Бахшҳо

Ҳоҷӣ Мирзо: Домуллоҳои бузургро ба минбар бояд баргардонид!

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик роҳи ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва таҳдидҳои зиддимазҳабиро дар баргардонидани домуллоҳои саршиноси кишвар ба минбар унвон кардааст.

Ҳоҷӣ Мирзо гуфтааст, тайи даҳ рӯз дар масҷиди мавзеи Куҳдомани шаҳри Кӯлоб, ки замоне масъулияти хатибии онро бар душ дошт, бо мардум гуфтугуҳо анҷом дод ва онҳоро аз хатарҳои Салафияву Ваҳҳобия ва гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” ҳушдор дод. Ӯ дар як суҳбати телефонӣ ба ҳафтаномаи СССР таъкид намудааст, ҳарчанд ҳадафи онҳо аз чунин мулоқотҳо пешгирӣ намудан аз пайвастан ба ҷараёнҳои зиддидавлатӣ аст, аммо бо вуҷуд аз оростани ин гуна суҳбатҳо тарс доранд: “Тарси мо аз ин аст, ки мабодо мақомот фикр накунанд, ки 1 нафар домуллои бе мансаб, яъне банда бо мардум вазъ мегӯяд. Мабодо ба сохторҳо суҳбатҳои моро дигар хел бурда расонанд. Ҳарчанд ҳадафи мо пешгирӣ аз тавтеъаи ҷараёнҳои зиддидавлатист. Мо талош мекунем мазҳаби падарии хешро ҳифз кунем, ҷавононро ба ин мазҳаб дилгарм созем”.

Ин руҳонии саршиноси тоҷик дар идома изҳор доштааст, зиндонӣ кардани узви гуруҳҳои ифротӣ маънии пешгирӣ аз ин равандҳоро надорад: “Имрӯз мешунавем, ки саф-саф ҷавонони кӯлобиро ҳабс ва аз ину он ноҳия боздошт мекунанд, вале бояд дарк кард, ки мардумро зиндон кардан, маънии пешгирӣ аз ин равандҳоро надорад, сафи зиндониёнро набояд зиёд кард. Инҳо ба зиндон, ки рафтанд усулан аз ин раванд намебароянд, зеро зиндон ҳатто розиёнро норозӣ месозад, ки ҳақиқатро бояд дарк кард! Ба пиндори сирф фардии мо, роҳи раҳоӣ аз вартаи пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистӣ ҳаст ва он роҳи зӯрӣ набояд бошад”.

Ҳоҷӣ Мирзо роҳи муваффақ шуданро дар набарди психологии мазҳабу равияҳои дигари ҷангхоҳ - шинохти бештари Абӯ Ҳанифа ва мазҳби Имоми Аъзам дониста, таъкид намудааст, Абӯ Ҳанифаро бояд тарзе муаррифӣ намуд, ки бо шунидани номи ӯ пайравонаш раҳматуллоҳи алайҳ гуфтаву ҷонашонро фидояш созанд, мисле, ки ҷавонони ҷангҷӯ барои кадом пешвои имрӯзаашон мекунад. Ба бовари вай, баъзе аз ин афрод ҳатто саводи кофии динӣ надорранд: “Мисол онҳо мегӯянд, бинед, дар кишвар масҷидҳоро хона мекунанд (дар назар доранд масҷидҳои хурд-хурдеро, ки дар маҳалҳо ҳастанд), сатрҳои занҳои моро мегиранд, масҷидҳоро мебанданд, минбарҳо микрофон надоранд... Мо набояд равғанрезӣ таблиғу ташвиқашон гардем. 4 даҳан гапи сахт мегӯянд, ҷавонон онҳоро устод гуфта, аз пасашон мераванд, дар асл саводе ин устодону шогирдон надоранд”.

Ҳоҷӣ Мирзо дар ин суҳбат бо ҳафтаномаи СССР аз афзоиши таҳдидҳои зиддимазҳабӣ ҳушдор дода, гуфтааст, воқеан имрӯз мазҳаби мо дар хатар аст. Ба таъкиди ӯ набояд ба “заҳролуд” шудани ҷавонон роҳ дода шавад: “Минҷумла, домуллоҳои бузургро ба минбар бояд баргардонид! Ҳар рӯз дар Кӯлоб ва дигар навоҳӣ мешунавем, 5-10 нафарро доштаву ҳабс мекунанд. Сабаб чист? Сабаб манъи суҳбати мазҳабӣ аз ҷониби домуллоҳои мазҳабии мост”.

Руҳонии тоҷик инчунин савол гузошта, душмане, ки на силоҳ дорад, на дониш ва на Қуръонро тафсир карда метавонад, чаро ҷавононро ба ҳалқаи доми тазвир мегираду афсун мекунад? Ва дар ҷавоби ин саволаш гуфтааст: “Зеро халои мазҳабиро кашф кардаанд, инҳо бештар психологанд, ки олими фиқҳу тақво бошанд. Онҳо аз камбуди сиёсиву идеологии мо сӯистифода мекунанд ва ба сарҳои ҷӯши ҷавонон нохун мезананд”.

Ба қавли Ҳоҷи Мирзо дар кишвар домуллоҳои донишманди қавӣ ҳастанд, вале минбар надоранд, то аллайҳи гуруҳҳои ифротгаро сухан бигӯянд: “Домуллоҳои мо дар дониш, илм, фиқҳ, тафсири Қуръону ҳадис аз онҳо ба карат болотару донотару қавитаранд. Зеро аксарияти кулли онҳе, ки ба дом уфтодаанд, саводи казоӣ надоранд. Вале онҳо дигар чиз доранд - минбари пинҳонӣ, интернету телефону ваъзҳои барангезанда. Мо на минбар дорем, на микрофон, на суҳбат карда метавонем. Бигузор суҳбатҳои мо сабт шаванд, пахш шаванд, ку бинем, мо зидди мазҳабем ё пуштибони мазҳабу давлату миллат?”
Мӯҳр
Ислом боиси акибмони аст магар?Ба иктисоду пешрафти давлатхои Катару Кувайт,АМА,Малайзия, Эрон,Сингапур ва гайрахо нигаред. Мо бахоначуем.Руси кабир хама тазкираву рисолахои илмиро сузонд ,донишмандону равшанфикронро кушту бадарга кард алифборо ду-се бор иваз кард,мардум дастхатхои кухнаро фаромуш кард.Хама давру замон мо олимону ихтирокорони бузург доштем, гарбихо аз мо дуздиданд.Ин тероризму экстремистро низ хоричихо бофта дини моро бадном карда истодаанд.Нисбати дину оин ва пешвои худ боэхтиром бошед.

ба салим
салим,
иктисоди пешрафтаи Катару Кувайту ИМА? ончо чи иктисоди пешрафтаро мушохида кардаи? чи ихтироъро дидаи, ки барои мо мисолмезани? кадом заводе доранд? кадом фабрикае доранд? мошин месозанд? самолёт месозанд? компютар месозанд? ракета месозанд? телефону телевизор мебароранд? чи...чи...чиии...? ончо танхо хонахои баланду рохи асфалтпуш аст, халос. он аз нефт аст, ки онро ширкатхои аврупои качат мекунанд ва проценти онхоро медиханд. то англис наомад онхо нефтро намедонистанд, ки чи аст. нефт захирааш поён равад мебини баъд холи инхоро. инро бародарам Салим хеч гох иктисоди пешрафта мапиндор. малайзия бошад, чои сборкаи технологияи чопону чину корея хаст, ба хар сурат онхо як кори хубе карданд динбозиву мазхаббозиро канор гузоштанду аз пушти илму иктисод шуданд. Сингапур кишвари исломи нест бародарам. мусалмонхо хастанд, аммо дар худуди 12-14%. ончо будизм, индуизм ва насронихо кисмати зиёдро ташкил мекунанд. онхо сингапур сохтаанд на мусалмонхо. дар масъалаи олимхо. дуруст, ки дар хар давру замон олими пароканда доштем, инхо ягон марказ надошанд. инхоро инхоро дину мазхам намегузошт рушд кунанд, аниктараш муллохо.

мехмон
БА ОРИЁНПУР :::: Ту 1350 солро чи кор мекуни ? Магар арабхо 1350 сол пеш аз ОРИЁИХО накшаи компютеру микрочипхоро Fасб намуда ба японихо фурухтаанд ??? Ё накшаи мошихои сабукравро ба немисхо ?
Ин бахонаатон бе мантик ва ночой !! Миллате ки пешравиро хохад дин ягон зарар намерасонад . Кахрат наояд миллати нохушу таёрахуре шудаем. Исбот: себу нокро аз Хитой , картошкаро аз Покистон , курутро аз Киргизистон, гугирдро аз Руссия , гандумро аз Казокистон меорем. Шунидам ки мардикорон низ аз вилояти Сурхондарёи Узбакистон омада истодаанд ! Дигар чи пешрави мехохи ва динро айбдор мекуни?

ба мехмон
мехмон,
ман бед мегум ту тут мешунави. ман як точикистонро дар назар надорам, тамоми дунёи исломро дар назар дорам. тамоми таърихи 1400 соларо 10 бор варакгардон кун, 1 мактаби илми дакик пайдо намекуни дар минтака, аммо мадрасахои дини хазорхо пайдо мекни. чаро мактаб пайдо намекуни? чаро, ки ана хамин муллохои ифротие, ки имруз хам бадбахтона хеле зиёд хастанд, мадрасохоро идорамекарданд. мадраса рохи даромадашон буд. мактаб дар мукобили мадраса канкурент мешуд. мулохо аз даромад мемонданд. дигар аз номи дин мардумро гул зада наметавонистанд. ин аст, ки онхо мактаб ва фанхои гайри диниро харом ва илми кофир хукм карданд. ана барои чи садсолахо ин мардум бесавод монд.

Точик
Бародархо ман бовар дорам ки инчо сарфи назарп аз андешахои гуногун чавонони баруманд ва дилсузи миллати точик бахс карда истодаанд аммо мо набояд фаромуш кунем ки миллати точикем яъне точикият тамоман аз ислом чизи чудо аст ва хатто дар бисёр мавридхо зид маслана хамин таърихи кабл аз исломи мо ки ислом ва муллохо бо тамоми зуру тавон бо он мубориза бурданд ва аз чанги Кодисия инчониб онхоро тахкир мекунанд ва нопоку кажрафтору паст медонанд хатто Умару Усмону дигрош ба хамин акида буданд хатто газоли барин шахсиятхои бузург хам ба пиндори худаш зартушт Мони Маздак Дорову Шевдаву дигаролон Сугдихо бохтарихоро акабмонда хато ва нопок медонист ва галат ин чо савол аст ки чаро бузургоне ки дар сарзаминхои ориёиён баъди ислом ба дунё арза гадунд аниктараш 95 дар сади донишмадони олами ислом дар дигар чохо аз Сомали то Мисру Андалус намебинем ё хеле кам мебинем мисли Ибни Аараби аз Андалус Хасани Басри аз багдод ва гайра зеро агар ислом намеомад хам ин бузургон ба як турзи дигаре ба чахон арза мешуданд чунки поя ва решааш вучуд дошт ва пеш аз ислом бузургони зиёде Академияхои Гунди Шопуру Хоразм ва Шерозу Бухоро кор мекарданд китобхои онхо дар ду чо яке дар Тайсафун ва дигаре дар Хоразм сузонида худди донишмандон хатто факат дар Хоразм аз чониби Кутайбаи малъун 4 хазор сар бурида шуд. идома дорад


Точик
Озодагон идомаашро хам чоп кун гапхои маро чунки ин муллохо баъди шурави ки чилавашон кашида шуда китобашон дур андохта шуда буд боз сар бароварданд бо эхтимолоту муъчизахои худ барои химоя аз миллати точик ва фарханги 10 хазорсолаи точик на танхо дар баробари ин муллоён балки дар баробари дуруггуён ва одамкушони пешинашон хам бояд бмо истем чунки ягона нафароне ки бо истифода аз ин дине ки дар чахон хеч кори шоистае накрада ва нахохад кард ба точикон зарба зада истодаанд фанатикхо ва панузбакхои точикистон хастанд аз давлат ва миллати точикистон мехохем ки ин ду гурухро шиносои ва чилавашон гиирфта шавад ки хуввияти милли надоранд ва бо хуввияти миллии точики ориёии мо душман идоранд

бародари ватандусту исломдуст албата шумо касоне хастед ки пешрафти илму донишро мехохед зеро имони шумо дини шумо яъне дини ману шумо Ислом башариятро ба фаро гирифтани илму дониш даъват мекунад тамоми эвропаю амрико КУръонро хонда бо он пешрафт мекунад ва худашон мегуянд ки олимони мусалмон ин матори яъне мухарики оламиён аст ки тамоми илмхоро кашф карданд ва куръон 1400 инчониб китоби зузурги олам ба хисоб меравад бинед сол аз сол мусалмонхо бисёр шуда истодааст дар эвропаю амрико аммо ин "фабрикахои чавобе"ки инчо бесаводона сухан мекунад шумо бародарои ватандусту исломдуст норохат нашавед,инхо барои ин корошон пул мегиранд одамони махсус хастанд барои хамин имона ба даст гиред хамеша дар фикри ободи бошед дуо кунед ки ПЕшвои милат аз ин лаганбардорхои хиёнаткори ватан огох шаваду аз сари нав мехрашон нисбати ислом зиёд гардат зеро ман суханхои Чаноби Олиро бисёр гуш мекунам хамеша мегуянд ислом зиди терорист ислом пешравии чомеро мехонад ва ман Алхамдулиллох мусалмонам инро ман бисёр шунидаги хастам ва умедвор хастам муамохо рохи халашро меёбад.омин.

шогирд
ба Хушбахт. инчо касе фабрикаи чавобу хисоб нест. хар кас ки бо шумо хамакида нашуд даррав фабрикаиву амнияти мехисобедаш. боз мегуед, ки пул медиханд. пулро асосан ана ба хамон муллохора метиян, барои мисли ту баринхоро сарашонро аз номи ислом бо хадису ривоятхои сохта гаранг карда шинаду, як кисматонро суриву ироку афгонистон равон кунад. дуюм ин ки пешравии олимони бо кавли худат эвропаву амрикоро мегуи ки аз Куръон аст, Куръон агар китоби илми мешуд, хамин муллохо кайхо дар марс расида буданд. ба самъат мерасонам, ки Куръон китоби илми нест. медонам, ки ин гапи муллохои хурофоти аст, ки Куръонро китоби илми мегуянд ва мегуянд хама илм дар Куръон аст, инро ту бовар кардаи, аммо ин хатост. Хушбахт, як бор кушиш кун аз доираи дискхои бобои эшон берун барор худатро ва дунёро бо чашму акли худат бубин, кушиш кун худат бихонию дар майнаат анализ куни. кушиш кун аз рохи гуш савод нагир дигар.

Асалому Алекум ворахматулохи воаракоту чаро мардуми точик ба сабабхои гуногун дар мухочирати мехнати мурдаистодан хочи мирзо сухане на мекунад чаро э нурдин сухан намеган

Карим
кадом домуллоҳои бузургро баргардонист?
ё худашро дар назар дорад?

Муборакшо Назриев
Чавонони азиз аз он ки ба хар гуна хизбу характерхои фитнаангезу чудоихох хамрох шудан намешавад ки биёеду як гушаи Ватани Худро обод кунед ва чун фарзанди миллат аз ватани худ дифоъ карда ва чун мусалмон ватани худро дуст доред?Ва бародароне ки нисбати пешвои Исломии точик рухонии шинохта ва яке аз равшанфикроне ки максадаш танхо даъвати мардум ба рости аз кибр дур будан ва ба Худо наздик шудан аст хохиш мекунам илтимос сухан санчида гуед Исломи мову шумо мегуяд "магар метавон инсон гушти инсонро хурад" ин ба маънои возех аз гайбат хабар медихад.Ва шумо мусалмононе ки касд доред ба як марди шариф ва шахсе ки системаи маъвизахояш кариб ки хидояти рохи рости мардуми чахон шудааст тахна занед ман чун як бетараф ва ба хотири Аллох мегуям ки ба як мусалмон осеби забони расонидан мусалмони ва зеби мусалмонон нест.

Мухтарам Hatsan: Шумо аввал ба мафхуми сухани бобои Домулло Хочи Мирзо сарфахм равед у намегуяд хезед хама мулло шавед мегуяд Бузургтарин Равшанфикрони Динни Исломро ба минбар бароред максад дарёфти дин ва амалкарди мардуми точик аз руи Ислом аст.Тассавур кунед агар Гунахкорони Зинокор чазои Исломи дода шаванд бинед аз як ру дарёфти Ислом аз дигар тараф рушд ва ба саодат расидани мардуми Точик ва Точикистони чоночони мо хаст.Мардуми точик то имруз бо эътикоди устувораш чандин табадулотхри зидиисломиро паси сар кардаву имруз бо ташабуси рохбари хирадмандаш бо баргузории як маъракаи мухими мазхаби тачлили мавлуди сарвари мазхабамон Имом Абуханифа тамоми уламои ислрми чахонро чамъ намуда бозхам як миллати Худотарс буданашро маълум намуд.Чавонони азиз нисбати динн нисбати олимони дин бехурмати накунед агар як кас аз рохбарони дин ба як кори хато даст зад и маънои ура надорад ки мо дигар ба динни Ислом эътикод накунем баръакс аз гайбате ки бадтар аст аз зино дар Ислом аз гайбате ки дар Озодагон мекунед дуо кунед ки Худо умри Рохбарони моро дароз ва адлу адолатро либосашон гардони.Аз он ки дар Озодагон пешвоёни Имруза Исломро гайбаи мекунед гуфти худат рафта кашф кун ягон чиро ки гайрататро нишон дихи.Накунед чавонони азиз аз Худо тарсед Ислом Ба худ сохиб дорад ин хама олимон ба худ сохиб доранд сохиби онхо АЛЛОХ аст.Аз думболи илм рафтан ба Худо наздик шудан аст.Илмро ба касе омузонидан хасанот аст.Дар рохи Худо илм омухтан Чиход аст.Аз илм бахс кардан номи Худоро тасбех кардан аст.Ана гиред ба чои гайбат илмро омузед ин суханон суханони ман не аз Расулулох Мухаммад с.а.в аст.Бо илм бошед то дар рущду нумуи давлатамон сахм гузошта аз бесаводи ба хар гуна хизбу харакатхои тафрикави ва чудоихох хамрох нашавед.
Бо самимияти беканор ва изхори ташаккури ба Озодагон аз номи як чавони Дустдори Худои худ Давлати азизи худ Пешвои миллати худ ва гамхори ояндаи точикон бо ин гуна чавонон
Хохиш чоп кунед озодагон!!! Ташаккур

EKHSON
оббо, барои ба чавонон расонидани маърифати дини наход минбари баланд лозим бошад.

аҳсант домуллои азиз воқеиятро гуфтед

Системаи маориф ва дарсдихи як хусусияти хеле одди дорад. Барои мактаббача ва донишчу вобаста ба сину сол, синф ва ё курс ба онхо дарс мегуянд. Яъне вобаста ба сину сол дар вакти омузиш сиру асрори инсон давлат хукумат ва хоса дунё ва дахр ба шахс ошкор мегардад. Аммо дар панду мавъизахои мухтарам устодони гиромикадри мо аз Чумла Хочи Мирзо, Эшони Нуриддинчон, Домуло Мухаммадулло ва чандин нафарони дигар сину соли пайравон ба инобат гирифта нашуд. Хама чиро меугфтанд ва хаммаи он сабт шуда ба дасти мардум мерасид. Холо он ки баъзе аз ин суханхо,эхсосоти домулохоро мардумон харугуна кабул мегардид, киин кор окибати нохубро ба бор овард. Тахлилхо гуногун буданд, дар ин солхо аммо яке аз ин хатогии мухтарам муллохои мо хамин буд ки хамачиро барои хама мегуфтанд аммо таъсири он суханхо вобаста ба сину солл харгуна буд.
ман бовар дорам, ки таи ин солхо мухтарам Хочи Мирзо ва дигар устодон хеле чиро фахмиданд ва гумон мекунам ки кор бо инхо аз чониби Хукумат хатман бояд бурда шавад.
Ба хар сурат хаминаш кофист, ки хамаро дар чумхурии мо чаноза мекунанд ва ин мулохо барои мо даркоранд бо панду насихатхояшон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)