Бахшҳо

Эшони Нуриддин сатрро фарзу ранги сиёҳро савоб хонд

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруф ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо дар пайи дастуру супоришҳо алайҳи “бегонапарастӣ” миёни занон дар Тоҷикистон ба ин масъала дахл карда, таъкид кардааст, ки ҳиҷоб ва сатр моли ягон миллат набуда, моли Ислом ва фаризаи илоҳӣ аст.

Ӯ ин нуктаро дар посух ба суоли Одил, яке аз корбарони торнамои Тurajon.org изҳор доштааст, ки аз ин руҳонӣ пурсидааст: “Оё либоси сиёҳ сатр ҳисоб мешавад ва чӣ гуна рангҳо барои либоси сатр дуруст аст, чун ҳоло сатрро либоси бегона гуфта, бо сатрпӯшҳо мубориза мебаранд?”

Эшони Нуриддин дар мавриди ранги ҳиҷоб изҳор доштааст, ки дини Ислом як навъ рангро ҳатмӣ накардааст, вале дар мазҳаби ҳанафия пӯшидани ҳиҷоби сиёҳ савоб аст: “Дар мавриди ранги сиёҳ дар Фатвои ҳиндия ҷ 5 саҳ 330,, яке аз фатвоҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ, ки мо мардуми Тоҷикистон пайрави ин мазҳаб ҳастем, чунин омадааст: Пӯшидани ранги сиёҳ мустаҳабб аст. Дар аҳодиси саҳеҳ низ ворид шудааст, ки занҳои саҳоба ҳиҷоби сиёҳ доштанд. Ҳазрати Умми Салама мегӯяд: Вақте ояти ҳиҷоб нозил шуд, занҳои ансор бо либоси сиёҳ аз хонаҳояшон мебаромаданд. (ривояти Абудовуд).”

Ба қавли Эшони Нуриддин, либоси исломии занон баъзе шарту меъёр дорад, ки бояд онҳо риоя шаванд. Ӯ мегӯяд, ҳиҷоб бояд ба ҷуз руй ва ду кафи дастон, тамоми бадани занро пӯшонаду тангу тунук ё рангҳои назарҷалбкунанда надошта бошад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аввали моҳи равон дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар гуфт, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст ва аз мақомоти кишвар даъват намуд, ки миёни мардум бештар либосҳои миллиро тарғиб кунанд: “Меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳимми мусулмонӣ мебошанд”.

Дар пайи ин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дастур додааст, ки мақомот аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар тариқи корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Мӯҳр
а
муфтиёти точикистон метавонанд аз ин бобо ибрат гиранд

интихоботи шаффоф
Дар интихоботи 2015 раиси як участка аризаи ХНИТ ро рад кард, вакте аз у пурсиданд, ки чаро аризаи моро рад карди дар чавоб гуфт ки шумо дар ариза раиси хавзаро "ЧАНОБ" гуфта навиштаед. Мо дар Точикистон факат як "Чаноб" дорем, барои хамин аризаи шумо хато аст.
Касоне ки куркурона гапхову баромадхои макомоти давлатию президентро кабул мекунанд, ба назароашон харчи у гуфт бояд хамон бошад тамом, фарк надорад ки он гап зидди ислом аст зидди миллат аст ё... як бор аз хари шайтон фароед бародарон охир гунох дорад ин корхоятон ва пайравии куркуронаатон. Агар даъвои мусалмони доред, дар масоили исломи харчи ки уламои дин гуфтанд бо истифода аз Куръон ва суннату фатвои пешвоёни мазхаби ахли суннат бояд кабул кунед вакте худатон илм надореду пешвоёни дуняфиатон низ илм надоранд, аммо масоили сиёси чандон илм намехохад хатто кампирони лаби об хам аз сиёсат хабар доранд.

Вой бар холи бархеи шумоене ки хакро инкор менамоед! Пагох дар назди Офаридгор чи чавоб медода бошед? Куръону оёташро, хадиси сахехро ва хакро инкор (игнор) менамоед, онро ба хар бахонае нораво мехисобед, душмании шахсии худро нисбати ислом ба омма нишон медихед, зулмро пеша мекунед, каломи Парвадигорро кабул надоред ва гайра вахо казо... Бахоначуии ин тоифа мардум то абсурда меравад. Араб ба бархе шумо чи кардааст? Чи кор доред ба зан-хазратхои Рассуллуллох??? Духтархои шуморо ба зани гирифтааст? Парвардигор харгиз духтарои шуморо ба фиристодааш зан намекунад, чунки онхо ба мисли бархеи шумо ифлосанд. Бигузор дискотека раванд ва миниюбка пушанд. Коре надорем. Чавоби амалашонро аввал шумо медихед. Агар дар Куръон-сарконун сатр омада бошад, ХУДРО КУШИ инро инкор карда наметавони. Биравед ва харомиатонро бикунед ва ба сухани Аллохи бузург мукобил нашавед вагарна хамоно мукобилшуда нохак аст. Озоди озод бош ва чоп намо. Ассалому алайкум.

МУҲАММАД АЗ ХОВАЛИНГ
ИЛТИМОС ОЗОДИ ЧОП НАМО.
ЭЙ. зидди харзаи араб. ЗАБОН САНҶИДА ГУЙ ТО ДУСТРО ДУШМАН НАГАРДОНИ.

б
а,
Муфтиёт харгиз аз чунин ашхос ибрат гирифтан даркор нест, чунки ба мисли солхои 90-ум мардумро ба ифрот расонида хуни хазорон-хазорон касонро мерезонанд

Довуд
Сатрпуши ва риш модан ин хукуки фитрии инсон аст.

Точикон
Аз кадим мулайём миллати точик бо фарханг ва либоси миллии худ аз дигар миллатхо фарк мекард. Пушидани сару либоси бегона ба миллати точик намезебад, инчунин баъзе аз эшонхо зан ва фарзандони худро барои фарк кардан аз дигарон сатру хичобу ва дигар нагмаро ба зану фарзандони худ раво мебинанд. Дар урфият мегуянд, ки сиёхи сиёхиро пеш меорад, инчунин муллоро гапаш дигар асту кораш дигар аст. Пас ба мардуми Точикистон мурочиат карданием, ки ба фикру акидаи ин муллохо ё эшонхо кор накунанду либоси милли худро хечгох фаромуш насозанд.

Ozod
Цитата: зидди харзаи араб
марди солхурдае, ки бо кудаки 9 сола алокаи чинси кардааст пайгамбар буда наметавонад. Хамин далел барои инсони солимкакл кофист. Хол онки ингуна амалхои ношоистаи ин шахс хеле зиеданд. Озодагон хакикатро чоп кун.

Ту як маротиба таърих ва хикмати ин никохро бихон баъд мефахми хакикатро. Аввалаш ин ки дар он замонхо ин кор одати буд, духтаронро барвакт ба шавхар медоданд. Дуюмаш ин ки пеш аз пайгамбар (сав) ба хостгории Оиша (р) 2 нафар рафта буданд, аммо падараш Абубакр (р) розиги надода буд. Сеюмаш ин ки дар оянда ту барин душманони Ислом аз сабаби занхои бисер доштани паёмбар шояд уро дар шахватпарасти айбдор мекарданд, аммо шахси шахватпарас духтари зебои 18-25 соларо ба зани мегирад, на ин ки 9 солаву 54 солаву ва гайрахо.

Рохгузар
Инчо бояд камтар эхтиетона кор кард:
1. Эшони Нуридинчон мисли дигархо яз ягон минбар ин гапро нагуфтааст, ин танхо чавоб ба суоли як суолдиханда.
2. Вакте, ки эшон ба суолхо посуш медихад, асос Куръону хадису шароити мазхаби имоми Аъзамро (Ханафиро) дарбар мегирад.
3. То ин даме, ки озодагон аз суолчавоби сайти шахсии оилаи Турачонзодахо "СЕНСАЦИЯ" месозад, дар ин кишвари бе ин хам пур аз гайбат боз бадбини нисбати ин шахси баруманди ислом дучанд мегардад.

Дустон бехтар аз гайбати кас, мо бояд фарзу суннатро хар кас шахсан биомузад (агар хохад), ба касе ки рохи дигарро интихоб кардааст ин кори уст, лекин дигархоро тахкир накунед, чи хеле ки дар Куръони Карим омадаги аст, "...Дини мо барои мо ва дини Шумо барои Шумо"

Лекин бояд донист ки хама чиз меъер дорад, илтимос аз меъераш нагузаронетон, шахсан озодагон, ин маколаи Шумо ба тафкираандози байни рухониен ва дигарон мебошад::(

муосиръ,
Алам кард ми

Гар набуди илми олим рохбар,
Аз вати модар намекарди хазар.

Эй "зидди харзаи араб" Худо бахшад туро! Валекин дар рузи киёмат аввал бинем ки дар зери ин ник ки бошад??? Хе кадом панохро мечуста боши? Ту ки хакро хозир инкор менамои ва дар пушти чодару никхои интернети худро пинхон менамои намефахми ки ба ПАРВАРДИГОР ту аёни. Чаноби Оли хам низ мусалмон аст. Ту уро хам чохил мехони? Худо бахшад туро барои суханхои кабехат нисбати ФИРИСТОДАИ АЛЛОХ! Омин!
Забонпарасти нохак! Озодагон дар рохи поки!

Мухлисони бобои Эшон
Худованди мехрубони Бобои Эшони Нуриддинчона бо тамоми ахлу байташ нигахбонбош зеро ки ту худат медони ей Худованди мехрубон ягона хакгу ва хакро мегуфтаги ин Эшони Нуриддинчон мебошад дар амонатат нгахаш дор омин омин омин!

Точикон бубинед ва бифахмед, ки дар давлатхои Исломи мардуми кутохфахм ба чи корхо машгуланд. Якдигарро монанди саг мекушанд. мусалмониро фаромуш кардаанд. Холо он ки дар Ислом фарк байни мусалмону кофир он аст, ки мусалмон рахму шафкат дорад. Кани он рахм дар мардуми хозираи ба ном мусалмон. Мусалмонон хамаро монда якдигарро вахшиёна ба катл мерасонанд. Барои хамин бас аст агар сидкан мусалмон бошем пас рафтору кирдори рост кунему ватанамонро дуст дорем ва аз паси гайбати якдигар ранги занакхои дайду нашавем. Либоси одди пушему якдигарро изату хурмат намоему давлати азизамонро ки ободу зебо аст зеботар гардонем. Бас кунед сатхи рохбариятро паст задан агар аклу заковат дошта бошед.

Бобои Эшон ранги сиёхро мо савобашро дар байракхои гурухи террористии ДИИШ дида истодаем, ки нисбати мо барин мусалмонон чихел вахшиёна муносибат карда сари мусалмононро аз танашон чудо мекунанд магар ин аст савоб. Бас аст дигаронро сиёх кардан агар Исломро дуст доред ва Исломшинос бошед мардумро дар рохи обод намудани диёр даъват кунед.

Ин мулло яке аз он рухониёне мебошад, ки хисси милли надорад. Дар бораи фарханги милли ягон маротиба сухан нагуфтааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)