Бахшҳо
24 апр 2015 07:20Тоҷикистон / Сиёсат

Бозор Собир: Моро рус миллат ва соҳиби республика кард

Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик, ки ду сол пеш бо даъвати раисиҷумҳур ба Ватан омад, бо нашри матлабе Эмомалӣ Раҳмонро бо шоҳи пешини Эрон - Ризошоҳи Паҳлавӣ баробар карда, гуфтааст, “Тоҷикистони навин ба ҳар сӯе, ки нигарӣ ба ӯ тааллуқ дорад”.

Дар ин матлаб, ки дар нашрияи “СССР” чоп шуд, гуфта мешавад, агар Ризошоҳи Паҳлавӣ бунёдгузору вориси бошарафи Эрони навин мебошаду назди оромгоҳи Куруши Кабир ба зону зада, аз қабри Фирдавсӣ маъзаратхоҳӣ кардааст, Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи Исмоили Сомонию Фирдавсиро гузошта, хоки Камоли Ҳуҷандиро аз Табрез ба Ватан овардааст.

Ба навиштаи Бозор Собир, гӯиё танҳо дар баробари шоҳи пешини Эрон метавон, Эмомалӣ Раҳмонро мисол овард, ки бо роҳандозии маъракаҳои либоси миллию мактабӣ ва донишҷӯӣ қасди Ваҳдати миллиро дошта, харобкориҳои панисломистҳоро ислоҳ дорад: “Дар паҳлуи ӯ (Ризошоҳи Паҳлавӣ) танҳо ва танҳо президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмонро метавон дид. Аввалан, ӯ муҷассамаи бошукуҳи Исмоили Сомониро ниҳод. Муҷассамаи Рӯдакиро ниҳод. Агар панисломистон ҳайкали Фирдавсиро хароб кардаанд, ӯ барпо кард. Аз классикон касе нест, ки ба номи ӯ кучаву хиёбон ё мактабе набошад. Аз мадфани Камоли Хуҷандӣ мушти хоке оварда, ба бузургдошти ӯ мақбара ва боғу музей бунёд кард. Бинои Китобхонаи миллии мо дар ин минтақа ягона аст. Инчунин, Қасри миллат, Кохи Наврӯз ва садҳо иншооти бузургро анҷом дод. Аз ҷумла, шоҳроҳу нақб ва нерӯгоҳи барқи обии Роғунро, ки республикаро комилан саноатӣ хоҳад кард. Барои ӯ ҳеч масъалае ҷузъӣ нест. Масалан, маъракаҳои маъмулӣ либоси хосси миллӣ, либоси мактабӣ, либоси донишҷӯӣ ва ҳоказо. Ва ниҳояти ин ҳама бозсозияш Ваҳдати миллист.Тоҷикистони навин ба ҳар сӯе, ки нигарӣ ба ӯ тааллуқ дорад. Ҳамчун Эрони Ризошоҳи Паҳлавӣ ин шахсиятҳои фавқулода, падарони миллатанд”.

Бозор Собир дар ин матлаб шахсияти ниёгони мардуми тоҷикро ҳам ба баҳс кашидаву аксари онҳоро дарвеши ғору харобот дониста, гуфтааст, ҷуз як “бомж” каси дигаре набуданд: “Кистанд, ин ниёгоне, ки мо беморгуна дағ-даға мекунем? Аксаран дарвешу қаландари хонақоҳу чилахона ва ғору харобот. Ба истилоҳи имрӯзӣ, бомж ва шиорашон ин буд: “Аз ҳарду ҷаҳон бигзар, танҳо зану танҳо хӯр, то мулки малак гӯяд, танҳот муборак бод!

Ӯ дар идомаи матлабаш аз мардуми рус ва забонашон таъриф намуда, таъкид кардааст, ки маҳз бо шарофати забони ин мардум хатту забони кунунии тоҷикистониён нисбат ба ҳамҷинсонаш дақиқтару мудернтар мебошад. Бозор Собир навиштааст, ки забони русӣ барои ӯ ҳанӯз ҳам забони давлатӣ ва модарӣ аст, чун ба иддаои шоир, гӯиё дарвозаи дутабақаи тоҷикистониён ба сӯи дунёи мутараққӣ Русия ва забони онҳост: “Сарфи назар аз ниёгону хати ниёгон алон забони мо аз тамоми ҳамҷинсонаш дақиқтару зиндатару мудернтар аст. Ва албатта ба шарофати забону хати русӣ. Алифбои русӣ сода ва ба ҳама дастрас аст. Дар донишгоҳи Вашингтон бисёр мушоҳида мекардам, ки студентон аз фарҳанги русӣ истифода мебурданд, мегуфтанд, ки истилоҳот дар навишти русӣ дақиқтар аст. Маъмулан халқҳои ҳамнажодро аз ҳамдигар дин ва сиёсат ҷудо мекунанд, вагарна наздиктарин нажоди ориёнии оврупоии мо рус аст. Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сар мешавад. Зимнан чанд аломати алифбои русиамонро беҳуда ҳазф кардем, хусусан “ц”-ро, ки дар беғалат навиштани истилоҳоти русӣ ва байналхалқӣ бисёр зарур буд.

Муаллифи матлаби "СССР" дар идома афзуда, Тоҷикистон сирф русӣ асту тоҷиконро русҳо миллат ва соҳиби ҷумҳурӣ кардаанд: “Вориси баҳақи “Авасто” рус аст. Илова бар ин, Тоҷикистон сирф русист, дар замини холӣ бунёд шудааст. Моро рус миллат ва дорои республика кардааст. Бар ин бино, забони русӣ барои мо ҳамоно забони модарист, дар ҳар мақоме, ки набошад дар мақоми забони давлатӣ қарор дорад”.

Ӯ дар охир таъкид кардааст, “мо ҷумҳурии мавҷуда, хатти мавҷуда, забони айниамонро на танҳо ба хатти ниёгон, балки ба ҳафтод пуштамон қурбон намекунем. Бигзор Эрону Афғонистон хатташонро ба хатти мо бадал кунанд. Якмуддат шодихори онҳо шуда, хеле масҷидсозию мазорсозӣ кардем, бас аст”.

Оқои Собир баъд аз 19 соли муҳоҷират дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли 2013, ба кишвар омад ва ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекунад. Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳи кишвар буд.

Ӯ ягона шоире дониста мешуд, ки дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин дар васфи раҳбаронаш шеъре нагуфта. Вале баъд аз мустақилияти Тоҷикистон ва ҳиҷраташ ба Маскаву Амрико, ӯ низоми демократиро зери бори танқид гирифта, қисмати зиёди шеърҳояшро барои Ленину Сталин ва низоми Шӯравӣ бахшид. Ҳатто дар яке аз шеърҳояш, ки дар маҷмӯаи "Лолаи сиёҳ" нашр шудааст, Бозор Собир мухолифати худ барои тағйири номи Ленинободи собиқ ба Хуҷандро баён доштааст.
Мӯҳр
точик
Русхо моро горату маънавиетамона касод кардан ва дар имону динамон нукс эъчот карданд ,ва мисли шумо барин шоири бе худои аз хамин сабаб бисьер шуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)