллои махала ва ё имомхатиб ва муфтии мухтарам нашавем.Фикр мекардам,ки бояд калонсолони уммат ба чавонон рохи хушбахтиву саодатро нишон медиханд.Аммо чунин набудааст хар кас дар пайи хушнуд кардани насфи худ аст.Аммочавонони бедори уммат агар чанде ангуштшумор бошанд хам хастанд.Эй калонсолхо мо чавонон аз шумо шарм медорем чаро моро бедор намекунед.Аз Аллох битапсед.Ахсан ба модари чунин фарзанд ки аксари модарони дигар аз кораш очиз мондаанд.Мо чавонони мусалмон точик бедор хастем ва намегузорем. ки ба дину эътодамон тавхин кунанд.Хар оина дини Ислом голиб аст.Чавонон бояд дар харакат бошанд.Бархезед эй пайравону ошикони ( محمر (ص МУХОЧИР АЗ ХИЧРАТ,

Саламат боши Далер, журналисти хакикат параст. Дар хакикат Демократия ин маънои онро надорад, касеро, ки хохем тахкир кунем. Демократия ин шаъну шарафи якдигарро тахкир назанем.

олег
вакте муслимини мучохиди шумо дунёро ба ду кисм исломи ва кофири мебинанд дар магозахо гизоро ба ду навъ халол у харом таксим мекунанд одамони озодро мачбур мекунананд ки бар сар румол гиранд ва даъват ба запти олам мекунанд счаро бояд дигарон шумо динатон ва пешвои динатонро эхтиром кунанд. ки гуфтааст ки шумо ба Худо наздиктаред барои чахолати кудаконаатон ё аз дунё кафоб факириву мардикориятон???

рачабов Исмат
Далерчон хакикат он буд,ки гуфти. Худованди пок ба хамаи мардони дин чунин гайратро насиб гардонад ки дар гуфтани сухани хак харос накунанд!!!987755249

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)