Бахшҳо

Магар президент падар нест ва орзую ҳавас надорад?

Як хонандаи “Озодагон” ба матолиби расонаҳои хориҷӣ дар бораи рақсу сурудхонии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар тӯи писараш вокуниш нишон додааст. Ӯ дар номаи худ навишта, ки бояд ба рақсу сурудхонии президент ҳамчун хушҳолии як падар дар тӯи писараш нигарист, на ин ки дар он баҳонаҳои сиёсӣ ҷуст.


Хонандаи мо бо номи “Донишҷӯи ИМА” менависад:

“Мардуми мо аҷиб аст. Магар президент одам нест? Ӯ низ ба монанди дагарон писар калон кардааст.

Умеду шавқу орзую ҳавасҳои падару модар танҳо дар писар аст, дӯстон. Инро Шумо ба сиёсат рабт надиҳед.

Магар Шумо тӯй накарда будед ва падаратон дар тӯйи Шумо нарақсида буд? Ё писаратонро тӯй накарда будед? Чӣ, шумо барои писаратон келин оварданро орзу надоред?

Мардак дорад, мекунад. Дасташ имрӯз мерасад, барои бачааш мекунад. Кори дигарон чӣ? Ин суханҳое, ки гуфтам, бовар кунед, пуштибонӣ аз ҷаноб нест. Шумо худатон фикр кунед, о кадом падар дар тӯи фарзандаш рақсу шодӣ намекунад?”
Мӯҳр
Максад аз намоиши ракси ЧО ин бахогузори ба ракси у набуд. Чаро эй мардум Шумо инкадар зохирбинед. Манзур он буд, ки шумо бо чашмони худ бубинед, ки "Воизон кин чилва дар мехробу минбар мекунанд, чун ба хилват мераванд худ кори дигар мекунанд. Барои чи маъракаи ЧО дар бинои таалук ба давлат сурат бигирад. барои чи ба ману тубарин курхо мумкин набудасту ба ЧО мумкин? Оё конуни танзим танхо ба ману ту дахл дорад?

Хак бар чониби Шумо бародари азиз ман аз ин бадфикрон хайрон мешавам, ки барои чи чизхои шахсиро ба сиёсат марбут медонанд аз ин гуфтугуи онхо ба онхо чи мерасидабошад кори онхо чи ки дар точикистон чи гап мешавад ман аз суханхои шумо сар дар сар рози, ва тарафдори суханхои Шумо хастам бародари азиз магар имруз коркунони макомотхои давлати орзую хавас надоранд ё ба мисли мардуми одди фарзанд надоранд... ин фикрронихо танхо вазъияти Точикистона хароб мекунаду боки боз 25-30 соли дигар вакт дар кор аст ки он харобахоро мо баркарор кунем барои хамин аз мардуми азизи Точикистон хохиш мекунам, ки ба хар хел фитнахо бовар накунанд шукронаи Озоди , Сулх, Истиклолият, Вхдати милликунанд факат як чиро чукур фикр кунанд, ки оё онхо дар туи фарзанди худ шодию хурсандиро раво намебинанд....

Чавон
О бародар ин худаш чи гап чихел дасташ мерасидааст чикоре ки мехостааст мекардааст.Конуни танзим факат барои камбагалу дигархост.Касе эрод нагирифтааст ки раиси чумхур хурсанди накунад бигзор хар руз туй кунаду хурсанди кунад аммо бо риояи конуну мукарароти мавчуда.Бад падарони нафарони дигархам дар туйи фарзандонашон раксу хурсанди мекунанд аммо на бо прокрори генераливу суду вазирону раисон! Бад бояд президент харими хонаводаашро хифз кунад то наворхои туяш ба харчо набараояд агар наметавонад сиру асрори хонаводагиашро хифз карда ё пешгири кардан аз оммави шудани наворхояш пас чихел харими як миллаат ё амнияти як кишваро хифз мекунад!

Рост мегуи, Донишчуи ИМА. Президент хам мисли хама инсон аст. Чи Путину дигарон дар туи фарзандашон хурсанди накарданд? Еще как? Факат мо точикон, ки як одати бади бахили дорем, "аз пашша фил сохта", хангома мекобем. Маълум мешад, ки туй соли 2007 барпо гардидасту аз он валвалаи сиёси сохтаанд. Навори хамин маърака ба таври кисм-кисм пештар хам дар ЮТУБ буд, аммо чаро хангома нав сар шуд?

tojik
gap sari raqs kardani prezident nest barodar! gap sari in ast ki bisyori az mardumi mo faqir hastand nadorand vale prezident... in hama javononi mo ki davroni dars xondani onho hastand dar rusiya chikor mekunand? xudat ham medoni ki in xele ba siyosat rabt dorad.shumo guften mardaka dastash merasad az kujo in hama sarvatro ovarda ast?

Мухтарам донишчу аз ИМА... Мо хам ранги ту хушхолем, ки Президенти мо дар туи домодии писараш раксу хушхоли намудааст... Аммо инчо гап сари ин не, гап сари он меравад, ки МАГАР КОНУНИ ТАНЗИМИ РАСМУ ОИН ВА аънъана магар хос барои дехкон ва нодор аст? Магар раиси чумхур наметавонист худаш ин конунро риоя кунад? Чун ки дарс ба дигарон мешуд. Алхусус ба вазирону дигару дигар. Ое президенти магар маблаги кофи надошт, мисли дигаро дар тарабхона мегузаронд на дар кохи давлати???

Дурбин, ТУ ДУРБИН НЕ КАЧБИНИ,.. Камтар ай Худо тарс... Агар дар шабакаи ТВ тамошо карда боши, шахсе аз Руссия омада, барои ПИРОНАШ маърака орост, онро маъмурини танзим сабт намуда, дар тамоми ТОЧИКИСТОН пахш кардан, нишон додана, ана бинед конуни танзим риоя нашудааст.. О калони Точикистон, ягон майда танзима рио накад, хеч гап нашуд ку...огои ДУРБИН

ПосухЧавон,

Чавон, ту ё кур хасти ё кар.
Аввал дурустар бин ва бифахм ки оё туй пеш аз кабули Конуни танзим шудааст ё баъд???
Ана хамин аст тафаккури чавонони имрузаи мо.
Бародарон аввал як чизро хуб тахлил намуда баъд гапхои подархавоятонро нависед.

фирдавс
НАМЕДОНУМУШ ХАМИЯЙ КИ ШУМО ЧИ МЕНАВИСЕ МЕДОНУМУШ ХАМИЯЙ КИ КОНУН ФАКАТ БАРОИ КАМБАFАЛАЙ

донишчу аз амрико
сипос бар он бародароне ки фикрамро дастгири карданд... ва бар он бародароне, ки маро дастгири накарданд... албатта гап сари раксу шодии онхо меравад бародар ёру рафики чаноб танхо макомотхо хаст яъне рохбариятхо. Онхо хамкоронаш хастанд чи магар туро фарёд карда бо ту раксад.. Баъдин ки ба фикрам чаноб соли 2007 туи кард ин пеш аз конуни мегуфтагии шумо аст..Ман низ мухочирам вале ин рафтори чавонхои точикро мебинам ба рости шармам меояд чун хар фикре мегуянд хор ба миллат мезананд на ба мансаб. Бародарон мо ку ояндаи миллатем хамингуна лоф мезанем вале инки хаёти як сиёсатмадоро фаъолияти сиёсиашро аз хаёти вокеи у фарк намекунем чигуна метавонем ояндаро созем. Хаифи мо. инро бародар Каюмарс дар сахифаи фейсбукиаш навишта карда буд, ки мо гурусна ба дунё омадему кимчикоро карда гурусна меравем хаифи мо дуруст аст... Сипосгузорам ба ахли коргарони сомонаи Озодагон ки чунин чавононро бедор мекунад.

Чавон
[quote=фирдавс]
Фарк надоард бародар чаноб аз соли президент шавиш туи хамара дар бораи масрафи зиёд эрод мегирифт мегуфт ки мардум аз маракахои серхарч даст кашанд.Дувум ин ки туй дар бинои давлати гузаштааст савум ин ки мо танкид накрдем чаноба факат чехраи аслиша шинохтем ки дигаррора насихат карда худаш ба чи кодир аст!

ба "фабрикаи чавоб", ба шумо чавоб додан бе фойда аст, чунки интар гуем, ин тур мегуед, ун тур гуем, ин тавр тоб дода гап мезанен, как будто кроме вас дар Точикистон, чавонони мефахмидаги нест... ЯК ЧАХОН ТАШАККУР

Президент хам инсонаст лекин ва мехохад ки раксу бози кунад дар атрофи хонаводааш ва хама инро мехоханд лекин зиёда аз ду милион чавонмардони точик, ки дар Русия кор мекунанд чи кунанд чи????

донишҷу шумо ба фикрам аз ИМА на балки аз Ферма ҳастед вақте дар бораи туй гап мезанед ва аз ҳиси падарии ин сухан мекунед, пеш аз он ин аксҳоро тамошо кунед бадан худро сиёсатшиносу рушанфикр гиред
https://www.ozodagon.com/casia/tj/10617-milliono-kdak-ba-aysi-hidmatgorand-aks.ht

ml

Ачаб суханхои хубе.Мардуми Точикистон тамоман равшанфикр шудаанд.Э офарин!"Хаёти бе санъат вахшигарист,хаёти бе мехнат дуздигарист",гуфта буд Ленин.Наход,ки туй ва маъракахои хурсандибахш бе суруду ракс гузаранд?.Рахмон дар туи фарзандаш раксиду хурсанди кард.Халолаш бод,у падар аст,хак дорад.Ин рафторхоро акнун ба риштахои сиёсиву игвогари накашед.Илтимос,каме хам,ки бошад,аз кибру гурур дур истед.20-сол пеш,хамин игвохо кундиву карохати мардуми Точикистони Шурави,боиси он шуд,ки бо хам дар афтодем."Чашмак зани"и собик вакили парлумони Шурои Олии РСС Точикистон,козикалони Чумхурии Точикистон Акбар Турачонзода,серкошиву олуфтагии собик спикери парлумон,рахматии Кадриддин Аслонов,баромадхои олимонаи рахматии Тохири Абдучаббор,суханрониву наттокии рахматии Аслиддин Сохибназаров,шеърхонии вакили мардуми Бозор Собир ва сурудхонихои Хунарманди Халкии СССР,вакили мардуми Чурабек Муродов,боиси кунчковиву сиёсатбозихои мо точикон гардид,ки чанги бародаркушиву хохаркушиву падару модаркуши ва миллаткуширо огоз кардем.Худи хамин чаноби Рахмон,дар собик вакили мардумии парлумони ШО и Точикистон,дар телевизион муфассалу равшан иброз дошт,ки"Як чашмакзании кози Турачонзода,лениншикании Аслонов мардуми шарифи вилояти Кулобро ба шуриш бархезонд".Баъдан давом дод;"Кормандони амнияти махсус,навореро дастраси мо карданд,ки он чо кози Турачонзода,дар як мехмонхонаи шахр бо як марди белоруси чи корхо карда буд...биед он тарфашро нагуям,ки...бетамизихову шармандагихояшро....баъд...,баъд,хамаатон медонед".Яъне хамчинсгарои?.Мардум хамин хел фахмид.Акнун чи кадар солхо сипари шуданд.Ман бовари дорам,ки хамин хайате,ки имруз чумхуриро идора мекунад,нисбати дигар рохбари "раккос",парлумонро меларзонид.Онхо бо навбату бе навбат микрофонхоро ба даст мегирифтанд.Лекин,хубтараш,ки раксу бозии рохбарон "муд" шавад,то ин,ки дар оянда камбудихои шахси ру ба сиёсат овардаро,ба олуфтапушиву серкошиву чашмакзаниву сурудхониву шеърхониву нотикиву олимиву раккосиаш нисбат надиханд."Ракс намо,акаи Рахмонуме,дар раксу дар рафторатон чонуме.Ман бачаи мухочирам эй чаноб,дар Россия хам суруд мехонуме.Давлати дунье ба сарат зам шавад.Ташвишу гамхои сарат кам шавад.Як саду бистсола шави эй раис.Точикистон ободу хуррам шавад.Дар хавасу армонатон чонуме,мардикорам,аз Точикистонуме.

мехмон
дустони чавон ва Taj Pen ба шумо коре надорам чун ин фикри шумо аст вале аз суханхоятон ман фикр мекунам шумо хиси бадбини доред ба чаноб ва гарна дар инчо сиёсатро аз як рузи одии ин сиёсатмадор фарк мекарден.

бетараф,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)