Бахшҳо
24 апр 2015 07:20Тоҷикистон / Сиёсат

Бозор Собир: Моро рус миллат ва соҳиби республика кард

Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик, ки ду сол пеш бо даъвати раисиҷумҳур ба Ватан омад, бо нашри матлабе Эмомалӣ Раҳмонро бо шоҳи пешини Эрон - Ризошоҳи Паҳлавӣ баробар карда, гуфтааст, “Тоҷикистони навин ба ҳар сӯе, ки нигарӣ ба ӯ тааллуқ дорад”.

Дар ин матлаб, ки дар нашрияи “СССР” чоп шуд, гуфта мешавад, агар Ризошоҳи Паҳлавӣ бунёдгузору вориси бошарафи Эрони навин мебошаду назди оромгоҳи Куруши Кабир ба зону зада, аз қабри Фирдавсӣ маъзаратхоҳӣ кардааст, Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи Исмоили Сомонию Фирдавсиро гузошта, хоки Камоли Ҳуҷандиро аз Табрез ба Ватан овардааст.

Ба навиштаи Бозор Собир, гӯиё танҳо дар баробари шоҳи пешини Эрон метавон, Эмомалӣ Раҳмонро мисол овард, ки бо роҳандозии маъракаҳои либоси миллию мактабӣ ва донишҷӯӣ қасди Ваҳдати миллиро дошта, харобкориҳои панисломистҳоро ислоҳ дорад: “Дар паҳлуи ӯ (Ризошоҳи Паҳлавӣ) танҳо ва танҳо президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмонро метавон дид. Аввалан, ӯ муҷассамаи бошукуҳи Исмоили Сомониро ниҳод. Муҷассамаи Рӯдакиро ниҳод. Агар панисломистон ҳайкали Фирдавсиро хароб кардаанд, ӯ барпо кард. Аз классикон касе нест, ки ба номи ӯ кучаву хиёбон ё мактабе набошад. Аз мадфани Камоли Хуҷандӣ мушти хоке оварда, ба бузургдошти ӯ мақбара ва боғу музей бунёд кард. Бинои Китобхонаи миллии мо дар ин минтақа ягона аст. Инчунин, Қасри миллат, Кохи Наврӯз ва садҳо иншооти бузургро анҷом дод. Аз ҷумла, шоҳроҳу нақб ва нерӯгоҳи барқи обии Роғунро, ки республикаро комилан саноатӣ хоҳад кард. Барои ӯ ҳеч масъалае ҷузъӣ нест. Масалан, маъракаҳои маъмулӣ либоси хосси миллӣ, либоси мактабӣ, либоси донишҷӯӣ ва ҳоказо. Ва ниҳояти ин ҳама бозсозияш Ваҳдати миллист.Тоҷикистони навин ба ҳар сӯе, ки нигарӣ ба ӯ тааллуқ дорад. Ҳамчун Эрони Ризошоҳи Паҳлавӣ ин шахсиятҳои фавқулода, падарони миллатанд”.

Бозор Собир дар ин матлаб шахсияти ниёгони мардуми тоҷикро ҳам ба баҳс кашидаву аксари онҳоро дарвеши ғору харобот дониста, гуфтааст, ҷуз як “бомж” каси дигаре набуданд: “Кистанд, ин ниёгоне, ки мо беморгуна дағ-даға мекунем? Аксаран дарвешу қаландари хонақоҳу чилахона ва ғору харобот. Ба истилоҳи имрӯзӣ, бомж ва шиорашон ин буд: “Аз ҳарду ҷаҳон бигзар, танҳо зану танҳо хӯр, то мулки малак гӯяд, танҳот муборак бод!

Ӯ дар идомаи матлабаш аз мардуми рус ва забонашон таъриф намуда, таъкид кардааст, ки маҳз бо шарофати забони ин мардум хатту забони кунунии тоҷикистониён нисбат ба ҳамҷинсонаш дақиқтару мудернтар мебошад. Бозор Собир навиштааст, ки забони русӣ барои ӯ ҳанӯз ҳам забони давлатӣ ва модарӣ аст, чун ба иддаои шоир, гӯиё дарвозаи дутабақаи тоҷикистониён ба сӯи дунёи мутараққӣ Русия ва забони онҳост: “Сарфи назар аз ниёгону хати ниёгон алон забони мо аз тамоми ҳамҷинсонаш дақиқтару зиндатару мудернтар аст. Ва албатта ба шарофати забону хати русӣ. Алифбои русӣ сода ва ба ҳама дастрас аст. Дар донишгоҳи Вашингтон бисёр мушоҳида мекардам, ки студентон аз фарҳанги русӣ истифода мебурданд, мегуфтанд, ки истилоҳот дар навишти русӣ дақиқтар аст. Маъмулан халқҳои ҳамнажодро аз ҳамдигар дин ва сиёсат ҷудо мекунанд, вагарна наздиктарин нажоди ориёнии оврупоии мо рус аст. Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сар мешавад. Зимнан чанд аломати алифбои русиамонро беҳуда ҳазф кардем, хусусан “ц”-ро, ки дар беғалат навиштани истилоҳоти русӣ ва байналхалқӣ бисёр зарур буд.

Муаллифи матлаби "СССР" дар идома афзуда, Тоҷикистон сирф русӣ асту тоҷиконро русҳо миллат ва соҳиби ҷумҳурӣ кардаанд: “Вориси баҳақи “Авасто” рус аст. Илова бар ин, Тоҷикистон сирф русист, дар замини холӣ бунёд шудааст. Моро рус миллат ва дорои республика кардааст. Бар ин бино, забони русӣ барои мо ҳамоно забони модарист, дар ҳар мақоме, ки набошад дар мақоми забони давлатӣ қарор дорад”.

Ӯ дар охир таъкид кардааст, “мо ҷумҳурии мавҷуда, хатти мавҷуда, забони айниамонро на танҳо ба хатти ниёгон, балки ба ҳафтод пуштамон қурбон намекунем. Бигзор Эрону Афғонистон хатташонро ба хатти мо бадал кунанд. Якмуддат шодихори онҳо шуда, хеле масҷидсозию мазорсозӣ кардем, бас аст”.

Оқои Собир баъд аз 19 соли муҳоҷират дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли 2013, ба кишвар омад ва ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекунад. Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳи кишвар буд.

Ӯ ягона шоире дониста мешуд, ки дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин дар васфи раҳбаронаш шеъре нагуфта. Вале баъд аз мустақилияти Тоҷикистон ва ҳиҷраташ ба Маскаву Амрико, ӯ низоми демократиро зери бори танқид гирифта, қисмати зиёди шеърҳояшро барои Ленину Сталин ва низоми Шӯравӣ бахшид. Ҳатто дар яке аз шеърҳояш, ки дар маҷмӯаи "Лолаи сиёҳ" нашр шудааст, Бозор Собир мухолифати худ барои тағйири номи Ленинободи собиқ ба Хуҷандро баён доштааст.
Мӯҳр
Фируз
Бозор Собирро ман шоир хам хисоб намекунам. Як баромади уро ман гуш кардам, ки дар он чо у падараш Ленинро аз Худову паёмбар(с) брло хисоб мекунад. Агар у шоир бошад ба маънои шеъри Бедилу Хофиз, Мавлавию шайх Аттор сарфахм мерафт, ки бештарашон дар бораи шинохтани Худо сухан кардаанд. Шумо ин шоирро хеч гох таъриф накунед, инро ман душмани Худо мехисобам.

Парвона
Бозор собири мухтарам - урус омада точиконро фахшу дуздию бехудои ед дод, китобхои киммати дастхатро сузонд ва касе ки сар боло карда буд е кушту е ба он суи Ому пеш кард е ба сибир каторга кард....дар чанги бемаънии дуюми аврупо ними точик курбон шуд, гуломи пахтаю тамоку шуд ва билохира масти араку винои арзон шуд...

Сабур
То андозае хак ба чониба Бозор Собир мебошад. Биёед мани мании хавоиро як су гузорем ва ба хакикат нигох кунем. Худро аз пахлу нигох кунем. Ки имруз кистем? чистем? чи кадру манзалат дар пеши дигарон дорем? аз кадом кардаи имрузаи худ бояд фахрем? Агар 24 соли охирро гирем гайр аз пасти, худкуши, номарди дар хак худ ва дигарон, ба чи чизи дигаре мо ноил шудем. Мо дуст медорем ба дигарон санги маломат партофтан, аммо аз бахо/ислох ба камбудии худ фаромуш мекунем. Мо нодида мегирем, дар ин 23 охир мо пеши дигарон худро чи макому обру аз мондем, ки боси андак ифтихор бошад! Мо нодида мемоем, ки ба тудаи (бале) рохгуме монанд шудем. Дар кучое шини факат гайбат, таъна, купнамакиро мебини. Рост мегуяд Б. Собир, агар рус намешуд аз зулми мангит рахо намёфтем., забонро кайхо гум карда будем, чун имруз ва 1000 сола гулом хастем, факат 70 соли шурави точик камтар кадр наом пайдо карда буд, имруз боздар рох суи нести карор дорем. Тудае ки на зиёи на рушанфикр дошта бошад оё миллат аст?? тудае ки гаир аз ба зону задан маду сано пеш хар мансабдор хондан, дигар ба чизе лоик нест оё миллат аст? Тудае ки ки аз гуфтанисухани хак метарасад оё миллат аст? Тудае ки то хол ба дарачае нарасида аст, ки миллатро аз мазхаб фарк кунад оё миллат? Тудае ки 2 чалласавод пешвояш бошад оё миллат аст? Тудае ки гайр азтааасуби мазхаби ба диар чизе лоик нест оё миллат аст? Тудае ки лоики Даст болои сина гузоред ва этироф кунед, ки таасуб дар хуни мо чои дорад ва бояд ислох шавем, набошад дар хамон чое ки имруз хастем 100 солаха хамон чо мемонем. Рах мат ба Бозор Собир ба чураъташ, ки миёни тудаи гургони вахши сухани худро гуфт. Мо на бояд аз сухани рост озурда шавем, сухани рост факат оне мегуяд дард дорад вичдон дорад, ки ба тудаи саногу хос нест, аз хакикати Б. Собир бояд суде хосил кунем. ислох шавем, вагар на нест мешавем, пайдо нашуда.!!!!! ТО КАЙ ХАР КИРО КИ ХАР НЕСТ, ХАРАШ МЕХОНЕД!!!

ТОЧИК
Бозор Собир рост мегуяд. Таърихро инкор карда намешавад. Махз Шурави точикро одам кард. Кани гуед дар Бухорои шарки чи гуна дастовард доштем. 99 фоиз бесавод ва дар зери зулми мангитиену бекхои махалли карор дошт.. Хохед нахохед Шурави ба мо рушнои овард мора аз чахолати асримиенаги озод кард. Точик нафаси тоза кашид. Хама бо чои кор, манзил, маориф ва тибби бепул таъмин буд. Парвои зиндаги надоштем. Хотири чамъ доштем. Наздиконамон дар мардикориву нонкови набуданд. Давлат пуштибонамон буд. Танхо инсони курнамаку гаразнок инро нодида мегирад. Даврони Шурваи давраи тиллои халки точик буд.

Мо аз таъриху фарханги гузаштаамон бо фтихор харф мезанем. Мо давлати милли мегуем, гурури милли мегуем, бо ифтихор Саъдиву Чомию Фирдавсиро аз худ мешуморем аммо як "бошж" тахкире бар будубуди гузаштагон мекунад вале ягон макомот чора намебинад

Точик
Давои хамаи дарду девонагихои ин шоир як хонаи сехонага будасту мо намедонистем.

ахмад
ту бозор хасти хамаи чизхои туро русхо хариданд хато ниёгони худро фурухти бе шараф

Саъди
Агар русхо Точикистонро республикаи алохида намекарданд то холо духтаронатонро ба мангитхо тортук мекардед.

Сабур ман фикри шуморо дастгири мекунам рост навиштед, тайи солхои истиклолият мо точикон чигуна буданамонро нишон додем, урусхо ки ба мо корхонахо ва заводу фабрикаву донишгоххову хонахои серошена бо канализацияаш ва мактабхои ва духтурхонахои бепул мондаанд, таи солхои истиклолият онхоро ба нести бурдем. ин нишона аз "бузургии точикон" аст ки ободи неву мутаассифона вайронкориро медонем. барои хамин хам мухочирон зиеданд ва мактаби миена пулаки , дармонгоххо пулаки, донишгоххо пулаки ва вой дод аз дасти ришвахорон мегуему халос. лекин барои ободи мисли манкуртхо дод мезанему худтаърифи мекунем, ки мо точдоронем. дар амал бошад??????????????????????????????

Ин Бозор пир гаштааст ва аклаш сарфахми суханони пучашро намеравад, у фаромуш кардааст, ки агар заррае обру дошта бошад ин аз хамон шеърхои точикиаш, ки дар асоси назми ниёгони худ навишта акнун онхоро фаромуш кардаву Ленину Сталин мегуяд, Мисли Ленину Сталин зуд аст ки аз ёдхо рави Собир!

Мухаммад
Ин муйсафед аклашро аз даст додааст ё аз хачахои русаш пули нагз гирифтааст ё ки хоини миллат шудааст.

ТОЧИКИ НИЕГОНДУСТ
БОЗОР ТУ ОК ШУДАИ МИЛАТИ ТОЧИК ХАСТИ

Агар суханони ин шезофреникро ягон мулло мегуфт, каппааш дуд мекард. Ин дуруя солхои чанги шахрванди яке аз алобмонхои чанг буд.

Точики Бадахшони
Бародарои точик фаромуш накунед.Агар русхо намешудан аз Бадахшон то Самарканд куртум пуртум карда мегаштем.... (узбаки)Аз душмани нодон душмани доно хубтар...!

Собир
Сад дар сад хак аст Бозор!!! Ку бо далел ба андешахои парешони Бозор чавоб бигуед? Хакорат карданро хама метавонанд!!!Ку бигуед то замони шурави чи давлате доштем? Аморати Бухоро? Магар у давлати точики буд? Ки буд рохбари он аморат? Як маротиб аз дарёи Аму бигзаред, хохед фахмид. Агар хунар доред бо далел чавоб бигуед, агар хакорат месозед, хеч хастед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)