Бахшҳо

Суҳбати Сафир: Аз “экстремистӣ”-ю “атеистӣ”-и Б.Собир то хомӯшияш аз сарбуриҳо

Доктор Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ки худ низ шоир аст, дар вокуниш ба шеъри нави Бозор Собир дар мавриди қатли Фархунда, ин шоири шинохтаи тоҷикро “экстремист” ва шеърашро “тавҳиннома бар миллати Афғонистон” хонд. Сафири Афғонистон гуфт, дар тамоми дунё тавҳин ҷавобгарӣ дорад ва аз мақомоти Тоҷикистон низ хост Бозор Собирро бозпурсӣ кунанду ба муҳокима кашанд.

Абдулғафури Орзу дар суҳбат бо “Озодагон” шеъри нави Бозор Собирро шиорпартоии сиёсӣ унвон кард, ки нопухтагии сиёсию фарҳангии муаллифро ба намоиш гузоштааст. Сафири Афғонистон афзуд, “мутаассифона ин шеър аз назари шоирӣ, на шуури нубувват дорад ва аз нигоҳи забонӣ низ бисёр шеъри маъмулист, ки гӯиё як навҷавони тоза ба кӯчаи шоирӣ пойгузошта сурудааст. Ин ба ҷое, ки шеър бошад, шиорҳои сиёсии як одами нопухта аст. Гӯиё як инсони нопухтаи сиёсӣ шиор медиҳад”.

Озодагон: Аммо дар замони муосир бисёр аз озодии баён мегӯянд. Оё ин озодии баён нест?

Абдулғафури Орзу: "Шумо медонед, ки озодии баён ҳаққи инсонҳост. Аз ҷумла дар Афғонистон озодии баён ба расмият шинохта шудааст. Аммо тавҳин ва дашном додан, ҷузъи озодии баён нест. Дашному тавҳин, инҳо вожа нестанд. Инҳо амаланд ва аз ин хотир дар тамоми дунё онҳоеро, ки дашном медиҳанд, муҳокима мекунанд, ба додгоҳ мекашонанд, додситонӣ онҳоро бозпурсӣ мекунад ва тавҳин то 6 моҳи зиндон ҷазо дорад.

Мутаассифона, оқои Бозор Собир, ки шоири шинохташудае ҳастанд, дар ин шеър ба унвони як худкуш, як экстремисте амал карданд. Ман ин шеърро хондам ва эҳсос кардам, Бозор Собир монанд ба фундаменталистҳою экстремистҳое, ки дар Афғонистон худкушӣ мекунанду амалиёти интиҳорӣ анҷом медиҳанд, бо шеъри худ як амалиёти интиҳорӣ барои як миллат анҷом доданд. Кадом инсони оқил мегӯяд, “марг бар Афғонистон”. Афғонистон сарзамини бостонист, ки бо Тоҷикистон дорои фарҳанг, таърих ва тамаддуни муштарак аст. Ман бовар дорам, ҳар касе ба Афғонистон марг мегӯяд, ҳаргиз ишқ ба Тоҷикистон надорад. Агар муҳаббат ба Тоҷикистон медошт, муҳаббат ба фарҳанги ниёгон медошт, дар ин шеър ба фарҳанги ниёгон тавҳин намекард. Дар ин шеър дашном бар Рӯдакӣ додааст.

Чунин ҷиноятҳо дар ҳамаи дунё иттифоқ меафтад. Магар дар Ҳиндустон нашунидед, ки як духтарро дар дохили автобус чандин нафар таҷовуз карданду куштанд. Нашунидед, ки девонае дар Амрико ҳудуди 10 сол чанд духтарро зиндонӣ карда буд ва билохира як нафарашон фирор мекунад? Магар оқои Бозор Собир намедонад, ки ҳар сол чӣ қадар шаҳрвандони азизи Тоҷикистон дар Русия кушта мешаванд? Аммо ман то ҳол надидаам, ки Бозор Собир нисбати қатли шаҳрвандон, ҷавонони Тоҷикистон дар Маскав садою фарёде карда бошад. Ахиран, як муҳоҷир боз дар Маскав кушта шуд. Хуршеда, духтарчаи тоҷик бо мушту лагад дар Санкт Петербург кушта шуд. Чаро садои Бозор Собир барои ҳамватанҳояш, ки дар дунё чунин мазлумона кушта мешаванд, намебарояд? Аммо нисбати мардуми афғон тавҳин мекунад. Ин шеър як тавҳиннома аст. Шеър нест, шиори як экстремистест, ки ба ҷои сурудани шеър худашро кафондаасту нопухтагӣ ва бемоягияшро ба тамошо гузоштааст".

“Озодагон”: Худи Шумо чӣ фикр доред, модоме, ки чунин ҳодисаҳо дар тамоми дунё рух медиҳанд, чаро Бозор Собир маҳз дар мавриди Фархунда ва Афғонистон садо баланд кард?

Абдулғафури Орзу: "Гузаштаи Бозор Собир бисёр рӯшан аст, дигар. Ин уқдаҳои таърихие, ки ҷаноби Бозор Собир нисбат ба Афғонистон дорад, ба баҳонаи ҳамдардӣ бо Фархунда кафондааст. Агар не мо наметавонем, як миллатро бад гӯем. Дар ҳамаи миллатҳо дузд ҳаст, қочоқӣ аст, террорист, одамкуш ҳаст. Аммо инсонҳои шарифу наҷибу лоиқ ҳам ҳастанд. Дар Тоҷикистони азиз Гулрухсор, Муъмин Қаноат аз ҷавонҳо Фирдавси Аъзам ва даҳҳо-даҳҳо одамони арзанда ҳастанд. Аммо дар айни замон Ҷумъаи Намангонӣ, Мулло Амридддин, террористи маъруф низ тоҷикистонист. Ба бовари ман, терроризм миллат надорад ва байналмилалист, аммо ба баҳонаи он, ки дар фалон кишвар ҷамъи авбош даст ба қонуншиканӣ мезананд, ин далел шуда наметавонад, ки мо миллатро бад гӯем. Агар давлат, раисиҷумҳур, раиси иҷроӣ, ҷомеа ва мардуми Афғонистон дар баробари шаҳодати Фархунада сукут мекарданд, он гоҳ ҳар касе чӣ даъвое мекард, ман ба унвони сафир хомӯш мемондам. Аммо ҷомеи мадании мо тазоҳурот кард, раиси ҷумҳурии мо бо қатъият гуфтанд, онҳое, ки Фархундаро шаҳид карданд, ба панҷаи қонун супурда хоҳанд шуд, хонаводаи Фархундаро ба ҳузур пазируфтанд. Раиси иҷроии мо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба хонаи Фархунда рафт. Хиёбоне, ки дар он Фархунда кушта шуд, ба номи Фархунда гузошта шудааст. Ин ҳама ҳамдардии ҷомеаи маданӣ, ҳукумат, давлат ва мардуми Афғонистон аст. Чор нафар ҳукми эъдом гирифтанду чандин нафар аз 16 то 20 сол равонаи зиндон шуданд".

“Озодагон”: Бозор Собир бисёр таъкид ба ин маънӣ мекунанд, ки “Афғонистон дузахи занону зиндони занон аст”. Ҷойгоҳи зан дар Афғонистон чӣ гуна аст?

Абдулғафури Орзу: "Зан ва мард ҳар ду инсонанд ва инсон дар Қонуни асосии Афғонистон ҷойгоҳи вижа дорад. Аз 249 курсии парлумон аз 25 то 28 дарсад ё худ 69 курсиро занон соҳибанд. Дар ҷомеаи мадании Афғонистон бештар занон ҳузур доранд. Кобинаи Афғонистон 4 вазир дорад. Афғонистон дар таърих Робияи Балхӣ дорад ва феълан даҳҳо-даҳҳо занҳои шинохта дорад. Фаровонанд заноне, ки дар роҳи демократӣ мубориза мебаранд. Оқои Бозор Собир мутаассифона диди ғалат дорад, чун шинохте аз воқеияти Афғонистон он сӯ монад, ҳатто Тоҷикистон надорад".

“Озодагон”: Дар шеър инчунин таъкид ба муллою асҳоб шудааст. Ба фикри Шумо чаро?

Абдулғафури Орзу: "Ин, ки эшон аттеистанд, марбут ба худашон аст. Аммо ин, ки тамоми мусалмонони ҷаҳон, аз ҷумла мардуми азизи Тоҷикистонро дар ин шеър тавҳин карданд, ин худ мояи суол асту ҷои нигаронӣ дорад. Ман итминон дорам, Ҷаноби Олӣ, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки солгарди Имом Аъзамро таҷлил мекунанд, нисбати масоили диндорӣ дар Тоҷикистон ҳассосияти хосе доранд. Бозор Собир риш дар осиё сафед накардааст. Ӯ ба унвони як аттеист ба кӯбидани боварҳои диние, ки мо ба унвони мусалмон ҳама қабул дорем, ба баҳои ҳамдардӣ ба Фархунда ба монанди як экстремист ҳаракат кардааст ва ин қобили қабул нест. Чоп шудани ин шеър ба назарам хилофи муқаррароти қавонини озодии баён аст. Ман итминон дорам, Ҷаноби Олӣ ва соири дастгоҳҳои казоию фарҳангӣ нисбат ба сурудани чунин ҳарфҳо ва тавҳинномае нисбати як миллат вокуниш нишон медиҳанд. Ҳарфҳои дардоваранд. Девонагон дар ҳамаи дунё вуҷуд доранд, ки даст ба ҷиноят мезананд. Аммо ҷиноят бар ин маъно нест, ки як миллатро бугӯӣ “марг бар ин миллат”, “туф ба ватан” “ох бар ватан”. Ин ҳамдардӣ нест, балки уқдҳои дарунии худро як инсони уқдманд боз кард. Фархунда инсоне буд, мазлум, мазлумона шаҳид шуд. Инсоне, ки даъват кард дар ростои мубориза бо хурофот ва қурбонӣ шуд. Аммо хунаш барҳадар нафрафтаст. Ҳокимият, қонун, давлат дар Афғонистон аз Фархунда ҳимоят кард ва дар ин маврид расонаҳо иттилоъ додаанд".

Озодагон: Шоиронро бисёр одамони эҳсосӣ мегӯянд. Шумо, ки худ шоиред, инро беҳтар медонед ва шояд Бозор Собир ҳам ин шеърро сари эҳсос гуфтаасту онҳоро нашояд ба дил наздик гирифт?

Абдулғафури Орзу: "Инсон-мавҷудест оқил, андешаманд ва нотиқ. Ин таърифи таърихист. Пас инсон бо ақли худ сухан мегӯяд. Шеър ҷанбаи эҳсосӣ дорад, аммо ҳеч инсоне ҳақ надорад, нисбат ба инсонҳои дигар тавҳин кунад. Бозор Собир як навҷавон нест, ки бегӯем ҷавони эҳсосотӣ буд ва надониста фарёде зад. Агар Бозор Собир чунин эҳсосӣ бошад, чаро дар баробари сарбурии ҷавонони тоҷик боре фарёд намезанад? Ӯ намедонад, ки имрӯз мардуми Афғонистон бо террористҳою экстремистҳо аз тамоми ҷаҳон, ки дар Афғонистон ҷамъ омадаанд, меҷанганд. Мо имрӯз бо мофиё, терроризму экстремизми байналмилалӣ меҷангем. Раисиҷумҳури Тоҷикистон инро беҳтар аз ҳар касе медонад. Ба ин хотир Ҷаноби Олӣ фармуданд, ки тинҷию оромӣ дар Афғонистон монанди обу ҳаво барои Тоҷикистон зарур аст. Аз ин хотир шоир ҳақ надорад, миллатро тавҳин кунад. Барои ҳамин Собирро аз номи Бозор кам кунем, чун Собир инсони оқилу сабурро мегӯянд, ҳамон Бозор бас аст".

“Озодагон”: Ҳамчун сафир, ки дар шеъри шоири маъруфи тоҷик тавҳин бар миллати хеш дидед, ягон вокуниши расмие нишон хоҳед дод?

Абдулғафури Орзу: "Азбаски муносиботи Тоҷикистону Афғонистон бисёр дӯстона аст, ман шикоят намекунам аз Бозор Собир. Айни замон аз ҳукумат, давлат ва махсусан Ҷаноби Олӣ, ки Афғонистонро бо ҷону дил дӯст медоранд, интизори онро дорам, ки набояд дар баробари ҳар касе, ки мегӯяд, “марг бар Афғонистон” хомӯш бошанд. Бинобар дӯстие, ки байни Тоҷикистону Афғонистон вуҷуд дорад, ҳам бар асоси манофеи миллии муштарак, вақте чеҳраи шинохтаи сиёсӣ ва адабӣ дар Тоҷикистон дар шеъри худ мегӯяд, “марг бар Афғонистон” ман интизор дорам, дастгоҳҳои адлия ва казоии Тоҷикистон чунин инсонро ба муҳокима мекашанд".

“Озодагон”: То куҷо чунин ҳарфҳо аз забони чеҳраҳои шинохта метавонанд ба муносиботи ду кишвар таъсир расонанд?

Абдулғафури Орзу: "Ман бовар дорам, агар ба истиллоҳ фитнае барангехта шавад, ҳеч кас наметавонад ба равобити Тоҷикистону Афғонистон халал бирасонад. Бар замми он ки дин, фарҳанг, таърих ва забони муштарак дорем, манофеи миллии мо низ як ва бар ҳам гиреҳхӯрда аст. Дигар иродаи сиёсии ду давлат, ду раисиҷумҳур бар ин аст, ки дӯстӣ чунон мустаҳкам бимонад, ки аз боду борон наёбад газанд. Чунин ҳарфҳои бепояю моя аз забони ҳар касе набошад ба дустии Тоҷикистону Афғонистон, ки бо хуни дил ба даст омадааст, таъсире надоранд. Ин дарахти дустии мо тавассути ба истиллоҳ ҳезумшикане чун Бозор Собир аз по намеафтад ва ҳамеша сабз хоҳад монд".

Вокуниши сафир дар ҳолест, ки Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик шеъри тозаеро ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд:

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.
Мӯҳр
Ин шоири бечораро метавонед бубахшед.Чунки баъди ба Амрико рафта омаданш бисер чизро аз даст додааст. Завки шоириашро, маърифати инсониашро, дину имонашро ва окибат аклашро хам ас даст додааст. Вой бар холи ин бечораи бекора.

Дили дарманд
Сафири мухтарам! Афгонистон хеч гох ба Точикистон намегуяд
ташаккур!!! Лекин Саъдии Бузургвор гуфтааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавхаранд!
Чу узверо ба дард оварад рузгор,
Дигар узвхоро намонад карор. Одам, дар Афгонистон аст, дар
Амрико аст, дар Точикистон одам аст. Фархундаи бечорар сангбо -
рон намуда пора - пора намуда, ба ин каноат накарда сузонданд.
Ин тамоми инсониятро ба газаб овард. Инчунин шоири ширисухани
моро хам.
Аммо Афгонистон давлати исломи аст. Ба ин нигох накарда.
Бояд аз катрааш хазар кард Мумкин ин дуруг бошад дар як
сол кариб хазор тонн героин мебарорад, ки ними чавонони чахонро
ба коми худ кашида ба марг мебарад. Модарон ба дод омаданд.
Холо шоири мо дар ин бора чизе нагуфтааст. Сафири мухтарам
гуфтаед Афгонистон занхои таърихи дорад. Робияи Балхи дорад
гуфтаед. Ин хамон Робияи бечорае , ки дар хамом кушта буданд.
Ёки ман иштибох кардам. Инсонро Офаридгор офаридааст. Агар
гунох дошта бошад, чазояшро Худаш медихад. Ё авгонхо
намояндаи Худоанд???!!!

даъвогар
Аз озодагон безор шудам , навиштахоямро чоп намекуна

Имрон
Бозор собир бояд аз Устод Мухммад Гойиб ва Мумин каноату Хайрандешу инхо шеър гуиро ёд гирад... Аслан худи Бозор ба ин миллату ба ин сарзамин чи хидмат кардааст ки у бологузар аст?

Карим
ЯК ЛЕНИН ПАРАСТАСТ. . АВ АВ ДОРАД АМО ЗАРАРЕ РАСОНИДА НАМЕТОНАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)