Бахшҳо

Фармони "нотакрор"-и Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,
журналист


Соли ҷорӣ низоми нави имтиҳоноти қабул барои довталабон дар Донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ҷорӣ гардид. Дар аввал, воқеан, ҳама ба ин ҷодаи нав боварӣ ва умеди зиёд доштанд. Довталабон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали супоридани ҳуҷҷатҳои худ умедвор буданд, имсол бо дониши худ дар Маркази миллии тестӣ имтиҳон супорида, холҳои заруриро ба даст меоранд, бахусус довталабоне, ки солҳои пеш қабул нашуда буданд, аз натиҷаи имтиҳоноти имсола умеди калон доштанд.

Вале, инак, баробари ба итмом расидани давраи имтиҳонот ва тақсими ихтисосҳо маълум шуд, ки онҳо беҳуда ба дониши худ умед бастаанд. Бахусус, қабулшавӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон соли равон ба дониш кам иртибот дошт ва бартарияти асосӣ дар маъракаи Довталаб-2014 дар Маркази миллии тестӣ ба довталабони хатлонӣ дода шуда буд. Дар рӯзи тақсимот аз рӯи ихтисос мо шоҳиди он шудем, ки ноадалитие, ки имсол нисбат ба довталабони Донишгоҳи тиббӣ, бахусус довталабон аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи кишвар сурат гирифт, дар тӯли 22 соли истиқлоли Тоҷикистон, дар ҳеч як донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон сурат нагирифта буд. Бори аввал аст мебинем, ки довталаб аз вилояти Суғд бо ҳалли 90-95 дарсади масъалаҳои тестӣ низ донишҷӯ шуда натавонист, вале довталаб аз Данғара бо ҳалли 60-70 фоизи масъала соҳиби унвони донишҷӯӣ гардид. Зеро рӯзи тақсимот маълум шуд, ки ба довталабони хатлонӣ ба истиснои холҳои гирифтаашон аз 100 то 140 хол аз ҳаво тӯҳфа шудааст.

Ин холҳои зиёдатӣ аз куҷо пайдо шуданд? Асосгузори ин беадолатӣ кист? Чунон маҳалчигии ҷиддӣ дар қабули имсола ва аз даргоҳи Донишгоҳи тиббӣ дур кардани довталабони фаъоли Суғду Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз куҷо сарчашма гирифт? Чаро дар қабул ба Донишгоҳи тиббӣ баробарӣ ба ҳамаи минтақаҳо таъмин нашуд?

Банда дар сӯҳбат аз Муовини Раиси Маркази миллии тестӣ Маҳмадалӣ Раҳмонов пурсидам, ки чунин коэффитсиентҳои ноодилона аз тарафи ки ҷорӣ карда шуд ва кӣ ҳуқуқҳои довталабонро аз Суғду Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи марказ поймол намуда, онҳоро аз ҳуқуқи қабулшавӣ ба Донишгоҳи тиббӣ маҳрум намуд? Мавсуф иброз дошт, ки «коэффитсиенти мазкур бо фармони Вазири тандурустӣ муайян карда шудааст ва дар ин кор Маркази миллии тестӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Шумо метавонед бо ин фармон дар даромадгоҳи Маркази миллии тестӣ шинос шавед».

Пеш аз он ки дар бораи чи гуна поймол шудани ҳуқуқи минтақаҳои дигар сухан ронем, барои исбот рӯйхати ноҳияҳоеро манзури хонандагон мегардонем, ки Вазири тандурустӣ ба онҳо бартарият додааст.

Фармони беназири Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Бо фармон дар назди даромадгоҳи Маркази миллии тестӣ шинос шудам. Маълум шуд, ки тибқи фармони мазкур, ки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода аз 10 июли соли 2014 онро тасдиқ намудааст, ба ноҳияҳои зерин дар қабул ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бартарият дода шудааст ва ба довталабони ин ноҳияҳо ба ҳар 100 холашон зиёда аз 30 хол илова карда шудааст.

Рӯйхати ноҳияҳо:

1.Нуробод, 2. Ховалинг, 3. Кӯлоб, 4, Балҷувон, 5. Носири Хисрав, 6. Бохтар, 7.Темурмалик, 8.Вахш, 9.Роштқалъа, 10.Ҷиргатол, 11.Кӯҳистони Масчоҳ, 12.Мӯъминобод, 13.Данғара, 14.Восеъ, 15. Ёвон, 16.Абдураҳмони Ҷомӣ, 17.Хуросон, 18.Шуғнон, 19.Рашт, 20.Файзобод, 21. Ғончӣ, 22.Ҳамадонӣ, 23.Сарбанд, 24.Шаҳритус, 25.Шӯрообод, 26.Қубодиён, 27.Румӣ, 28.Қумсангир, 29.Рӯдакӣ.

Он гуна, ки аз рӯйхат мебинем дар таърихи истиқлолияти кишвар бори нахуст дар қабули довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бахусус Донишгоҳи тиббӣ бартарият танҳо ба минтақаи Хатлон дода шуда, умеди ҳазорон давталабонро аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳур барҳам дод. Зеро агарчӣ солҳо дар бораи аз як минтақа интихоб шудани мансабдорон сухан мерафт, вале дар қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи тиббӣ ҳеҷ гоҳ ба таври расмӣ ба қабули онҳо аз як минтақа роҳ дода нашуда буд. Дар ин рӯйхат, ки ба 29 ноҳия имтиёз дода шудааст, ба истиснои 2 ноҳия аз Хуҷанд, 3 ноҳия аз ВАБК ва 3 ноҳия аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳур дигар ҳама ноҳияҳо аз вилояти Хатлонанд.

Довталабон чӣ мегӯянд?

Дар комиссияи қабули Донишгоҳи тиббӣ бо довталабе аз ноҳияи Вахш ҳамсӯҳбат шудам, ки бо гирифтани 573 хол донишҷӯ шудааст. Ҳадди ниҳоии холи эълонкардаи маркази миллии тестӣ 500 буд. Ин аст, ки сабаби аз 500 зиёд соҳиб шудани холҳоро аз ӯ пурсон шудам. Аз сӯҳбат бо ӯ маълум шуд, ки бо дониши худаш 440 хол гирифтааст ва ба ӯ аз Маркази «миллӣ»-и тестӣ 133 хол ба таври коэффитсиент бинобар аз Вахш буданаш илова шудааст. Довталаби дигареро низ пурсон шудам, ки ҳуҷҷат месупорид. Аз сӯҳбат бо ӯ маълум шуд, ки зодаи ноҳияи Данғара будааст ва бо дониши худ соҳиби 401 хол гардидааст ва ба ӯ низ 125 хол тӯҳфа шудаасту ӯ бо 526 хол ба Донишгоҳи тиббӣ қабул шудааст.

Ман ба онҳо ҳамроҳи худро нишон дода гуфтам: Ин ҷавон бо дониши худ 450 хол ба даст овард, вале донишҷӯ нашуд. Онҳо «чи тавр?» гуфта ҳайрон шуданд. Ман гуфтам: - Танҳо барои он ки ӯ аз вилояти Хатлон нест ва аз Панҷакент аст. Гуноҳаш фақат ҳамин аст. Агар мо ҳам ӯро пеш аз супоридани ҳуҷҷат дар Данғара ва ё ягон ноҳияи дигари Хатлон ба қайд мемондем, ҳатман донишҷӯ мешуд. Якуми август, вақте ӯ соҳиби 450 хол шуда буд, дар зери холҳои ба даст овардаи ӯ навишта шуда буданд: «Шумо холи гузаришро барои иштирок дар озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба ихтисосҳои интихобкардаатон соҳиб шудед». Мо ҳам бовар кардем, ки ӯ донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шуд. Вале 15-уми август ба телефони ӯ паёмаке омад, ки ҳама умедҳояшро барбод дода буд: «Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯйи ягон интихобатон нагузаштед».

Оё ин хатои сиёсӣ нест?

Саволе ба миён меояд, ки чаро Вазири тандурустӣ бо поймол намудани ҳуқуқи довталабони минтақаҳои дигар бартарияти асосиро дар духтур шудан асосан ба вилояти Хатлон медиҳад? Магар ба дигар вилояту шаҳрҳо духтур зарур нест? Ё Данғара минтақаи дурдаст асту ба имтиёз ниёз дорад, вале сокинони Панҷакент, Конибодом ва ё Исфара ба имтиёз ниёзе надоранд? Ё Шояд вақти он расидааст, ки мӯҳтарам Нусратулло Файзулло, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қабули ҳуҷҷатҳоро умуман аз минтақаҳои номбурда манъ намуда, танҳо аз Хатлон ҳуҷҷат қабул кунанд? Зеро довталабони минтақаҳои дигар дар сурати супоридани ҳуҷҷат ҳам бо чунин беадолатӣ ҳаргиз донишҷӯ шуда наметавонанд.

Ҳадди ниҳоии холҳо 500 муайян карда шуда буд. Донишҷӯ аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеъ ҳатто бо гирифтани 450 хол дар Донишгоҳи тиббӣ соҳиби унвони донишҷӯӣ шуда натавонист, вале довталаб аз вилояти Хатлон бо гирифтани 400 хол донишҷӯ шуд. Ин магар адолат аст? Инро чӣ гуна шарҳ додан мукин аст? Аз 500 холи ниҳоӣ соҳиб шудани 450-460 хол ин маънои онро дорад, ки довталаб ба 90-95 фоизи саволҳои гузошташуда посух гуфтааст. Магар чунин довталабонро хориҷ намудан мукин аст? Танҳо довталабоне аз вилояти Суғду шаҳри Душанбе донишҷӯ шуданд, ки агар 100 фоиз ба саволҳои гузошташуда дуруст ҷавоб дода бошанд, боқӣ ҳама ҳангоми тақсимот бо сари хам аз назди Маркази тестӣ дур шуданд. Банда боварӣ дорам, ки иҷрои садфоизаи ҳалли масъалаҳо на танҳо ба довталабон, ҳатто ба баъзе устодон муяссар намешавад. Солҳои пеш донишҷӯ метавонист, ҳатто бо ҳал намудани 60 фоизи масъалаҳои тестӣ донишҷӯ шавад, вале имсол бо ҳал намудани 90- 95 фоиз довталабони вилояти Суғд донишҷӯ нашуданд. Чаро?

Ба фикри банда ин иштибоҳи бузургтарини Вазири тандурустӣ аст, ки манфиати як минтақа, зодгоҳи худро дар ҷойи аввал гузошта, ҳуқуқи довталабон аз минтақаҳои дигарро поймол намуд. Ин оё хатои сиёсӣ нест?

Як довталаби дигаре аз Суғд, ки бо гирифтани 444 балл то 15-уми август худро дар курсии донишҷӯи тасаввур мекард, изҳор дошт, ки «баъд аз соҳиб шудани 444 хол ва «Шумо холҳои лозимаро соҳиб шедед» гуфтанҳо ман пурра бовар кардам, ки тайёрии дусолаам барои дохилшавӣ, ба донишгоҳи тиббӣ барбод нарафтааст!» Аз нақли ӯ маълум мешавад. ки бали гузаришашро дар торнамои марказ дида ба чашми худ бовар накардааст ва ба Маркази миллии тестӣ омадааст. Дар инҷо ҳам дидааст, ки 444 бал соҳиб шудааст ва аз марказ гуфтаанд, ки «ту аллакай имкони бештари донишҷӯ шуданро пайдо кардӣ».
Ӯ ашки чашмашро пок карда мегуфт: «Ба ман мегуфтанд, ки донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шудан хеле душвор ва бепул намешавад, вале ман то имрӯз хушҳолӣ доштам, ки мешудааст, вале инак маълум шуд, ки дигар мо бояд умедамонро тамоман аз донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шудан канем. Зеро минтақаи мо аз чашми вазир дур мондааст ва дигар қабул ба дониш вобастагие надорад».

Аз дидаву шунидаҳо ба хулосае омадам, ки фармони маҳалдӯстонаи Вазири тандурустӣ, вазире, ки чун шахси масъули давлатӣ бояд манфиати тамоми минтақаҳои кишварро ҳимоя мекард, боиси дилхунукии ҳазорон довталабони Суғдӣ гардид ва Вазирро шахсан зарур аст, ки барои донишҷӯёни соҳиби холҳои баландшудаи минтақаҳои аз чашмашон дурмонда, аз нав имконият диҳанд ва ҳуқуқҳои поймолшудаи эшонро барқарор намуда, хатои сиёсии худро бартараф намоянд. Ман дар ҳамин фикрам. Шумо чӣ?
Мӯҳр
Масчои
Шохзода,
,Чаббор,
Бародарони чануби бори дигар БЕСАВОД будани худро инчо исбот кардед. Якумаш ин,ки ШИМОЛИХО 70 сол неву хамаги 45 сол рохбарии чумхуриро ба ухда доштанд.Дар шимоли чумхури хануз пеш аз инкилоби октябр,ки хануз аз ТОЧИКИСТОН ном минтака номи нишоне набуд,Аморати Бухорову яечанд бекигарихо вучуд дошт,дар Хучанд мактабхои замонавии руси амал мекарду,матбаа рузнома чоп менамуд.Рохи охан омада буду корхонахои саноати вучуд дошт. Ин кадар бо алам оиди 70 сол гап мезанед,магар намешавад каме таърихро омузеду бори дигар аз бесаводиатон шарманда нашавед?Вакте инкилоб галаба кард,албатта ба хукумати Шурави кадрхои босавод лозим буданд ва зимоми давлат,ки дар дасти русхо буд,онхо танхо шахсони босаводро вазифахои давлати медоданд.На ба мисли хозира.Ба Донишгоххо бошад новобаста аз минтака шахсони босаводу лаёкатманд дохил мешуданд.Шахсан падари ман ба Донишгохи омузгори факултаи риёзи дохил шуд ва у мегуяд,баръакс чанд нафареро аз чануб мачбури дохил карда буданд то онхо хатм кунанду ба минтакаашон рафта кор кунанд.Шахсоне,ки хатто таблицаи зарбро намедонистанд.Тамоми кори курсиву,рефератхои онхоро бар ивази маблаг боз хамин шимолихо менавистанд.Дар замони ШУРАВИ боз такрор МЕКУНАМ,ба БЕСАВОДХО на дар корхои давлати рох буду на ба ДОНИШГОХХО.Дохил намудани чанд нохияи вилояти Сугд ба чузъ аз як чашмбанди дигшар коре нест.Вакте холномаи яке аз мансабдорони болоии вазорати тандурустиро хондам хуш аз сарам парид.То солхои 94 ин шахс дар Дангара фельдшер шуда кор кардааст.Баъдан дипломи ким кадом як академияи тиббии украинаро охирхои соли 90-ум гирифта холо сари мансаби баланде хаст.Зодаи нохияи Дангара.Боз аз шахсоне,ки тарафдории ин фармон мекунанд,магар наметарсанд,ки худи онхо ё фарзандони онхо ба дасти "чунин табибон рузе меафтанд"?Охир ин касб бозича нест ва бояд шахси босавод ва болаёкат бояд ба табобати мардум бипардозад!?

Барои коэфициент шуда мардумро ба чанг эълон накунед мисли КАЯ МИНИКИ ДАР ФИЛМИ ХОМИЁН одам бояд худаш кушиш кунад коэфициенташ не дигарон бе коэфициент дохил шудандку коэфициент танхо ёри мерасонаду халос ба донишгохи тибби дохил шудану хондан кори осон хам нест дар дохил шудан коэфициент ёри мекунад дар давоми хондан ки ёри мерасонад дар онцо коэфициент нест!!!! Бехуда миллатгарои гуфта мардумро ба якдигар чанг наандозед!!! Шумо хабарнигорон аз пашша фил сохтанро бас кунед. Мо хама ТОЧИКЕМ. Баъдан инро бояд кайд кунам,ки дар ддтт пури мардуми Сугд мехонад магар мардуми Хатлон ягон гап гуфт не чун ки байни як миллат набояд хисси бадиву бахили бошад. ин гапхои дуругро бас кунед... Масалан худи ман курси 3 тахсил мекунам.

Дар инчо на вазиру на дигарон миллатчиги накардаанд танхо ба мардум ёри расонидаанд, аммо мардуми точик хеч вакт хубиро нафахмиданд. Дар Сугд мактабхои нагз барои хондани талабахо хаст аммо дар Хатлон нав сохта истодаанд барои хамин коэфициенти онхо зиёдтар хаст.

Рохгузар,
Точикдухтар,
Арзанда буданро танхо баъди хатми дтнишгох фахмидан мумкин на дар вакти экзамен супори.

шамшер,
Дигархо вакте дониш надошта бошанд чи тавр дохил шаванд???? Бахонаи коэфициент накунеду шишта китоб хонед то аз экзамен гузаред. Агар одам босавод бошад мегузарад ...

посух ба ЧАББОР чанубихоро паст мезаниву шимолихоро таъриф мекуни аммо инашро намегуи ки аз аввалаш шумо бо найрангу фиребатон ба чанубихо зиндагиро харом сохтед аз аввал хисси бадиву бахили дар дил доштед ШУМО шимолихо мисли махалатон хамавакт хунукназарона гап мезанеду рафтор мекунед падаратон гуфт ки чанубихо мачбур дохил шуданд аммо нагуфт чаро чун ки шумо шимолихо холу рузашонро сиёх карда будед магар онхо намехостанд сохиби номи донишчуй шаванд то хол аз бахилиятон намондед АФСУС.... магар шумо мемондед як чануби ба шахр ояду кадам занад РАХМАТ БА ЧАНОБИ ОЛИ ВА ВАЗИРИ ТАНДУРУСТИ ки хакашонро ба ЧАНУБИХО пас гардонд. шумо аз фархангатон сухан кардеду бефархангии худро маълум кардед магар фарханги шумо дар гайбату бахили аст магар дигар кор надоред ё инки дар ШИМОЛ чунин ТАРБИЯТ МЕКУНАНДУ ФАРХАНГ МЕГУЯНД агар ФАРХАНГ ин бошад мо чанубихо безорем аз чунин ФАРХАНГ лозим нест ба худатон насиб кунад. Бухорову Самарканд гуфтед пас кучоянд онхо хамаро аз даст додедку . худатон гуфтед ки дар хучанд аз вакташ мактабхои нагз буд барои хамин ба ончохо камтар коэфициент доданд дар ХАТЛОН набуд мактабхои нагзе ки мардум хонад. кадом бесаводро вазифа доданд ки ТУ монди ГАП ЗАН КИСТ то бар ту хам вазифа диханд аз бахилият НАМОН. худоро шукр кунед ки чанубихо шуморо рох додаанд то озодона нафас бикашед агар МИСЛИ ХУДАТОН МЕКАРДАНД ЧИ ё ин ки какой привет такой ответ мегуфтанду бар хамаи корхои кардаатон чавоб медоданд чи ВООЙ БАРХОЛАТОН....

Aspirant,
панчакентихора бехуда таъриф накунен ай дастшон факат тухмат кадан миёяву халос босавод бошен доказад куненку наметонен барои ки кала неву каду дорен набошад икадар вакт коэфиқиент набуд ку бе коэфиқиент экзамен супорен ответ ба АСПИРАНТ

Хайрандеш
Аз нохияи Ишкошим, ятими бе падару бе модар, духтар,сохиби 500 хол гашт ва аз руи имтиёз боз 300 холи дигар,яъне сохиби 800 хол гашту донишчуи Донишкадаи тибби нашуд,ба Донишкадаи омузгори партофтанд,духтури босавод лозим набудааст. Холо фахмидем, ки саводу хол неву чои таваллуд ва зисташ мувофикат намекардааст. Ин аст вахдати миллие, ки харруза аз мо таказо доранд.

Пурсише дорам зи доноёни мачлис боз пурс
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Бо ин фармонаш чаноби вазир мкрор намуд, ки сатхи дониши хонандагон дар вилояти хатлон нихоят паст аст, лекин бояд дохил шаванд

ИЛХОМ чаро мардумро ба игво меандози хеч кас хато накардааст ту хато кардаи, аз хукук сухан мегуи аммо худат хукуки мардумро поймол кардиву онхоро ба суханони пастат паст зади БА КАДОМ ХАКУ ХУКУК ИН ГАПХОРО ГУФТИВУ МАРДУМРО ТАРСОНЧАКИ МАН МЕГУИ МАГАР ТУ ЧАНОБИ Ё ЯГОН РЕКЕТ ТУРО БА СУД ДОДАНТ ДАРКОР НА ВАЗИРРО ВАЗИР ГУНОХЕ НАДОРАД РАХМАТ БА ВАЗИР КОРИ ДУРУСТ КАРД АГАР ЧУНИН ВАЗИРРОН БОШАНД ИНШООЛОХ ЧУМХУРИАМОН ПЕШРАФТ МЕКУНАДУ ШУМО БАРИН ИГВО АНДОЗОНРО НЕСТ МЕКУНАНД.

ОЗОДАГОН МИЛЛАТЧИГИ НАКУНЕДУ ХАМАИ ГУФТАХОИ МАРДУМРО БАРОРЕД ЧАРО ФАКАТ ТАНКИДХОРО МЕБАРОРЕДУ ХАЛОС ШУМО МАРДУМРО БА ИГВО НААНДОЗЕД.....

Хайрандеш,
Хайрандеш вай духтарак холашро гирифтааст аммо нагузашт пас гунохи вазир нест аз маркази тестист!!!!

Уважаемые граждане Таджикистана, нельзя говорит, что люди живущие в Лнинабадской области умнее чем выходцы из Хатлонской области, это просто не этично. В каждом нашем регионе живут замечательные люди и среди всех есть грамотные молодые люди. Местничество мы уже пережили в результате гражданской войны, и наверное уже хватит об этом говорить. В Таджикистане есть Конституция и нужно говорить на основании закона, что все мы имеем одинаковые права. Что произошло если это на самом деле правда не входит ни в какие рамки. Министр здравоохранения не может издавать Приказы которые противоречат Конституции. Если сделанный анализ министерства здравоохранения привел к тому, что потребность в специалистах необходима на данный период для Хатлонского региона, то это должно было оговорено до вступительных экзаменов, а не после их сдачи. По этому родные мои соотечественники мы жители одной страны, мы один народ ТАДЖИКИ давайте будем добрыми и терпимыми друг другу.

шахрвандони мухтарами чумхури. вокеаро реали нигаред ва фикр кунед. вакте довталаб дар мактаби миена суст хондаасту бали пастро гирифтааст, ин довталаб дар донишгох аъло хонда наметавонад барои он ки мавзуро хуб намедонад ва давоми ин мавзуъро дар донишгох бояд бихонад вале вакте тахкурсиро дар макотиби миена нагирифта бошад вай хеч гох давоми донишро аз донишгох гирифта наметавонад чунки дар мактаб онро нахондааст.ин вазир бошад инро нафахмидааст. балхоро тухфа кардан даркор ба муаллимон ки мактаббачагонро дониш дихад. ин чо бо чони одами зинда сарукор мекунад.

мастчохи суханхои навиштааст рост аст, аммо мутаассифона инхо инро кабул кардан намехоханд. ва ин маълум аст барои чи.

донишчуени босаводро рох дихед, ки донишомузиро давом диханд, ин бесаводони шумоинтихобкарда кадрхои хуб шуда наметавонанд, наход хаминро нафахмед.Ба кишваратон дилатон намесузад ми? бе хамин хам кучое по гузори алфози кабех туфу ифлосихо, кай ин тамом мешуда бошад.

донишчуе ки дар мактаб дониши мукаммали миенаро нагирифтааст , ое метавонад дар Донишгохи тибби ки хондан хеле чиддиятро талаб мекунад давом бидихад. бо ин балхои подарочный гирифтааш. тахкурси дар мактаби миена суст бошад , онхо магар донишро дар Донишгох ба пурраги гирифта метавонад, албатта не.

Як таърихи Донишгохи милли ва Донишгохи тиббиро варак занед. Дар солхои аввали ташкилшави рохбарони вакт бо поезд бепул ва хатто беномаи камоли маълумоти пурра, довталабонро аз ш Хучанд ба Душанбе оварда дар санаторияи Каратог ва хобгоххои шахр бепул чой карда онхоро хамту ба сафи донишчуён дохил карданд. Ман дангараги нестам аммо як бор гиребони худатонро буй кунед. Аз ин тахлили бемаъни бехтар мебуд аз вазир мепурсидед ки барои чи ин хел фармон додааст. Мумкин норасоии кадр дар ин минтакахо мавчуд бошад. ё бо ин васила фаркияти камбудии касбиро кам кардани бошад. Ягон Хучанди рафта дар Рошкалаъ ё Мастчохи кухию ё муминобод рафта кор намекунад. Пас чи хел бо мутахассис ин нохияхоро таъмин кунанд рафикон МАХАЛЧИХО. Редаксия агар мард бошед чоп кунед.

Апачи аз Вахё
мехроба,
Шарманда!!! Пистаи бемагз дахон чу во кунад расво шавад!!! Каме дигар аз дахбеди самарканд мегуи аслу насабатро! Ту як мисоле биёвар, ки кадом шимоли нони чанубиро хурдааст? Дар як гурухе, ки солхои 88-93 ман тахсил мекардам хамаги 2 шимоли буд, дигар хамаи мо-34 нафар чануби! Падарам то имруз мегуяд, ки аввалин муаллимони мактабхои мо аз хамон "шимол" буданд, ки мо каме савод омухтем. Ку як мисоле биёвар, ки кадом шимоли дар замони шурави сохиби бустонсарову каср буд? Ту медони чи кадар моликият дошт Расулов ё Улчабоев? Кадоме аз курсинишинони имрузаро ту босавод медони, ку мисоле беёвар! Шармандахо аз муассисахои таълими андоз аз арзиши изофаро чори сохтанд!
Вобаста ба макола: маркази тести умуман зарурият надошт, холо на камтар аз 25000 хатмкунанда берун аз тахсил монд, онхо ки мешаванд? Дузду рохзан? Онхоро агар бо таълим фаро мегирифтанд, аккалан каме сохиби саводу фарханг(бале фарханг, чун мо аз он фарсаххо дурем) мешуданду боз аккалан муносибатро бо мардум меомухтанд. Бигузор танхо ба гуруххои бучети дохилшави дар маркази тести баргузор гардад, дар гуруххои шартномави бо ихтиёри муассисахои таълими.

Агар холхо баробар мешуданду афзалиятро ба баъзе нохияхо медоданд,фахмидан мумкин буд,айни хол ин аз поймол карданм хукуи инсон чизе беш нест

Вахоб
Зи Арчапу хешони Афросиёб,
Хама Сугд гардида дарёи об.
(Шохнома).
Ва Рестам омаду Афросиёби хиёниро биронд ва дар Сугд 70 сол подшохи кард ва мулк ободон гардид.

О бародаро наход ки пропискаи Дангара кардан ин кадар мушкил бошад?
Хамин хамватанои мо барои шахрванди Россия шудан хонумхои аниктараш бабуляхои русро мегиранд
Адолатмох,
Адолатмох,
Адолатмох,
НЕки Адолатмох хамин очаи гапа гуфтед!кандатона занед!
ЯЪне Шумо мехурдеду мо нигох мекардем акун навбати мо е не?

Файзинисо Вохидова,
ОРу газид аламкард?
Шишта шишта аламкард?
Бале он давра ноадолтихо аз он су буду холо аз инсу.
Бале ноадолати ба касе писанд нест ва Файзинисо ман бова намекунам ки Шумо агар ба джои вазири мухтарам мешудед хамаро бо як чашм нигох мекардед.
Хари маро нахандонед Хонум Файзинисо!
МЕдонед ин суханхои шумо маънии онро доранд ки замини шумо гулзор будаасту заминиХатлон шуразор е не?ба фикри банда шумо каме иштибох мекунед!

Садри Ҷалол,
Бале бале окои Садр(чи номи волое!)
бисерашонро агар пурсон шауи хатто гимни Точикистонро намедонанд!!!!


Масчои
мехроба,
...панчакентихора бехуда таъриф накунен ай дастшон факат тухмат кадан миёяву халос босавод бошен доказад куненку наметонен

Хохараки бесавод як бор ба ин чумлаат нигох бикун-Чи хел бемантик,бесаводона ва гайриточикист!Боз ту ШАРМ надошта овоз баланд мекуни.Дар як чумла 12 хатоги дори.Боз ту мехохи чои кадом босаводеро бигири?Охир як чизро фахм,ки сохаи тиб чои чунин сохтакорихо нест ва инчо хаёти инсон меистад.
Мардуми шимолро ба бахили айбдор кардиву тамоми матни бесаводонаи ТУ пур аз кинаву адоват нисбати ин мардум аст.Аз бахилият бошад ё аз бесаводият хатто номи шахри ХУЧАНДРО бо харфи майда нависти.Фикр мекунам,ки аз бугсу кинаат,зеро калимаи Хатлонро бо харфи калони навистаи.Агар мабодо намедони,номи шахрхо бо харфи калон нависта мешаванд....Ту бо ин суханхоят бори дигар исбот карди то кадом дарача ботини сиях дори ва аз хамон шимоливу хучандихои гуфтаат садхо маротиба дилсиёху бахили.Дар бораи рафтани Самарканду Бухоро каме таърихро биомуз ва сипас овоз баланд кун.То нимахои асри 20 ягон шимоли рохбари чумхури нашудааст.Таърихи Точикистонро биёмуз агар худро точик меноми.Барои аз даст рафтани Самарканду Бухоро фарзандони нохалафи худи хамин шахрхо даст доранд на шимолихо.

Охир конунхоро инхо на барои худ менависанд, ин барои мардуми бечораро бовар кунондан ки мо бо хама баробар рафтор мекунем. Дар хакикат бошанд, инхо тамоми конунхоро дагалона поймол мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)