Бахшҳо
07 мар 2015 09:19Тоҷикистон / Сиёсат

Афви байналмилал: Куштори Қувватов қисме аз рӯйхат аст...(ВИДЕО)

Созмони Афви байналмилал ё худ Amnesty International бо нашри як изҳорот дар робита ба куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гуруҳи 24” дар Туркия таъкид намудааст, ки ҳаёти дигарандешон дар дохилу хориҷи Тоҷикистон хатарноктар мешавад.

Ин созмон бо такя ба манобеи худ таъкид мекунад, ки Умаралӣ Қувватов ва наздиконаш дар гузашта аз мақомдорони болонишини Тоҷикистон таҳдидҳо гирифтаанд: “Инчунин хайрхоҳоне низ будаанд, ки ба Умаралӣ Қувватов дар бораи фармоишҳо барои зарар расондан ба ӯ хабар додаанд”.

Денис Кривошоев, муовини директори Amnesty International оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, мо қаблан низ дар бораи қасди куштори дигарандешону мухолифони тоҷик дар хориҷи кишвар иттилоъ мегирифтем: “Аммо ин нахустин куштори рӯирост аст, ки як паёми даҳшатовар барои мухолифону дигарандешони тоҷик дар дохилу хориҷи кишвар аст”.

Кривошоев аз мақомоти Туркия талаб кардааст, ки ҳар чӣ зудтар ва тариқи мунсифона ҷузъиёти куштори Қувватовро ифшою гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ӯ таъкид намудааст, ки вақтҳои охир куштори дигарандешони фирорӣ дар Туркия бештар шудааст ва фирориёни чечену руҳонии мухолифи ҳукумати Узбакистонро мисол овардааст, ки дар Туркия кушта шудаанд: “Ҳукумати Туркия бояд амнияти афродеро, ки аз таҳқиби мақомдорони ватанияшон дар ин кишвар паноҳ бурдаанд, таъмин кунад”.

Афви байналмилал инчунин таъкид намудааст, ки мисолҳои зиёди ҳамкориии мақомоти махсуси Русия бо Тоҷикистонро дорад, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ дигарандешонро дуздида, истирдод мекунанд. Ин созмон қазияи Мақсуд Иброҳимов, мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро зикр кардааст, ки ахиран аз хонааш дар Маскав рабуда ва ба Душанбе истирдод шуд.

Афви байналмилал мегӯяд, Қувватов ва Иброҳимов танҳо қисмате аз рӯйхати мухолифону дигарандешони Тоҷикистонанд, ки мавриди ҳамла, таҳқиб, фишор ва ҳатто куштор қарор гирифтаанд: “Моҳҳои охир, махсусан дар арафаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи инсон якбора буд шуд”.

Ин ниҳод талаб дорад, ки таҳқиби сиёсии дигарандешон қатъ шавад ва дастандаркорони он муҷозот гарданд.

Ҷузъиёти нави куштори Қувватов ва заҳролудшавии наздиконаш аз оши Қаюмов (ВИДЕО)

Афви байналмилал: Куштори Қувватов қисме аз рӯйхат аст...(ВИДЕО)Ин дар ҳолест, ки Умаралӣ Қувватов, раҳбари кушташудаи “Гуруҳи 24” пеш аз қатлаш зимни меҳмонӣ дар хонаи як шарики худ, Сулаймон Қаюмов бо ҳамсар ва ду фарзанди ноболиғаш заҳролуд шудааст.

Дар ин бора расонаҳои туркӣ хабар дода, меафзоянд, ки феълан Қумриниссо Ҷабборова, ҳамсари Қувватов бо ду фарзандаш дар бахши эҳёгарии яке аз бемористонҳои Истанбул бистарӣ мебошанд.

Ба иттилои манбаъ Қувватов шоми 5-уми март ба хонаи Сулаймон Қаюмов, ки се моҳ пеш ба Туркия муҳоҷир шуда, ба “Гуруҳи 24” пайвастааст, ба меҳмонӣ даъват гардидааст: “Баъди истеъмоли ғизо Қувватов бо наздикон худро нороҳат эҳсос мекунад ба хиёбон мебарояд то ба беморхона раванд, вале ҳангоми ба берун баромадан ба сараш шиллик мекунанд. Ҳамсар ва фарзандонаш фурсат пайдо мекунанд, ки дар ин бора пайвандонашонро огоҳ намоянд ва баъдтар аз ҳуш рафтаанд. Дар беморхона ба мо гуфтанд, ки онҳо бо шумули Қувватов ҳам пеш аз кушта шуданаш, заҳролуд шудаанд”.

Расонаҳои туркӣ иттилоъ медиҳанд, нафаре, ки ба сари Қувватов тир холӣ кардааст, тоҷик будааст, чун пеш аз паррондан чанд калима бо забони тоҷикӣ гуфтааст. Аммо дар мавриди он, ки қотил чӣ гуфтааст, маълум нест.

Ҳоло бар асоси иттилои расонаҳои Туркия, Сулаймон Қаюмов ба гумони қасди заҳролуд кардан айбдор дониста мешавад ва боздошт шудааст. Наздикони Умаралӣ Қувватов гуфтаанд, ки Қаюмов ҳангоми хӯроки шом бисёр шубҳаовар рафтор мекардааст ва бо тахмини зиёд заҳрро ба хӯрок ӯ ворид кардааст.

Қаблан расонаҳои Туркия иттилоъ доданд, ки раҳбари “Гуруҳи 24” соати 22:30 ба вақти Туркия дар кӯчаи Фотеҳии Истанбул аз пушти сараш тир хӯрда, то расидани ёрии тиббӣ ҷон додааст.

Ин расонаҳо навореро ҳам нашр кардаанд, ки дар он ҳамсари Умаралӣ Қувватов дида мешавад. Ӯро ҳамроҳ бо як писари хурдсол вориди як мошини ёрии таъҷилӣ мекунанд.



Умаралӣ Қувватов тобистони соли 2012 аз таъсиси “Гуруҳи 24” дар Маскав хабар дод. Даъват аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов барои нагузоштани номзадияш дар интихоботи президентӣ яке аз аввалин изҳороти пурсару садои ӯ буд. Қувватов дар расонаҳои кишвар ба унвони шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ шуд, ки то фирораш ба Маскав бо ширкатҳои “Тоҷирон”-у “Фароз” кор мекардааст. Баъди он ки Қувватов “Гуруҳи 24”-ро таъсис дод, масъулини ширкати “Фароз” ӯро дар дуздии 6 миллион сомонӣ айбдор карданд.

26 январи соли равон бошад, Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон гуфт, Умаралӣ Қувватов дар баробари ҷиноёти иқтисодӣ инчунин дар гаравгонгириҳо низ даст дорад. Ба иддаои ӯ, Қувватов тариқи зӯроварӣ тиҷоратҳоро аз худ карда, собиқ ҳамкоронашро аз дар берун менамудааст.

Моҳи декабри соли 2012 Умаралӣ Қувватов бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрели соли 2013 ҳукми бозпас фиристодани Қувватов ба Душанберо содир кард, вале ӯ аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурда, раҳо гардид. Моҳи декабри соли 2014 хабари боздошти ӯ ва чанд ҷонибдораш дар Туркия расонаӣ шуд. Гуфта мешуд, ки онҳо бо далели нақзи қоидаҳои буду бош дастгир шудаанд. Сеюми феврали соли 2015 ҳамагӣ озод шуданд.

9 октябри соли 2014 Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди паҳн шудани овозаҳо дар бораи “гирдиҳамоии 10 октябр дар Тоҷикистон” “Гуруҳи 24”-ро созмони экстремистӣ эълон карда, паҳн ва нашри ҳамагуна матолиби чопию аудиовизуалии марбут ба онро мамнӯъ кард. Гуфта шуд, “Қувватов ва дигар намояндаҳои ин гуруҳ дар баромадҳои хусусияти ифротгароёнаи (экстремистидоштаи) худ мардуми Тоҷикистонро ба бетартибиҳои оммавӣ, рӯирост ба ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ, яъне ба содиркунии ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ даъват мекунанд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)