Бахшҳо

Паёми “шогирдона”-е ба домулло Ҳикматулло

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.
Вақтҳои ахир мардуми кишвар тавассути шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳои интернетӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо бештар мавзӯъҳои мазҳабиро ба баррасӣ мегиранд. Новобаста ба он ки таълимоти динӣ гирифтаанд ё на, аз донишҳои исломиву дунявӣ бохабаранд ё хайр атрофи ин мавзӯъ ҳарф мезанад, баҳс мекунад, назару андеша пешниҳод менамоянд. Эҳсос мешавад, ки бештари онҳо аз таърихи ҷараёну ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ чизе намедонанд. Онҳо ҳатто боре таҳлилу баррасӣ накардаанд, ки ҳизби исломӣ яъне чӣ? Оё Ислом бо давлату иқтисод ё ҷомеаи иҷтимоӣ сару кор мегирад ё на? Мусалмонҳо тули таърих чӣ давлатдорие доштанд ва дар кадом шакл? Қуръону ҳадис, фиқу мазҳаб, мантиқу калом, иҷтиҳоду фатвои олимони Ислом дар ин маврид чист? Як мусалмон дар шароити феълӣ зиндагиву муомилаи хонаводагӣ ва ширкат дар сиёсату идораи давлатро чӣ гуна бояд амалӣ намояд? Хуллас, ин саволҳоеанд, ки дар мулоқоту баҳсҳо аслан пурсида намешавад ва ҳеҷ мусалмону мусалмонзодае ба он кор надорад.

Ахиран имомхатибону домулоҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳар суҳбат аз бардоштани калимаи ноби Ислом аз Ҳизби наҳзат сухан меронанд. Онҳо мегӯянд, ин ҳизб аз номи Ислом манфиатҳои худро пиёда мекунад. Ба ин нукта ҳам зиёд ишора мешавад, ки Ислом ба ҳизб ниёз надошта ва ҳатто нафаре гуфт, ки “паёмбар билети ҳизбӣ надошт”.
Ин ҳама раду бадалҳо гирди номи Ҳизби наҳзат бо гузашти ҳар рӯз бештар мешавад ва гумон аст, суръати он ба ин наздикиҳо коҳиш ёбад.

Ман аъзои ҳеч ҳизбе нестам, ба вижа ҲНИТ. Аммо як чиз бароям норушан аст, ки чаро имому имомчаҳо, ки вазифаи аслияшон даъвати мардум ба Исломи ноб аст, аз ин калима дар ҳизб хушашон намеояд? Чаро имрӯз дар ҷомеае, ки 99 дар сади он мусалмон асту дар кишвари дунявӣ ба сар мебаранд доштани ҳизби исломӣ лозим набудааст? Аҷобат ин аст, ки чаро онҳо танҳо имсол ва дар арафаи интихоботи президентӣ ин пешниҳодҳоро мекунанд. ҲНИТ, ки имсол таъсис наёфтааст. Чаро онҳо чанд соли қабл нагуфтанд, ки бояд калимаи ноби Ислом аз ҳизби наҳзат бардошта шавад? Аҷаб мусалмониву аҷаб диндорӣ!

Бо навиштани ин матлаб намехоҳам вориди идеологиясозии носолим, ки охиран ҷомеаи моро ба як бунбаст ва номуаянӣ мебарад, шавам. Аммо вақте андешаи Домулло Ҳикматулло, яке аз руҳониёни шинохтаи кишвар тариқи матбуот расонаӣ шуд, дар тааҷуб афтодам. Суолҳои зиёде зеҳнамро машғул кард. Ҳамчун як фарди мусалмон натавонистам ин андешаҳоро нодида бигирам. Дар навбати худ чанд назару суоле ҳам дорам, ки мехоҳам пешниҳоди домуллои “муҳтарам” гардонам. Домулло зимни маъракаи хайрияве 17-уми август дар ноҳияи Рашт эълон кардааст, ки калимаи «Ислом» аз номи ҳизби наҳзат гирифта шавад. Ҷои тааҷуб аст, ки як фарди «саропо» исломӣ аз будани номи Ислом дар ҳизбе нигарон асту пешниҳоди бардоштани онро дорад.

Домуллои «азиз» ману Шумо ва 99 дар сад мардуми мусалмон дар кишвари дунявӣ зиндагӣ дорем. Дар ин кишвар Ҳизби халқии демократии, Ҳизби комунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби демокартӣ, Ҳизби сотсиалистӣ ва ғайра фаъолият доранд, чаро мо бояд як ҳизби исломӣ надошта бошем? Шумо аз номи Ислом ё ҳизби исломӣ чӣ бадие дидаед? Оё Қуръону ҳадис фиқу иҷтиҳод мухолифи ҳизб аст? Оё Худованди бузург дар Қуръони азимушшан дар бораи ҳизб чизе нагуфтааст? Мешавад, ки тамоми он ояҳоеро, ки дар бораи ҳизби Худо дар онҳо сухан меравад аз Қуръон бардошт? Оё мешавад тамоми давлатдории Пайёмбари бузурги Ислом (с), хулафои рошиддин, саҳобагон ва онҳоеро, ки то асри бист ва имрӯз давлатдории исломӣ доштанду доранд нодида гирифт ё инкор кард?

Ҷаноби домулло Ҳикматулло! Ману Шумо нағз медонем, ки Ислом танҳо ришу саллаву ҷелак ё дуохониву худоихурӣ нест. Ислом низом, иқтисод, иҷтимоъ, ахлоқу маънавиёт ва сиёсату давлат дошту дорад ва ин роҳашро бидуни ману Шумо идома хоҳад дод. Шумо инро ҳам нағз медонед, ки замоне аз ҳамаи ин пурсида мешавем. Ҳамон паёмбаре, ки имрӯз Шумо аз номи шарифаш мардумро даъват мекунед, замоне барои умматонаш муборизаи сиёсӣ ва ҳақталошӣ карда буд. Чӣ гуна мешавад тамоми муборизаҳоеро, ки тули таърих уммати Ислом барои бунёди давлати исломӣ кашиданд имрӯз нодида гирифт ва инкор кард?

“Муҳтарам” домулло! Агар намедонед, пас бидонед, ки имрӯз дигар замони муборизаҳои шамшеру силоҳ нест. Ҳоло танҳо бо доштани ҳизбу созмонҳои исломӣ мешавад аз ҳақи мусалмонҳо дифоъ кард. Ислом ҳеч гоҳ мухолифи ҳизб ё бисёрҳизбӣ нест. Дуруст аст, ки Ислом ҳамчун дини илоҳӣ ва комилу ҳақ ниёзе ба ҳизб надорад, аммо мусалмонҳо сад дар сад ба як ҳизби исломӣ ниёзманданд. Имрӯз хатибу домуллоҳо бо як овоз “Ислом ҳизб надорад” мегӯянд. Кӣ кафолат медиҳад, ки онҳо рӯзе мазҳаб лозим нест намегӯянд? Билохира замоне Исломро дини арабу аҷнабӣ намехонанд, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон лозим нест? Домуллои «мӯҳтарам», он рӯз, кӣ ин ҳама масъулиятро бар душ мегирад?

Агар ин ҳама сару садоҳо маъракаҳои зидди ҲНИТ, хонаводаи Тураҷонзодаҳо ё чанд рушанфикру шахсиятҳо бошад, бояд бидонем, ки онҳо баъди созишномаи сулҳ канори мо оромона зиндагӣ доштаанд. На ҲНИТ ва на Тураҷонзодаҳо пас аз истиқрори сулҳ барои ноором сохтани кишвар коре накардаанд. Гуруҳу ҳаракатҳо таъсис надодаанд ва амали ғайриқонуние анҷом надодаанд. Баръакс, ҳамеша аз ҳақ ва ҳуқуқи мусалмонҳо ва ҳамватанонашон бо риояи қонун дифоъ мекунанд. Пас, суоле ба миён меояд, ки чаро Шумо домуллои «муҳтарам» ва ҳамсафонатон имрӯз алайҳи ин ҳизб баромад доред? Чӣ боис гашта, ки бо исрор талаб намоед, то калимаи Ислом аз ҳизби наҳзат бардошта шавад? Агар ин ҳама ба хотири нуфуз ва обрӯи рӯзафзуни ин ҳизб миёни мардум бошад, пас гуноҳи азим аст, ки мусалмон обрӯи мусалмони дигаро нахоҳад ва ба хотири кадом як манфиати шахсӣ номи Исломро зери суол барад.

Домуллои «муҳтарам», имрӯз гуруҳе аз мусалмонҳо бо ташкили ҳизби исломӣ дар кишвари дунявӣ мехоҳанд тамоми муомилот, кору фаъолиятро тибқи фармудаи Худову паёмбарашон ба роҳ монанд. Онҳо мехоҳанд зану духтарашон бо риояи ҳиҷоби шаръӣ таълим гиранду кору зиндагӣ намоянд. Онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон то синни ҳаждаҳ низ тавонанд озодона вориди масҷид шаванду илми Қуръон биомӯзанд. Онҳо мехоҳанд, ки мусалмонҳо ҳақиру нотавон набошанд. Онҳо шикасту бечорагӣ ва нодории мардуми мусалмонро намехоҳанд. Бо ташкил кардани ҳизби исломӣ мехоҳанд бо риояи қавонини кишвар роҳашонро пеш баранд.

Агар ба ману Шумо домуллои «муҳтарам» ин ҳама писанд нест ҳамчун «мусалмон» набояд бигӯем, ки Ислом ҳизб надорад ё номи Исломро бардоред. Зеро ин гуна фатво дар ҷомеа метавонад фитнаро ба вуҷуд биорад, ҷомеаро ноором созад. Чаро ки ин гуна фатво хилофи Қуръону суннат ва иҷмоъи уммат буда, ҳеч гуна асоси исломӣ надорад. Дар мавриди ҳама гуфтаҳоям инҷо далелҳо фаровонанд (ояву ҳадису фатвои мазҳаби ҳанафӣ), аммо нахостам он ҳама ояту ҳадисро инҷо биёрам, чаро ки шумо домуло муйҳоятонро дар ин роҳ сафед карда ва аз ман беҳтар медонед.

Дар охир мехоҳам ба Шумо як паёмаки «шогирдона» бифиристам.
“Муҳтарам” домулло Ҳикматулло! Биёед ману Шумо агар мусалмонем аз исломгаро будан ифтихор дошта бошем. Ҳизби исломӣ дар кишвари дунявӣ бароямон ифтихор бошад на нафратовар. Аз ҳақи мусалмонҳо дифоъ кунем. Агар ману Шумо узви ин ҳизб нестем ва дар сиёсати исломӣ хидмате ба ҷомеаҳои исломӣ карда наметавонем, пас сади роҳи дигарон, ки қалби огоҳу ақидаи солим доранд, нашавем.

Биёед бародари мусалмонамонро бо чашми ҳирс ва нафрат нигоҳ накунем. Биёед ба мардум исломбезориро номӯзем. Биёед пешрафт ва обрӯи ҳамдигарро таҳаммул карданро ёд бигирем. Биёед фаризаҳои исломиро риоя кунем. Биёед сабаби фитнаву тафриқа миёни мусалмонҳо нагардем. Биёед аз итоати махлуқ даст кашему холиқи ягонаро итоат кунем!

Бо умеди тавфиқ ва сарбаландии мусалмонҳо Далер ШАРИПОВ

Мӯҳр
Абубакр
Ин бачахои ёш як хелаш фикр накарда ба бузургони дин сар ба сар мешаванд. Ягон нафар аз олимон агар мавкеи хукумата дастгирй кунад, хатман мукобилаш мебароянд. Барои инхо лозим аст, ки факат хукумата танкид кунй. Баъд бачаи хуб ё домуллои хуб мешй. Бародаро биёед гаразро аз дилхомон дур кунем, фикри бузургонро эътироф кунем ва тинчию амониро нигахбон бошем. Хамин домулло аъзои хизб нест, ягончояш кам нашудаст ку. Баръакс мардуми зиёде ба зиёраташ мераванд, эхтиромашро бачо меоранд, дусташ медоранд. Худо нигахбонаш бошад!

Салим
Хайфам меояд ба хамаи шумо ва Далер Шарипов . Хафт шахри ишкро Аттор гашт . Мо хануз андар хами як кучаем!. шумо дар хакикат дар чохилият мондаед... Садкаи номи Домулло шавед шумо .. чи хизмате ба ислом кардед шумо ба чузъ тафрикаандози ва чанг .. Рахмон хар коре мекунад дуруст мекунад. У хечгох аз ислом ру наградонидаст. Агар ин корхое ки мегуед накунад махз шумо ва хизбатон мамлакатро ба хун мекашад. ман шахсан намехохам ки шумо ба сари кудрат биоед. Чаро ки дар симои шумо тудаи риекорон ва бесаводонро мебинам . Дуне пешрави дорад, шумо хануз хичобу манъи намоз мегуед. Холо он ки касе намозро манъ накрадаст. кудакхои бечорарро ба мадрасахои ирону Арабистон мефиристед бепул. Мебахшед, бепул бефоида ки фарзанди шуморо таълим медихад. Агар максад дар симои фарзанди шумо як чохилеро тарбият карадан набошад.худатон як фикр кунед. Далер худ дастпарвари ХНИТ. Лекин кори хатое кард ки аз номи ХНИТ ба Домуллои азиз "паёме" мерасонад.. Ин хатохояшро баъд худаш мефахмад.

Бародари азиз Далер он касе, ки мегуяд акидаат пуч ва галат аст у хатои махз содир кардааст. Суханонат нисбати Д. Хикматулло. оли, сазовор, саривакти, инчунин кам аст. Ин домулло обруяшро дар назари ма мардум ба хок баробар кард. Сухан бисёрасту ба дурусти суханони навиштаи ту Далерчон малхами дили мо мебошад. Далер рахмат, ки чунин "Паём" навишти АХСАН.

Зинда боши бародари ахли фахм Рустам Рустамов!!! Хама суханонат олист... Димуллои мухтарам рост мегуяд аммо намедонам барои чи мардум сухани дурустро кабул намекунанд... Далер Шарипов ту як сафари хизмати (командировка) гирифта назди ана хамин домулло ё олими замон рафта зиёрат кун шояд худат фахми, ки рост мегуяд ё на... Лекин дониста бош, ки он домулло аз ин суханони ту огох аст, зеро у КОРОМОТ дорад...

Амрӣ Нидо
Қисме аз мардумро ҳамавақт ва кулли онро то муддате фиреб додан мумкин аст, аммо ҳамавақт ҳамаи мардумро фиреб додан имконнопазир аст. ( Авраам Линколн )

Салим,
Бехтарин гуфти бародар!
"Садкаи номи Домулло шавед шумо .. чи хизмате ба ислом кардед шумо ба чузъ тафрикаандози ва чанг .. Рахмон хар коре мекунад дуруст мекунад. У хечгох аз ислом ру наградонидаст. Агар ин корхое ки мегуед накунад махз шумо ва хизбатон мамлакатро ба хун мекашад. "

Бедил, ту маяндеш зи гуфтори ракибон,
Гафгои сагон кам накунад ризки гадоро.

мухаммад
Ба Салим !шумо дар тан либоси мардона доред е занона? Хатман мегуед мардона,лекин манзур дигараст аз навиштаат маълум,ки аз Исломи азиз дури ва чавоб ба гумонхоят. Дар бораи онеки Президент аз Ислом ру нагардондааст инчо шубха нест зеро хар кас яънекасе даъвои мусалмони дорад орзу дорад мурдаашро ЧАНОЗА кунанд. Лекин касеки як фарзи Илохиро инкор кунад у кист? Дуюм дар бораи тухматат ки ХНИТ биеяд боз хунрези,иншоолох барои тухматат дар Киемат чавоб меги! Акнун бидон ки хуни асосиро дар ин чанг ки рехт ФРОНТИ ХАЛКИ ана хамин Президентам аъзои хамин фронт буд. Вакте файзалии хунхур ба нохияи Вахдат дохил шуд бо армияи Узбакистону Россия( баъди сулхи Ленинобод) тамоми мардумро чи зану кудаку муйсафед хато хайвонхоро куштанд. Ту хунхор хасти вактеки хунхуронро пуштибони мекуни.Ин як мисол аст! барои хамин бе далел лак лак накун.

Салим
бародар Мухаммад, маълум ки гуши суханшунав надори. 1)Далерро чи мондаасту ба Домуллои азиз баробар шудан. Махлум ки ин кори хочагонаш аст. 2) Дуюм бояд хотима гузошт ба сиех кардани як дигар.Ин конуни зиндаги аст ки чанг бехунрези намешавад. Хизби шумо хам ки онвакт дастболо мешд хун мерехат . Чи фарк дошт барои арабу , афгоне ки шумо бозар мехаридед ва ба мукобили миллати худ равона мекардед , мисли он ки мегуед Рахмон бо воситаи Файзали ва лакайхо хун рехтанд. 3) Барои он ки ин корхои бад такрор нашаванд аклро кор фармудан лозим бародар. Он солхо дигар буд. фаро аз аспи чахл. Барои ману ту хамдигарфахми лозим . Ин хочагон чи тавре ки куни худро дар вакти чанг дар Ирону Афгонистон панох карданд,боз бо хамон пулхои чамъкардаи хорич пинхон мекунанд. Ин чо фарзанди ману ту чавонмарг мешавад. модари ману ту лахти чигар .. моро танхо лозим аст ки имл аз худ кунем ва фарзандонамонро хононем. ва кишварро обод кунем..

Бобур
Кадом вакте, ки исми аллома Далерҷон ро бишнавам памфлети " ТАППАК " ёдам меояду аз ханда худро контрол карда наметавонам.

салом ба хама хонандагони озодагон! шумо таъчуб накунед аз ин шахс вакте чанг байни хукумат ва опазиция шуруъшуд ин Хигмати гарми рохбари маънавии рашт буд хукумат аз сусти заиф будани имони ин шахс огох буд дархол инро бо пора харид аз номи раиси чумхур дар як камаз орд биринч равган... ва як авто мошинаи нав нива дар солхои 95 тухфа кард хамин шахс ки бо бародарони ни мо дар рашт хукми чиход бар зиди хукуматжоронро содир карда буд дуюм маротиба ин фатворо содир кард ки харкасе дар ин чанг бимирад харом мемирад ярокхоятонро ба замин гузошта дар гирди раиси чумхур бошем! чи мерасад ба хомуш будан барои аз масчит боз мондан русари духтархоро аз сарашон гирифта ... ин шахсро бади чандин солхо ман дар бохтар дар хонаи Амонулло Хкумов дидам дидам. ин Хигмати гарми барои як кас ки касири ж\д будаст билетхоро кимат фурухтаст махкамаш кардан пеши хукумов рафтаст кабулаш накардаст пеши падараш омадааст аз кучое фахмидааст ки падари хукумов олимони исломиро дуст медорад хохиш ткард ки Амонуллора гуед ин чавон хато кардааст озодаш кунад назди зану фарзандаш равад точикобод падари хукумов гуфт! домуллои мухтарам наход шумо бо хамин риши сафед аз як дузд пуштибони кунед ки пули мардикорхои точика хурдааст хайфи ту барин домулло.. ман шохиди зинда хастам ки чунин вокеъаро бо чашми худам дидам шохидам набераи бобоихамин мусафед аст! бародарон холо дар бораи сатхи пасти илмиаш чои гап нест мардумро тарсонда ки дуои инро нагиред ин хел мешаведяк чаласовд аст китобро мехонад дигар чиз тахлил мекунад хулоса як шахси хурофоти бидъати дар молу чизи дунё худашро фурухта агар инсони олим бо такво мебуд худашро намефурух имруз шарманда мардум намекард...маруф,

Точик,
Саломат боши бародари азиз ман бо ту розиям лекин шахсе бо номи Далер Шарифов
бе далел ва мумкин, ки тухмат хам карда бошад навиштааст, ки домулло гуфтааст мебахшед аз ки шунидааст. Худованд ч-ч дар Курони карим овардааст, ки ФИТНА САХТАР АЗ КАТЛ АСТ...
Ман хохиш мекунам кадом вакте, ки бо гушхоятон шунидед баъд нависед ё гуед....

Хуршеди Точикобод,
Саломат бош бародар......

Сокинони ш,Исфара буз-анд(мунофик, ) Ёсин бародар.Аллбата сад дар сади ахоли не!Хамон беимонхое,ки дар телевизор бббаромад кард!

hakikat
мардикор
mardikoritakun hizbi nahzat guftai khudora namega guftai okgooshona mega kase guftai khudora buga hizb ura vahobi salafi mega

Далер "Шарипов"! Ту худ узбак хасти ва ё дастпарвардаи узбакхо???

Садкаи номи поки ин ХАЗРАТ шави, мегуян: Пишакро гуфтаанд, ки поруи ту доруст" Поруяшро таги хок намудааст... Ту боши аз худнамоиат чунин навишти ё...
Фикр накун, ки сухани ту рост аст зеро домулло чунин сухан нагуфт, агар сафсатагуиатро камтар мекардиву кам-кам телевизор тамошо мекарди медиди, ки кадом пири кор чунин гуфт, лекин касе гуфта бошад хам рост мегуяд... Аз Худо наметарси, ки дидаву дониста дар хакки ин Хазрат тухмат зади?
Ин сухани ту беасос аст, кани далел? кани исбот кун, ки У чунин гуфтааст!
Игвогари накуну бо далел гап зан.
Бо умеди тавфиқ ва сарбаландии мусалмонҳо нею пастзании мусулмонхо менасти... Калимаи мусулмон аз калимаи мусалмон ба кулли фарк дорад Эй далери "БОСАВОД"
Як бор рафта зиёрат кун он Хазратро баъдан худат шарманда мешави, ки чаро чунин гуфтам... Худованд ба рохи рост хидоятат кунад.
Як навиштаи дигарат буд "ТАППАК" балоро намефахмидаи, сафсатагуи хуб хасти лекин, барои игво андохтан хамто надори......

Салим
Домулло рост мегуяд зана чиву масчидрави чи. Дар хона намоз хонад бехтар аст. Е агар зан дар хона намоз хонад Худо намебинаш.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)